Главная / Илм / БЕМОРИХОИ ШАДИДИ РОХИ НАФАС

БЕМОРИХОИ ШАДИДИ РОХИ НАФАС

bemoriБЕМОРИХОИ ШАДИДИ РОХИ НАФАС (Morbi respiratorii asuti), як гурух беморихое, ки онхоро беморихои зукоми (ОРЗ) низ меноманд. Б. сабабхои бисёр дошта, нишонахояшон ба хамдигар монанд мебошанд. Б.-ро вирусхо, хламидияхо, микоплазмахо ва бактерияхо меангезанд. Беморихои зукомии пайдоишашон муштарак низ мавчуданд (вирусиву вируси, вирусиву бактерияви, вирусиву микоплазмави). Хусусан беморихои зукомии вируси ва микоплазмави бештар дучор меоянд. Онхо дар байни беморихои одам чои намоёнро ишгол мекунанд. Масалан, грипп, парагрипп, амрози аденовирусиву риновируси. Мувофики маълумоти расми соле такр. 40 млн. нафар одам ба грипп ва диг. Б. гирифтор мешаванд.
Хомили табии ва манбаи сирояти Б. мариз аст. Одамони солим, вале хомили вирус ангезахои Б.-ро бисёр пахн намекунанд. Сироят асосан тавассути заррахои дар хаво вучуддоштаи оби дахон (хангоми сурфидан, атса задан, нафас гирифтан) ба вукуъ мепайвандад. Б. гохо ба таври эпидемия рух менамоянд.
Б.-ро такр. 200 хели ангезандахо ба вучуд меоранд, ки бештари онхо мансуби вирусхо мебошанд. Аломатхои Б. ба якдигар шабохат доранд. Вале масуният (иммунитет)- и хосилшуда ба хели бемори вобаста аст. Як нафар мумкин аст дар давоми сол 5 – 7 маротиба ба Б. гирифтор шавад. Ин холат бештар дар муассисахои атфол (мактаб ва кудакистонхо) ба назар мерасад. Сабаб дар он аст, ки бемори хар дафъа бар асари ангезандаи (серотипи) нав ба вучуд меояд.
Б. бо захролудии умумии сабук, хусусан осеби кисми болоии рохи нафас, падид меояд. Иллати узвхои нафас чун зуком, ринофарингит, фарингит, ларингит, трахеоларегит ва гохо пневмония пайдо мешавад. Дар сурати вучуд надоштани пневмония бемори аз 2 – 3 то 5 – 8 руз давом мекунад. Дар мавриди пневмония, ки сабабгори он бисёр вакт микоплазмахо, вируси респиратори-махлоти ва аденовирусхо буда, онхо якчоя бо бактерияхо амал мекунанд, бемори 3 – 4 хафта тул мекашад ва муоличааш душвор аст.
Ташхиси беморихое, ки ангезахои гуногун ба вучуд овардаанд, бисёр мураккаб мебошад. Хатто грипп барин бемории маъмул баъзан амрози зукомии пайдоишаш дигарро ба хотир меорад, зеро он дар бештарин мавридхо бо назла (катар)-и рохи болои нафас ва токсикози суст падид меояд. Аз ухдаи ташхиси лаборатории бисёр беморихо (хоса амрозе, ки риновирусхо, короновирусхо, микоплазмахо ба вучуд овардаанд) на хамаи лабораторияхо мебароянд. Илова бар ин натичаи тахкики лаборатори бисёр дер, вакте ки мариз шифо ёфта аз беморхона баромадааст, маълум мегардад. Бинобар хамин усули асосии ташхиси Б. ташхиси сарири (клиники) аст. Ташхис чунин мебошад: амрози зукоми (ОРЗ); сипас ба он шарх медиханд, яъне ринит, ринофарингит, ларинготрахеобронхити шадид ва г. Гохо аз истилохи «сирояти шадиди рохи нафас» (ОРИ) низ истифода мекунанд, ки хато аст, чунки истилохи «сироят» нафакат бемори, балки хомили нихонии ягон ангезаи маризи буданро хам ифода менамояд. Хусусан корбасти «сирояти вирусии шадиди рохи нафас» (ОРВИ), ки чун муродифи ОРЗ истифода мешавад, нодуруст аст. Зеро бисёр Б.-ро на вирусхо, балки микоплазмахо ва бактерияхо ба вучуд меоранд.
Барои муоличаи Б. антибиотикхо ва диг. дорухои химияви натича намедиханд, чунки онхо ба вирусхо таъсир намерасонанд. Антибиотикхоро хангоми Б.-и ангезаашон бактерияхо (мас., фарингити стрептококки), микоплазмозхо, хамчунин дар мавриди оризахои микроби (отитхо, синуитхо, пневманияхо) метавон таъин кард. Мариз асосан дар хона табобат меёбад. Бинобар ин уро чудо нигох дошта, косаву табакро чушондан лозим аст. Агар мариз табу тасф дошта бошад, бояд хатман бихобад. Дар сурати пайдо шудани нишонахои хурусак, ки асосан дар кудакон мушохида мешавад, хавои хонаро намнок мекунанд (бо рохи овехтани чойпуши тар, гузоштани сатиле, ки оби гарм дорад ва г.); гарм нигох доштани гулу низ муфид мебошад. Хамчунин дорухои таскинбахш (фенобарбитал, хлоралгидрат) ва рафъи илтихоб (бутадион, кортикостероидхо) таъин карда мешаванд.
Фарчоми бемори нек аст. Дар мавриди пневмонияи вирусию стафилакоккии кудакон окибати маризи чиддист.
Чилавгирии аз Б. бо назардошти тарзи пахн гаштани ангезахо андешида мешавад.
Ниг. низ Грипп, Зуком, Назла.
Ад.: Шувалова Е.П., Инфекционные болезни, М., 1999; Камардинов Х.К., Беморихои сирояти, Д., 2000.

О. Х. Хусайнов.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …