Главная / Илм / БЕНАСЛи

БЕНАСЛи

benasliБЕНАСЛи (Agenesia), безурёти, насл дода натавонистани одам. Б. окибати хар гуна ихтилол, асосан иллати узвхои таносул буда, хам дар занон ва хам дар мардон мушохида мешавад.
Нукси модарзоди узвхои таносул (ниг. Крипторхизм) ва ночурихои гуногуне, ки бо газак ё осеби узвхои пешобу таносул вобаста аст (ниг.Орхит, Эпидидимит) боиси Б.-и мардон шуда метавонад. Б.-и мардон инчунин аз набудани нутфа дар мани ё кобилияти бордоркуни надоштани он (нутфа) ба вучуд меояд. Захролуди аз шароб, сурб ва фосфор, хамчунин таъсири омилхои номатлуб (афканишоти ионнок, стресс, гуруснаги ва г.) низ метавонанд мучиби Б. гарданд. Дар баъзе мавридхо Б. натичаи аутоиммунизатсия аст. Дар ин маврид дар организми мард зидди нутфа (сперматозоидхо) подтан хосил шуда, харакати онро бозмедорад. Дар аснои Б.-и мардон хусусан олигозооспермия бештар ба мушохида мерасад. Хангоми олигозооспермия нутфа дар таркиби мани аз микдори зарури кам ташаккул меёбад (дар 1 мл камтар аз 20 млн). Сабаби ин холат бисёр вакт илтихоби хоя ва васеъу дароз шудани танобаки мани (ниг. Варикоселе) мебошад. Олигозооспермия мумкин аст баъди аз сар гузаронидани беморихои сироятии вируси, таъсири нурхои ионнок, садамаи рухи низ рух намояд. Яке аз сабабхои дигари чиддии Б.-и мардон азооспермия, яъне дар таркиби нузола (эякулят) умуман вучуд надоштани нутфа аст. Азооспермия хакики ва дуругин мешавад. Хангоми азооспермияи хакики дар хоя нутфа ташаккул намеёбад. Сабаби ин нукси инкишофи хоя, крипторхизми дучониба, ихтилоли гадудхои усораи дохили аст. Дар аснои азооспермияи дуругин дар хоя нутфа хосил мешавад, вале он бинобар руст будани мачрои мани (мас., дар натичаи ягон осеб) ба нузола намеафтад. Бисёр мардон бинобар астеноспермия (суст будани харакати нутфа), некроспермия (кобили хаёт набудани нутфа) ва тератоспермия (халал ёфтани сохтори нутфа) фарзанд ба дунё оварда наметавонанд. Асперматизм (хангоми мубошарат рух надодани инзол) низ метавонад боиси Б. гардад.
Б.-и занон бо беморихои илтихобии бачадон ва зоидхои он (ниг. Аднексит), аз чумла сузок, сил (хоса сили узвхои таносул), ихтилоли кори гадудхои усораи дохили (тухмдон, гадуди сипаршакл, гадуди болои гурда) ва силсилаи асабхои маракази (дар натичаи беморихои сирояти, хусусан дар давраи расидан ба балогати чинси), инчунин инкишофи номукаммали узвхои таносул – инфантилизм зич алокаманд аст. Дар натичаи газак гирифтан аксар вакт найчахои бачадон баста шуда, нутфа то хучайратухм рафта намерасад. Хангоми иллати тухмдони зан аз он хучайратухм чудо намешавад (ниг. Давраи хайз). Дар натича гормонхои чинси (фолликулин ва прогестерон) низ ташаккул намеёбанд (онхо кашиш хурдани найчахои бачадон ва инкишофи муътадили луобпардахои онро танзим мекунанд). Дар аснои инфантилизм луобпардаи бачадони ноболиг тунук буда, ба таъсири гормонхои тухмдон хассос нест. Аз ин сабаб он тухми бордорро кабул карда наметавонад. Агар зан хангоми инфантилизм хомила шавад, пас онро катъ кардан лозим нест, зеро искот ба фаъолияти тухмдон халал ворид сохта, ба луобпардаи бачадон зиён мерасонад ва окибат боиси Б. мегардад.
Дар мавриди як соли аввали заношуи бидуни истеъмоли дорухои пешгирии хамл бордор нагаштани зан издивоч бенасл махсуб мешавад. Дар ин гуна холатхо хам зан ва хам шавхар бояд аз муоинаи духтури андролог, урогинеколог гузаранд, чунки дар 5,7 фисади мавридхо Б. бо организми мард, такр. дар 60 фисад бо организми зан ва дар 28,4 фисад бо организми хам зан ва хам мард вобаста аст.
Хангоми Б. муоличаро барвакт сар кардан лозим аст, зеро синну соли зан ба окибати Б.таъсири калон мерасонад. Мукаррар шудааст, ки самараи муоличаи Б. барои занхои то 25-сола назар ба занхои аз 35- сола боло кариб ду баробар зиёд аст. Дар аснои Б.-и вобаста ба илтихоб муоличаи курорти ва физиотерапияро васеъ истифода мебаранд. Дар баъзе холатхо рохи найчахои бачадонро факат бо чаррохи баркарор кардан лозим меояд. Чунин чаррохиро барои занхои то 32 – 34-сола тавсия менамоянд. Хангоми ихтилоли фаъолияти гадудхои дохили муоличаи муштарак (дорухои гармониро якчоя бо физиотерапия ва табобати курорти) мегузаронанд. Хар як усули муоличаи Б.-ро факат аз руи таъинот ва тахти назорати духтур бояд гузаронд.
Табобати Б. дар мардон бо назардошти тагйироте, ки мучиби ихтилоли хосил гаштани нутфа мешавад, сурат мегирад. Агар мучиби Б. беморихои усораи дохили бошанд, пас духтур дорухои гормони ва витамин таъин мекунад. Дар сурати ошкор шудани нуксхои анатомии аъзои чинси ба чаррохи даст мезананд.
Пешгирии Б. аз саривакт муолича кардани илтихоби узвхои чинси, рох надодан ба искот, хусусан искоти гайриконуни, риоя намудани коидахои гигиенаи шахси ва бехдошти олоти таносул вобаста аст. Табобат кардани беморихои илтихобии халку димог низ зарур мебошад, чунки илтихоби музмин, хусусан дар вакти кариеси дандонхо ва тонзиллит, метавонад сабаби ихтилоли фаъолияти гадудхо гардад. Дар мавридхои фарбехи, ихтилоли давраи хайз ва таъхири инкишофи чинси зуд ба духтур мурочиат кардан лозим аст. Муоличаи дандонхо низ бахри пешгирии ихтилоли фаъолияти гадудхо ахамияти калон дорад.
Ад.: Порудоминский И.М., Бесплодия у мужчин, Л., 1964; Мазлей Е.П., Клиника и терапия бесплодия женщины, Л., 1965; Кодири Т.Р., Хаёти чинси, Д., 1991.

Т.Р. Кодири.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …