Главная / Илм / БЕЗАРАРГАРДОНИИ ХАВО

БЕЗАРАРГАРДОНИИ ХАВО

ventilyatsiaБЕЗАРАРГАРДОНИИ ХАВО, нест кардани микроорганизмхо ва вирусхои хавои бино. Б. х. дар корхонахои саноати, мас., саноати хуроквори, дорусози ва микробиологи фаровон истифода мешавад.
Б. х. дар беморхонахо – палатаи чаррохи, палатаи таввалуд, хонахои тифлони навзод, шуъбахои реаниматсия ва сухтагон, палатаю боксхо барои беморони сирояти, ки ангезаи онхо имкон дорад тавассути хаво пахн гардад (грипп, хунок, махмалак, сурхча, нагзак ва г.), дар лабораторияхои микробиологи ва дорухонахо аз чумлаи тадбирхои хатмист. Дар давраи авчи беморихои сирояти, ки ангезандаашон ба тавассути хаво ва заррахои оби дахон пахн мешаванд, Б. х. дар бинохои чамъияти низ гузаронда хохад шуд.
Барои Б. х. усулхои физики ва химиявиро истифода мебаранд. Аз чумлаи усулхои физики барои Б. х. бештар лампахои бактерисидиро кор мефармоянд. Самараи онхо ба иктидори лампа ва муддати шуоъафкани вобасата аст. Дар мавриди истифодаи чунин лампахо эхтиёткори зарур буда, пуст ва хусусан чашмро (айнаки мухофиза гирифтан лозим аст) аз таъсири дуру дароз ва бевоситаи нурхои ултрабунафш мухофизат кардан лозим. Барои Б. х.-и бинохо моддахои химияви (пайвастхои газмонанди оксиди этилен, формалдегид ва г.)-ро низ ба кор мебаранд. Дар ин маврид зарур аст, ки одамон аз бино берун бароварда шаванд. Шахсоне, ки бо Б. х. машгуланд, бояд воситахои боэътимоди мухофизати узвхои нафас, чашм ва пуст дошта бошанд. Моддахои химиявиро бештар ба сифати аэрозол истифода мекунанд. Заррахои аэрозол дар руи фарш, девор ва асбобу анчом фуру нишаста, ба афзоиши микроорганизмхо рох намедиханд, инчунин ба мисли буг ба рогу таркишхо медароянд. Дар рафти Б. х. микдори зиёди моддахои химияви ва махлули онхо (β-пропиолактон, кислотаи ператсетат, пероксиди гидроген, махлули 1% – гипохлориди калсий ва г.)-ро истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …