Главная / Илм / БЕМОРИХОИ РуХи

БЕМОРИХОИ РуХи

bemorii-ruhiБЕМОРИХОИ РуХи (Psychoses), беморихое, ки бештар бо ихтилоли рух падид меоянд. Фаъолияти рухии инсон, табиатан чи хеле, ки набошад, дар натичаи ихтилоли кори магзи сар хароб мегардад. Аммо хама гуна ихтилол боиси Б. р. нахохад шуд. Мас., зимни як катор беморихои асаб, сарфи назар аз он ки магзи сар иллат (газак, зарбулат) дорад, ихтилоли рухи метавонад руй надихад.
Дар мавриди Б. р. бештар инъикоси дурусти вокеият халал меёбад ва фаркияти онхо аз амрози узвхои дохили низ дар хамин аст. Мас., одаме, ки шароити мукаррари ба назараш бегона менамояд ва онро чизи дигар мепиндорад, атрофиёнро хамчун одамони бадхох ё душман медонад; дар бробари дуруст дарк кардани олами вокеи зери таассуроти таваххумоти бинои ва шунавои бе ягон сабаб дар тарсу вахм мемонад ё аз хад зиёд шод мегардад, олами вокеи пеши назараш нодуруст (вайрон) инъикос меёбад ва вобаста ба ин рафтори нодуруст зохир мекунад, яъне аз душманони хаёли мегурезад, ба ракиби хаёли хамла меорад, кушиши худкуши мекунад ва г. Ин мисоли бемори хакикии рухи мебошад, ки зимни он кобилияти дуруст бахо додан ба хамаи он чизе, ки дар атрофи бемор ва бо худи у руй медихад, халалпазир гаштааст.
Б. р. хам аз чихати намуд ва хам аз чихати дарачаи зухурот гуногун мешаванд. Онхо ба катори беморихои хеле пахншуда мансубанд. Шумораи беморони рухи дар кураи замин ба 150 миллион мерасад, илова бар ин аз сабаби тагйир ёфтани таркиби синнусолии ахоли, зиёд шудани хисоби миёнаи умр ва г. майли афзудани ин теъдод мушохида мегардад.
Сабабхои Б. р. гуногун мебошанд.Дар байни онхо омилхои ирси макоми хоса доранд. Мас., мавкеи (макоми) ин омилхо дар пайдоиши олигофрения (нокисулакли), девонаги (психопатия), васвоси чунунию афсурдарухи, саръ ва шизофрения хеле калон аст. Пайдоиш ва инкишофи Б. р. дар баъзе мавридхо ба хамсозии тамоюли ирсию омилхои номусоиди беруни (сироят, зарбу лат, захролуди, садомоти рухи) низ вобаста мебошад.
Дар батн иллат ёфтани насл бинобар бемори ё зарбу лат хурдани модар хангоми хомилаги, метавонад боиси таъхири инкишофи рухии кудак, саръ ва ихтилолоти дигари рухи гардад. Бадмастии волидайн, бордоршави дар холати масти (хатто мастии яке аз волидайн) ё суйистеъмоли машруботи спиртдор (айёми хомилаги) низ ба насл таъсири ногувор мерасонанд.
Захролуди, зарбу лати сар, амрози узвхои даруни ва беморихои сирояти аксар вакт боиси Б. р. мегарданд. Майзадагии музмин ва нашъаманди мисоли Б. р.-и захри мебошанд. Беморихои сирояти – энсефалит, сифлиси магзи сар , брутселёз, токсоплазмоз, хасба ва баъзе намудхои грипп низ метавонанд мучиби психозхо гарданд.
Дар пайдоиши неврозхо осебхои рухие, ки гохо тамоюли ирсиро ба хуручи бемори табдил медиханд, мавкеи асоси доранд. Дар инкишофи Б. р. таъсири муштараки сабабхо ва хусусиятхои фардии инсон макоми муайянро сохиб аст. Мас., нахамаи ашхоси гирифтори сифилис ба психози сифилиси гирифтор мешаванд; ё худ факат дар шумораи ками одамоне, ки ба атеросклерози хунрагхои магзи сар гирифторанд, камакли ё психози таваххуму хазёни рух менамояд. Дар ин гуна мавридхо ба Б. р. зарбу лати магзи сар, захролудии маиши (майзадаги), баъзе амрози узвхои дарун, тамоюли модарзоди доштан ба психозхо мусоидат мекунанд.
Барои инкишофи Б. р. чинс ва синну сол низ таъсири муайян доранд. Мас., ихтилоли рухи дар байни мардхо нисбат ба занон бештар ба мушохида мерасад. Дар айни хол мардхо бештар ба психози садамави ва алкоголи, занхо ба психози чунунию афсурдарухи, кухансолон бошанд, ба психози инволютсияви ва афсурдарухи гирифтор мешаванд. Сабаби ин аз афташ, на хусусиятхои биологии чинс, балки омилхои ичтимои мебошанд. Мардхо, мувофики анъана, аз машруботи спиртдор аксар вакт суиистеъмол мекунанд ва бинобар ин табиист, ки дар байни онхо психози алкологи бештар мушохида мешавад. Ба психози садамави бештар гирифтор шудани мардхо низ начандон аз биологияи чинс, балки аз шароити ичтимои вобаста аст. Дар хусуси синну сол бошад, комилан фахмост, ки бисёр Б. р. факат дар кудакон ё танхо дар синни пиронсоли, ё бештар дар ягон синну соли муайян мушохида мешаванд. Басомади як катор беморихо, мас., шизофрения дар синни аз 20 то 35-солаги афзуда, дар пиронсоли кам мегардад.
Сабаби пайдоиши Б. р. хар кадар зиёд бошад, шаклу навъи онхо хамон кадар гуногун мешавад. Баъзеи онхо ба таври шадид (психози шадид аз захролуди, таъсири сироят ва садама) огоз ёфта зуд бартараф мешаванд. Беморихои дигар ноаён инкишоф меёбанд ва ба таври музмин чараён гирифта, вазнинии ихтилоли рухи торафт меафзояд (баъзе шаклхои шизофрения, психозхои пиронсоли). Хелхои дигари Б. р. дар давраи кудаки ошкор гардида, иллати пайдошуда дар тули хаёт устувор ва бетагйир боки мемонад (олигофрения). Як катор Б. р. хамчун хуруч ё давра (фаза) чараён гирифта, бо шифои комил анчом меёбанд (психози чунунию афсурдарухи, баъзе намудхои шизофрения).
Хамин тавр, акидае ки гуё Б. р. хамеша окибати нохуш ба бор меоранд, асоси кофи надорад. Ташхис ва пешгуии Б. р. гуногун аст. Баъзеи онхо безарар чараён ёфта, боиси маъюби намешаванд. Беморихои дигар бошанд, андаке зарар мерасонанд, вале ба хар хол дар сурати саривакт табобат кардан, пурра ё кисман рафъ мегарданд. Аз тасаввурот дар бораи боиси шармсори гаштани Б. р. эхтиёт бояд шуд. Рух намудани ходисахои нохуш ба беморони рухи ва музмин гаштани чараёни психозхо, ки муоличаашон душвор аст, махз ба хамин акидаи галат вобастаанд.
Нишонахои нисбатан маъмули Б. р. таваххум, хазён, холати музохим, пурхаячони, ихтилоли шуур, берабтии хофиза ва заифакли мебошанд.
Таваххум (галлютсинатсия) яке аз шаклхои дарки нодурусти вокеияти мухит буда, бидуни ангезиш ба вучуд меояд. Таваххум гуногун мешавад: бинои, шунавои, шоммави (буй), зоикави (маза) ва ломисави. Дар аснои таваххум беморон бидуни тасаввур чизи набударо равшан мебинанд, мешунаванд, мебуянд.
Хазён мулохиза (акида)-и галатест, ки бе ягон сабаби муайян ба вучуд меояд. Рафъи ин кабил акида, сарфи назар аз он ки бар хилофи хакикат ва тамоми тачрибаи пештараи бемор мебошад, имконнопазир аст. Хазён ба хама гуна бурхони котеъ (исботу далел) мукобил меистад ва бо хамин аз хатохои оддитарини мухокима фарк мекунад. Мазмунан хазён гуногун мешавад: хазёни худситои (сарватманди, аслу насаби хос, ихтироъкори, ислохотчиги, ошики); хазёни таъкиб (захролдушави, айбдоркуни, горат, рашк); хазёни худтахкиркуни (пургунохи, бемори, нобуд шудани узвхои дохили).
Холати васвос (музохим) ба пайдоиши гайриихтиёр ва рафънопазирии фикрхо, тасаввурот, хотира, шубха, вахм, рагбат, харакат падид меояд. Бемор ночури будани ин хамаро дарк мекунад, ба назари танкиди менигарад ва доимо кушиш мекунад бо онхо мубориза барад.
Парешонии аффективи холати васвосиест, ки бо ихтилоли кайфият алокаманд мебошад. Онро ба ду гурух чудо мекунанд: холати чунуни (маниаки) ва афсурдарухи. Барои холати маниаки кайфияти хеле хушхолона, кушиши фаъолият, тезонидани суръати тафаккур хос аст. Барои холати афсурдарухи кайфияти хузнангез, заифии тафаккур хос мебошад.
Ихтилоли хуш халалёбии даргузару кутохмуддати (соатхо, рузхо) фаъолияти рухи аст. Барои чунин беморон дунёбезори, ихтилоли тафаккур бо имконнопазир будани мухокимаронии дуруст, пурра ё кисман аз хотир баровардани ходисахои давраи ихтилоли хуш хос мебошанд. Ихтилоли хофиза ба кам шудани кобилияти дар хотир доштан ва баркарор намудани фактхо ва ходисахо падид меояд.
Заифакли кохиши бебозгашти тамоми фаъолияти рухист. Он бо рафъ шудан ё кам гаштани донишу малакахое, ки дар гузашта андухта шуда буданд, падид меояд. Заифакли модарзод (ниг. Олигофрения) ё дар натичаи беморихои аз сар гузаронида пайдо мешавад.
Б. р.-ро дар беморхонахои амрози рухи ва диспансерхо муолича мекунанд. Сабаб, чараён, пешгири ва табобати Б. р. дар кафедраи психиатрия ва наркологияи ба номи М.Г. Гуломови ДДТТ омухта мешавад. Рухшиносони чумхури дар тадкики чихатхои гуногуни шизофрения, психозхои алкоголи, психозхои сирояти (зукоми ва сифилиси) сахми арзанда гузоштаанд.
Ад.: Гиляровский В.А., Псхиатрия, М., 1954; Гулямов М.Г., Вопросы клинической психиатрии, Д., 1963; Хамон муаллиф, Психиатрия, Д., 1993; Хамон муаллиф, Равонпизишки, Д., 1996.

Н. М. Шарофова.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …