Главная / Илм / БЛЕФАРИТ

БЛЕФАРИТ

blrfaritБЛЕФАРИТ (Blepfaritis; аз юн. blephoron – пилк), газаки канори пилки чашм, ки аз гизои пастсифат, камхуни, амрози меъдаю руда, беморихои дандон ва бини, ангезиши доимии чашм бо гарду чанг, боду губор, ислох нашудани нукси оптикии чашм, мас., дурбини ва наздикбини, астигматизм ба амал меояд. Хангоми Б. канори пилк сурх ва атрофи мижа варам карда, бо хилмаки сафед ё зард фаро гирифта мешавад. Мижа ба осони мерезад ва баръакс (ба тарафи чашм) месабзад. Бемори музмин буда, якчоя бо хориш, эхсоси вазнинии пилкхо, хастагии чашм, рушноитарси чараён мегирад.
Б. фалси (мукаррари) ва захми мешавад. Хангоми Б.-и фалси канори пилк каме варам карда, карахш мебандад. Чашм хоришу сузиш мекунад, нисбат ба шамол, гарду чанг ва рушнои хассос мешавад. Дар мавриди Б.-и захми халтачахои муй илтихоб пайдо карда, ярачахои хурд мебароянд ва хушкида карахш мебанданд.
Барои пешгири ва табобати Б. пеш аз хама бартараф намудани шароити номусоиди гигиени дар хона ва чои кор, бехдошти организм, хуроки сергизо, бо ёрии айнак бартараф кардани нукси оптикии чашмхо лозиманд. Аснои иллат ёфтани пилки чашм ба духтур мурочиат кардан зарур аст. Б.-ро бо дорухои тавсиякардаи духтур худи бемор ё хешовандони у табобат мекунанд. Барои ин бо сарангушт ва ангушти ишоратии дасти чап пилки чашмро андаке поён кашида, бо дасти рост ба воситаи каламчаи шишагин ба канори пилк мархам мемоланд. Дар баъзе мавридхо хангоми Б. масхи пилк, ки онро бояд духтур таъин ва ичро кунад, натичаи хуб медихад. Табобати Б. басо давомдор буда, аз мариз сабру тахаммул мехохад.
Барои пешгирии Б. саривакт табобат намудани беморихое, ки боиси он мегарданд, хамчунин риояи коидахои бехдошт: дар хона ва чойхои чамъияти, хусусан дар сартарошхона, хаммом, машшотахона ва г. ахамияти калон дорад.
Ад.: Парадоксов Л.Ф., Мероприятия по борьбе с глазной заболеваемостью в Таджикской ССР. Дар мач.: «Здравоохранение Таджикистана», 1939, № 3; Хамон муаллиф, Краткий справочник по глазным болезням, Сталинабад, 1943; Барбель И.Э., Болезнь края век, М., 1960.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …