Главная / Илм / БЕМОРИИ ПАСТФИШОРи

БЕМОРИИ ПАСТФИШОРи

pastfishoriБЕМОРИИ ПАСТФИШОРи (Morbi decompressionales), бемории декомпрессияви, холати беморие, ки бинобар якбора ва нихоят паст шудани фишори мухит ба вучуд меояд; бештар гаввосон (хангоми ба каъри бахр фуруд омадан), лётчикхо, кессончиён (одамоне, ки бо камерахои обногузар сару кор доранд) гирифтор мешаванд. Сараввал дар аснои баланд будани фишори мухит (мас., атмосфера) дар бофтахои организм, аз чумла хун, микдори нитроген хеле меафзояд. Агар хангоми фишори мукаррарии атмосфери дар 100 мл хун хамаги кариб 1 мл нитроген хал шуда бошад, дар сурати 3 атм будани фишор 3 мл нитроген хал мешавад. Нитрогенро чаббидани бофтахо дар мавриди баланд будани фишори мухит огоз ёфта, то баробар шудани фишори худи нитроген дар бофтахо ва берун аз онхо давом мекунад. Аз нитроген сер шудани бофтахо хангоми чунин фишоре, ки дар аснои он ба лётчик, гаввос, кессончи (зимни риояи коидахо) кор кардан лозим меояд, ба организм таъсири нохуш намерасонад. Вале агар фишор баланд (4 атм ва зиёдтар) бошад, тахаюч, фиреби эхсос, заъфи хотира, ихтилоли хуш ва г. рух хоханд намуд. Дар фишори 10 атм одам бехуш мешавад. Дар мавриди аз доираи фишори баланд ба доираи фишори муътадил гузаштан, хубобчахои нитроген аз бофтахои организм баромада ба хун мегузаранд ва аз шуш чудо мешаванд. Рагхои майдаи хунгардро бастани газ сабаби бевоситаи Б. п. мебошад. Он хангоми аз нитроген нихоят сер гаштани хун ба амал омада, ба воситаи шуш дур кардани нитроген имконнопазир мегардад. Харорати паст низ ба бофтахои организм таъсири манфи мерасонад, гардиши муътадили хунро вайрон мекунад.
Нишонахои маризи дар давоми як соати аввали баъди аз доираи фишори баланд баромадан ба вучуд меоянд. Бемор ба хориши пуст, осеби устухону мушак ва иллати бандхо гирифтор мешавад. Дар 85 – 90 фисади холатхо бофтахо варам мекунанд. Хини иллати узвхои асаб чарх задани сар, бехуши, кай, сусти ва нимфалач руй медихад. Баста шудани рохи рагхои майнаю дил бо фавти бемор меанчомад.
Пешгири: риоя тартиби дурусти аз фишори баланд ба фишори паст гузаштан, назорати асбобу анчоми махсусе, ки гаввосон, кессончиён, лётчикхо истифода мебаранд; назорати мунтазами саломатии онхо.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …