Главная / Илм / БОРЗАД

БОРЗАД

potentillaБОРЗАД (Potentilla), пойзог, панчагул, гиёхест бисёрсола. Пояаш хазанда (дарозиаш 8 – 50 см), бандхояш решадор. Баргхои бехаш панчашакл, баргчахояш байзашакли дарозруя. Гулаш калони тиллоранг. Давраи гулшукуфташ май – авг.; тухмаш авг. мепазад. Дар бешазори гармсер ва пахнбарг, дар кади чуйхо, сохили дарё, маргзори мавзеъхои Курама, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз ва Точикистони Чануби (дар баландии 600 – 2100 м аз с. б.) меруяд.
Б. гиёхи доруии маъмул аст. Бо максади табобат поя, барг ва гули онро истифода мебаранд. Решаи Б.-ро бахорон ва тирамох, баргу пояашро моххои июн – июл мегундоранд. Дар таркиби Б. ба микдори зиёд моддахои даббоги ва витамини С мавчуд аст.
Абуалии Сино бо чушоби решаи панчагул захмхои гуногун, табхол, сарсом ва чарабро табобат мекард, илтихоби асаб ва истискои хояро тарбанди менамуд. Бо чушоби решаи Б. гаргара кардани дахон дарди дандонро таскин мебахшад. Шираи решаи он давои дарди чигар ва зардпарвин аст.
Сокинони тахчои чушоби реша ва бехи онро чун давои хунбанд, инчунин барои табобати дарди меъда истифода мебаранд. Чойи «алаф»-и Б.-ро хангоми хуншории ворахо, касалии гулу, илтихоби роххои болоии нафас, заъфи меъда ва исхоли хунин менушанд. Сокинони болооби д. Зарафшон чушоби Б.-ро дар мавриди зардпарвин, гулузиндонак, дарди шикам, дарунрави истеъмол мекунанд. Бо ин максад 1 кошук реша ва алафи хушки онро 1 – 2 соат дар 1 истакон оби чуш тар карда мемонанд. Сипас даворо полонда рузе 3 – 4 маротиба 1-кошуки меошоманд.
Дар амалияи тибби муосир чушоби решаи Б. хангоми беморихои илтихобии узвхои хозима, ки боиси дарунрави мегарданд (энтерит, энтероколит, диспепсия), илтихоби чавфи дахон (стоматит, гингивит) ва амрози пуст тавсия дода мешавад.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …