Главная / Илм / БОДОВАРД

БОДОВАРД

bodovardБОДОВАРД (Silybum marianum), бодруз, хори каррок, кукухор, гиёхест як ё дусола. Пояаш рост, одатан бешоха, то 150 см кад мекашад. Баргаш калони хордор, раххои сафед дорад. Хушагулаш «сабадак»-и калон, дар нуги поя чой гирифтааст. Гулаш майда, найчашакли аргувони. Одатан, моххои май – июн гул карда, авг. – сент. тухм мебандад. Б. чун алафи бегона дар канори рох, назди хонахо, замини партов, богу киштзор ва г. меруяд.
Б. гиёхи доруист. Чолинус онро барои табобати амрози гуногун истифода мебурд. Абуалии Сино бо чушоби бехи бозовард никрис, хунпартои, исхоли кухна ва дарди дандонро муолича мекард; онро чун доруи пешоброн ва таквиятбахши узвхои хозима тавсия медод; аз он мархам тайёр карда, ба омос мебаст.
Табибони халки чушоб ё хокаи тухми Б.-ро аз кадим барои табобати иллати чигар, сипурз, захрадон ва зардпарвин истифода мебаранд; шираи барги онро хангоми хала, кабзияти меъдаву руда ва чун давои захрарону пешоброн тавсия медиханд. Чушоби решаи Б.-ро хангоми назла (катари)-и меъда менушанд. Бо тухми Б. илтихоби чигар, иллати сипурз, талхадон, санги захрадон, заъфарма ва бавосир муолича карда мешавад. Киёми самари он чузъи таркибии доруи «холелитин» аст, ки барои табобати холетсистит, гепатитхо ва г. истифода мегардад.
Б. барои бехтар сохтани фаъолияти чигар ахамияти калон дорад. Дорухое, ки дар таркиби онхо Б. мавчуд аст, иммунитетро баланд бардошта, бахри одамони солхурда муфид мебошад. Ин гуна дорухоро дар мавриди бемории афсурдарухи низ таъин мекунанд. Илова бар ин, дорухои Б.-ро дар холатхои зерин низ истифода бурдан нафъи зиёд дорад; хангоми аз истеъмоли шароб ва мухаддирот даст кашидан; бо максади рафъ сохтани таъсири номатлуби дорухои чигар; баъди гузаштани табобати химияви ва шуоъи. Табибони чини барои пешгирии таъсири номатлуби кимиёшифои ба беморон истеъмоли дорухои Б.-ро низ тавсия менамоянд.
Духтурони гомеопат бо меваи пухта расидаи Б. беморихои чигар, талхадон, сипурзро табобат мекунанд. Духтурони дерматолог бошанд давохои Б.-ро хангоми муоличаи амрози аллергии пуст, тоссари, песи (витилиго), псориаз, шукуфаи фалсии сурх, наррак ва г. кор мефармоянд. Б. раванди дар организм хосил шудани гистаминхоро фуру нишонда, бо хамин аксуламалхои аллерги ва сардардро пешгири менамояд. Б.-ро дар шакли обчуш, чой, киём, хока кор мефармоянд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …