Главная / Илм / БОРДОРШАВи

БОРДОРШАВи

bordorshaviБОРДОРШАВи, чараёни омехта шудани хучайрахои чинсии нарина ва модина. Дар натичаи Б. хучайраи бордор – зигота хосил мешавад. Б. барои аз насл ба насл гузаштани аломатхои ирси мусоидат менамояд. Ибтидои Б. аз ворид гаштани сперматозоид (нутфа) ба хучайратухм огоз меёбад. Баъд хастаи нарина ва хучайраи чинсии модина омехта мешаванд. Дар натичаи табаддулоти физикию химияви хучайратухм бо парда фаро гирифта шуда, он садди рохи дохил шудани сперматозоидхои дигар мегардад. Баъзан ба хучайратухм чанд сперматозоид рох меёбад, вале аз руи коида хастаи яке аз онхо ба хастаи хучайратухм омехта мешавад (хастаи сперматозоидхои дигар махв мегарданд). Дар натичаи Б. хосиятхои физикию химиявии хучайратухм тагйир меёбанд. Хучайраи бордор (зигота) мачмуи диплоидии хромасома дорад, ки онхо минбаъд чуфт-чуфт мешаванд. Дар хар чуфти он як хромосомаи падари ва як хромосомаи модари мавчуд аст.
Ниг. низ Хомилаги.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …