Главная / Чугрофия / БОРИШОТИ АТМОСФЕРИ

БОРИШОТИ АТМОСФЕРИ

Намудхои боришот. Оберо, ки аз хаво дар холати моеъ ва ё сахт ба сатхи Замин мерезад, боришоти атмосфери меноманд.

Боришот асосан аз абр дар шакли катрахои борон, рофибарф, кола мерезад. Шабнам, кирав, яхча барин боришоти, атмосфери дар сатхи хунукшудаи Замин, бинохо, наботот мушохида мешаванд.

Барои ба вучуд омадани боришот лозим аст, ки хаво аз бухори об сер гардад ва заррахо ба хам пайваста калон шаванд. Ин пайвастшави то даме давом мекунад, кн харакати амудин хаво дигар онхоро нигох дошта наметавонад. Агар порахои абр ба хам бархурда, якчоя, калон ва вазнин шаванд, борон меборад. Донаи катрахои борон аз 0.1 то 5-7 мм аст .

boron

Агар харорати абр аз 0°С паст бошад, дар он кристаллчахои ях пайдо шуда, барф меборад. Шакл ва андозаи каррахои барф гуногун аст. To ба сатхи Замин расидани катраи борон ва заррахои ях барф борхо дар абр поёну боло мешавад. Дар куххои баланди Точикистон тобистон хам харорат паст аст. аз хамин сабаб барф меборад.

Ба вучуд омадани жола ба кувваи харакати амудии хаво вобастаги дорад. Кувваи харакати амудии хаво хар кадар зур бошад, донахои жола хамон кадар калон мешаванд. Яхмайдае, ки аз кабатхон болои ба табакаи поёнии абр харакат мекунад, дар рох катрахои бухори обро ба худ хамрох гирифта меояд ва ба харакаги амудии хаво дучор шуда, тахти таъсири он боз ба боло бардошта мешавад. Аз сабаби он ки харорат дар кабати болоии абр паст аст, катрахои бардошташудаи об ях мекунанд. Чунин болоравию поёнфароии заррахо чандин маротиба такрор ёфта, хачми жола калон мешавад ва бар асари давр задан Шакли лундаро мегирад, харакати амудии хаво дигар онхоро нигох дошта наметавонад ва дар натича жола меборад Баъзан кутри донаи жола ба якчанд сантиметр мерасад. Жола ба хочаги зарари калон мерасонад: киштзор, боготро хароб карда, чорвои майдаро ба халокат расонданаш мумкин аст.

Агар абр аз катрахои хурдтариии об с кристаллчахои яхи «андозааш аз 0,05 мм хурд иборат бошад, он гох бориш  намешавад. Шояд мушхида карда бошед, ки баъзе намуд» боришоти атмосфери бе абр хам хосил мешавад. Хавои аз сатхи Замин наздик ба чинсхои хунукшуда (наботот, сангу хок) расида хунук мешавад ва аз худ нами чудо мекунад. Онрро шабнам меноманд.

Чен кардани боришот. Дар стансияхои метеорологи микидори боришотро бо боришсанч чен мекунанд. Он силиндр металлиест, ки дар дохилаш силиндри дигари куфмонанди майдасурохро кафшер кардаанд. Боришсанчро дар сутун тавре мегузоранд, ки канори он аз сатхи Замин 2 метр баланд бошад! Барои он, ки бод катрахои боронро хар тараф набарад, гирди силиндрро махсус аз бод химоя мекунанд. Оби боришсанчро одатан. дар як шабонаруз ду маротиба мегиранд: соати 7 ва 19. Оби дар боришсанч гуншударо ба стакаЧугрофия, ни ченакдор мерезанд Дар девори он таксимот хаст ва аз руи он баландии кабати боришозро дар 1 см м.Чугрофия, ба хисоби миллиметр муайян мекунанд. Агар барф борад, он гох боришсанчро бо барфаш ба хона» гарм медароранд. Барф, ки об шуд, обро ба стакаии ченакдор мерезанд.

Микдори бориши шабонарузиро бо хосили чамъи маълумоти ду ченкуни хисоб мекунанд. Масалан, дар соати 7 2 мм, дар соати 19 5 мм, чамъ – 7 мм. Ин адад чи кадар будани кабати оби ба сатхи Замин рехтаро нишон медихад, ба шарте, ки об нарезад, бухор нашавад, ба замин наравад.

Микдори боришоти мохонаро бо чамъ кардани микдори боришоти тамоми рузхои мох муайян мекунаид. Чамъи натичахои ченкуни дар хамаи моххои сол микдори солона боришро медихад. Инчунин микдори миёнаи боришотро дар якчанд сол хисоб менамоянд. Масалан, микдори миёнаи боришоти бисёрсола дар биёбонхои Осиёи Миёна 100 мм. дар  шахри Душанбе 650 мм, Хочаобигарм – 1428 мм ва Мургоб – 71 мм аст. Микдори знёдтарини миёнаи бориши бисёрсола дар
руи Замин дар чазираи Гавай мушохида шудааст – 14400 мм, дар Черрапунча (Хиндустон) беиштар аз 12000 мм мебошад.

Чен кардани микдори бориш барои фаъолияти хочагии инсон нихоят мухим аст. Масалан, як борони суст 1-2 мм бориш медихад. Вале барои киштзор хамин микдори нами низ ахамияти калон дорад: дар чунин борон 1 га замин то 900 сатил об мсгирад. Хангоми селборони сахт 20-30 мм ва аз ин хам зиёд боришот бориданаш мумкин аст.

Дар куххои баланди Точикистои кабати гафси барф гун мешавад. Донистани захирахои оби oн, махсусан барои саноату сохаи кишоварзи нихоят мухим аст. Дарёхои Осиёи Миёна, аз чумла Точикистон оби худро асосан аз барф мегиранд. Бинобар нп донистан ва пешгуй кардани обхезии дарёхо дар бахору тобисгон, муанян намудани Солхои камоби зарур аст.

Аз ин ру метеорологхо дар охири хар дахрузахои моххои зимистон дар чойхои кушод, дар домани куххо ва дар куххои баланд дар мавсимхои сол майдонхои барфро чен мекунанд. Баробари он холати кабати барфро (зич ё ковок) муайян менамоянд. Барои муайян кардани баландии кабати барф чадвали доими ва ё сафарии барфченкуниро истифода мебаранд. Oн аз чуби ба сантиметрхо таксимшуда иборат аст. Чадвалро амуди мегузоранд. Аз сатхи Замин (аз 0) то сатхи барф хисоб мекунанд. Бо асбоби махсус захираи оби кабати барф хисоб карда мешавад.

Микдори боришот ба чи вобаста аст? Микдори боришоти атмосфери ва таксимоти он дар мавсимхои сол дар махалхои мухталифи кураи Замин як хел нест. Ин, пеш аз хама, ба икли мавкеи географии махал нисбат ба бахру укёнус, ба бодхо асосии он ва релеф вобаста мебошад.

Масалан, марзи Точикистон аз бахру укёнус дур вокеъ гардидааст. бииобар ин бориш кам мешавад. Бо таъсири бодхои нам микдори солонаи боришот дар нишебихои чанубн гарбии каторкухи Хисор аз 1000 мм зиёд аст (Оё шумр мушохида кардаед, ки дар кадом нишебихон куххои атроф – шимолй ё чануби бештар бориш мешавад ва алафхо зичтаранд?).

Боришот аз хама зиёд дар минтакаи тропикй (зиёда аз 6000 мм дар як сол) ва аз хама кам дар биёбонхо  (150-100 мм) меборад. Дар сохили Бахри Сиёхи Кафкоз, дар нохияи шахри Батуми соле 2600 мм борон меборад.

Таъсири релефро дар он пай бурдан мумкин аст, ки дар куххои Помири Гарби микдори боришот бештар аз 250 мм. дар паси ин куххои баланд, дар Помири Шарки, ки “Боми Чахон хам меноманд, 70-75 мм аст.

Савол ва супориш

  1. Боришоти атмосферй гуфта чиро мефахмед?
  2. Барои хосил шудани боришот кадом шароит мухиманд? Оё онхоро дар асоси мушохидаи мухити атроф накл карда метавонед?
  3. Барои чи на хамеша боришот аз обу хавои абрнок хосил мешавад?
  4. Микдори боришотро дар шабонаруз, дар як мох, дар як сол чи тавр муайян, мекунанд? Микдори миёнаи боришоти бисёрсоларо чи тавр хисоб мекунанд?
  5. Аз руи дафтари хавосанчи хисоб кунед, ки дар давоми мох чанд рузи борони буд. Дар ин рузхо бод аз кадом самт мевазид?
  6. Дар махали шумо ба фаслхои зимистон, бахор, тобистон ва тирамох кадом навъхои абр хосанд?
  7. Абр ва боришоти атмосфери дар гардиши бузурги об дар табиат чи мавкеъ доранд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …