Главная / Илм / БОДОМАК

БОДОМАК

bodomakБОДОМАК (Tonsilla pharyngea), гландахо (Glandula amugdalea), бофтахои лимфоидии халкум, ки бахри мухофизати организм мухиманд. Б.-еро, ки байни камончаи ком чойгир шудааст, Б.-и ком меноманд. Онро (аз тарафи рост ва чапи забончаи хурд чойгир аст) дар мавриди васеъ кушодани дахон метавон дид.
Б. дарозруя буда, ранги гулоби дорад. Сатхи Б. бо сурохихои зиёд фаро гирифта шудааст, ки бо хуфра (лакуна)-хо алокаманд мебошанд. Дар хуфрахо микробхо чамъ мешаванд; хангоми илтихоб дар ин чо аз заррахои хурок, хучайрахои кучидаи луобпарда ва лейкоситхо як навъ монеа ба вучуд меояд (ниг. Ангина).
Одам гайр аз Б.-и ком, инчунин Б.-и забон (дар бехи забон), Б.-и халкум ва Б.-и найчави (дар халкум) дорад. Б.-хо дар якчояги бо халтачаи лимфавии ханчара вазифаи дифоъ аз сироятро ичро мекунанд. Дар мавриди илтихоби музмине, ки асосан дар Б.-и ком рух менамояд (ниг. Тонзиллит), фаъолияти монеавии бодомакхо халалдор шуда, худ ба манбаи микробхои римофар ва барои организм хатарнок табдил меёбанд. Дар ин сурат бояд хатман аз паи табобат шуд, масъалаи зарур будан ё набудани чаррохиро духтур хал мекунад.
Барои муайян намудани холати Б.-хо андоза чандон ахамият надорад. Баъзан Б.-хои хурд ба микдори зиёд риму фасод дошта, ба организм зарар мерасонанд, хол он ки Б.-и калон хамеша аломати иллатнок будани он нест. Якбора калон шудани Б. ба нафас кашидан ва фуру бурдани лукма халал мерасонад. Дар ин холат кисми намоёни Б.-ро, ки андаруни гулу чой гирифтааст, бурида мепартоянд.
Б.-ро бо рохи риноскопия ва фарингоскопия тадкик мекунанд. Нукси инкишофи Б., одатан, муоличаро такозо надорад. Осеби Б. бисёр вакт бо осеби ханчара хамрох мегардад. Чисмхои бегона, хусусан суки мохи, ба Б. халида онро дардманд месозанд (онхоро бо асбобхои махсус берун меоранд).
Дар одамони гирифтори бемории сил баъзан Б.-хо низ осеб меёбанд. Сили Б. мумкин аст чун тонзиллити мукаррари чараён гирад. Б.-хо аз бемории сифилис низ иллат пайдо мекунанд. Папиллома, фиброма, ангиома ва г. омосхои гайрисаратонии Б. махсуб мешаванд. Дар Б.-хо имкон дорад, ки саратон ва саркома низ падид оянд.
Ад.: Абдурахмонов Ф., Анатомияи одам, ч. 1 – 2, Д., 1995, 1998; Анатомия человека, М., 2001.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …