Главная / Чугрофия / БИОСФЕРА

БИОСФЕРА

Робитаи мутакобилаи табиат. Биосфсра аз калимаи юнонии “биос” – хаёт, “сфера” – кура гирифта шуда, маънояш табакаи хаёт аст. Курашакли на факат ба биосфера, инчунин ба дигар табакахои Замин (атмосфера, литосфера, гидросфера) хос аст. Чунки Замин худ курашакл аст ва табакахои болои он хам хамон шаклро гирифтаанд. Биосфера бошад табакаи махсуси Замин мебошад. Вай хамчун пардаи тунук дар сатхи Замин пахн гардидааст. Онро табакаи хаёт мегуянд. Дар он чо организми зикда хаёт ба cap мебарад. Биосфера кисми болоии кишри Замин (лигосфера), тамоми обхои руи Замин ва кисми поёнии атмосфера (тропосфера)-ро дар бар гирифтааст.

биосфера

Организмхое, ки дар худуди биосфера хаёт мегузаронанд, ба мухити нихоят гуногун мутобик шудаанд. Бинобар ин организмхо (мавчудоти зинда) дар тропосфера дар баландихои 25 27 километр, дар Кишри Замин ва каъри укёнус ба хисоби миёна дар чукурии 2-3 ва 1 -1.5 километр хаёт мегузаронанд. Дар минтакахои кухи то балаидии 6 километр, дар оби укёнусхо бошад. то чукурии 10 -11 километр пахн гардидаанд. Чунин пахншави бесабаб нест, чунки организмхо дар харорати хеле паст аз 0″ ва баланд аз 100 хаёт гузаронда метавонанд.

Ба организмхо микробхо, наботот ва хайвонот дохил мешаванд. Онхо бо хамдигар робитаи наздик доранд ва чамоаи организмхоро ташкил медиханд. Ин робита тасодуфан пайдо нашуда, дар мурури асрхои зиёд ташаккул ёфтааст. Дар ин муддат организмхо барои дар алокаманди хаёт гузарондан мутобик шудаанд. Дар дохили чамоаи организмхо наботот хусусият ва ахамияти хосса доранд. Наботот дар равшании Офтоб гази карбонатро аз хаво, моддахои гизои ва обро аз хок мегиранд. Аз моддахои гайриорганики моддахои органики хосил менамоянд.

Дар ин раванд микдори зиёди оксигенро аз худ хорич мекунанд. Моддахои органикие, ки наботот тайёр мекунанд (галла, мева, картошка ва гайра), пеш аз хама гизои инсон мебошанд. Аз оксигене, ки наботот хорич мекунанд, мавчудоти зинда нафас мегиранд. Партовхо, наботот ва хайвоноти фавтидаро микроорганизмхо вайрон карда, ба моддаи органикии пусида табдил медиханд. Онхоро аз сари нав наботот хамчун гизо истифода мебаранд. To он вакте ки дар сатхи Замин организмхо вучуд доранд, ин алокаманди дар байни онхо мунтазам давом мекунад.

Пахн шудани организмхо дар руи Замин. Дар руи Замин 500 хазор намуди наботот ва аз як миллион зиёдтар намуди хайвонот мавчуд аст. Аммо вобаста ба таксимоти гармй ва нами онхо дар руи Замин нобаробар пахн гардидаанд. Дар минтакахои кутби, ки хаво сард ва хок он кадар хуб ташаккул наёфтааст, хар чо – хар чо ушна, гулсанг, обсабзхо, занбуругхои микроскопй вомехуранд. Аз хайвонот хирси сафед, рубохи кутби дар Арктика, пингвин, мурги туфон ва парандахои мавсимиро дар Антарктида дидан мумкин аст. Дар бахрхо хам намуди хайвонот кам аст. Дар кабати барф ва ях хам микроорганизмхо дида мешаванд. Минтакахои муътадил нисбат ба минтакахои кутбй равшани ва гармии бештар мегиранд. Боришот хам зиёд аст. Вале вобаста ба мавкеи географи, хусусияти релеф, таъсири чараёнхои бахри ва анбух хаво дар каламрави минтакахои муътадил (нимкурахои0

Шимоли ва Чанубй) иклим фарк мекунад. Масалан, дар тундра харорати хаво дар зимистон аз 40 пастгар, дар сохили укёнусхо бошад, ба 10° баробар аст. Тобистон кутох мебошад. Харорати миёнаи мохи аз хама гарм +10″… +12° -ро ташкил медихад. Дар хок моддахои пусида кам аст. Фаъолияти организмхо суст мебошад. Наботот аз буттаю гиёххои кадпаст ва ушнаю обсабзхо иборат буда, намуди хайвонот он кадар зиёд нест.

Дар кисми чанубии тундра аз гарб ба шарк минтакаи бешазор тул кашидааст. Аммо дар ин чо нисбат ба бешазорхои минтакакои гарм намудхои наботот ва хайвонот кам аст. Дар дашту биёбонхои минтакахои муътадил намудхои наботот ва хайвонот аз ин хам камтар мебошанд.

Дар минтакахои экватори, субэкваторй (назди экватор). тропики ва субтропики (назди тропик) хаёти организмхо нихоят фаъол аст. Хусусан микроорганизмхо ва чонварони майда дар магзи хок фаъолона хаёт мегузаронанд. Онхо  бокимондаи наботот ва хайвоноти фавтидаро зуд ба моддаи пусида табдил медиханд. Наботот дар давоми сол мунтазам месабзанд. Намудхои онхо нихоят гуногунанд. Факат дар бешахои серрутубати экватори зиёда аз 4 хазор намуди дарахт месабзад. Аз сабаби он ки дар минтакахои гарм наботот (намудхои растани) фаровонанд, дар ин минтакахо намудхои гуногуни хайвонот хаёт ба cap мебаранд.

Дар кисми  зиёди минтакахои тропики харорат баланд, боришот нихоят кам аст. Микдори боришот дар давоми сол аз 50-150 миллиметр зиёд намешавад. Ин чоро биёбон мегуянд. Биёбони калонтарин Сахрои Кабир мебошад. Дар ин чо наботот дар таркишхо ва байни сангхо месабзанд. Хайвонот хам кам вомехуранд.

Хамин тавр, вобаста ба гуногунии иклим наботот ва хайвонот дар руи Замин нобаробар таксим шудаанд. Дар он чойхое, ки гарми ва нами кифоя аст, намудхои наботот ва хайвонот бисёр гуногун ва микдоран зиёдамд. Баръакс, дар минтакахои хунук ва гарми камбориш намудхои наботот ва хайвонот нихоят каманд.

Тяъсири инсон ба олями органикй. Инсон ба олами органики таъсири калон мерасонад. Ин дар навбати аввал ба талабот ва фаъолияти хочагидории инсон вобаста мебошад. Инсон барои конеъ гардондани талаботи худ на факат наботот ва хайвоноти махали худро истифода мебурд (набототи дастпарвар ва хайвоноти хонагию ёбой), инчунин навъхои нави наботот ва хайвонотро аз дигар махалхои руи Замин меовард. Масалан, помидор, пахта, картошка, чуворимакка, офтобпараст, лубиё, тамоку, аз хайвонот сагоби ва муши обй, ки дар китъаи Америка парвариш карда мешуданд.

Аввал ба Европа ва дертар ба Осиё оварда шудаанд. Ин намудхои наботот ва хайвонот дар Точикистон хам парвариш карда мешаванд. Ин мисол нишон медихад, ки инсон яке аз омилхои асосии пахншавни наботот ва хайвонот дар руи Замин мебошад. Дар баробари нн инсон дар хочаги аз наботот ва хайвоноти ёбои низ истифода мебарад. Ин ба он оварда расонд, ки ба бисёр наботот ва хайвонот хатари нестшави тахдид карда истодааст. Холо дар руи Замин хазор намуди хайвонот ва 25 хазор намуди наботот дучори ин хатар гардидаанд. Барои хифзи онхо дар бисёр мамлакатхои чахон мамнуъгоххо ва богхои миляй ташкил карда шудаанд. Шикори хайвонот ва буридани дарахтон дар он мавзеъхо манъ карда шудааст.

Савол ва супориш

  1. Калимаи биосфераро шарх дихед. Оё организмхо бидуни алокаи байни хамдигар хаст ба cap бурда
    метавонанд?
  2. Дар кадом минтакахо намудхои наботот ва хайвонот васеь пахн гардидаанд ва сабаби он чист?
  3. Таъсири инсон ба организмхо ба чй вобаста аст?
  4. Барои чй ба баъзе намудхои наботот ва хайвонот хатари нестшави тахдид мекунад?
  5. Барои мухофизати наботот ва хайвонот чи гуна тадбирхо андешида мешаванд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …