Главная / Чамъият / БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2011, №6, мод. 435;

Конунхои ЧТ аз 26.07.2014 с., № 1112, № 1113)  

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Бонки милии точикистон

Моддаи 1. Макоми хукукии Бонки миллии Точикистон  

  1. Бонки миллии Точикистон бонки марказии эмиссиони ва захиравии Чумхурии Точикистон буда, дар моликияти Чумхурии Точикистон карор дорад ва дар назди Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботдиханда аст.
  2. Бонки миллии Точикистон шахси  хукуки буда, дорои мухр бо тасвири Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва номи худ мебошад.
  3. Махалли вокеъ гардидани Бонки миллии Точикистон шахри Душанбе мебошад.
  4. Бонки миллии Точикистон метавонад бо салохдиди худ дар мамлакат ва хорич аз он шуъбахо ва намояндагихояшро кушояд.
  5. Чумхурии Точикистон аз руи ухдадорихои Бонки миллии Точикистон ба истиснои ухдадорихое, ки бо розигии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ё Президенти Чумхурии Точикистон кабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Точикистон низ аз руи ухдадорихои Чумхурии Точикистон, ки бе розигии Бонки миллии Точикистон кабул шудаанд, масъулият надорад.

Моддаи 2. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– ташкилотхои карзи  – шахсони хукукие (бонкхо, ташкилотхои карзии гайрибонки, аз чумла ташкилотхои маблаггузории хурд), ки дар асоси ичозатномаи Бонки миллии Точикистон хама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар конун пешбинишударо ичро менамоянд;

– бонк – ташкилоти карзие, ки максади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он мукарраркардаи Бонки миллии Точикистон ва хукуки ичрои на камтар аз се амалиёти зерин: чалби амонат ва пасандозхо, додани карз, кушодан ва пешбурди суратхисобхои бонки мебошад;

– ташкилотхои карзии гайрибонки – ташкилотхои карзие, ки хукуки ичрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгуи амалиёти бонкиро барои ташкилотхои карзии гайрибонки конунгузории Чумхурии Точикистон ва Бонки миллии Точикистон мукаррар менамояд;

– курби расмии асъор – курби асъор, ки Бонки миллии Точикистон хамчун макоми ваколатдори давлати мукаррар кардааст;

– тавозуни пардохт – хисоботи оморие, ки амалиёти дар муддати муайян анчомдодаи байни резидентхо ва гайрирезидентхоро чамъбаст менамояд;

– меъёри бозтамвил – меъёри хадди акалли фоизе, ки аз руи он Бонки миллии Точикистон ба ташкилотхои карзи карз медихад;

– карз  – маблаге, ки аз чониби ташкилоти карзи ба карзгир бо шартхои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мухлати муайян дода шудааст;

– амонат – маблаг ва сарвати дигари шахсони вокеи ва хукуки, ки ба ташкилоти карзи барои нигахдори супурда шудаанд;

– пасандоз – маблаге, ки хукуки истифодаи муваккатиашон ба ташкилотхои карзи бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст;

– пули милли – сомони аст, ки як вохиди он ба 100 дирам баробар аст;

– фоидаи вокеии Бонки миллии Точикистон – фоидае, ки бо рохи ба суратхисоби Бонки миллии Точикистон ворид шудани маблаг ба даст омадааст;

– асъор – пули миллии мамлакатхои хоричи;

– бозтамвил – додани карз аз чониби Бонки миллии Точикистон ба ташкилотхои карзи, бахисобгири ва азнавбахисобгирии когазхои киматнок, ки тибки Конуни мазкур пешбини шудаанд;

– низоми пардохт – низоми бо хам алокаманди технологияхо, тартиб, коида, воситахои пардохт ва низоми интиколи маблаг, ки муомилоти пулро таъмин мекунад;

– хизматрасонихои пули – низоми интиколи пул, кабули пардохтхо бо истифодабарии нуктахои кабули пардохтхо, хизматрасонихои хисоббаробаркуни, хазинави, инкассатсияи маблаг, векселу чекхо, эмиссия ва хизматрасонии кортхои пардохти;

– низоми клиринг – низоми хисоббаробаркунии гайринакди ва байнибонки, ки ба талабот ва хисоби ухдадорихои пардохти мутакобилаи пули асос ёфтааст;

– низоми бонкии Чумхурии Точикистон – Бонки миллии Точикистон ва ташкилотхои дигари карзии дар Чумхурии Точикистон фаъолияткунанда;

– низоми пули – тартиби ба конунхо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пул;

– меъёрхои макбул – меъёрхои иктисодие, ки аз чониби Бонки миллии Точикистон бо максади танзими фаъолияти ташкилотхои карзи мукаррар гардида, риояи онхо аз чониби ташкилотхои карзи хатми мебошад;

]

Моддаи 3.  Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Бонки миллии Точикистон

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Бонки миллии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Муносибати Бонки миллии Точикистон бо Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии

                     Чумхурии Точикистон

 

Бонки миллии Точикистон дар назди Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботдиханда мебошад, ки он чунин амали карда мешавад:

– Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон фармонхои Президенти Чумхурии Точикистонро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Бонки миллии Точикистон ва муовинони у тасдик мекунад;

– Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ширкати дигари аудиториро барои гузаронидани аудити берунии Бонки миллии Точикистон мувофики моддаи 82 Конуни мазкур дар сурати норози будан аз натичаи аудити беруние, ки дар Бонки миллии Точикистон гузаронида шудааст, муайян мекунад;

– Бонки миллии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хисоботи солонаи Бонки миллии Точикистон ва хулосаи аудиториро пешниход менамояд;

– Бонки миллии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дурнамои сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистон ва хисоботро оид ба ичрои он пешниход мекунад.

 

Моддаи 5. Максадхои Бонки миллии Точикистон

 

  1. Максади асосии Бонки миллии Точикистон ноил шудан, нигох доштани сатхи муътадили нарххои дохили дар давраи дарозмухлат мебошад.
  2. Максадхои иловагии Бонки миллии Точикистон инхоянд:

–  таъмини устувории низоми бонкии давлат;- мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.3. Гирифтани фоида максади асосии Бонки миллии Точикистон намебошад.

 

Моддаи 6. Вазифахои Бонки миллии Точикистон

 

  1. Вазифахои Бонки миллии Точикистон инхо мебошанд:

– тахия ва амали намудани сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистон;

– тахлили иктисоди ва  пули ва дар асоси он ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани таклифхо, инчунин ба маълумоти чомеа расонидани натичахои тахлил;

– додани ичозатнома ба ташкилотхои карзи барои ичрои амалиёти бонки ва танзиму назорати фаъолияти онхо;

– додани ичозатнома барои фаъолияти Бюрохои таърихи карз ва  танзиму назорати фаъолияти онхо;

– ташкили низоми пардохт, клиринг, хисоббаробаркуни ва низоми хизматрасонихои пули, танзим ва назорати фаъолияти онхо;

– ба таври монополи амали намудани эмиссияи пули накд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;

– нигахдори ва идораи захирахои байналмилали;

– ичрои амалиётхои бонки;

– ташкили шароити мусоид барои химояи манфиатхои истеъмолкунандагони хизматрасонихои низоми бонки; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1113)

– аз номи Чумхурии Точикистон ба худ гирифтани ухдадорихо ва ичрои амалиётхое, ки аз иштироки Чумхурии Точикистон дар фаъолияти ташкилотхои байналмилалии молияви бармеоянд;

– тахияи тавозуни пардохти Чумхурии Точикистон.

  1. Бонки миллии Точикистон вазифахои дигари ба зиммааш гузоштаро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ичро менамояд.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад бо максади мубориза бар зидди конунигардонии (расмикунонии) даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм мутобики конун чорахои зарури андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотхои карзиро танзим ва назорат намояд.

 

Моддаи 7. Санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон

 

  1. Бонки миллии Точикистон тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи санадхои меъёрии хукуки” дар доираи салохияташ санадхои меъёрии хукуки кабул менамояд.
  2. Нисбат ба санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 8. Ташкили фаъолият ва  молу мулки Бонки миллии Точикистон

 

  1. Бонки миллии Точикистон фаъолияти худро мустакилона ташкил ва амали менамояд. Дахолати макомоти давлати дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
  2. Бонки миллии Точикистон молики маблаг, бинохо, иншоот, тачхизот, сарватхои дигар буда, метавонад воситахои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозунаш хорич намояд ва ба шахсони дигар ройгон дихад ё фурушад. Бо максади ичрои вазифахои худ ташкилотхои дорои хукуки шахси хукуки таъсис дихад, бинохо, иншоот ё молу мулки дигарро харида гирад ба  шарте, ки чунин молу мулк барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Точикистон зарур бошад.
  3. Давлат химояи хукуки молу мулки конунии Бонки миллии Точикистонро кафолат медихад ва наметавонад молу мулк, фондхо, маблаги онро мусодира намояд ё сармояи оинномавиашро кам кунад.
  4. Бонки миллии Точикистон бо максади таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигахдории молу мулку дороихо ва хифзи кормандонаш хукук дорад хадамоти махсуси амнияти ва посбониро  таъсис дихад ва хамчунин тибки конун ярок ва воситахои махсуси химояви харидори карда, нигах дорад ва истифода барад.

 

Моддаи 9. Хамкории байналмилалии Бонки миллии Точикистон

 

  1. Бонки миллии Точикистон дар мачлисхои машваратии байнихукумати, дар шурохо ва ташкилотхо дар бораи масъалахои сиёсат оид ба пул, додани ичозатнома барои амалиёти бонки, доир ба масъалахои назорати бонки ва масъалахои дигар, ки аз салохияти онхо мебошад,  Чумхурии Точикистонро намояндаги мекунад.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад ба муассисахои хоричи, хукумати, молияви ва бонки, инчунин ташкилотхои байналмилали, ки дар онхо Бонки миллии Точикистон ё Чумхурии Точикистон иштирок мекунад, хизматхои бонки расонад.
  3. Бонки миллии Точикистон метавонад дар ташкилотхои байналмилали, ки максадашон бо рохи хамкории байналмилали ба даст овардани суботи молияви ва иктисоди мебошад, иштирок намояд.
  4. Бонки миллии Точикистон дар доираи ваколатхои худ ба сифати намояндаи Чумхурии Точикистон метавонад ба зиммаи худ ухдадорихоеро гирад, ки амалиёт ва ичрои он ба Чумхурии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали вобаста мебошад.

 

БОБИ 2. САРМОЯ, ФОИДА ВА ФОНДХОИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 10. Сармояи оинномавии Бонки миллии Точикистон

  1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Точикистон 20,0 млн. сомониро ташкил медихад. Он дар асоси Карори Раёсати Бонки миллии Точикистон (минбаъд – Раёсат) бо розигии Президенти Чумхурии Точикистон ва бо тасдики минбаъдаи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон метавонад зиёд карда шавад.
  2. Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба гарав мондан мумкин нест.
  3. Бонки миллии Точикистон мутобики стандартхои байналмилалии хисоботи молияви ва бо максади баробар кардани фоида ва зиёни аз хисоби азнавбаходихии арзиши металлхои  киматбахо ва асъори хоричии бадастомада, суратхисоби арзиши азнавбаходихии истифоданагардида кушода, пешбурди онро анчом медихад.

 

Моддаи 11. Сметаи солона

  1. Хамаи даромад ва харочоти Бонки миллии Точикистон дар сметаи даромад ва харочоте, ки Раёсат тасдик кардааст, пешбини мегардад.
  2. Сметаи даромад ва харочот дар давоми сол бояд тахти назорати  мухосиби бошад, ки он аз тарафи аудити дохили сурат мегирад.

 

Моддаи 12. Фоида ва зиёни Бонки миллии Точикистон

  1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Точикистон мутобики стандартхои байналмилалии хисоботи молияви муайян карда мешавад.
  2. Дар давоми си рузи баъди нашри хисоботи молиявии аудитшуда Бонки миллии Точикистон фоидаи вокеан бадастовардаи худро бо тартиби зерин таксим менамояд:

– ба сармояи оинномави – 10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;

– ба фонди захирави – 60 фоиз то ба 10 фоизи ухдадорихои Бонки миллии Точикистон баробар шудани он;

– ба бучети давлати – кисми бокимондаи фоида баъди тасдики хисоботи солона аз тарафи Раёсат.

  1. Зиёни Бонки миллии Точикистон аз руи натичахои солхои гузашта дар соли чори аз хисоби фонди захирави ва дар холати нокифоя будани он аз хисоби сармояи оинномави чуброн карда мешавад.
  2. Дар холати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Точикистон Раиси Бонки миллии Точикистон доир ба чуброни каср аз хисоби бучети давлати ба Хукумати Чумхурии Точикистон дархост пешниход менамояд.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон дар давоми се мохи баъд аз гирифтани дархости Раиси Бонки миллии Точикистон оид ба пардохти маблаги каср ё барориши ба он баробари когазхои киматноки мухлатнок бо фоизи на камтар аз меъёри бозтамвил карори дахлдор кабул менамояд.

 

Моддаи 13. Масунияти андозии Бонки миллии Точикистон

Бонки миллии Точикистон аз пардохти андози хадди акал аз даромадхо ва андоз аз фоидаи шахсони хукуки озод мебошад.

БОБИ 3. СИЁСАТИ ПУЛИ А  КАРЗИ

Моддаи 14. Сиёсати пули

  1. Бонки миллии Точикистон масъули тахия ва татбики сиёсати пулии Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Бонки миллии Точикистон бо максади мусоидат ба хамкории байниидорави, аз чумла мубодилаи иттилоот ва баходихии вазъи иктисодии Чумхурии Точикистон, Кумитаи сиёсати пули таъсис медихад. Кумитаи сиёсати пули макоми машваратии байниидорави буда, ба Раёсат тавсияхо пешниход мекунад.
  3. Хайат, вазифахо ва тартиби фаъолияти Кумитаи сиёсати пули бо низомномаи он, ки аз чониби Раёсат тасдик карда мешавад, муайян мегардад.
  4. Бо максади истифодаи босамари фишангхои сиёсати пулию карзи ва рушди муътадили нишондихандахои пули Бонки миллии Точикистон дурнамои сиёсати пулию карзии Чумхурии Точикистонро барои соли оянда тахия намуда, хар сол то 1 ноябр ба баррасии Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.
  5. Бонки миллии Точикистон хар се мох оид ба вазъи макроиктисоди ва масъалахои татбики сиёсати пули дар воситахои ахбори омма маълумот нашр менамояд.

 

Моддаи 15. Воситахои сиёсати пулию карзи

Бонки миллии Точикистон барои ичрои вазифахои худ дар сохаи сиёсати пулию карзи воситаю  усулхои зеринро истифода мебарад:

– меъёрхои фоизи аз руи амалиёти Бонки миллии Точикистон;

– меъёрхои захирахои хатми;

– амалиёт дар бозори озод;

– карздихи ба ташкилотхои карзи;

– танзими асъор ва амалиёти асъори;

– мукаррар кардани худуди афзоиши хачми пул;

– махдудкунихои микдории бевосита.

 

Моддаи 16. Мукаррар кардани меъёрхои фоизи

  1. Бо максади нигахдории сатхи муътадили нарххо дар давраи дарозмухлат Бонки миллии Точикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасони ба меъёрхои фоизи бозори истифода мебарад.
  2. Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ барои хар як намуди амалиёташ меъёри фоизро мукаррар менамояд.

 

Моддаи 17. Меъёрхои захирахои хатми

  1. Бонки миллии Точикистон хукук дорад барои ташкилотхои карзи аз руи пасандозхо ва ухдадорихои дигари ба онхо монанд захирахои хатми мукаррар намояд.
  2. Меъёрхои захирахои хатми аз тарафи Раёсат мукаррар карда шуда, метавонанд барои шаклхои гуногуни ташкилотхои карзи фарк дошта бошанд.
  3. Дар сурати аз тарафи ташкилотхои карзи риоя нагардидани меъёрхои захирахои хатми Бонки миллии Точикистон маблаги  камомадро аз суратхисоби онхо меситонад.
  4. Бонки миллии Точикистон хукук дорад ташкилотхои карзиро барои риоя накардани меъёрхои захирахои хатми тибки Конуни мазкур чарима бандад.
  5. Дар сурати бозхондани ичозатномаи ташкилоти карзи барои ичрои амалиёти бонки маблаги захирахои хатмии дар Бонки миллии Точикистон буда барои ичрои ухдадорихои хамин ташкилоти карзи истифода  мешаванд.

 

Моддаи 18. Амалиёт дар бозори озод

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад когазхои киматноки Чумхурии Точикистон, когазхои киматноки карзии худ, инчунин дигар когазхои киматноки карзиро дар бозорхои молияви хариду фуруш намояд.
  2. Худуди амалиёт дар бозори озод аз чониби Раёсат мукаррар карда мешавад.
  3. Тартиби барориши когазхои киматноки Бонки миллии Точикистон ва гузаронидани амалиёт бо онхоро Раёсат мукаррар менамояд.

Моддаи 19. Махдудкунии микдории бевосита

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад дар холатхои истисно бо максади амали кардани сиёсати пулию карзи махдудкунии микдории бевоситаро ба кор барад.
  2. Махдудкунии микдории бевоситаи Бонки миллии Точикистон мукаррар намудани меъёрхои бозтамвил, маблаги умумии карз ба иктисодиёт, манъи ичрои баъзе амалиёти бонкиро аз тарафи ташкилотхои карзи ифода мекунад.

 

Моддаи 20. Мукаррар намудани хадди афзоиши хачми пул

Бонки миллии Точикистон хадди афзоиши як ё якчанд нишондихандахои микдори пулро мувофики дурнамои сиёсати пулию карзи мукаррар менамояд.

 

Моддаи 21. Амалиёти бозтамвил

 

  1. Бо максади амали намудани сиёсати пули ва карзи Бонки миллии Точикистон бо шартхое, ки давра ба давра аз тарафи Раёсат мукаррар карда мешаванд, метавонад:

1) тахти таъмини воситахои зерин ба ташкилотхои карзи карзхои кутохмухлат дихад:

– когазхои киматноке, ки Хукумати Чумхурии Точикистон баровардааст;

– когазхои киматноке, ки Бонки миллии Точикистон баровардааст;

– векселхои одди ё интиколии дорои ду ва зиёда паснавишт (индоссамент), ки яке аз онхо акаллан ба яке аз ташкилотхои карзи тааллук дошта, мухлати пардохташон аз рузи онхоро ба даст овардани Бонки миллии Точикистон на зиёда  аз дах мох мебошад;

– пасандоз, асъори накди хоричи, металлхои киматбахо ва дороихои дигар дар Бонки миллии Точикистон ва ташкилотхои карзи, ки онхоро Бонки миллии Точикистон хамчун дороихои бозоргир  эътироф мекунад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1113)

2) бахисобгири ва азнавбахисобгирии когазхои киматноки зерини ташкилотхои карзиро анчом дихад:

– когазхои киматноки дар доираи эмиссияи давлати баровардаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

– когазхои киматноке, ки Бонки миллии Точикистон баровардааст.

  1. Бонки миллии Точикистон меъёри бозтамвил ва шартхоеро, ки мувофики онхо ташкилотхои карзи барои гирифтани карз ба озмун рох дода мешаванд, мунтазам ба маълумоти ахли чомеа мерасонад.
  2. Бонки миллии Точикистон когазхои киматнокро ба хисоб  ё аз нав ба хисоб намегирад, ба шахсони вокеи ё хукуки карз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедихад, ба истиснои холатхое, ки Конуни мазкур барои ташкилотхои карзи пешбини кардааст.
  3. Нисбат ба талаботи Бонки миллии Точикистон дар бораи баргардонидани карзхои додашуда мухлати даъво татбик намегардад.

 

Моддаи 22. Карздихи дар холатхои фавкулодда

  1. Дар холатхои фавкулодда Раёсат метавонад ба ташкилотхои карзи аз руи шартхои мукаррарнамудаи худ оид ба додани карз барои таъмини пардохтпазири карор кабул намояд.
  2. Карз дар холатхои фавкулодда ба мухлати то се мох дода мешавад, агар Раёсат мукаррар намояд, ки ташкилоти карзи:

– имкониятхои дигари карзгири надошта бошад;

– кобили пардохт бошад;

– дорои молу мулки муносиб барои таъмини карз бошад.

  1. Хангоми дар мухлати муайяншуда барнагардонидани карз Раёсат метавонад мухлати пардохти онро то се мохи  дигар тамдид намояд, агар ташкилоти карзи дархост ва накшаи асосноки чорабинихоро, ки макомоти ичроияаш тасдик намудааст, бо нишон додани шартхои зерин пешниход намояд:

– усули баргардонидани карз;

– чорахои ислохи вазъ барои пешгирии зарурати минбаъдаи карзгири дар холатхои фавкулодда.

  1. Бонки миллии Точикистон тибки Конуни мазкур ва конунхои дигар нисбат ба ташкилотхои карзие, ки накшаи чорабинихои   пешбиникардаро ичро намекунанд ё ба натичахои накшави ноил намегарданд, тадбирхои дахлдор меандешад.

БОБИ 4. ХАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН БО МАКОМОТИ ДАВЛАТИ

Моддаи 23. Принсипхои асосии хамкори

  1. Бонки миллии Точикистон дар доираи ваколатхое, ки конун ба вай додааст, мустакил мебошад. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Точикистон, ки барои кабул кардани карор ваколат доранд, аз ягон шахси вокеи ё хукуки, аз чумла аз макомоти давлати супориш намегиранд.
  2. Хар гуна мудохила ба фаъолияти онро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи Бонки миллии Точикистон мавриди барраси карор медиханд.
  3. Бонки миллии Точикистон барои ичрои вазифахои ба зимааш гузошташуда дар тахияи сиёсати иктисодии Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Точикистон ё бо супориши вай яке аз муовинонаш дар чаласахои Хукумати Чумхурии Точикистон иштирок мекунанд.
  4. Бонки миллии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон аз амалхои эхтимолии худ, ки дорои ахамияти умумидавлати мебошанд, ба якдигар ахборот медиханд, кори худро хамоханг месозанд, машваратхо мегузаронанд.
  5. Бонки миллии Точикистон ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои чалб намудани карзхо аз тарафи давлат, пардохти карзи давлати бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонки ва хадафхои асосии сиёсати пулию карзии давлат машварат медихад.

 

Моддаи 24. Муносибатхои карзи бо Хукумати Чумхурии Точикистон

  1. Хукумати Чумхурии Точикистон дар холатхои фавкулоддаю гайричашмдошт ва нарасидани маблаги бучети давлати метавонад барои чуброни фарки зиёни он аз Бонки миллии Точикистон карз гирад. Маблаги умумии карзи барои ин максад гирифтаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз Бонки миллии Точикистон набояд аз 10 фоизи маблаги кисми даромади умумии бучети давлатии соли гузашта зиёд бошад. Карзхои гирифта дар давоми 12 мох пардохт карда мешаванд.
  2. Ба Бонки миллии Точикистон мустакиман харидани когазхои киматноки Хукумати Чумхурии Точикистон ё дигар макомоти давлати дар давраи аввали барориши онхо манъ аст.

 

Моддаи 25. Хизматрасонии карзи давлати

Бонки миллии Точикистон метавонад ба карзи давлатии Чумхурии Точикистон бо амалиёти чойгиронии вомбаргхои давлати, адои онхо ва пардохти фоиз аз руи онхо хизмат расонад.

 

Моддаи 26. Амонатхо ва амалиёти кассави

  1. Бонки миллии Точикистон ба сифати амонатнигохдорандаи давлат ба хазинадории давлати ва макомоти дигари давлати хизматхои бонки мерасонад. Бонки миллии Точикистон  пардохтхоро мувофики хачми маблагхо дар суратхисобхои дахлдор амали месозад.
  2. Дар холати зарури Бонки миллии Точикистон метавонад тибки карори Раёсат як кисми маблаги бучети давлатиро мутобики шартнома бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон  ба мухлати муайян хамчун пасандоз кабул намояд ва барои он фоиз пардохт кунад.

 

Моддаи 27. Вазифахои намояндаи молияви

  1. Бонки миллии Точикистон дар мувофика бо Хукумати Чумхурии Точикистон ташкили хизматрасонии когазхои киматноки давлатиро бо тартиби зерин ба рох мемонад:

– маркетинги когазхои киматноки давлати;

– пардохти маблаги асосии когазхои киматнок, фоизхо ва дигар подошхои комиссиони;

– ичрои дигар амалхое, ки мувофики макcаду вазифахои Бонки миллии Точикистон мебошанд.

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад хамчун намояндаи молияви ба Хукумати Чумхурии Точикистон, ташкилотхои карзи ва фондхои гайрибучети барои нигохдории маблаги онхо бо пули милли, асъор ва когазхои киматнок хизмат расонад. Тартиби хизматрасонии мазкур аз чониби Бонки миллии Точикистон муайян ва дар асоси созишномахои дучониба амали карда мешавад.

 

Моддаи 28. Ташкили хизматрасонии кассавии бучетхо

  1. Бонки миллии Точикистон якчоя бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тартиби ичрои бучетхои чумхурияви ва махаллиро мукаррар мекунад.
  2. Бонки миллии Точикистон ичрои кассавии бучетхои чумхурияви ва махаллиро ба воситаи бонкхо амали менамояд ва метавонад амалиёти барои ичрои бучетхо заруриро ба воситаи шуъбахои худ ба чо оварад.

 

Моддаи 29. Бонки миллии Точикистон – бонкдор, мушовири молияви ва намоянда

Бонки миллии Точикистон хамчун бонкдор, мушовири молияви,  намояндаи Хукумати Чумхурии Точикистон ва макомоти дигари давлати оид ба масъалахои низоми захира ва масъалахои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонки вобастаанд.

БОБИ 5. НИЗОМИ ПАРДОХТ

Моддаи 30. Низоми пардохт

Бонки миллии Точикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, рохбарии ташкил ва таъмини рушди низоми самараноку боэътимоди пардохт, клиринг ва хисоббаробаркуниро дар Чумхурии Точикистон ба ухда дорад. Бо ин максад Бонки миллии Точикистон:

– ба хамкории низомхои хисоббаробаркуни ва клиринг бо низомхои дахлдори дигар, ки ба биржахо, бозорхои когазхои киматнок алокаманданд, мусоидат менамояд;

– тахияи усулу технологияхои нави хисоббаробаркунихо ва интиколи когазхои киматнокро ба рох мемонад;

– барои хамкории байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасонихои пули шароит фарохам меоварад.

 

Моддаи 31. Ташкили хисоббаробаркуни дар байни бонкхо

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад ба ташкилотхои карзи чихати анчом додани пардохтхои байнибонки хизмат расонида, барои ташкили низоми клиринги байнибонки ва дигар шаклхои хисоббаробаркуни мувофики санадхои меъёрии хукукии кабулкардааш мусоидат намояд.
  2. Бонки миллии Точикистон барои риояи мухлати пардохтхо мутобики конунгузории  Чумхурии Точикистон масъул аст.

 

Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохт

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад бо максади таъмини эътимоднокии низоми пардохт:

1) хизматрасонихоеро, ки ташкилотхои карзи ё таъминкунандагони хизматрасонихои пули оид ба ирсол, коркард ва кабули супоришномахои пардохти, чекхо, интиколи маблаг ва когазхои киматнок ба суратхисобхои онхо ё мизочонашон ичро мекунанд, танзим ва назорат намояд;

2) низомхои зеринро ташкил ва фаъолияташонро таъмин намояд, барои ташкилу танзими фаъолияти онхо ичозатнома дихад, бакайдгири ва назорати онхоро ба рох монад:

а) клиринг, хисоббаробаркунихо ва амалиёти дигар бо пули милли ва асъори хоричи;

б)  клиринг, хисоббаробаркунихо ва амалиёти дигар бо когазхои киматнок;

в) клиринг, хисоббаробаркунихо ва амалиёти дигар аз руи пардохтхо (ё мубодилаи когазхои киматнок) бо хар гуна асъор дар мукоиса бо пардохтхои дигар (ё мубодилаи когазхои киматнок) бо асъори дигар;

3) шаклхои хисоббаробаркунии гайринакдиро муайян кунад ва намунахои хуччатхои пардохтиро, ки барои хисоббаробаркунии гайринакди дар Чумхурии Точикистон истифода мешаванд, тасдик намояд;

4) талаботи хадди акалро оид ба боэътимоди ва таъмини амнияти хисоббаробаркунихои электрони, интиколи маблаг, низоми клиринг, интернет-бонкинг, инчунин таъмини амнияти иттилооти бонки мукаррар намояд.

  1. Тартиби хисоббаробаркунихо бо пули милли ва асъори хоричи аз тарафи Бонки миллии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Бонки миллии Точикистон сиёсати низоми пардохти Чумхурии Точикистонро муайян мекунад ва мониторинги амали гардидани онро анчом медихад.

 

Моддаи 33. Стандартхои байналмилали

Бонки миллии Точикистон хангоми ичрои ваколатхои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохт стандартхои байналмилалиро истифода намуда, бо максади таъмини амният ва самаранокии он бо макомоти давлатии Чумхурии Точикистон, бонкхои марказии (миллии) кишвархои дигар ва ташкилотхои молиявии байналмилали хамкори менамояд.

 

Моддаи 34. Хизматрасони ба ташкилотхои карзи

Бонки миллии Точикистон метавонад барои ташкилотхои карзи, ки дар Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд, суратхисобхо кушода, барои бакияи онхо фоиз дихад ё барои хизматрасониаш хакки муайян гирад.

БОБИ 6. РОБИТАХОИ ИКТИСОДИИ ХОРИЧИ А АМАЛИЁТИ АСЪОРИ

Моддаи 35. Ваколатхои Бонки миллии Точикистон  дар сохаи фаъолияти иктисодии хоричи

Бонки миллии Точикистон дар холатхое, ки конунгузори ва созишномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, дар муносибат бо бонкхои марказии (миллии) давлатхои хоричи, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки чахони ва дигар ташкилотхои молиявии байналмилали намояндаи манфиатхои Чумхурии Точикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.

 

Моддаи 36. Бонки миллии Точикистон – макоми танзими асъор ва назорати асъор

 

Бонки миллии Точикистон макоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” амали менамояд. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1113)

Кисмхои 2 ва 3 бо КЧТ аз 26.07.14 с., № 1113 хорич шуданд.

 

Моддаи 37 бо КЧТ аз 26.07.14 с., № 1113 хорич шуд.

 

Моддаи 38. Захирахои асъории байналмилалии давлат

 

  1. Бонки миллии Точикистон дар тавозуни худ хамаи захирахои асъории байналмилалии давлатро нигох медорад.
  2. Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилалии давлат ё аз тарафи Бонки миллии Точикистон мушохида гардидани тамоюли камшавии он то дарачае, ки барои гузаронидани сиёсати пулию карзи ё сари вакт ичро намудани амалиётхои байналмилалии давлат зиён расонида метавонад, Бонки миллии Точикистон ба Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи вазъияти ин захирахо ва сабабхое, ки боиси камшавии онхо шудаанд ё шуда метавонанд, хисобот, инчунин оид ба ислохи холат тавсияхо пешниход мекунад.

 

Моддаи 39. Захирахои байналмилалии Бонки миллии Точикистон

 

  1. Бонки миллии Точикистон бо максади ичрои вазифахо ва ухдадорихои хоричии худ ва химояи сармояи оинномавиаш аз  тагйирёбии курби асъор, як кисми маблаги худро бо асъор ва дигар дороихои асъори, ки арзиши онхо дар бозорхои байналмилали устувор аст, нигох медорад.
  2. Бонки миллии Точикистон аз руи шарт ва ба мухлатхое, ки Раёсат мукаррар мекунад, захираи байналмилалии Бонки миллии Точикистонро таъсис медихад.
  3. Захирахои байналмилалии Бонки миллии Точикистон аз инхо иборатанд:

– тилло ва дигар металлхои киматбахо, ки дар Бонки миллии Точикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотхои карзи нигох дошта мешаванд, аз чумла ухдадорихои шахсони дигар, ки аз тилло ва дигар  металлхои  киматбахо  иборат мебошад;

– асъори мубодилаи озод, ки дар Бонки миллии Точикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотхои карзи нигох дошта мешавад;

– ухдадории шахсони дигар ва пасандозхои байнибонкии аз руи дархост ё дар мухлати кутох пардохтшаванда, ки аз асъори мубодилаи озод иборат буда, дар суратхисобхои Бонки миллии Точикистон ё дар тавозуни бонкхои марказии (миллии) хоричи ё ташкилотхои молиявии байналмилали карор доранд;

– когазхои киматноки карзии бозоргири иборат аз асъори мубодилаи озод, ки хукуматхои кишвархои хоричи, бонкхои марказии (миллии) хоричи ё ташкилотхои молиявии байналмилали баровардаанд ё когазхои киматноки карзие, ки пурра бо даромад ва карзхои эмитент таъмин шудаанд;

– талабот ба ташкилотхои молиявии байналмилали, ки дар асоси амалиёти фурушу бозхарид ва созишнома оид ба карз додани когазхои киматноки дар  сархати чоруми кисми 3 моддаи мазкур зикршуда ба миён меояд;

– хукуки махсуси карзгири, ки дар суратхисоби Бонки миллии Точикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавчуданд;

– маблагхои асъории Бонки миллии Точикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор.

  1. Бонки миллии Точикистон захирахои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти хифз, таъмини пардохтпазири ва даромаднокии онхо бо тартиби зикршудаи афзалиятноки идора мекунад.

 

Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хоричи

Бонки миллии Точикистон сиёсати курбии асъорро муайян ва амали намуда, хукук дорад:

– хар гуна амалиётро бо асъори хоричи дар Чумхурии Точикистон ва берун аз он ки онхо ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва дар тачрибаи бонкии байналмилали кабулшуда мувофик мебошанд, ичро намояд;

– векселхои хазинави ва дигар когазхои киматноки аз тарафи давлатхои хоричи ё ташкилотхои молиявии байналмилали баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурушад, инчунин ахдхои дигарро, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон намебошанд ва дар тачрибаи бонкии байналмилали кабул карда шудаанд, имзо намояд;

– дар бонкхои маркази (милли) ва ташкилотхои молиявии давлатхои дигар хисобхо кушояд;

– барои бонкхои хоричи, бонкхои маркази (милли) ва ташкилотхои байналмилалии молияви суратхисобхо кушода, инчунин манфиати онхоро дар Чумхурии Точикистон химоя кунад.

Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъори (вокеан гирифтанашуда)

  1. Фоида ва зиёни асъории (вокеан гирифтанашуда) дар тавозуни солонаи Бонки миллии Точикистон инъикосгардида, ки ба тагйирёбии бахои дороихо ва ухдадорихо дар шакли асъор, металлхои киматбахо ва хукуки махсуси карзгири алокаманд аст ва вобаста ба тагйирёбии нарх ё курби мубодилавии ин дороихо ва ухдадорихо нисбат ба пули милли ба вучуд омадаанд, тибки стандартхои байналмилали дар суратхисоби махсус (азнавбахогузори кардани асъор) ба хисоб гирифта мешаванд.
  2. Дар сурати манфи будани бакияи суратхисоби махсус (азнав бахогузори кардани асъор) он аз хисоби фоидаи соли чори, фонди захирави ва сармояи оинномави чуброн карда мешавад.

 

БОБИ 7. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ АШКИЛОТХОИ КАРЗИ

 

Моддаи 42. Бонки миллии Точикистон – макоми танзим ва назорати фаъолияти ташкилотхои карзи

  1. Бонки миллии Точикистон дорои хукуки истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотхои карзи мебошад. Бо ин максад Бонки миллии Точикистон:

– ба ташкилотхои карзи ичозатнома медихад, онхоро дар фехристи бакайдгири сабт мекунад, стандартхои назорати фаъолияти онхоро тахия намуда, тартиби татбики санадхои меъёрии хукуки ва тавсияхои худро мукаррар менамояд;

– ташкилотхои карзиро бо кувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин максад чалбгардида, аз чумла амалиёт, фехристхо, хуччатхо ва суратхисобхои онхоро санчида, риояи талаботи Конуни мазкур, конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки”, “Дар бораи ташкилотхои маблаггузории хурд” ва конунхои дигари ба фаъолияти бонки дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд;

– аз ташкилотхои карзи пешниходи иттилооти заруриро барои танзим ва назорати фаъолияти онхо, инчунин оид ба ислохи вазъи кунунии онхо чора диданро  талаб мекунад.

  1. Максади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотхои карзи нигохдории суботи низоми бонки ва низоми пардохт, химояи манфиатхои пасандоздорон ва карздехон мебошад.
  2. Бонки миллии Точикистон ба фаъолияти чории ташкилотхои карзи мудохила намекунад, ба истиснои холатхое, ки конун пешбини кардааст.
  3. Бонки миллии Точикистон бо санадхои меъёрии хукукии худ  барои хамаи ташкилотхои карзи тартиби хатмии хисобдори, тахия, пешниходи хисоботи молияви ва  маълумоти омориро мукаррар мекунад.
  4. Бонки миллии Точикистон метавонад барои ташкилотхои карзи тартиби гузаронидани амалиёти бонки, ташкили низоми идоракунии хавфхо ва назорати дохилиро бо санадхои меъёрии хукукии худ мукаррар намояд.

 

Моддаи 43. Хамкории иттилооти

  1. Бонки миллии Точикистон барои тахияи омори бонки, молияви ва тахлили вазъи иктисоди бо макомоти давлати дар чамъовари ва нашри маълумоти омори ва дигар маълумот хамкори менамояд ва метавонад аз макомоти давлати иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
  2. Бонки миллии Точикистон маводи зеринро нашр менамояд:

– иттилооти умумии омори ва тахлили дар бораи низоми бонкии Чумхурии Точикистон;

– хуччатхо оид ба усулхои чамъовари ва пешниходи маълумоти омори;

– маълумоти дахлдори омори ва консепсияе, ки ба гузарондани тахкику санчиши берунии омории анчомдодаи Бонки миллии Точикистон имкон медиханд.

 

Моддаи 44. Пешниходи иттилоот

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад тавассути дархости хатти аз ташкилотхои карзи пешниходи хама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзехи онхо ё пешбинихои зеринро талаб намояд:

– оид ба масъалахои идоракунии корпоративи, молияви, меъёрхои макбул ва масъалахои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти карзи;

– оид ба дороихо ва ухдадорихо, даромад ва харочот, аз чумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, хакки хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, ухдадорихо ва тамоми хавфхои ба вай тахдидкунанда;

– нисбати хар гуна шахси алокаманди ташкилоти карзи ва ё хар гуна шахси хукукии мутобики конунгузори бакайдгирифташуда, ки дар чамъияти холдингии ташкилоти карзи нуфузи калон дорад.

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад иттилооти пешниходшударо, ки ба фехристи иттилоот ё маълумоти махфи дохил намешавад, мувофики категорияхои ташкилотхои карзи ва аз руи навъи фаъолияташон дарачабанди шудаанд, пурра ё кисман нашр намояд.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонки таъсис дихад ва нигох дорад.
  3. Ташкилотхои карзи вазифадоранд, ки хама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Точикистон дархостшавандаро сари вакт пешниход намоянд.

 

Моддаи 45. Хамкории Бонки миллии Точикистон бо макомоти назоратии дохилию хоричи

Бонки миллии Точикистон метавонад бо дигар бонкхои марказии (миллии) хоричи ё макомоти назоратии дохилию беруни шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Точикистон бовари дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чорахои окилона андешида шудаанд.

 

Моддаи 46. Меъёрхои макбул

Аз чониби Бонки миллии Точикистон барои ташкилотхои карзи меъёрхои макбул тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки” мукаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 47. Санчиши фаъолияти ташкилотхои карзи

  1. Бонки миллии Точикистон назорати мачмуии фаъолияти ташкилотхои карзиро бо тартиби зерин анчом медихад:

– хисобот, хуччатхо, тавзехот, баёнот, далелхо ва маълумоти аз чониби ташкилоти карзи тибки Конуни мазкур пешниходшударо барраси мекунад;

– аз ташкилотхои карзи ва хар гуна бонкхои фаръи, чамъиятхои вобастаи онхо дар шакли хатти пешниход ва тасдик намудани хар гуна маълумоти иловаги, хисобот, хуччатхо, тавзехот, баёнот ва ё далелхоро талаб мекунад;

– дар хусуси вазъи молияви, манбаи маблагхои пули, нуфузу эътибори сахмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти карзи ва оид ба шахсе, ки барои ба дах ва зиёда фоизи сахмияхои ташкилоти карзи сохиб шудан мурочиат менамояд, маълумот талаб мекунад;

– санчиши ташкилоти карзи, чамъиятхои вобастаи он ва бонкхои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин максад аз чониби Бонки миллии Точикистон таъин шудаанд, анчом медихад.2. Санчиш баррасии фаъолияти ташкилоти карзиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофикати фаъолияти ташкилоти карзи ба талаботи Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки”, санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон, санадхо ва сиёсати дохилии ташкилоти карзиро дар бар мегирад.

  1. Бонки миллии Точикистон на камтар аз як маротиба дар як сол хамаи ташкилотхои карзиро аз санчиш мегузаронад, ба истиснои намояндагихои онхо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санчида мешаванд.
  2. Шахсони тибки моддаи мазкур барои гузаронидани санчиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони рохбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти карзи ё бонки фаръи ва чамъиятхои вобастаи он вазифадоранд дастрасии  хамаи утокхои кори, аз чумла хазинахо ва ганчхонахо, китобхои хисобдори, суратхисобхо, хуччатхо, сабтхои электрониро ба шахсони мазкур таъмин намоянд.
  3. Хар гуна маълумот, аз чумла маълумоти дорои сирри бонки, ки санчишгарон талаб мекунанд, бояд аз чониби ташкилоти карзи сари вакт пешниход карда шавад. Кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзи вазифадоранд ба гузаронидани санчиш хамачониба  мусоидат намоянд.
  4. Бонки миллии Точикистон Шурои нозирони ташкилоти карзиро оид ба натичахои санчиш огох месозад.
  5. Тартиби гузаронидани санчиш, чамъбаст ва пешниходи натичахои он бо санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  6. Узви Раёсат, корманд ва намояндаи Бонки миллии Точикистон ва хар шахсе, ки тибки талаботи Конуни мазкур барои гузаронидани санчиш, инчунин ба сифати мудири муваккати таъин ё чалб гардидааст, барои зиёни хангоми дар доираи Конуни мазкур софдилона ичро кардани ухдадории вазифави расонидашуда, масъул намебошад.
  7. Бонки миллии Точикистон ба шахсони мазкур чуброни хар гуна харочоти марбут ба химояи онхо аз даъвои судии вобаста ба софдилона ичро кардани ухдадорихои вазифавиашон пешниходшударо кафолат медихад, ба истиснои холатхои дар содир кардани чиноят гунахкор дониста шудани онхо.

 

Моддаи 48. Чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони

 

  1. Бонки миллии Точикистон метавонад хар гуна чорахои фаврии ислохи ё таъсиррасонии дар кисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбик намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти карзи, кормандони рохбарикунанда ё кормандони дигари он:

– талаботи Конуни мазкур, конунхо, санадхои меъёрии хукукии дигар ва амрномахои Бонки миллии Точикистонро риоя накардаанд;

– ба Бонки миллии Точикистон маълумоти мукарраршударо сари вакт пешниход накардаанд ё онро носахеху нопурра пешниход намудаанд;

– амалиёти бонкии дорои хавфи аз меъёр зиёд ё нодурустро анчом додаанд.

  1. Хангоми чой доштани холатхои дар кисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, Бонки миллии Точикистон метавонад нисбат ба ташкилоти карзи як ё якчанд чорахои ислохи ё таъсиррасонии зеринро татбик намояд:

– ба ташкилоти карзи амрнома фиристад;

– ба ташкилоти карзи дастур дихад;

– аз ташкилоти карзи тахия ва пешниходи накшаи чорабинихоро чихати бартараф кардани камбудихо ва ислохи вазъи ба амаломада ё маълумотро оид ба чорахои андешидашуда талаб намояд;

– аз ташкилоти карзи катъ кардани анчомдихии баъзе амалиётро талаб кунад;

– таксими хар гуна фоида ё суди сахмияхоро манъ намояд;

– хама гуна махдудиятро барои додани карз мукаррар созад;

– илова ба маблаги захирахои хатмие, ки дар Бонки миллии Точикистон нигох дошта мешаванд, дар мухлат ва ба маблаги муайян зиёд кардани онхоро аз ташкилоти карзи талаб намояд;
– аз раиси Шурои нозирон даъват намудани чаласаи гайринавбатии Шурои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Точикистон чихати баррасии хукуквайронкунихо ва андешидани чорахои зарури бо максади бартараф кардани онхо талаб намояд;

– аз раис ё раёсати ташкилоти карзи талаб намояд, ки солимгардонии молиявии ташкилоти карзи, аз чумла бо усули тагйирдихии таркиби дороихои онро амали намояд;

– аз ташкилоти карзи муваккатан ё пурра аз кор барканор кардани як ё якчанд корманди рохбарикунандаро талаб намояд;

– аз ташкилоти карзи аз вазифа сабукдуш кардани раис ё дигар узви Шурои нозиронро дархост намояд;

– азнавташкилдихи (муттахидшави, хамрохшави, таксимшави, чудошави, табдилдихи)-и ташкилоти карзиро талаб намояд;

– барои ташкилоти карзи меъёрхои макбулро ба мухлати то шаш мох тагйир дихад;

– ба ташкилоти карзи ичрои баъзе амалиёти дар ичозатномаи он муайяншударо ба мухлати то дувоздах мох боздорад;

– кушодани филиал ва вохиди дигари сохториро ба ташкилоти карзи манъ кунад;

– кабул ва интиколи дороихоро аз чониби ташкилоти карзи, инчунин пардохти суди сахмияхоро махдуд намояд;

– мутобики конун нисбат ба кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзи мучозоти чаримавиро татбик кунад;

– ваколатхои макомоти идоракунии ташкилоти карзи (Мачлиси умумии сахмиядорон (иштирокдорон), Шурои нозирон, макомоти ичроия)-ро боз дошта, барои солимгардонии ташкилоти карзи тибки Конуни мазкур маъмурияти муваккати таъин намояд;

-ба ташкилоти карзи ба андозаи то як фоиз аз хадди акали сармояи оинномави чарима бандад;
– аз сахмдорони ташкилоти карзи пурра кардани сармояи онро талаб кунад;

– ичозатномаи ба ташкилоти карзи додашударо мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки” бозхонд намояд.

  1. Бонки миллии Точикистон инчунин метавонад ташкилотхои карзиро дар холатхои зерин ба андозаи то як фоиз аз хадди акали сармояи оинномавии мукарраршуда чарима бандад ва бартараф намудани камбуди ва хукуквайронкунихоро дар мухлати мукарраргардида талаб намояд:

– агар ташкилоти карзи ба Бонки миллии Точикистон хар гуна хисобот, маълумоти омори, дигар иттилооти нопурра ва носахехро пешниход намояд;

– агар ташкилоти карзи маълумот оид ба муштари, хавфхои муайяни муштариёни хосааш ва хар гуна иттилооти аз чониби Бонки миллии Точикистон дархостшударо пешниход накунад ё пешниходи онро ба таъхир андозад;

– барои халалдор сохтани манфиатхои истеъмолкунандагони хизматрасонихои низоми бонки; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1113)

– барои камбуди ва конунвайронкунихое, ки дар натичаи санчиши бевоситаи фаъолияти ташкилоти карзи ошкор гардидаанд.

  1. Дар холати талаботи Бонки миллии Точикистонро ичро накардани ташкилоти карзи, чаримабанди мутобики кисми 3 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудихо идома меёбад.
  2. Маблаги чарима аз суратхисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Точикистон кушодаи ташкилоти карзи, бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вучуд надоштани чунин суратхисоб дар Бонки миллии Точикистон, маблаги чарима аз ташкилоти карзи тибки конунгузори ситонида мешавад.
  3. Тартиби татбики чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасони аз чониби Раёсат муайян карда мешавад.
  4. Чорахои фаврии ислохи ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро Бонки миллии Точикистон дар мухлати як сол аз рузи аз чониби ташкилоти карзи содир гардидани хукуквайронкунихо, аммо на дертар аз се мох баъди ошкор шудани онхо амали менамояд.
  5. Татбики чорахои фаврии ислохи ё таъсиррасони, ки дар моддаи мазкур пешбини шудаанд, масъулияти ташкилоти карзиро тибки дигар  конунхо истисно намекунад.

 

Моддаи 49. Маъмурияти муваккати

 

  1. Маъмурияти муваккати макоми махсуси идоракунии ташкилоти карзи мебошад, ки бо максади пешгири кардани муфлисшавии он аз чониби Бонки миллии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ба мухлати то шаш мох таъин карда мешавад.
  2. Мухлати фаъолияти маъмурияти муваккати имкон дорад аз чониби Бонки миллии Точикистон то шаш мох тамдид карда шавад.
  3. Карори Раёсати Бонки миллии Точикистон дар бораи таъин намудани маъмурияти муваккати (ё тамдид кардани мухлати ваколатхои он) аз чониби Бонки миллии Точикистон дар мухлати на дертар аз панч руз аз санаи кабули он тавассути ду рузномаи расмии Чумхурии Точикистон нашр карда мешавад.
  4. Рохбарии маъмурияти муваккатиро мудири он (мудири муваккати), ки аз номи ташкилоти карзи бе ваколатнома амал мекунад, анчом медихад.
  5. Мудири муваккати аз хисоби кормандони Бонки миллии Точикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Точикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:

– намояндаи Бонки миллии Точикистон ба хисоб рафта, ба дастурхои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи ичрои ухдадорихояш ба Бонки миллии Точикистон хисобот медихад;

– ба мукаррароти Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии дигар, дастурамалу амрномахои Бонки миллии Точикистон хамчун рохбари ташкилоти карзи итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Точикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассуси, ки нисбат ба рохбарони ташкилотхои карзи тибки мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки” татбик мегарданд, чавобгу бошанд. Бонки миллии Точикистон метавонад дар холати зарури мудири муваккатиро  иваз ё аз вазифа барканор намояд.

 

Моддаи 50. Асос барои таъин намудани маъмурияти муваккати

Бонки миллии Точикистон метавонад маъмурияти муваккатиро дар холатхои зерин таъин намояд, агар:

– Бонки миллии Точикистон муайян кунад, ки ташкилоти карзи ягон мукаррароти конун, санади меъёрии хукуки, амрнома ё дастурамалхои Бонки миллии Точикистонро риоя накардааст ё бо ягон намуди фаъолияти шубхаовар (беэътимод), ки вазъи ташкилоти карзиро заиф намуда, манфиатхои пасандоздоронро зери хатари чидди карор додааст ё боиси талаф шудани дороихои ташкилоти карзи гардидааст, машгул шудааст;

– Бонки миллии Точикистон далелхои асоснок дошта бошад, ки  ташкилоти карзи ё рохбарони он ба фаъолияти чинои машгул шудаанд, ки дар натичаи он манфиатхои пасандоздоронро зери хатари чидди мегузоранд;

– Бонки миллии Точикистон ошкор кунад, ки ташкилоти карзи барои пешбурди амалиёти бонки дар холати ноустувор карор дорад ва ин холатро зуд бехтар карда наметавонад;

– ташкилоти карзи аз ухдаи ичрои талаботи Бонки миллии Точикистон набаромада, ба ичрои вазифахои назоратии он, аз чумла тавассути пинхон кардан ё пешниход накардани хуччатхои хисобдори, бахисобгири ва дигар хуччатхо барои санчиш монеъ гардад;

– ташкилоти карзи бо карори Шурои нозирон ё сахмдорон таъини маъмурияти муваккатиро талаб кунад;

– сармояи ташкилоти карзи аз 50 фоизи хадди мукарраркардаи Бонки миллии Точикистон барои кифоятии сармоя тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки” камтар шавад;

– фаъолияти ташкилоти карзи ба низоми бонкии Чумхурии Точикистон хавфовар бошад.

 

Моддаи 51. Натичахои таъин намудани маъмурияти муваккати

Баъди таъин гардидани маъмурияти муваккати:

– хамаи хукуку ваколатхои ташкилоти карзи, аз чумла он хукуку ваколатхое, ки сахмдорон, пасандоздорон ё кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзи доранд, боздошта шуда, ба мудири муваккати дода мешаванд. Касе хак надорад барои додани хукукхо ба мудири муваккати ё амали намудани онхо аз тарафи вай монеъ гардад;

– хар гуна амал ё кароре, ки аз тарафи ташкилоти карзии дар итоати маъмурияти муваккати карордошта ё аз номи он (ё аз тарафи сахмдорон ё рохбарони он) кабул мешавад, беэътибор мебошад,  агар он аз тарафи мудири муваккати ё тахти рохбарии вай кабул нашуда бошад, аз чумла интиколи пул ё когазхои киматнок, ки бонкхо тавассути низоми хисоббаробаркунии пардохт ё низоми хисоббаробаркунии когазхои киматнок анчом додаанд ва онхо кабл аз ба кор огоз кардани маъмурияти муваккати бебозхонд шудаанд;

– мухлати мукарраркардаи конун, шартнома ё ба таври дигар мукарраршуда, ки баъди ба охир расидани он хар гуна талабот ё хукуки ташкилоти карзи катъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рузи сипаришавии он ба мухлати шаш мох тамдид карда мешавад.

 

Моддаи 52. Вазифахои маъмурияти муваккати

Маъмурияти муваккати нисбат ба ташкилоти карзи фавран чорахои зеринро меандешад:

– хамаи кушишхои худро софдилона барои таъмини нигохдории дороихои ташкилоти карзи ба харч медихад;

– хисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороихо, аз чумла дороихои вокеи ва ухдадорихои ташкилоти карзиро огоз менамояд;

– ба тамоми вохидхои сохтории ташкилоти карзи оид ба чори намудани маъмурияти муваккати дар ташкилоти карзи огохиномаро бо зикри санаи ба ичрои ухдадорихои худ огоз кардани маъмурияти муваккати, ки он набояд аз санаи ирсоли огохинома пештар бошад, ирсол менамояд;

– тавассути рузномахои расмии Чумхурии Точикистон дар байни ахоли, он чойхое, ки вохидхои сохтории ташкилоти карзи чойгиранд, оид ба огози фаъолияти маъмурияти муваккати дар ташкилоти карзи эълон менамояд;

– хамаи молу мулки вокеи, сабтхо ва дигар дороихои ташкилоти карзиро, аз чумла аз бонкхои фаръии он бозпас мегирад;

– хукук дорад кормандони рохбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти карзиро аз вазифа барканор ва ё озод намояд;

– иваз намудани хамаи кулфхо, махдуд намудани ичозати гирифтани калидхои онхо, тагйир додани рамзхои истифодаи компютерхо, додани рухсатномахои нав, бекор кардани ваколатхои шахсоне, ки аз номи ташкилоти карзи амал мекарданд, инчунин мукаррар намудани махдудиятхои дигарро барои дастрасии  объектхо ва дороихои ташкилоти карзи анчом медихад;

– ташкилотхои карзи, бакайдгирандагон, намояндахо ва агентхо, ки ба когазхои киматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороихои берунии ташкилоти карзиро дар бораи тагйир ёфтани ваколатхои шахсоне, ки аз номи ташкилоти карзи дастурхо медоданд, огох менамояд;

– хама гуна пардохтхоро ба моликон, сахмдорон ва кормандони рохбарикунандаи ташкилоти карзи ба истиснои музди мехнати онхо бозмедорад;

– дар тамоми филиалхои ташкилоти карзи намояндахои худро таъин менамояд.

 

Моддаи 53. Хисоботи мудири муваккати

  1. Мудири муваккати дар давоми си руз пас аз санаи таъин шуданаш ба Раёсати Бонки миллии Точикистон дар бораи вазъи молияви ва накшаи солимгардонии ташкилоти карзи хисоботи пешаки пешниход мекунад, ки иборат аз:

1) хисоботи тавозунии ташкилоти карзи, ки аз чониби мудири муваккати тахия гардида, дар он вазъи вокеии молиявии ташкилоти карзи нишон дода мешавад;

2) тавсияи андешидани яке аз чорахои зерин нисбат ба ташкилоти карзи:

а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти карзи на танхо бо рохи тачдиди сохтори он, балки бо истифода аз ваколатхои дар моддахои 55-58 пешбинишуда;

б) бозхонди ичозатнома барои ичрои амалиёти бонки ва бархамдихии ташкилоти карзи.

  1. Бонки миллии Точикистон баъди баррасии хисоботи мудири муваккати дар муддати понздах руз карори дахлдор кабул мекунад.
  2. Мудири муваккати вазифадор аст, ки хар мох оид ба фаъолияти маъмурияти муваккати ба Бонки миллии Точикистон хисобот дихад.

 

Моддаи 54. Мораторияи конеъгардонии талаботи пасандоздорон ва ичрои ухдадорихои дигари ташкилоти карзи

  1. Бонки миллии Точикистон бо максади хифзи вазъи молиявии ташкилоти карзи, ки дар он маъмурияти муваккати чори шудааст, метавонад пардохти маблагро аз руи хар гуна ухдадории ташкилоти карзи то як мох боздорад ва дар холатхои зарури ин мухлатро ба як мохи дигар тамдид намояд, вале ин мухлат набояд аз се мох зиёд бошад.
  2. Дар давраи мораторияи пардохтхо ба огози парвандаи суди, идомаи парвандахои огозшуда ё таъкиби суди барои ичрои мачбури ё ба ичро кардани хукуки гарав нисбат ба молу мулки ташкилоти карзи рох дода намешавад. Дар ин давра бакайдгирии молу мулки гайриманкули ташкилоти карзи хамчун гарав, сохиб шудани карздех ба хукуки конеъгардонии афзалиятнок аз хисоби молу мулки гайриманкули ташкилоти карзи, ба гайр аз холатхои мавчуд будани санадхои суди, ки кабл аз таъини маъмурияти муваккати кабул шудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 55. Амали намудани накшаи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти карзи

  1. Хангоми аз чониби Бонки миллии Точикистон кабул шудани карор дар бораи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти карзи бо истифода аз ваколатхои махсус, мудири муваккати метавонад тачдиди сохтори ташкилоти карзиро тибки моддахои 56-59 тарики зайл анчом дихад:

– пурра кардани сармояи ташкилоти карзи;

– хамрохшави ё муттахидшавии ташкилоти карзи бо дигар ташкилоти карзи ё додани хукуки сохибмулкии ташкилоти карзи ба ташкилоти карзии дигар;

– интикол ё фуруши хар гуна дорои ё ухдадорихои ташкилоти карзи ба ташкилоти карзии дигар.

  1. Мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба ваколатхои назорат ё имтиёзхои сахмдорон (хукуки афзалиятнок) харид нисбат ба барориши сахмияхо, талаботи аз чониби сахмдорон тасдик шудани амалиёте, ки ба сармоя ё молу мулки ташкилоти карзи таъсир мерасонад ва гайра) ба тачдиди сохтор, ки мутобики Конуни мазкур анчом дода мешавад, монеъ намегарданд.
  2. Ухдадорихои ташкилоти карзи, ки аз руи созишномахояш сари вакт ичро нашудаанд ва ё бекор карда шудаанд, хангоми татбики чорахо оид ба тачдиди сохтор ба инобат гирифта амешаванд.

 

Моддаи 56. Пурра кардани сармоя

Бо максади пурра кардани сармояи ташкилоти карзие, ки дар он маъмурияти муваккати таъин шудааст, Бонки миллии Точикистон метавонад мудири муваккатиро барои андешидани чорахои зарури ё кобили кабули зерин ваколатдор намояд:

– аз хисоб хорич кардани арзиши дороихои бекурбшуда ва мутаносибан кам кардани сармояи ташкилоти карзи;

– барориши сахмияхои иловагии навъхои мавчуда ё сахмияхои нав ё хар ду;

– ба сахмияхои одди табдил додани карзи субординарии ташкилоти карзи;

– кам кардани сармояи ташкилоти карзи тавассути бозхариди сахмияхои мувофики обуна баровардашуда ё беэътибор донистани сахмияхо бидуни конеъгардонии талаботи мутакобил;

– дигар ваколатхое, ки барои пурра кардани сармояи ташкилоти карзи аз чониби Раёсати Бонки миллии Точикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 57. Харидан, хамрохшави ё муттахидшави

Харидани ташкилоти карзии аз тарафи маъмурияти муваккати идорашаванда аз чониби дигар ташкилоти карзи (ё хамрохшави, муттахидшавии он бо дигар ташкилоти карзи) имкон дорад бо рохи интикол додани кисми зиёди сахмияхои ташкилоти карзи ба дигар ташкилоти карзи ба ивази сахмияхо ё маблагхои пулии он ё ба ивази хар ду анчом дода шавад.

 

Моддаи 58. Интиколи дорои ва ухдадорихо

Бонки миллии Точикистон метавонад мудири муваккатиро барои интикол додани хамаи дорои ва ухдадорихои ташкилоти карзие, ки аз тарафи маъмурияти  муваккати идора мешавад ё интикол додани як кисми онхо ба дигар ташкилоти карзи ваколатдор намояд.

Моддаи 59. Химояи карздех ва тартиби пардохти чуброн

  1. Интиколи дороихо хангоми тачдиди сохтор дар холатхои зерин манъ аст:

– интиколи молу мулки тахти гарав карордошта (дар доираи хабс ё хукуки нигохдории хар гуна дорои ё молу мулк, гарави молу мулки гайриманкул ё хар гуна намуди дигари хукуки гарав), агар дар баробари он ухдадории ташкилоти карзи ва манфиати ба хукуки гарав вобастаи он  низ интикол дода нашавад;

– додани танхо як кисми хукуку ухдадорихое, ки дар карордод чихати хисоббаробаркунии талаботи мутакобила зикр шудаанд.

  1. Агар мутобики арзёбии мустакил карздехи ташкилоти карзие, ки тахти идоракунии маъмурияти муваккати карор дорад, бинобар тачдиди сохтор дар холати бадтар аз холати бархамдихии ташкилоти карзи карор дошта бошад, он гох карздехи мазкур барои гирифтани чубронпули ва маблаге, ки карздехро дар холати бархамдихии ташкилоти карзи баробар мекунад, хукук дорад.

 

Моддаи 60. Ваколатхои мудири муваккати

  1. Мудири муваккати дорои ваколатхои зерин мебошад:

1) давом додани ичрои амалиёти бонки аз номи ташкилоти карзи ё катъ намудани онхо;

2) чалби карзхо бо тартиби мукаррарнамудаи Бонки миллии Точикистон;

3) ичрои ухдадорихои ташкилоти карзи ё махдуд кардани онхо;

4) тагйир додани меъёрхои фоизи аз руи ухдадорихои ташкилоти карзи то меъёрхои дахлдори дар бозор  амалкунанда;

5) ба кор чалб кардани шахсони  мансабдор, кормандон ва мушовирони зарури;

6) катъ намудани шартномаи кироя барои хизматрасони ё шартномаи ичора, ки ташкилоти карзи иштирокчии он мебошад;

7) ифшои иттилоот дар бораи ташкилотхои карзи ва амалиёти онхо, аз чумла иттилооти дорои хусусияти махфи бо максади солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти карзи;

8) хариду фуруши мол, хизматрасони ё молу мулки дигар аз номи ташкилоти карзи;

9) барориши хама гуна воситахои пардохти аз номи ташкилоти карзи;

10) ба сифати даъвогар ва чавобгар баромад намудан аз номи ташкилоти карзи дар суд;

11) анчом додани амалхои зерин дар бораи баргардонидани маблагхои мухлати пардохташон гузашта:

а) фуруши молу мулки ба гарав гирифташуда;

б) аз карздорон талаб намудани пардохти карзхои мухлаташон гузашта, пешниходи таъминот ва  кафолатхои иловаги;

12) ба имзо расондани карордод бо карздорон дар бораи пеш аз мухлат пардохт намудани карз;
13)  пешниход намудани харидории карзхои пардохтанашуда ба шахсони дигар;

14) андешидани чорахо дар бораи баргардонидани дигар карзхои карздорони ташкилоти карзи;
15) анчом додани чорахои зарурии дигар на танхо тавассути азнавташкилдихии ташкилоти карзи бо рохи тагйир додани шакли ташкилию хукукии он ва табдилдихии он ба ташкилоти карзии гайрибонки.

  1. Мудири муваккати хукуки боздоштан ё бекор кардани хар гуна  карори макомоти идоракунии ташкилоти карзиро, ки мухолифи манфиати муштариён ва пасандоздорон аст, дорад.

 

Моддаи 61. Анчоми фаъолияти маъмурияти муваккати

  1. Фаъолияти маъмурияти муваккати баъди ба охир расидани мухлати ваколатхо (ё мухлати тамдиди он) ё кабл аз ба охир расидани ин мухлат (ё мухлати тамдиди он) бо карори Бонки миллии Точикистон ба анчом мерасад, агар Бонки миллии Точикистон муайян кунад, ки асосхои таъин шудани он бартараф шудаанд ё мутобики моддаи 53 Конуни мазкур баркарор кардани ташкилоти карзи имконнопазир аст.
  2. Баъди ба анчом расидани фаъолияти маъмурияти муваккати бинобар бехтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти карзи:

– тамоми махдудиятхое, ки нисбат ба ташкилоти карзи, макомоти идоракуни, кормандони рохбарикунандаи он мукаррар шуда буданд, бекор мегарданд;

– хамаи тагйиру иловахо ба хуччатхои таъсиси, макомоти идоракуни ва хайати кормандони ташкилоти карзи, ки тибки конун хангоми фаъолияти маъмурияти муваккати ворид шудаанд, амал мекунанд.

 

Моддаи 62. Бархам додани ташкилоти карзи

Агар фаъолияти маъмурияти муваккати боиси бехтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти карзи нагардад, Бонки миллии Точикистон ичозатнома барои ичрои амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд бо ариза дар бораи бархам додани ташкилоти карзи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  мурочиат менамояд.

БОБИ 8. НИЗОМИ ПУЛИ ВА ТАШКИЛИ МУОМИЛОТИ   ПУЛИ

Моддаи 63. Низоми пули

Низоми пулии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 64. Воситаи конунии пардохт ва эмиссияи пули милли

  1. Пули миллии аз чониби Бонки миллии Точикистон баровардашуда ва дар гардиш карордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти хар гуна ухдадорихои пули ва хисоббаробаркунихо буда, кабули он бо арзиши номиналиаш дар Чумхурии Точикистон аз руи тамоми пардохтхои пули хатми мебошад.
  2. Бонки миллии Точикистон дорои хукуки истисноии эмиссияи (барориши) пули когази (банкнота) ва танга хамчун воситаи конунии пардохт дар каламрави Чумхурии Точикистон мебошад.

 

Моддаи 65. Тавсифи пули милли

Бонки миллии Точикистон бо меъёрхои худ арзиши номинали, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятхои пули когази ва тангахоеро, ки дар Чумхурии Точикистон воситаи пардохт мебошанд, мукаррар мекунад.

 

Моддаи 66. Чопи пули милли ва тадбирхои таъмини амнияти он

  1. Бонки миллии Точикистон чопи пулхои когази ва сикказании тангахоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигохдории нишонахои пули, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулхои когази ва тангахои аз муомилот гирифташуда тадбирхо меандешад.
  2. Бонки миллии Точикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонахои пули ва иваз намудани пулхои когази ва тангахои фарсударо мукаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонахои пули ва иваз намудани онхо дар матбуот чоп карда мешавад.
  3. Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда аз тарафи Бонки миллии Точикистон сурат мегирад.
  4. Бонки миллии Точикистон пулхои когази ва тангахои фарсударо аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва ба ивази онхо ба муомилот пулхои когази ва танга мебарорад.
  5. Агар ороиши пулхои ивазшаванда ба меъёрхои мукарраршуда мутобик набошад, Бонки миллии Точикистон метавонад онхоро иваз накунад.

 

Моддаи 67. Таъмини иктисодиёт бо нишонахои пули

Бонки миллии Точикистон бояд хангоми пайдо шудани талаботи иктисодиёт ба пул онро бо нишонахои пули дар хачми мукарраркардаи худ таъмин намояд.

 

Моддаи 68. Аз муомилот баровардани нишонахои пули

  1. Бонки миллии Точикистон бо карори Раёсат метавонад хар гуна пули когази ва тангахои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, ба ивазашон пулхои хамарзиши дигари когази ва тангахо барорад.
  2. Баъди ба охир расидани давраи ивазкуни, ки ба гирифтани пулхои когази ва танга аз муомилот ва ба дигар пулхои когази ва тангахо иваз намудани онхо вобаста аст, пулхои когази ва тангахои хамин тавр аз муомилот баровардашуда дигар воситахои пардохти буда наметавонанд.

БОБИ 9. ХИСОБОТДИХИ ВА НАЗОРАТИ МУХОСИБИ

 Моддаи 69. Соли молияви

Соли молиявии Бонки миллии Точикистон аз 1 январ огоз ёфта, 31 декабр ба охир мерасад.

Моддаи 70. Хисоботи солона

Баъди ба охир расидани соли молияви Бонки миллии Точикистон хисобот тартиб медихад, ки он хуччатхои зеринро дар бар мегирад:

– хисоботи тавозуни, хисобот оид ба фоида ва зиён, хисобот оид ба тагйирёбии сармоя ва хисоботи зарурии дигар;

– усулхои бахисобгирии мухосиби, ки Бонки миллии Точикистон хангоми тартиб додани хисоботи молияви аз он истифода намудааст;

– шархи мухтасари вазъи макроиктисоди дар Чумхурии Точикистон, татбики сиёсати пулию карзи, арзёбии вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 71. Бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви

  1. Пешбурд ва тартиб додани бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молиявии Бонки миллии Точикистон мутобики стандартхои байналмилалии хисоботи молияви анчом дода мешаванд.
  2. Бонки миллии Точикистон метавонад баъди анчом ёфтани хар мохи хисоботи, хисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Точикистонро дар рузи кории охирини мохи анчомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
  3. Бонки миллии Точикистон хар се мох оид ба вазъи макроиктисоди ва масъалахои татбики сиёсати пулию карзи маълумот нашр менамояд.

 

Моддаи 72. Ухдадорихои шарти

  1. Бонки миллии Точикистон дорои ухдадорихои муайян мебошад, ки кисме аз онхоро ухдадорихои шарти (кафолатномахо, маблагхои муштариён дар суратхисобхои Бонки миллии Точикистон ва ухдадорихое, ки дар асоси бахсхои суди пайдо шудаанд) ташкил медиханд.
  2. Охири хар сол Бонки миллии Точикистон ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба ухдадорихои шартиаш иттилоъ медихад, агар:

– маблаги ухдадорихои шарти аз панч фоизи дороихои софи он зиёд бошад;

– маблаги дар суратхисоби Бонки миллии Точикистон мавчуда дар давоми 3 соли охир аз чониби муштари талаб карда нашуда бошад.

  1. Бо дархости Хукумати Чумхурии Точикистон, ки аз зарурати баррасии мукаммали ухдадорихои шарти бармеояд, Бонки миллии Точикистон маълумоти иловаги пешниход менамояд.

 

Моддаи 73. Пешниход ва нашри хисобот

Бонки миллии Точикистон хар сол на дертар аз 30 июн хисоботи солонаи худро бо хулосаи аудитори ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда, дар воситахои ахбори омма нашр мекунад.

БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 74. Сохтор ва макомоти идоракуни

  1. Бонки миллии Точикистон аз Дастгохи маркази ва шуъбахои минтакави иборат аст.
  2. Идоракунии Бонки миллии Точикистон тавассути Раёсат ва раиси Бонки миллии Точикистон сурат мегирад. Раёсат макоми олии коллегиали буда, самтхои асосии фаъолият, рохбари ва идоракунии Бонки миллии Точикистонро муайян ва амали шудани онхоро назорат мекунад.
  3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Точикистон, се нафар муовинони у ва се нафар аъзои мустакил, ки бо пешниходи раиси Бонки миллии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд, иборат мебошад.
  4. Раиси Бонки миллии Точикистон ва муовинони у бо Фармони  Президенти Чумхурии Точикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонхо барои тасдик ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Точикистон аз руи вазифа ба хайати Раёсат дохил мешавад.

. Раиси Бонки миллии Точикистон, муовинони у ва аъзои Раёсат бояд шахрвандони Чумхурии Точикистон буда, дорои тахсилоти олии иктисоди ва тачриба дар сохаи бонкдори бошанд, доги суди надошта,  ба ташкилотхои муфлисшуда рохбари накарда бошанд.

  1. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Точикистон ва муовинони у аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Аъзои Раёсат ба мухлатхои зерин таъин карда мешаванд:

– раиси Бонки миллии Точикистон – ба мухлати хафт сол;

– муовинони раиси Бонки миллии Точикистон – ба мухлати панч сол;

– аъзои мустакили Раёсат – ба мухлати чор сол.

  1. Раиси Бонки миллии Точикистон, муовинони у ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифахои худ таъин карда шаванд.
  2. Аъзои мустакили Раёсат аз хисоби омузгорони муассисахои тахсилоти олии касбии сохаи иктисоди, муассисахои илмии иктисоди ва собикадороне, ки аз сохахои иктисод, молия ва бонкдори ба нафака баромадаанд, таъин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз чониби раиси Бонки миллии Точикистон подошпули мукаррар карда мешавад.
  3. Дар сурати аз вазифа озод шудани раиси Бонки миллии Точикистон ё муовинони у, онхо ичрои вазифахои худро то тасдик шудани Фармони Президенти Чумхурии Точикистон дар ин бора аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон давом медиханд.

 

Моддаи 75. Асосхои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат

  1. Раиси Бонки миллии Точикистон, муовинони у ва аъзои дигари Раёсат дар холатхои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:

– бинобар гузаштани мухлати ваколат;

– ичро карда натавонистани вазифахои хизмати бо сабаби бад шудани вазъи саломати, ки бо хулосаи комиссияи тибби тасдик шудааст;

– додани аризаи шахси дар бораи истеъфо;

– нисбат ба онхо баровардани хукми айбдоркунии суд ва эътибори конуни пайдо кардани он;

– риоя накардани махдудиятхое, ки дар Конуни мазкур мукаррар карда шудаанд;

– суиистифода аз вазифа;

– иштирок накардан дар мачлисхои Раёсат дар муддати тулони (зиёда аз се мох) бе огох кардани Раёсат.

  1. Чойи холи дар Раёсат бояд бо таъин намудани узви нав дар давоми 60 рузи таквими пур карда шавад.
  2. Аъзои Раёсат хукук доранд дар бораи истеъфои худ дар муддати на дертар аз се мох ба Президенти Чумхурии Точикистон бо ариза мурочиат намоянд.

 

Моддаи 76. Ваколатхои раиси Бонки миллии Точикистон

  1. Раиси Бонки миллии Точикистон:

– аз  номи Бонки миллии Точикистон бе ваколатнома амал мекунад ва манфиатхои онро дар муносибат бо макомоту ташкилотхои давлати, ташкилотхои дигар, ташкилотхои карзи, ташкилотхои давлатхои хоричи ва байналмилали намояндаги мекунад, шартномахо ба имзо мерасонад, аз руи хамаи масъалахои фаъолияти он, ба истиснои масъалахое, ки ба салохияти Раёсат тааллук доранд,  карорхо  кабул  мекунад;

– барои таъмини ичрои карорхои Раёсат масъул аст;

– ваколатхоеро, ки Раёсат ба зиммаи у вогузор намудааст, амали менамояд;

– амалиёти харрузаи Бонки миллии Точикистонро назорат мекунад;

– дар чаласахои Раёсат раиси мекунад;

– ба санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон, карорхо ва протоколхои мачлиси Раёсат, шартномахо ва карордодхое, ки Бонки миллии Точикистон мебандад, имзо мегузорад;

– вазифахоро дар байни муовинон таксим мекунад;

– хизматчиёни Бонки миллии Точикистонро ба кор кабул ва аз кор озод мекунад;

– фармонхо мебарорад ва амрхо медихад, ки ичрои онхо барои хамаи хизматчиёни Бонки миллии Точикистон ва шуъбахои он хатми мебошад;

– барои фаъолияти Бонки миллии Точикистон комилан масъул буда, амали намудани вазифахои онро таъмин мекунад.

  1. Дар вакти набудани раиси Бонки миллии Точикистон вазифахои уро муовини якум, дар набудани муовини якум, яке аз муовинон ичро менамояд.

 

Моддаи 77. Ваколатхои Раёсат

  1. Раёсат ваколатхои зеринро дорост:

– сиёсати пулии давлатро тахия менамояд, аз чумла махдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Точикистон сурат мегирад, меъёри фоизи аз руи амонатхо дар Бонки миллии Точикистон, шартхои додани карзхо, намудхо ва маблаги захирахо, ки бонкхо ва дигар ташкилотхои карзии гайрибонки бояд онхоро дар Бонки миллии Точикистон нигох доранд, мукаррар мекунад;

– сиёсати асъории давлатро татбик менамояд, аз чумла курби расмии асъорро муайян мекунад;

– санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистонро барои истифодаи умум кабул ва тасдик менамояд;

– гузориш ва хисоботро, ки аз тарафи Бонки миллии Точикистон ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва Президенти Чумхурии Точикистон пешниход мешаванд, барраси менамояд;

– дар бораи иштироки Бонки миллии Точикистон дар ташкилотхои байналмилали карорхо кабул менамояд;

– арзиши номинали, ороиши пулхои когази ва тангахо, тартиби ба муомилот баровардани онхо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онхоро муайян мекунад;

– сиёсати идоракунии захирахои байналмилалии Бонки миллии Точикистонро муайян мекунад;

– дар бораи додани ичозатнома ба ташкилотхои карзи карор кабул мекунад;

– бо розигии Президенти Чумхурии Точикистон дар бораи зиёд кардани сармояи оинномавии онки миллии Точикистон карор кабул мекунад;

– хисоботи солонаи Бонки миллии Точикистонро тасдик мекунад;

– дар бораи мушаххасоти баровардани ухдадорихои карзии Бонки миллии Точикистон карор кабул мекунад;

– сохтори Бонки миллии Точикистонро муайян мекунад, маоши вазифавии хизматчиён, талаботи тахассусиро ба онхо ва дигар пардохтхои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Точикистон мукаррар менамояд;

– мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон тартиб ва шароити ба кор кабул намудани хизматчиёни Бонки миллии Точикистонро муайян мекунад;

– шуъбахо ва намояндагихои Бонки миллии Точикистонро таъсис ва бархам медихад;

– сметаи даромад ва харочоти Бонки миллии Точикистонро тасдик мекунад;

– хар гуна айбдоркуниро оид ба суиистифода аз ваколатхои  мансаби ва ичро карда натавонистани вазифахои аъзои Раёсатро барраси намуда, дар сурати асоснок донистани онхо, бо хулосаю тавсияхои худ ба Президенти Чумхурии Точикистон гузориш мефиристад;

– шартхо ва холати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Точикистонро хамчун бонкдор, мушовир ва намояндаи молиявии Хукумати Чумхурии Точикистон, мутобики Конуни мазкур муайян мекунад;

– аудитори берунии Бонки миллии Точикистонро бо тавсияи кумитаи аудит таъин мекунад;

– низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Точикистон тасдик мекунад;

– тартиби сугуртаи тиббии хизматчиёни Бонки миллии Точикистонро мукаррар менамояд;

– масъалахои дигари ба фаъолияти Бонки миллии Точикистон алокамандро, ки мувофики Конуни мазкур дар ваколатхои раиси Бонки миллии Точикистон пешбини нашудаанд, барраси менамояд.

  1. Раёсат барои ичрои вазифахои худ бо максади татбики самарабахши сиёсати пулию карзи, таъмини рушди низоми бонки ва устувории молияви, инчунин барои назорати дохили метавонад кумитахо таъсис дода, тартиби фаъолияти онхоро мукаррар намояд.

 

Моддаи 78. Мачлиси Раёсат

  1. Мачлиси Раёсат аз тарафи раиси Раёсат ё муовини у  на камтар аз як маротиба дар як мох даъват карда мешавад. Мачлисхоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.
  2. Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатхои шахси, тичорати, молияви ё дигар манфиатхои аъзои Раёсат, аз чумла ба раис ё муовинони у дахл дошта бошад, шахсони мазкур ба Раёсат дар бораи вучуд доштани чунин манфиатхо бояд хабар диханд ва онхо хак надоранд дар овоздихи аз руи ин масъала иштирок намоянд.
  3. Дар бораи даъват намудани мачлис на дертар аз се рузи кори хабар дода мешавад, ба истиснои холатхои фавкулоддае, ки дар ин сурат мачлисхои Раёсат фаври даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат руз, чойи гузаронидани мачлис ва рузномаи он хабар дода мешавад.
  4. Мачлис он гох босалохият аст, агар дар он аз нисф зиёди аъзои Раёсат, аз чумла раиси Раёсат хузур дошта бошанд.
  5. Мачлисхои Раёсат бо карори раис метавонад ба таври пушида гузаронида шаванд.
  6. Хар як узви Раёсат, ки дар мачлис хузур дорад, дорои хукуки овоздихи мебошад, аз чумла раиси Раёсат ва муовини у хукуки як овозро дорад, ба истиснои таксими баробари овозхо, ки дар он холат раиси мачлис дорои овози халкунанда мебошад.
  7. Дар холатхои махсус, агар барои кабул намудани карор зарурат бошад, чунин карор ба таври пурсиш, бе даъват намудани мачлис кабул карда мешавад.
  8. Дар хама холатхо карори Раёсат бо аксарияти овозхои аъзои Раёсат, ки аз руи масъала хукуки овоздихи доранд, кабул карда мешавад.
  9. Карори Раёсат бо имзои раисикунандаи мачлис бароварда мешавад.
  10. Карори Раёсат бо сабаби пурра набудани хайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.
  11. Дар мачлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи мачлис ва котиби Раёсат имзо мегузоранд.
  12. Тартиби омодасозии мавод ба баррасии мачлиси Раёсат ва барасмиятдарории карорхои он бо Дастури Раёсат, ки аз чониби Раёсат тасдик мегардад, мукаррар карда мешавад.

БОБИ 11. КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

Моддаи 79. Кормандони Бонки миллии Точикистон

  1. Кормандони Бонки миллии Точикистонро рохбарият (раис ва муовинони у) ва хизматчиёни Бонки миллии Точикистон ташкил медиханд.
  2. Шартхои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, хукук ва вазифахои хизмати, мучозоти интизомии хизматчиён ва пардохтхои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Точикистон Раёсат мукаррар менамояд.
  3. Раиси Бонки миллии Точикистон ва муовинони у дар давоми як мохи баъди ба вазифа таъин шуданашон ва аввали хар сол дар шакли хатти ба Раёсат бо тартиби мукаррарнамудаи он дар бораи манфиатхои бевосита ё бавоситаи тичорати (карзхои бонки, пасандозхо, сахмияхо ва когазхои киматноки дигари ташкилотхои карзи), ки молики онхо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд ва бо онхо хочагии умуми доранд, маълумот пешниход менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Чумхурии Точикистон пешниход менамояд.
  4. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Точикистон, ки   вазифахои руйхаташ аз тарафи Раёсат тасдикшударо ишгол мекунанд, метавонанд танхо аз Бонки миллии Точикистон барои эхтиёчоти шахси карз гиранд. Шахсони мазкур ухдадоранд дар бораи карзе, ки каблан то ба вазифахои ишголкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотхои карзи гирифтаанд, Раёсатро огох намоянд.
  5. Хизматчиёни дигари Бонки миллии Точикистон ухдадоранд оид ба хар карзи аз ташкилотхои карзи гирифтаашон ба Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Точикистон маълумот пешниход намоянд.
  6. Раёсат тартиби додани карзро ба кормандони Бонки миллии Точикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тибби, тахсил ва дигар максадхои оилави мукаррар менамояд.
  7. Раёсат метавонад андозахои нихоии карзеро, ки кормандон аз ташкилотхои карзи мегиранд, мукаррар намояд.
  8. Хизматчиёни алохидаи Бонки миллии Точикистон, ки кори онхо бо хавфи тахдид ба хаёташон алокаманд аст, мутобики номгуи тасдикнамудаи Раёсат бо сугуртаи хатми фаро гирифта  мешаванд.

 

Моддаи 80. Бархурди манфиатхо

  1. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Точикистон наметавонанд ягон хел манфиатхои кориро, ки дорои хусусияти тичорати, карзи ё хусусияти дигаранд, намояндаги кунанд ва дар кабули карор оид ба ин масъалахо иштирок намоянд, агар онхо хилофи вазифахои хизматиашон бошанд.
  2. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Точикистон бояд аз хар гуна холате, ки сабаби ба вучуд омадани бархурди манфиатхо мегардад, канорачуи намоянд.
  3. Рохбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Точикистон хукук надоранд:

– кори дигари музднокро, ба истиснои фаъолияти илмию эчоди ва омузгори ичро намоянд;

– узви макоми идоракунии (назоратии) ташкилотхои карзи бошанд;

– молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панч фоизи сахмияхои (хиссахои) ташкилотхои карзи бошанд.

  1. Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Точикистон аз ягон шахс гирифтани тухфа ё карз барои худ, ки ин рафтор барои бегаразона ичро намудани вазифахои у дар Бонки миллии Точикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчиёни Бонки миллии Точикистон вайронкунии чиддии интизоми мехнат хисоб мешавад. Чунин коидавайронкуни аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи чазои интизоми, аз чумла аз кор озод намудан бе пардохтани чубронпули асос шавад.
  2. Вакте ки масъалаи вобаста ба манфиатхои шахсии молияви ба мухокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатхои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар огози мухокима онро ифшо карда, дар мухокима иштирок намекунад. Мухокимаи масъалаи мазкур ва кабули карор бе иштироки у сурат мегирад. Бо максади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба хисоб гирифта намешавад.

 

Моддаи 81. Махфият

  1. Аъзои Раёсат, аз чумла аъзои собики он, кормандони Бонки миллии Точикистон, аз чумла кормандони собики он хукук надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Точикистонро ташкил медихад ва хангоми ичрои вазифаашон дар Бонки миллии Точикистон ба онхо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба максадхои шахси истифода баранд.
  2. Шахсони дар кисми 1 моддаи мазкур кайдгардида метавонанд маълумотеро, ки сирри Бонки  миллии Точикистонро ташкил медихад, дар холатхои зерин фош намоянд:

– дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллук дорад;

– агар манфиатхои Бонки миллии Точикистон фош намудани чунин маълумотро дар мурофиаи суди талаб кунанд;

– хангоми аудити берунии Бонки миллии Точикистон, бо талаби аудиторон;

– дар холатхои пешбининамудаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти бонки”.

 

БОБИ 12.

АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОЧИКИСТОН

 

Моддаи 82. Аудити берунии Бонки миллии Точикистон

 

  1. Ба хисоботи солонаи Бонки миллии Точикистон бояд хулосаи аудитори дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Точикистон мутобики стандартхои байналмилалии аудит гузаронида мешавад.
  2. Бонки миллии Точикистон бо ширкати эътирофшудаи аудитори, ки голиби озмун гардидааст, карордод мебандад ва хисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит заруриро пешниход мекунад.
  3. Карордод дар бораи гузаронидани аудит бояд хачми иттилооти ба ширкати аудитори пешниходшаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбини кунад.
  4. Як ширкати аудитори наметавонад пайваста бештар аз панч сол аудити Бонки миллии Точикистонро гузаронад.
  5. Мукаррароти конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» ва «Дар бораи фаъолияти аудитори» нисбат ба ширкатхои аудитории хоричие, ки аудити Бонки миллии Точикистонро мегузаронанд, татбик намегардад;
  6. Аудити Бонки миллии Точикистон оид ба фаъолияти хочагидори, хизматрасонии бучети чумхурияви, гардиши маблагхои бучети ва карзи давлатиро Палатаи хисоби Чумхурии Точикистон мегузаронад. (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1112)

 

Моддаи 83. Аудити дохили

 

  1. Аудити дохилии Бонки миллии Точикистон аз чониби Департаменти аудити дохили амали гардонда мешавад.
  2. Ба Департаменти аудити дохили сараудитори Бонки миллии Точикистон, ки уро раиси Бонки миллии Точикистон бо розигии Раёсат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, рохбари мекунад. Сараудитор ба мухлати панч сол таъин гардида, метавонад ба ин вазифа боз аз нав таъин шавад. Сараудитор бояд шахси дорои тачрибаи кофии касби дар сохаи хисобдори ва аудити бонки бошад.
  3. Сараудитор аз вазифа тибки асосхое, ки барои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат пешбини шудаанд, озод карда мешавад.

 

Моддаи 84. Кумитаи аудити Бонки миллии Точикистон

  1. Раёсат бо максади огохии саривакти аз вазъи молиявии Бонки миллии Точикистон, баходихии низоми назорати дохили ва идорасозии хавфхо, тахлили кори аудити дохили ва беруни, инчунин пешниходи тавсияхо доир ба масъалахои баррасишаванда кумитаи аудитро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд.
  2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат иборат буда, аксари онхо, аз чумла раиси он аз хисоби аъзои мустакили Раёсат интихоб мегардад.

БОБИ 13. ОМОР  ВА  ИТТИЛООТ

Моддаи 85. Тахияи тавозуни пардохт

  1. Бо максади тахияи тавозуни пардохти мамлакат Бонки миллии Точикистон аз субъектхои фаъолияти иктисодии хоричи пешниходи маълумотро оид ба амалиёти иктисодии хоричии онхо, аз чумла карзхои берунаи давлат, ки бо кафолат таъмин нестанд, талаб мекунад.
  2. Субъектхои фаъолияти иктисодии хоричи бояд ба Бонки миллии Точикистон тибки санадхои меъёрии хукукии Бонки миллии Точикистон маълумот пешниход намоянд.

 

Моддаи 86. Чамъоварии маълумоти омори ва иттилоот

Бонки миллии Точикистон:

– маълумоти омори ва иттилоотро, ки бо ичрои вазифахояш алокаманданд, чамъовари, тахия, тахлил ва нашр менамояд;

– номгуй ва шаклхои хисоботи омори ва дигар маълумоти зарурии омории ба Бонки миллии Точикистон пешниходшаванда ва мухлати пешниходи онро муайян мекунад;

– тартиби махфият ва масъулиятро мутобики конун дар холати риоя накардани тартиботи пешниходи маълумоти омори муайян мекунад;

– дар чамъовари, тахия ва нашри маълумоти омори ва иттилоот, кабули меъёрхои байналмилалии пахнкунии маълумот бо макомоти  давлати ва ташкилотхои гайридавлати хамкори менамояд.

 

Моддаи 87. Интишори маълумоти омори ва иттилоот

Бонки миллии Точикистон инхоро ба нашр мерасонад:

– маълумоти омори ва иттилоот;

– методологияе, ки барои чамъоварии маълумоти омори ва иттилооти дахлдор истифода бурда мешавад.

 

БОБИ 14.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 88. Чавобгари барои риоя  накардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани  Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 89. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                        “Дар бораи Бонки миллии Точикистон”

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 декабри соли 1996 “Дар бораи Бонки миллии Точикистон” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1996, №24, мод. 410; с.2001, №4, мод. 173; с.2002, №11, мод. 672; с.2004, №12, к.1, мод. 690; с.2007, №7, мод. 680; с.2009, №7-8, мод. 502) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 90. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                          Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 28 июни соли 2011,

№ 722

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …