Главная / Илм / БЕМОРИИ АДДИСОН

БЕМОРИИ АДДИСОН

bemorii-addisonБЕМОРИИ АДДИСОН (Morbus bronsaeus), бемории биринчи, бемориест, ки дар натичаи осеби дутарафаи кишри гадудхои болои гурда ба вучуд меояд ва боиси кам ва катъ шудани махсули гормонхо – кортизол, кортикостерон ва алдостерон мегардад. Гормонхои мазкур дар танзими фаъолияти узвхои хозима ва дилу рагхо, мубодилаи обу намак ва г. ахамияти калон доранд. Бемори аз номи духтури англис Т. Аддисон (1793 – 1860), ки с 1849 бори аввал онро муайян карда буд, гирифта шудааст. Сабаби асосии Б. А. (дар 50 – 80 фисади холатхо) сили гадудхои болои гурда мебошад. Хуномоси гадудхои болои гурда ва газаки фасодноки онхо, омос ва г. низ боиси инкишофи Б. А. мегарданд.
Б. А. суст инкишоф меёбад. Ба он асосан одамони 20 – 40 сола гирифтор мешаванд. Аломатхои хоси Б. А чунинанд: ранги биринчи гирифтани пуст ва дар луобпардахо пайдо шудани догхои сиёх, ки натичаи чамъ шудани пигмегнти пуст – меланин мебошад. Мариз тез хаста шуда, сараш дард мекунад, фишори хун паст, кувваи хофиза суст, кори меъдаю рудахо вайрон (кам шудани иштихо, сустии мушакхо, дилбечошави, кай, исхол ё кабзият) мешавад. Чараёни бемори, одатан, музмин аст, вале баъзан хеле шадид (бухрони аддисони, ки ёрии таъчилии тибби шарт аст) низ мегардад. Барои пешгирии хуручи бемори тавсияи духтурро катъи риоя карда, аз беморихои шадиди сирояти, захролуди, зарбу лати чисмони эхтиёт шудан лозим. Ба беморон мехнати сахти чисмони, инчунин корхои зурталаби фикри манъ аст. Хурок бояд гуногун, сернамак ва сервитамин (хусусан витамини С, ки дар меваю сабзавот бисёр аст) бошад. Баробари ошкор шудани бемори маризро хатман дар беморхона бистари мегардонанд. Табобат пеш аз хама ба рафъи иллати кори гадудхои болои гурда вобаста аст (ба микдори муайян дорухои гормони гузаронида мешавад). Ин имкон медихад, ки умри бемор нафакат дароз, балки кобилияти кории у низ нигох дошта шавад.

Т.Р. Кодири.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …