Главная / Чугрофия / БО ХАМ АЛОКАМАНДИИ ОРГАНИЗМХО ВА ТАБАКАХОИ ЗАМИН

БО ХАМ АЛОКАМАНДИИ ОРГАНИЗМХО ВА ТАБАКАХОИ ЗАМИН

Алокаи мутакобилаи биосфера бо атмосфера. Биосфера ва атмосфера бо хамдигар алокаманд ва вобаста мебошанд. Дар натичаи ин алокаманди дар байни биосфера (бо иштироки гарми ва нури Офтоб) ва атмосфсра мубодилаи мунтазами унсурхои гуногун ба амал меояд. Дар ннкишоф ва равиши ин ходиса сахми организмхои зинда – бактерияхо, наботот ва хайвонот нихоят калон аст. Хусусан мубодилаи гази карбонат ва оксиген ба фаъолияти онхо вобаста мебошад. Наботот хангоми фотосинтез (дар растанихо бо таъсири рушиои аз гази карбонат ва об пайдо шудани моддахои органики) гази карбонати атмосфераро фуру бурда, аз худ ба атмосфера оксиген хорич мекунанд. Оксигени озоде, ки дар атмосфера мавчуд аст, пурра набототи сабз хосил кардаанд.

Хайвонот баръакси наботот аз хавои атмосфера оксигенро гирифта, аз худ гази карбонатро ба атмосфера медиханд. Баъзе намуди бактерияхо бошанд нитрогени хаворо фуру бурда, хокро аз нитроген бой мегардонанд. Дар навбати худ атмосфера аз хунукию гармии аз хад зиёд ва нурхои кутохмавче, ки аз коинот меоянд ва барои организмхои зинда марговаранд, хифз менамояд.

Алокаи мутакобилаи биосфсра ва литосфера. Кабати аз хама болои литосфераро кишри Замин мегуянд. Он барои организмхои сатхи хушки макони хаёт ба хисоб меравад. Дар як вакт организмхои биосфера: бактерияхо, наботот ва хайвонот дар чараёни бодхурдашави иштирок карда, сатхи Заминро тагйир медиханд. Онро бодхурдашавии органики меноманд.

Ин ходиса чунин чараён мегирад: решаи ушна. гулсанг ва дигар намуди наботот аз худ кислота хорич менамояяд, ба чинси кухй мунтазам таъсир расонда, онро охиста-охиста вайрон мекунанд. Дар таркиши харсангхо ва куххо, ки чангу хок чамъ шудааст, тухми ин ва ё он буттаю дарахтхо афтида (онхоро оби борон, бод. паранда, хояндагон оварданашон мумкин аст)у вз он бутта ё дарахт месабзад. Решаи онхо хамчун фона чинсхои кухиро ба порахо табдил медиханд. Бо иштироки об, бод, пирях ва гайра онхо боз хам майда шуда, чинсхои ковок (шагал) ва тахшинро хосил мекунанд, Ин заминаи пешакии хокхосилшави мебошад. Аз бокимондахои наботот ва хайвонот низ кабатхои чинсхои кухи хосил шудаанд: охаксанг ва бур. Кабати сланеси сузанда, торф ва ангииггсанг бошад аз бокимондаи набототи давраи нихоят кадим хосил гардидаанд.

Алокаи мутакобилаи биосфера ва гидросфера. Биосфера тамомн гидросфераро фаро гирифтааст. Гидросфера барои организмхои обии биосфера (кисме аз наботот ва хайвонот) мухити хаёт мебошад. Организмхо хамаи моддахои гизоиро аз об мегиранд, Ба таркиби минералии об таъсир мерасонанд. Масалан, марчон ва нармбаданхо аз оби укёнус барои сохтани скелет ва садафаки худ бештар калсий мегиранд. Баъди инкироз бокимондаи онхо дар зери укёнус тахшин мешаванд ва ба чинси кухи табдил меёбанд. Чазирахои марчонй аз хамин гуна тахшинхо хосил шудаанд. Хайвонхо инчунин дар тозакунии биодогии об фаъолона иштирок мекунанд.

Якто мидий, ки дар масохати як метри мураббаъ хаёт ба cap мебарад, дар як шабомаруз 150- 280 метри мукааб заррахои минералиро аз худ мегузаронад. Заррахои минералии обро тахшин менамояд. Хусусан тунукобаи укёнус аз чунин чонварони обтозакунанда бой мебошад.

Организмхо дар доими будани шурии оби укёнус ва гардиши об дар табиат низ роли калон, мебозанд. Аксарияти организмхо ба шурии оби укёнус мутобик шудаанд ва дар чойхое, ки оби он ширин аст (резишгохи дарёхо), низ хаёт мегузаронанд.

Организмхо барои аз об гизо гирифтан хар сол микдори зиёди обро ба худ гирифта ва аз худ хорич мекунанд. Олимон хисоб кардаанд, ки оби дар табиат вучуддошта оби аз нав коркардаи организмхои биосфера мебошад. Оксигене, ки дар оби укёнус мавчуд аст, низ махсули организмхо мебошад. Онро обсабзхо хангоми фотосинтез аз худ хорич мекунанд.

Хок. Заррахои хурди минералхо ва чинсхои кухиро хок (уфтан нодуруст аст. Онхо дар хамон сурат ба хок табдил меёбанд, ки агар бо бокимондаи наботот ва хайвоноте, ки бо ёрии микроорганизмхо вайрон шудаанд, омехта гарданд. Яъне хок моддаи муштарак мебошад. Он дар натичаи бо заррахои минерали ва заррахои чинсхои кухи омехта шудани моддаи пусида (бокимондаи организмхо), ки онро гумус мегуянд. хосил шудааст. Икдим, чинсхои кухи, набототу хайвонот, релеф, инчунин фаъолияти хочагии инсон омилхои асосии хокхосилшавй мебошанд.

Хосилхезии табиии хок гуногун буда. ба таркибу хосияти хок ва омилхои хокхосилкунанда вобаста аст. Хосилхезии хок ба микдори гумус вобаста мебошад. Дар хок гумус (моддаи пусида) хар калар зиёд бошад. хосилхезии он хамон кадар баланд аст. Кабати гумус вобаста ба намуди хок аз якчанд сантиметр то 1 то 1.5 метр мешавад. Микдори гумус дар кабати болои гумуси аз даххо хисаи фоиз то 15-18 фоизро ташкил медихад; хоки аз хама хосилхез сиёххок мебошад.

Дар таркиби он аз 6-10 то 20 фоиз гумус мавчуд аст. Хоки каламрави Точикистонро асосан намудхои гуногуни хокхои хокисгарранг ташкил медиханд. Онхо дар шароити иклими хушк хосил шудаанд. Бинобар ин дар таркиби онхо  микдори гумус аз 0.8 то 4.5 фоиз тагйир меёбад. Дар таркиби хок гайр аз моддахои органикй (гумус) ва об инчунин микдори зиёди бактерияхо мавчуданд. Дар як сантиметри мукааби хок 2-3 миллиард бактерия мушохида мешавад. Гайр аз бактерияхо дар хок организмхои бисёри якхучайра, решаи наботот, кирмхо. хояндагони майда ва хазандагон вомехуранд. Хамаи онхо  дар ташаккули хок кумак мерасонанд.

Хок яке аз чузъхои табиии мухити зисти инсон, воситаи асосии инкишофи зироат мебошад. Хосилхезии хокро тавассути коркарди дуруст нигох доштан ва хатто афзун гардондан мумкин аст. Коркарди нодуруст ва скилона истифода набурдани хок боиси вайрон шудан. шиддатёбии фарсоиш, шурзанй ва пастшавии хосилхезии он мегардад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

  1. Организмхо ба атмосфера чй тавр таъсир мерасонанд?
  2. Гидросфера зери таъсири организмхо чи тавр тагйир меёбад?
  3. Дар кишри Замин бо ёрии организмхо чй гуна тагйирот ба амал меояд? Чи гуна унсури табииро хок мегуянд?
  4. Дар махали шумо бештар кадом намудхон хок пахн гардидаанд?
  5. Хосилхезии хок ба чй вобаста аст? 7. Гумус чист?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …