Главная / Илм / БЕМОРИХОИ ТАЛКИНи

БЕМОРИХОИ ТАЛКИНи

bemorii-talkiniБЕМОРИХОИ ТАЛКИНи, гумони баргалати одамест, ки худро гирифтори ин ё он касали мешуморад. Б. т. дар натичаи худталкинкуни ва илкои шахси дигар ба вучуд меоянд. Ба ин кабил беморихо шахсони хамеша дар изтироб, васвоси ва ба хиссиёти худ мунтазам диккатдиханда гирифтор мешаванд. Б. т. бештар чун тарсу вахм, ки яке аз намудхои холати музохим мебошад, зохир мегардад. Таассуроти хаячонбахш аз дидани бемори вазнине, ки дар тарсу харос аст, хондан ё шунидани накл дар бораи бемории ногахоние, ки боиси марги фочиави шудааст, нодуруст фахмидани суханони духтур ва хондани адабиёти оммавии тибби, ки дар он ба одамони дилашон нозук таъсири ногувор расондани китоб ба назар гирифта нашудааст, одатан сабаби Б. т. мегарданд. Дар сурати баъди муоинаи духтур тасдик нашудани бемори, аз шархи духтур конеъ нагаштани мариз ва давом кардани холати изтиробу харос хама кушиши мариз ба «хакикатчуи» равона карда мешавад. у ба духтурони дигар мурочиат мекунад, маслихати мутахассисон ва муоинаи такрориро талаб карда, хатто чарохиро исрор менамояд, рохи худтабобатро пеш мегирад. Дар айни замон бемор маколахои махсуси тиббиро хонда гумон мебарад, ки амрози дар онхо зикрёфта айнан ба у мансубанд. Дар натичаи худталкинкуни он аломатхое, ки пештар набуданд, пайдо шуда, хиссиёти бемор як макоми муайянро мегирад. Шахси гирифтори Б. т. ба бемори хакики монанд аст. Бепарвоии атрофиён боиси хирагии табъ, паридани хоб, бад шудани иштихо ва вазъи умуми мегардад. Хаминаш бад аст, ки дар ин холат фаъолияти узвхои аслан беиллат билохир вайрон мешавад. Б. т. фикру андешаи маризро ба худ пурра мутеъ мегардонанд. Бо хамин тарик, Б. т.-и дил, чигар ва г. беморихои рухи хисоб меёбанд, ки онхоро бояд равонпизишк (психиатр) муолича кунад. Шахси гирифтори Б. т. ба муносибату муомилаи махсуси атрофиён ниёз дорад. Агар дар ибтидои бемори аз андешахои нодуруст рахонидану ором кардани бемор имконпазир бошад, дертар, дар аснои афзудани вахму изтироб ва кушиши «хакикатчуи» аз акидааш баргардонидани бемор метавонад таъсири ногувор расонад. Мариз рафтори атрофиёнро зухуроти бепарвоию бемуруввати мешуморад, у якрав, тундмизоч, гирёнчак, хашмгин ва дамдузд мешавад. Дар ин маврид хешу табор бояд ба бемор шароити оромро фарохам оваранд, хангоми сухбат уро наранчонанд; дар мавриди асабони шудан, музтариби, бехоби ва паст гаштани кобилияти кории у ба духтури амрози рухи мурочиат кунанд.
Беморон бояд хеч гох боиси истехза нагарданд. Дар хотир бояд дошт, ки чунин маризон сидкан ва дутарафа азият мекашанд: хам аз гами беморие, ки дар асл вучуд надорад ва хам аз гами он, ки гуё касе дарди дили онхоро намефахмад ва дасти ёри дароз намекунад.
Ад.: Гулямов М.Г., Общая, возрастная и частная психология, Д., 1997; Шаропова Н.М., Актуальные вопросы психиатрии, Д., 1997.
Н. М. Шарофова.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …