Главная / Илм / БЛОКИ СИСТЕМАВИ ЧИСТ?

БЛОКИ СИСТЕМАВИ ЧИСТ?

Яке аз элементхои асосии компютерхои фарди  блоки системави мебошад, ки дар он тачхизоти хондани дискхо ва кисмхои дигари компютерхои фарди чойгир карда шудааст. Баъзе аз ин блокхои системави ба намуди амуди (вертикали) ва баъзеяшон ба намуди уфуки (горизонтали) сохта шудаанд. (нигаред ба расм)

­блоки системавии амуди, 2­блоки системавии уфуки. Дар расм:

003

  1. Дискдон барои хондани дискетхо;
  2. Дискдон барои хондани дискхои CD, VCD, VHS, DVD­дискхо;
  3. Тугмачаи ба кор омодасози «Включатель»;

  Дар кисмати пушти (паси) блоки системави портхо мавчуд мебошанд, ки ба воситаи онхо блокхои дигари компютер (клавиатура, монитор, манбаи чараён, модем, телефон, муш, пайвасти шабакави, видео, принтер флэш-карта ва гайрахо) пайваст (васл) карда мешаванд. Нигаред ба расм.

 

Хамаи кисмхои асоси ва судбахши компютер дар дохили блоки системави чойгир карда шудаанд.

Вакте ки мо сарпуши блоки системавиро мекушоем, дар он микросхемахо ва платахоро мебинем. Дар он платаи асоси  дилаки компютер мебошад, ки он ба фаъолият намудани кисмхои дигари компютер хизмат мекунад. Дар ин кисми (плата) якчанд лона вучуд дорад, ки хар яки онхо вазифаи гуногунро ичро менамояд.

Дар ин кисм боз микропротсессор вучуд дорад, ки аз микросхемаи махсусе иборат буда, хамаи системаи компютерро идора мекунад.

Микропротсессор  майнаи компютер мебошад, ва дар он фармонхо барои ичро намудани амалиётхо тахия мешаванд. Ба воситаи микропротсессор хар як кисми компютер фармонхоро кабул ё интикол менамояд.

Суръати кории микропротсессорхо бо гигагертсхо (ГГц) муайян карда мешавад. Микропротсессор бо суръати 1-ГГц метавонад дар як сония як миллард тактхои системавиро ичро намояд.  Холо  ширкати Intel Core Duo  микропротсессори бо суръати  2.0-ГГц ро истифода баровард аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …