Главная / Илм / БИБИФОТИМАИ ЗАХРО

БИБИФОТИМАИ ЗАХРО

bibifotimai-zahroБИБИФОТИМАИ ЗАХРО, Ямчин, чашмаи минералии обаш гарм дар нох. Ишкошим. Такр. 83 км дуртар аз маркази нохия, дар наздикии дехаи Туггоз вокеъ гаштааст. Баландиаш аз с. б. 3300 м. Дебиташ 2,5 – 7,0 л/сон., минералнокиаш – 0,77 г/л, харор. обаш +430С. Оби чашма тавассути 5 «остин» аз баландии 1 – 1,5 м ба хавз рехта, «души Шарко» – ро ба вучуд меорад. Андозаи хавз 3 х 2 х 1 м аст. Дар таркиби оби чашма натрий (80,0 мг/л), калий (8,0 мг/л), калсий (37,0 мг/л), магний (20,0 мг/л), охан (0,3 мг/л), кислотаи силикат (40,0 мг/л), метаборат (3,0 мг/л), хамчунин литий, рух, бром, молибден ва радон (3,5 нКи/л) мавчуданд. Омили асосии муоличавии оби чашма, хавои тозаи кухи ва радиатсияи фаровони офтоб аст. Аз руи таркиби химияви ба обхои осоишгохи Схалтубои Гурчистон шабохат дорад. Барои табобати беморихои узвхои хозима, чигар, талхароха, бугумхо, устухон, мушакхо ва амрози занона муфид мебошад. Дар назди чашма барои фарогати одамон бинои зебои махсус комат афрохтааст.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …