Главная / Гуногун / БОЗГАШТ АЗ ХИНД

БОЗГАШТ АЗ ХИНД

Баъди итмоми барномаи омузиши, миёнахои мохи июл ман аз Донишгохи Чавохирлал Нехруи Дехли мураххас шудам ва ба намояндагии «Аэрофлот» ягона ширкати хавопай- моии Шурави рафта, билетамро, ки таърихаш боз буд, барои рузи дигар сабт кардани шудам. Ин идора хеле беназм буд ва хиндуе, ки мудири он буд, беэътиноёна «чой нест» гуфт. Ман, ки пеш аз ин хам бо чанд нафари дигар барои чой даъво карда будам, ба у тохтам:

– Ин ширкати хавопаймоии кишвари ман аст ва ту масъули, ки ба ман – шахрванди ин кишвар хизмат куни!

aeroport

Ин вакт корманди сафорат, ки масъули мо донишчуён буд, омад. Асли мочароро фахмида ба хинду амр кард, ки билети маро сабт кунад. Хинду сарашро хорида-хорида билети маро сабт намуда, суи ман дароз кард. Ман бо карохат билетро ги- рифта, бо вачохати голиб суи баромадгох равон шудам. У чизе гуфтани буд, вале ман гуш накардам, карор нест, голиб харфи маглубро гуш кунад! Дафъаи дигар бидонад, ки бо ман чи гуна муомила кунад!

Вале у корашро карда буд. У билети маро бечой сабт кар- да буд, ки факат дар холи холи мондани чое дар хавопаймо, маро савор мекарданд. Бечора, у мехост ба ман фахмонад, ки чой нест, вале ба чахолати ман бархурда буд, ки дар нихоят боиси сарсонии худам шуд. Дар натича, намояндаи сафорат маро чанд руз фурудгох бурду овард, то нихоят, ба ман низ дар хавопаймо чой расид.

Максади нихоии парвоз Маскав бошад хам, он дар Тошканд менишаст ва хохишмандонро мефароварду мусофир мегирифт. Ман, билетам то Маскав бошад хам, дар Тошканд пиёда шудам.

Бо Музаффар карор карда будем, ки ман рохи баргашт дар Тошканд пиёда шуда, ба у занг мезанам ва у мошин мефири- стад. Хамин тавр хам шуд ва ман бо мошини фиристодаи у мустаким аз Тошканд ба Исфара рафта, он карордодхоро ба Музаффар супурдам. Музаффар карордодхоро ба мухосиботаш дод ва онхо хисобу китоб карда, ба хулосае омаданд, ки ин муомила барояшон маъкул ба сарфа нест. Он хама накшахои ман ва «Мерседес»-ам накше бар об шуд.

Вале чун ман барои расондани ин карордодхо ба Исфара, ба хонаи Музаффар-ако рафта будам, бо корхои у ошно шудам. У, ки каблан раиси корхонаи «Таджикавтосервис» будааст, он корхонаро шахси кардааст ва чанд корхонаи дигар низ сохта- аст, ки яке корхонаи бозсозии чархи мошин, дигар корхонаи собунпази буд. У корхонахояшро ба ман нишон дод ва ду-се рузе, ки ман дар мехмонии у будам, бо корхояш шинос шудам ва тичорат торафт бароям чолибтар мешуд.

У маро рохнамои ва ташвик мекард, то ман низ ба тичорат машгул шавам. Ба ман китобчае дод, ки дар он намунаи асно- ди бунёди ширкат навишта шуда буд. Ин сафар ба Исфара ва рохнамоии у сабаб шуд, ки ман ба ин фикр биуфтам, ки дар Душанбе ширкати худро таъсис дихаму пайи тичорат равам ва риштаи дипломатияро, ки то он замон хамаи орзуву омоли ман бо он пайваст буд, дар сандукчае мухкам карда, канор гузорам.

Рузи 19 августи соли 1991 барои гирифтани хуччатхои худ ба Маскав рафтам. Маскав борониву сард буд. Одамон хам туршруву ношод метофтанд. Мисли дафъаи гузашта, хеле зуд тарики катори баркиву метро ба бинои Вазорат расидам. Вакте ичозат пурсида, ворид шудам, хамон марди хушвохурди пор- сола, маро бо чиготи овезон:

  • Чи даркор? – гуфта пешвоз гирифт.

Ман худамро муаррифи кардам, сар чунбонду хеста аз сан- дук хуччатхои маро гирифта, як-як варак зада диду ба дастам дод ва:

  • Ана гиред, метавонед равед, – гуфт.
  • Ман дар кучо меистам? – хайрон шуда пурсидам ман.
  • Мо дигар барои шумо чой намедихем, ба вазорати мао- рифи чумхурии худатон мурочиат кунед, – гуфт у ва чехрааш тиратар шуд.
  • Бибахшед, ман интизор будам, ки пули билетамро хам медихед, – гуфтам ман. Коида хамин буд, бояд пули билетро медоданд ва бо чои хоб таъмин мекарданд.
  • Ба вазорати маорифи чумхуриятон мурочиат кунед! – хи- тоб кард у.

Ноилоч суи дар гаштаму як бори дигар суяш нигох кардам, ки:

  • Ман ба Шумо хамаашро гуфтам, – бонг зад у, шояд фикр кард, ки боз чизе гуфтани хастам, дар холе ки ман факат мехос- там мутмаин шавам, ки ин хамон касест, ки соли гузашта хеле мехрубон буд. Ёди он хиндуи корманди «Аэрофлот» уфтодам, ки худро шахрванди шурави ва сохибимтиёз дониста, ба сараш дуг зада будам.

Хушбахтона, он дафтарчаи пасандоз, ки пеш аз сафар ба Хинд пулхоямро гузошта будам, хамрохам буд, ки зиёда аз 300 сум пул дошт. Худоро шукр мекардам, ки ин дафтарча пешам хаст, агар набуд, чи кор мекардам. Ин чо хеч касро на- мешиносам. Холо хуб, ки пули билетро метавонам аз дафтар- чаи пасандоз бигирам. Суи бонк шитофтам ва дафтарчаро ба зани хазинадор дароз кардам, гирифта, диду бо суол ба суям нигарист. Гуфтам:

  • Мехохам пул гирам.
  • Фоидаи яксоларо ман ба дафтарчаатон навишта медихам, вале пулро рафта аз чумхурии худатон мегиред, – гуфт хази- надор.
  • Не, ба ман хозир пул даркор, – гуфтам асаби шуда.
  • Тибки коидаи нав аз ин пас шахрвандони чумхурихо дар чои истикоматашон хизмат мегиранд, – гуфт у. Ва ба кайд кар- дани фоидаи чамъшуда ба дафтарча сар кард.
  • Ман пуламро хамин чо супорида будам, дафтарчаро би- нед, мухрашро бинед, чаро маро чои дигар мефиристед, пу- ламро дихед, пули худамро, фоидаатон даркор нест! – торафт оташин мешудам ман.

Садоям баландтар буд магар, ки як мард аз даруни хазина баромада омад ва бо садои нарм пурсид:

  • Чи шуд?

Ман вокеаро гуфта додам. Гуфтам, ки ман хатто барои би- лети баргаштан пул надорам. У пурсид, ки шахрам кучост, кучо бармегардам?

  • Душанбе, Точикистон, – гуфтам ман.
  • Билет чанд сум меистад?
  • 92 сум, – чавоб додам ман.

У дафтарчаро гирифта, даромада рафт ва пас аз лахзае баргашта:

– Мувофики коида Шумо бояд аз чои истикомататон пул гиред, мо холати Шуморо фахмида, ба таври истисно 92 сум пули билетро медихем, бакияашро хам дар дафтарчаатон на- вишта медихем, рафта аз шахри худатон мегиред, – гуфт. «Ба хамин хам шукр кардан лозим, агар хаминро хам надиханд, чи хел бармегаштам», – гуфта рози шудам.

Аз бонк баромада, бо димоги сухта ба трамвай нишастам, то чизе бихураму рохи фурудгохро пеш гирам, зеро гайр аз 92 сум пули билет дар киса пули казоие надоштам, охир ман ба умеди он омада будам, ки чанд рузе бароям чой медиханд, пули билетамро медиханд. Мехостам бори дигар он шахри ор- мониро тамошо кунам. Вале дигар ин он шахри пешина набуд, шахри ошуфта ва сард буд.

Дар куча ва наклиёт одамон хама бо чехрахои гирифта, ошуфта метофтанд. Борон сим-сим меборид. Фазо он фазои як сол пеш набуд. Вакте трамвай аз назди бинои вазорат мегу- зашт, дидам, ки дар канори бино зери дарахтон тонке истода буд ва ду сарбози мусаллах дар наздаш меистоданд. Каме пас, назди бинои дигаре низ зирехпуше меистод ва якчанд сарбоз дар атрофаш бо Калашников меистоданд. Ман фикр кардам, ки шояд машки харби мегузаронанд. Чун димогам сухта буд, ба атроф хеле ахаммият надода, зуд чизе хурдаму ба фурудгох шитофтам.

Кассахои фурудгох дар ошёнаи дувум буданд. Фурудгох он кадр серодам буд, ки одамон дар руи зинахо, дар фаршхо кучо, ки рост ояд, нишаставу хобида буданд. Ба хар касса сафхои беохири одамон навбат истода буданд. Одамон хама хаставу гамгин менамуданд. Фазои фурудгох сарду бенур буд. Ман ба як касса навбат истодам. Одамон хар замон аз навбат барома- да рафта, дар аппаратхои фурудгох будану набудани билетро медиданд. Ман хам ба каси аз пасам навбат гирифта ишора кардам, ки хозир меоям ва рафта, ба дастгох номи Душанберо ворид кардам. Билет «сифр» нишон медод. Хучанд, Самарканд, Тошкандро низ ворид кардам. Хама чо сифр нишон медод. Бо- вар накардам, «наход имруз хама ноомад насиби ман шавад», аз дил мегузарондам ман. Навбатам, ки расид сарро халонда:

  • Душанбе, як билет, – гуфтам, паспорту пулро дароз карда.

Як дам ба дастгохаш нигох карду:

  • Нест, – гуфт ва илова кард:
  • Наздиктарин парвозе, ки билет хаст, баъд аз як хафта.

Хучанду Самарканду Тошкандро хам пурсидам, хол хамин буд. Аслан, сари калобаро гум кардам. Имруз кучо ки наравам, корам омад намекард. Аз бебарории кор хаста шуда будам. Рухафтода шудам, бетафовут будам, хеч чиз хис намекардам. Аз як дастгох ба дастгохи дигар мегузаштам, дар яке номи Ху- чандро ворид мекардам сифр нишон медод, дар дигари номи Душанберо, хамин тавр намедонам чанд бор такрор ба такрор номи шахрхоро ворид мекардам. Боре Самаркандро ворид кардам ки «1» нишон дод. Ба чашмонам бовар накардам. Бори дигар зер кардам боз хам «1» нишон дод.

Башаст давида ба касса расидам ва ба навбат нигох накарда, сарамро халонида:

  • Самарканд, якто, – гуфта дод задам.
  • Нест, – гуфт билетфуруш.
  • Хаст, хаст, бинед, ман хозир дидам, аппарат як нишон дод, – ман ин имкониятро ба хеч вачх аз даст додан намехостам.
  • Хозир дидам, пеш аз шумо пурсида буданд, – норозиёна ба дастгохаш нигох кард ва:
  • Бале, пайдо шудааст, – гуфту паспорту пулро гирифта ба навиштан сар кард. Сарамро берун кашида, аз навбат узр хостам ва гуфтам:

– Як билет пайдо шуд, агар намерасидам, аз хамин хам мемондам, бибахшед, – намедонам киёфаам чи гуна буд, вале наздик истодагон хандиданд. Худо имруз ба ханда хам мера- сондааст!

Парвоз баъди нух соат буд. Кунчеро пайдо кардаму мисли дигарон чанд варак рузномаро пахн карда, дар руи фарши бетони хобидам.

Рузи дигар, вакте ки ба бинои фурудгохи Самарканд да- ромадам, дидам, ки одами бисёре дар назди телевизор чамъ шуда бо шавк тамошо мекунанд. Хиёбонхои Маскав ва хамон тонку зирехпушхоро нишон медоданд. Наздик шуда, пурсидам гуфтанд, дар Маскав Кумитаи давлатии холати фавкулода ку- датои низоми кардааст.

Солхои 80-уми асри бист дар Иттиходи шурави бухрони ичтимои-иктисоди ба авчи худ расид. Соли 1985 Михаил Гор- бачёв Дабири Кулли Хизби коммунистии Иттиходи шурави интихоб шуд ва сиёсати бозсозиро пеш гирифт. Дар он мархала факат ислохоти иктисоди барои рушди ичтимои-иктисоди дар назар дошта шуда буд. Дар солхои баъди ду омил – уфти нархи нафт ва фочиаи Чернобил сабабгори боз хам шадидтар шудани бухрон дар кишвар гардид.

Аввали соли 1987 Кумитаи марказии Хизби коммунист ба карор омад, ки ислохоти фарогире пеш гирифта шавад. Дар натича, дар хаёти ичтимои озодии баён ва дар сохаи иктисоди сохибкории инфироди ичозат дода шуд. Солхои 1988-1989 вазъ- ияти сиёси-ичтимои якбора вахим шуда, дар чумхурихо афкори истиклолхохи боло гирифт. Вазъият ба тадрич аз назорати Ху- кумати маркази хорич мешуд. Аз ин сабаб Горбачев барои ба эътидол овардани вазъ, матни карордоди таъсиси Конфедера- сиони байни чумхурихои Шуравиро пешниход кард.

Як гурух макомдорони баландпояи Иттиходи шурави бар зидди сиёсати бозсози ва барои пешгири аз имзои карордоди Конфедерасиони, Кумитаи давлатии холати фавкулодаро таъ- сис доданд, ки аз 18 то 21 августи соли 1991 амал карда, ноком шуд. Максади онхо барканор кардани Горбачёв аз кудрат ва ба эътидол овардани вазъ дар кишвар буд. Онхо ба Маскав кувваи низоми ворид карданд, ки ба мукобилияти мардум рубару шуд ва ба тарафи мардум гузашт. Муовини Раиси чумхури Шурави, вазири амният, вазири корхои дохила, вазири мудофиа ва чандин макомдорони олии кишвар аъзои ин кумита буданд, ки ба хабс гирифта шуданд, вале пас аз як сол озод карда шу- данд. Ин охирин кушиши хифз кардани Иттиходи чумхурихои шурави буд, ки ба нокоми анчомид ва дере нагузашта, раисо- ни чумхурихои Русия, Белорус ва Укроин карори бархам до- дани кишварро имзо карданд. Ман рузи 19 августи соли 1991 иттифокан шохиди хамин вокеаи таърихи дар шахри Маскав будам. Мутаассифона, акси садои ин кудато то Точикистон хам расид ва окибатхои фочиадоре ба бор овард, ки хикояашро дар поён меорам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …