Главная / Илм / БЕМОРИХОИ МОДАРЗОДи

БЕМОРИХОИ МОДАРЗОДи

bemorihoi-modarzodiБЕМОРИХОИ МОДАРЗОДи, иллату осебхое, ки бинобар ихтилоли инкишофи организм хангоми дар батни модар будани тифл ба вучуд меоянд. Б. м. ирси ва гайриирси мешаванд.
Б. м.-и гайриирси бинобар таъсири омилхои физики (афканишоти ионнок), химияви ва биологи (беморихои гуногуни сирояти), ки дар давраи хамл чой доштанд, рух менамоянд. Таъсири ин гуна омилхо хусусан дар даврахои хавфноки хамл возех ба назар мерасад, мас., дар давраи имплантатсия (рузхои 7 – 12-и хамл), пайдоиши мабдаъи узвхо (хафтаи 3 – 6-и хамл), ташаккули хамрохак (мохи 3-юми хамл). Зери таъсири омилхои зиёновар мубодилаи моддахо, ки хоси хамон давраи хавфноки хомилаги мебошад, тагйир меёбад. Вобаста ба мухлати пайдоиш гематопатия, бластопатия, эмбриопатия, фетопатияро фарк мекунанд. Онхо дар навзодон дар шакли нукси инкишофи узвхои гуногун ба мушохида мерасанд. Хусусан эмбриопатияе, ки вирусхои сурхакон, табхол, гепатити В ва соддатаринхо (токсоплазмахо, листерияхо), хамчунин баъзе дорухо ба вучуд меоранд, нисбатан вазнин чараён мегирад. Ба тифли батн машруботи спиртдор, никотин ва маводи мухаддир зарари калон мерасонад.
Бо максади пешгирии Б. м. таъсири омилхои зиёноварро ба организми занхои хомила бартараф кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …