Главная / Илм / БОДОМ

БОДОМ

closeup cluster of green almonds growing on branch

БОДОМ (Amygdalus), лавз, бутта ё дарахтест маъмул. То 10 м кад мекашад. Барги нештаршакли дандонадор, гули сафед, гулоби ё аргувони, меваи талх ё ширин дорад. Аз магзи Б. халво, торт ва маснуоти гуногуни канноди тайёр мекунанд, равганашро дар атриёт ва дорусози истифода мебаранд. Дар тибби кадим магз, шилм, равган, инчунин пустлохи решаи Б. истифода мешуд. Магзи Б.-ро хамчун воситаи таквиятбахш, зидди илтихоб, бахамоварандаи захм, нармсозанда, пардоз ва чун подзахр тавсия медоданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино хама навъхои Б. танро тоза, кабзияти чигар, сипурз ва гурдаро рафъ мекунад. Равгани бо бобуна омехтаи он санги масонаро меафтонад. Магзи талхакбодоми омехта бо охари гандум дар мавриди хунпартои, сулфаи кухна, зики нафас, варами пардаи шуш муфид аст. Талкони магзи Б. хангоми сулфа ва хунпартои нафъ дорад. Талхакбодом доги кунчидак, догхои кабуд, офтобсухтаро бархам медихад. Шилми Б. хусусияти бахамовари ва гармибахши дорад. Равгани он дар табобати омоси пистони бонувон ва ёзиши банду пайхо ёри мерасонад, дард ва садо додани гушро рафъ менамояд. Бино ба маълумоти Мухаммад Хусайни Шерози Б. узвхои дарунро тоза, босираро тез, гулуро нарм мекунад, барои сина, зики нафас, варами пардаи шуш, захми меъдаву масона муфид аст, баданро фарбех месозад. Мураббои Б. сергизо буда, баданро фарбех мекунад, барои гурда нофеъ аст.
Дар тибби мардуми магз, равган, барг ва гули Б.-и ширинро ба кор мебаранд. Истеъмоли 0,5 – 2,0 кошук равгани Б. барои табобати кабзият, газак, халаи музмин ва бронхит муфид мебошад. Табибони халки бо магзи Б.-и ширин зардпарвинро муолича менамоянд. Бо ин максад онхо рузи якум истеъмоли 5 дона (2 – 3 маротиба) Б.-ро тавсия медиханд; рузхои баъди микдори онро 5 донаги афзуда, баъди 4 – 5 руз такр. ба 70 дона мерасонанд. Сипас, микдори истеъмоли магзро ба хамин тартиб кам карда, ба 15 адад меоранд ва ба табобат хотима мебахшанд. Барои муоличаи гушдард рузе 2 маротиба ба гуш равгани Б. чакондан лозим. Молидани равгани Б. пустро нарм месозад. Аз магзи куфтаи Б. «шири бодом» тахия мекунанд, ки дар пардозгари истифода мешавад. Мархами барги тари Б. барои доги кунчидак, думбал ва чарохати фасоддори пуст нофеъ аст.
Б.-ро то буяш баромадан тафсонида, баъд магзи онро чудо карда бихуранд, меъдаро кави мегардонад, исхолро мебандад, сустии меъдаро дафъ мекунад, маниро зиёда менамояд. Агар 17,5 г магзи Б.-ро куфта, бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, дарди чигар ва сурфаро шифо мебахшад. Гураи Б.-ро бо пусташ бихуранд, буни дандонро мустахкам мекунад; гули онро истеъмол кунанд, бохи мардонро ба харакат меоварад. Барги тару тозаи Б.-и ширинро куфта бихуранд, дарунро меронад, кирмхои меъдаро мерезонад. Агар решаи Б.-и талхро дар об чушонида, он обро бинушанд, сипурз ва гурдаро аз моддахои зарарнок пок мегардонад. Магзи онро куфта, бо сирко ё шароб сиришта гузошта банданд, решхои кухна ва даванда, обилахои тар, шукуфаи пуст, кутур, хориш ва аллергияи пустро шифо мебахшад.
Дар тибби муосир равгани Б. ба сифати давои рафъи кабзият тавсия дода мешавад. Онро ба таркиби линиментхо, мархамхо, кремхои гуногун илова месозанд. Чавхари обии магзи Б. тарашшухи шираи меъдаро кам мекунад, барои муоличаи газаку захми меъда ва рудаи дувоздахангушта муфид аст. Истеъмоли 10 – 15 чакра оби талхакбодом, ки аз сабуси он тахия карда мешавад, асабхоро ором сохта, халаи шикам ва сулфаи дарднокро рафъ месозад.
Дар таркиби Б.-и талх эмулсин ном ферменти захрнок мавчуд аст. Бинобар ин дар мавриди истифодаи он бояд эхтиёт шуд. Зери таъсири вояи зиёди кислотаи синил, ки ферменти мазкур хосил мекунад, фаъолияти маркази нафасгири катъ мегардад. Ба таъсири кислотаи синил хусусан кудакон хассос мебошанд. Мавриди захролуди то омадани духтур меъдаро бо махлули перманганати калий (1:1000) шустан лозим (ба бемор 0,5 – 1,0 л махлулро нушонда, сипас кай мекунонанд).

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …