Главная / Илм / БИНи

БИНи

biniБИНи (Nasus rhinos), димог, кисми аввали рохи болои нафас; аз се кисм – беруни, ковоки ва чавфхо (тавассути сурохихои танг бо чавфхои иловагии бини тамос дорад) иборат аст.
Б.-и беруни аз тагоякхо, устухон ва пусту мушакхо таркиб ёфтааст. Кабати пусти Б. гадудхои равганбарор дорад. Онхо хусусан дар пусти атрофи сурох ва нуги Б. бисёранд. Дар вурудгохи ковокии Б., дар худуди пусту луобпарда, муй месабзад.
Ковокии Б., ки онро девораи мобайни ба ду кисм чудо мекунад, ба тавассути сурохихои Б. ба берун ва тавассути сурохихои акиби даруни Б. ба халкум хамшафат аст. Устухони коми сахт девораи поён ва лавхачаи масомавии устухони туршакл девораи болои ковокии Б.-ро ба вучуд меорад (аз он шохчахои асаби шомма мегузаранд). Девораи мобайни хадди кисмхои рост ва чапи дохилии Б. буда, кисми акиб устухони ва кисми пеш тагояки аст. Дар девораи пахлуии даруни Б. суффахо (поёни, миёна ва болои) мавчуданд, ки онхо кисми чап ва рости даруни Б.-ро ба роххои болои, миёна ва поёни чудо мекунанд. Роххои болои ва мобайнии Б. сурохихои хурд доранд. Ба воситаи онхо ковокии Б. ба чавфхои иловаги «мегузарад». Дар рохи поёнии Б. сурохии нои бинию ашкдон чой гирифтааст, ки аз он ба ковокии Б. ашк мешорад.
Чавфхои иловаги чахор чуфтанд; хаймори, чабини, асоси ва туршакл. Чавфхои хаймори аз хама калон буда, андозаи хар яке кариб 30 см3 аст. Шакли чавфи хаймори пирамидаи серуяро ба хотир меорад. Девораи дохилии он бо ковокии Б. хамхудуд буда, сурохие дорад, ки ба рохи миёнаи Б. кушода мешавад. Поёни чавфи хаймори ба решаи дандонхои боло, хусусан дандонхои курсии якуму дуюм, хеле наздик чой гирифтааст.
Чавфи чабини дар устухони пешони чойгир буда, андозааш кариб 3 – 5 см3 аст; он ба тавассути найчаи борик ба Б. пайваст мебошад. Девораи поёни чавфи чабини девораи болоии косахонаи чашм аст. Девораи мобайни чавфи чапи чабиниро аз чавфи рости он, девораи акиб бошад, чавфи чабиниро аз кисми чабинии магзи сар чудо мекунад.
Чавфи туршакл аз хучайрахои чудогонаи устухони иборат аст ва бинобар ин лабиринт ном дорад. Лабиринти туршакл бо кисми дарунии косахонаи чашм хамхудуд буда, аз магзи сар бо лавхачаи тунуки устухони чудо шудааст.
Чавфи асоси дар танаи устухони асосии косаи сар чойгир мебошад. Он бо ташкилахои хаётан мухим – сурхраги хоб, чавфи вариди, асаби чашм ва асаби сетора хамхудуд аст. Чавфи асоси ва як кисми чавфи туршакл бо рохи болии Б. пайваст мебошанд.
Ковокии Б. бо луобпарда пушида шудааст. Эпителияи луобпарда муякчахо дошта, онхо мунтазам мавчсон чунбида меистанд.
Кисмхои луобпардаи рохи болоии Б. кисми болоии суфраи миёнаи бини ва кисми ру ба ру будаи миёндевори бини кисми шомма ном дорад. Зеро дар ин чо хучайрахои даррок чойгир шудаанд. Кисми бокимондаи ковокии Б.-ро кисми нафаскаши меноманд. Дар гафсии луобпардаи суфраи поён ва кисми акиби суфраи миёнаи Б. кабати исфанчи хаст, ки аз шабакаи хунрагхои зиёд иборат мебошад. Чавфхои иловагии Б. низ бо луобпрда пушида шудаанд.
Б. ва чавфхои иловагии он вазифаи нафаскаши, мухофизат ва резонаторро ичро мекунанд. Хаво аз сурохии Б. гузашта аз заррахои чанг тоза мешавад. Заррахои калони чангро муйи вурудгохи Б. нигох медорад; як кисми гарду чанг ва бактерияхо бо чараёни хаво ба роххои печ дар печи Б. гузашта, ба сатхи луобпарда менишинанд. Беист лаппидани мижгонакхои эпителияи муякдор луоби бо чисмхои бегона олударо аз ковокии Б. хорич мекунад (сипас бо балгам берун ё фуру бурда мешавад). Бактерияхои ба ковокии Б. рохёфтаро луоби Б. безарар мегардонад. Хавои хунук аз роххои борик ва печ дар печи Б. мегузарад. Онро луобпарда, ки бо хун хуб таъмин шудааст, гарму намнок мекунад. Хучайрахои асаби шоммаи луобпарда имкон медиханд, ки буйхои гуногун хис карда шаванд. Ковокии Б. ва чавфхои иловаги вазифаи резонатори овозро ичро намуда, ба садо хушоханги ва лахни хос мебахшанд.
Яке аз иллатхои ковокии Б. ки зуд-зуд ба амал меояд, газаки шадид ва музмини луобпарда аст. Дар сурати душвор гардидани нафаскаши бо Б. шахс ба воситаи дахон нафс мегирад. Бинобар ин хавои хунук бидуни тоза шудан ба халкум, ханчара, хирной ва бронххо дохил мегардад. Дар натича барои инкишофи газак дар кисмхои гуногуни рохи нафас шароити мусоид фарохам меояд (бронхит, ларингит, трахеит, фарингит). Тавассути Б. ба душвори нафас гирифтан ё тамоман нафас нагирифтан ба кори шомма таъсири номатлуб мерасонад (одам буйро кисман хис мекунад ё тамоман хис карда наметавонад), овоз паст мегардад, манкаги рух менамояд, бофтахои организм аз оксиген танкиси мекашанд. Муддати дароз ба воситаи дахон нафас гирифтани кудакон боиси осебхои гуногун хохад шуд: скелети руй ва кафаси сина нодуруст сабзида, дандонхо качукилеб мегарданд; диккат, хофиза, сомеа халал меёбад. Аз ин сабаб дар сурати андаке хам вайрон шудани нафасгири бо Б. бояд хатман ба духтур мурочиат кард.
Баъзан дар нуг ё парраи Б. (дар натичаи зарбу лат ва харош хурдан) пучак мебарояд. Пучаки Б. дардманд буда, дард ба чакка, дандон ва чашм мегузарад. Пусти нуг ё парраи бини сурх ва озурда мешавад. Харорати бадан дар ин маврид, одатан, баланд аст. Варам метавонад бофтахои хамшафати руйро низ фаро гирад. Пучаки Б.-ро факат духтур табобат мекунад. Онро харгиз кафондан ва фишурдан мумкин нест, чунки ин амал боиси ба косаи сар пахн шудани микробхои фасодовар ва оризахои ногувор хохад гашт.
Газаки шадид ва музмини чавфхои иловагии Б. (синусит) аксар вакт чун оризаи зуком, грипп, сурхча, махмалак ва диг. беморихои сирояти ба амал меояд. Газаки луобпардаи чавфи чоги болоро гайморит, газаки чавфи чабиниро фронтит, газаки хучайрахои устухони туршаклро этмоидит ва газаки чавфи асосиро сфеноидит меноманд. Газаки ин чавфхо метавонанд яктарафа ё дутарафа шаванд; баъзан якбора хамаи чавфхои иловагии Б. газак мекунанд (пансинусит). Гайморити шадид ё музмин метавонад бинобар газаки атрофи решаи дандонхои курсии боло рух намояд.
Хангоми газаки чавфхои иловагии Б. беморон аз эхсоси фишор ва дарди чавфи иллатёфта, зуком, нафасгирии душвор, хис накардани буй шикоят мекунанд; гайр аз ин, одатан, хастаги (хангоми мехнати фикри) ва дарди сар (баъзан ба чаккахо, пешони, дандонхо мегузарад) ба амал омада, харорати бадан баланд мешавад. Дар мавриди гайморит варамидани руй, хангоми фронтит варамидану дард кардани пешона, баъзан обварами пилки боло, дарди косахонаи чашм, рушноитарси ва шоридани ашк ба мушохида мерасад.
Амрози чавфхои иловаги метавонанд боиси пайдоиши оризахои барои хаёт хавфнок (мас., газаки пардаи магзи сар) гарданд. Чавфхои иловаги кам зарбу лат мехуранд, вале худи Б. ба сабаби беэхтиёти ва фалокат зуд-зуд осеб меёбад. Дар одамоне, ки ба хайвонот нигохубин мекунанд, газаки Б. бештар мушохида мешавад. Аз зарбу лат, одатан, устухонхои Б. зарар мебинанд; гохо Б. кач ва устухонхо бечо мешаванд ё мешикананд. Дар ин сурат руй варам карда, атрофи чашм кабуд мешавад, аз бини хун меравад, нафаскаши якбора душвор гардида, эхсоси буй халал меёбад. Кафидани раги хуни зери луобпардаи байндевор, ки мадда ва думбал хосил мекунад, бештар оризаи ногувори осеби хурди Б. мебошад. Аз Б.-е, ки ягон чизи тез онро захмдор кардааст, хуни зиёд меравад.
Кудакон хангоми бози баъзан ба Б. чизхои гуногун (танга, тугма, донак ва г.)-ро метиконанд. Бинобар ин дар натичаи баста шудани рохи чавфи Б. аксар вакт зукоми сахт пайдо шуда, оби Б. бадбуй ва хунолуд мегардад (ниг. Чисмхои бегона).
Новобаста ба аломатхои зохирии иллат ё амрози Б. хар осебдида ё бемор бояд аз муоинаи духтур гузарад. Саривакт ба духтур мурочиат кардан, ба табобати босамари илтихоби шадиди узвхои нафас мусоидат намуда, оризахои ногувори онро пешгири мекунад. Осебхои Б. (чои фурурафта ё барчастаи он, набудани нуги Б. ва г.) бо усули чаррохии пластики табобат карда мешаванд.
Тавсияхои умуми оид ба нигохубини Б. ва ичрои таъиноти духтур. Хангоми афшондани Б. сурохихои онро бонавбат руст мекунанд, то ки луоби он ба найчаи шунавои ва гуши миёна наафтад. Луоби Б.-и кудакони хурдсолро бо пахта тоза бояд кард. Агар Б.-и кудак карахш дошта бошад, пас пахтаро ба равгани вазелин, зайтун ё махлули ширгарми содаи нушоки тар карда, ба муддати 10 – 15 дак. ба даруни Б. мегузоранд ва баъд боэхтиёт (хусусан агар кудак ширмак бошад) тоза мекунанд. Дорухои обакиро (мутобики гармии хона) ба бини тавассути чакрарез мечаконанд. Дар ин маврид бемор менишинад ё руболо дароз кашида, сарашро ба кафо хам мекунад ва андак ба тарафе мегардонад, ки дору мечаконанд. Дар натича катрахои дору девораи пахлуии ковокии Б.-ро тар карда, ба роххои Б. мегузарад. Мас., дохил шудани катрахои дору ба рохи мобайнии Б. хангоми гайморит ба ихрочи фасод аз чавфи пахлуи мусоидат мекунад. Дар сурати риоя накардани коидахои мазкур катрахои дору рост ба халкум мераванд ва табобат натича намедихад. Бояд дар хотир дошт, ки хар доруро мувофики вояи таъинкардаи духтур ва дар вакти муайян кабул кардан лозим аст.
Дорухои хокаро ба Б., одатан, дар дармонгох ё беморхона тавассути асбобхои махсус мефиристанд. Дар шароити хона, доруи хокаро ба сурохихои Б. (бо навбат) ба тарзи чукур-чукур нафас кашидан равона мекунанд.
Мархам ниходан ба Б. таври дигар сурат мегирад. Ба нуги фатилаи пахтагин мархам молида, онро ба даруни Б. (такр. 1,5 см) медароранд ва 10 – 15 дак. интизор мешаванд; сипас фатиларо берун меоранд.
Бо максади пешгирии газаки чавфхои иловагии Б., хусусан гайморит, саривакт ва дуруст табобат намудани назла, покиза нигох доштани чавфи дахон, дур сохтани аденоидхо, дуруст кардани байндевори качшудаи Б. ахамияти калон дорад. Барои он ки беморихои Б. такрор нашаванд, организмро тадричан обутоб додан зарур аст. Ваннахои хавои ва офтоби, машгулиятхои спроти, оббози ва г. бахри мустахкам гардидани узвхои нафаскаши шароити мусоида фарохам меоранд. Тарбияи дурусти чисмони мукобилати организмро ба беморихои илтихоби зиёд мекунад.
КЛ
Девораи латералии чавфи бини: 1 – чавфи пешони; 2 – садафаи миёнаи бини; 3 – садафаи болоии бини; 4 – садафаи поёнии бини; 5 – чавфи фонашакл; 6 – сурохи балъумии найи сомеа.
Ад.: Исхаки Ю.Б., Детская оториноларингология, Д., 1980; Анатомия человека, М., 2004; Исхоки Ю.Б. (ва диг.), Беморихои гушу гулу ва бини, Д., 2010.

Б. Шамсиддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …