БЕМОРИИ БЕХТЕРЕВ (Spondylitis ankylopoёtica), спондилоартрити шахкунанда, бемории илтихобии музмини сутунмухра ва бандхо. Аз номи психоневрологи шурави Бехтерев В. М. (1857 – 1927) гирифта шудааст. Ба он асосан мардхо (дар синни чавони) гирифтор мешаванд. Сабаби бемори маълум нест. Тахмин мекунанд, ки дар инкишофи он баъзе омилхои ирси мавкеи хос дорад.
Бемори бештар бо дард кардану шах шудани сутунмухраи миён ва чорбанд огоз меёбад. Хангоми Б. Б. сутунмухра дар холати ороми низ дард карда меистад (дар вакти харакат кардан дард таскин меёбад) ва фарки он аз остеохондроз дар хамин аст. Бо гузашти рузхо дард тадричан ба кисми сина ва гардан, кафаси сина мегузарад. Хангоми Б. Б. артрити бандхои канори, хусусан бандхои калони по низ мушохида мешавад. Бемори бандхои нисбатан камхаракати синаю чанбарак ва кабургаю синаро низ фаро мегирад. Дар чои ба устухонхо пайвастани пай ва бандакхо халтахои луоби низ осеб меёбанд (ниг. Бурсит). Иллати мазкур бештар дар кафи по рух намуда, хангоми рох рафтан дард пайдо мекунад. Дар баъзе холатхо иридосиклит (бештар яктарафа), аортит, осеби дил, амилоидоз низ ба мушохида мерасанд.
Бемориро бо рохи рентгенографияи сутунмухра ва устухони кос ташхис менамоянд. Аломати рентгенологии бармахали он сакроилеити дучониба аст.
Барои муоличаи Б. Б. аз дорухои гуногун, варзиши шифои, фонофорези гидрокортизон, индуктотерапия ва г. истифода мебаранд. Хангоми артрити бандхои канори ба чавфи онхо дорухои кортикостероиди мефиристанд. Баъди фуру нишастани хуручи бемори обзанхои гидрогенсулфиди ё радони таъин карда мешаванд. Беморон бояд зери назорати диспансерии ревматолог карор гиранд. Сари вакт шуруъ кардан ба муолича авчи бемориро пешгири мекунад.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …