Главная / Илм / БЕОБИИ ОРГАНИЗМ

БЕОБИИ ОРГАНИЗМ

dehidratationБЕОБИИ ОРГАНИЗМ, дегидрататсия, оби бисёр талаф додани организм. Дар натичаи Б. о. мувозанати обу намак халал меёбад. Ахамияти об барои организм хеле калон аст. Хун, лимфа, моеъи дохили хучайрахо, ашк, оби дахон, арак, шираи меъда, шираи гадуди зери меъда, талха, пешоб, мухтавои рудахо, тарашшухот аз узвхои таносул ва рохи нафас – ин хама обест, ки дар он моддахои гуногун хал шудаанд.
Бе об хаёт нест. Организми навзодон 90% аз об иборат мебошад. Дар таркиби организми калонсолон 70 – 80% об мавчуд аст. Такр. 92%-и хун об дорад, бинобар ин норасоии он боиси гафс шудани хун мегардад (микдори гемоглобин афзуда, эритроситхо ба хамдигар мечаспанд).
Захираи асосии оби организм дар хучайрахо ва фазои байни онхо чой гирифтааст; микдори он тавассути ионхои натрий танзим карда мешавад. Ба дохили хучайра рох ёфтани обро ионхои калий танзим менамоянд. Ихрочи об аз узвхо асосан тавассути рагхои лимфа сурат мегирад. Дар организми одам бояд 2 – 11 л лимфа вучуд дошта бошад. Дар давоми 1 дак. ба воситаи артерияи гурда 1,1 л хун ворид мешавад; дар ин муддат аз рагхои лимфаи гурда 125 мл лимфа чори гашта, ба чомчахои гурда бошад, хамаги 1 мл пешоб дохил мешавад.
Б. о. мубодилаи обро дар узвхо якбора халалдор месозад. Дар натича лимфа гафс ва рагхо борик мегарданд. Яке аз аломатхои Б. о. варам кардани узв аст. Дар амалияи тиб барои табобати варам «оби зиёдати»-и организмро ба воситаи давохои пешоброн хорич мекунанд. Ин фикри галат аст. Зеро мачбуран аз плазмаи хун хорич кардани об хунро гафстар мегардонад. Дар натича харакати хун дар капиллярхо халал ёфта, мубодилаи моддахо дар хучайра хароб мешавад. Б. о. ба ихтилоли мубодилаи сафедахо мусоидат мекунад. Дар заминаи ин синтези сафеда вайрон ва фишори осмосии фазои байни хучайрахо паст мешавад. Махз норасоии сафедахо дар плазмои хун садди рохи ба капиллярхо гузаштани об хохад шуд. Барои табобати он мувозанати обу намакхоро дар организм баркарор кардан лозим аст.
Хангоми Б. о. одам сахт ташна монда, тарашшухи гадудхои хозима суст мегардад. Бинобар якбора сар задани Б. о. ихтилоли рухи, бехуши, баъзан фавт ба мушохида мерасад. Б. о. дар кудакон нисбатан зудтар ба вукуъ мепайвандад. Дар холатхои ба иллат табдил ёфтани Б. о. ташнагиро бо оби шуртаъм шикастан лозим аст. Дар натича нафакат талафи об, балки микдори электролитхо низ баркарор мешаванд. Бахри муоличаи Б. о. сабабхои онро рафъ сохтан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …