Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НуШОКи

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НуШОКи

bezarargardonii-obБЕЗАРАРГАРДОНИИ ОБИ НуШОКи, тадбирхои санитарию техникиест, ки барои нест кардани ангезандаи беморихои сироятии об (бештар оби нушоки) пешбини шудаанд. Оби нушокиро бо моддахои химияви (мас., хлор, озон, йод, ионхои нукра) ё усулхои физики (чушонидан, тавассути афканишоти ултрабунафш, ултрасадо, гамма-афканишот) безарар мегардонанд. Холо усули хлорнок кардани об тавассути пайвастхое, ки хлори фаъол доранд, фаровон истифода мешавад. Дар манбаъхои обрасони бо ин максад аз хлораторхои махсус истифода мебаранд.
Хлорзани усули ягонаи гандзудоии оби чох аст. Бо ин максад аввал оби чохро тамоман гирифта, онро аз лойка тоза мекунанд. Баъди то сатхи мукаррари пур шудани оби чох ба он охаки хлорнок мепошанд. Микдори зарурии охаки хлорнокро аз хисоби 100 – 150 мг хлори фаъол ба 1 л об аз руи чунин формула муайян мекунанд:
P=
P – микдори зарурии охаки хлорнок; E – хачми оби чох ба хисоби м3 (бо рохи ба чукурии хачми об зарб задании сатхи буриши чох муайян мекунанд); C – гилзати хлори фаъол дар оби чох ба хисоби мг/л ё г/м3; H – микдори хлори фаъоли охаки хлорнок ба хисоби 1 : 100 – коеффитсиенти доимии адади. Мас., охаки хлорнок 25% хлори фаъол дорад; барои 3 м3 об микдори ахаки хлорнокро аз хисоби 150 г хлори фаъол ба 1 м3 хисоб мекунем:
P= =1800 г.
Охаки хлорнокро бо каме об дар сатил ё ягон зарфи дигар хал (1 : 2 – 3) намуда, сипас ба чох мерезанд ва 15 дак. бо оби чох меомезанд; баъд чохро руст мекунанд ва муддати 6 соат об намегиранд. Агар об буи хлор надошта бошад, боз чоряк ё сеяки микдори аввалаи охакро ба об хамрох карда, баъди 3 – 4 соат онро барои рузгор истифода мебаранд.
Бо озон низ обро безарар кардан мумкин. Аз руи хулосаи мутахассисон чунин об гайр аз безарар буданаш берангу бебуй низ мешавад.
Бо максдаи Б.-и индивидулаи моддахои химиявии хосияти баланди бактерисиди доштаро низ кор мефармоянд. Онхо баъди 15 – 20 дак. обро бесироят карда, барои одам зарар намеоранд. Барои ин бештар пантосид истифода мешавад (дар 0,5 – 0,75 л об 1 дона курси онро хал мекунанд). Дар сурати аз хад зиёд ифлос будани об ду дона курси пантосид меандозанд. Хини истеъмоли пантосид маззаи об тагйир намеёбад. Чушонидани об аз кабили усулхои маъмули одди ва боэътимоди Б. аст. Зимни он гайр аз махв гаштани бактерияхою микробхо, дуруштии об кам мешавад. Маззаи об хангоми чушонидан чандон тагйир намеёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …