Главная / Илм / БИОСФЕРА ЧИСТ

БИОСФЕРА ЧИСТ


БИОСФЕРА (аз био… ва юн. sphera – кабат), табакаи махсуси кураи Замин, чои зисти мавчудоти зинда. Б. кисми поёнии атмосфера (тропосфера), тамоми гидросфера ва кисми болоии кишри Замин (литосфера)-ро то чукурии 2 – 3 км дарбар мегирад. Истилохи Б.-ро аввалин бор с. 1875 геологи австрияги Э. Зюсс чори кардааст.
Бинобар фаъолияти мавчудоти зинда дар Б. гардиши муттасили моддахо ва энергия рух менамояд. Таъсири тарафайни окилонаи инсоният ва табиатро ноосфера меомузад. Аз маълумоту тадкикотхо бармеоянд, ки одам ба Б. бештар таъсири манфи мерасонад. Ифлос гаштани атмосфера ва хавзахои об, нест кардани наботот ва баъзе намудхои хайвонот, хароб намудани захирахои табии ва г. боиси тагйир ёфтани равандхои табии дар тамоми кураи Замин мегардад.

biosferaИн гуна ночурихо ба мувозанати экологи байни одамон ва мухити зист рахна ворид карда, окибати фалокатбор доранд. Мас., нобуд сохтани чангалзор метавонад боиси авч гирифтани бемории энсефалити канаги шавад; ба минтакаи саваннахои тропикии Амрико рох ёфтани одам барои афзоиши куршапаракхои хунмак, ки интиколдихандаи ангезандаи хори мебошанд, шароити мусоид фарохам овард; обёри кардани саваннахои Африко мучиби густариши шистосомозхо гашт ва г. Ниг. низ Хифзи мухити зист, Экология.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …