Главная / Маданият ва санъат / БЛОКИ СИСТЕМАВИ

БЛОКИ СИСТЕМАВИ

Агар барои шахси навомуз дар назари аввал блоки системавии компютер кисми аз хама камахамият намояд хам, вале махз хамин кисм кисми ассоситарин ва мухимтарини компютер ба хисоб меравад. Дар блоки системави тамоми тачхизоти марказии компютер чойгир шудаанд:

  • схемахои электроние, ки кори компютерро таъмин ва идора мекунанд микропротсессор, хотираи фаври, платаи асоси, контроллёрхои (назораткунандахои) тачхизот ва гайрахо;
  • блоки таъминотии барк. Ин блок кувваи барки аз шабака ба компютер воридшавандаро ба чараёни доимии шиддати паст табдил дода, онро ба схемахои интегралии компютер мегузаронад;
  • дискдонхои дискхои каиш (дискетхо) барои сабт ва хондани информатсия дар дискетхо;
  • дискдонхои дискхои хачман калони магнити (винчестер) ба-рои сабт ва хондани информатсия дар винчестер;
  • тачхизоти дигар.

Ба блоки системавии компютери IBM PC тачхизоти гуногуни дохилкунихоричкунии информатсияро пайваст ва илова намудан мумкин аст, ки онхо имкониятхои функсионалии ин блокро васеъ мегардонанд. Кисми зиёди тачхизот ба блоки системави аз берун пайваст карда мешаванд ва номашон низ тачхизоти беруна аст:

  • монитор барои дар экран хоричкунии информатсияи матни ва графики;
  • клавиатура барои дохилкунии командахо ва информатсия;
  • принтер барои дар когаз хоричкунии информатсияи матни ва графики;
  • муш монипулятор, барои ба таври фаври дохил намудани командахо ва идоракунии программахо;
  • чойстик монипулятор, барои идоракунии бозихои компютери;
  • модем барои мубодилаи информатсионии байни компютерхо, бо ёрии шабакаи телефони;
  • тачхизоти дигар.

Ба блоки системави баъзе тачхизотро аз дохил илова намудан мумкин аст. Чунин тачхизот тачхизоти дохили ном доранд:

  • модем ё факсмодем барои мубодилаи информатсиони байни компютерхо бо воситаи шабакаи телефони;
  • дискдонхо барои компактдискхо (СDROM) – барои аз CDROM хондани информатсия, тамошои клипхо ва шунидани суруду мусики;
  • стример барои нигохдории информатсия дар лентаи магнити;
  • картахои овози барои сабт ва шунидани садо.

Кайд кардан зарур аст, ки стримерхо, дискдонхои CDROM ва гайрахо ба мисли модемхо ва факсмодемхо дар шакли тачхизоти беруна хам истехсол карда мешаванд. Дар ин маврид албатта нархи онхо аз шакли дохилиашон киматтар аст.

Контроллёрхо схемахои электроние, мебошанд, ки онхо кори тачхизоти IBM PCро идора менамоянд. Хар як тачхизот усули махсуси ба контроллёри худ пайваст шудан-

ро дорад:

  • баъзе тачхизот, аз кабили дискдонхои дискетхо, клавиатура, муш, монитор ва гайрахо ба контроллёрхои стандартии компютер пайваст карда мешаванд;
  • баъзе тачхизоти дигар аз кабили картахои овози, баъзе факсмодемхо ва гайрахо бо контроллёрхои худ дар шакли як платаи ягона сохта мешаванд;
  • тачхизоти бокимонда бо контроллёрхои худ, ки дар блоки системави чойгиранд, ба воситаи кабелхо пайваст карда мешаванд.

Корпуси блоки системавии компютер дар шаклхои гуногун истехсол карда мешавад: руимизи, манора, моноблок ва гайрахо. Новобаста аз шакли блоки системави, бояд исти-

фодабаранда ба он хеле эхтиёткор бошад. Онро бояд дар чое гузошт, ки аз зарбу латхури ва чунбишхои ночо эмин бошад. Блоки системавиро дар наздикии асбобхо  гармидиханда (батарея, плита, газдон, дарзмол, чойчуш ва гайра) ва чойхои намиашон баланд нигох доштан мумкин нест. Ба болои блоки системави принтер, махсусан принтери матрисавиро гузоштан манъ аст. Кабелхоро, ки дигар тачхизотро бо блоки системави пайваст менамоянд, танхо дар мавриди хомуш будани компютер чудо ва пайваст кардан мумкин аст. Дар хонае, ки компютер гузошта шудааст сигор кашидан мумкин нест. Дар як мох як маротиба блоки системавиро кушода, чангу ифлосихои дар он гуншударо бо ёрии «чангкашак» тоза намудан лозим аст.

Саволхо:

  1. Блоки системавии компютер барои ичрои кадом вазифахо хизмат мерасонад?
  2. Кадом тачхизот дар дохили блоки системави чойгиранд?
  3. Ба блоки системави кадом тачхизотро аз берун пайваст кардан мумкин аст?
  4. Ба блоки системави кадом тачхизотро аз дохил илова кардан мумкин аст?
  5. Контроллёр гуфта чиро мефахмед?
  6. Корпуси блоки системави дар кадом шаклхо истехсол карда мешавад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Корпуси блоки системавии компютератонро аз назар гузаронед ва гуед, ки ба он кадом тачхизот пайваст карда шудаанд.
  3. Тарзхои нигохдории блоки системавиро дар синфхонаи компютери номбар кунед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

bolisht-2

Болиштчаи диван бо гулдузи, тасма ва канаб.

Болиштчахо аз матоъхои гафси якранг ё матои гуногун (хархела) ранг, ки онхо дар якчояги тобиши …