Главная / Илм / БЕМОРИХОИ ДАРУНи

БЕМОРИХОИ ДАРУНи

vnutrennie_zabolevaniyaБЕМОРИХОИ ДАРУНи (Morbi interni), иллати узвхои нафас, хозима, дилу раг, гурда, бофтахо, гадудхои эндокрини ва мубодилаи моддахо. Б. д.-ро духтури терапевт муолича мекунад.
Тибби хозира барои ошкор сохтани Б. д. гайр аз муоина (пурсиш, палмосидан, ангуштзани, гушкуни) усулхои мураккаби биохимияви ва ташхис бо асбобхо (мас., эндоскопия, томографияи компютери)-ро низ истифода мебарад. Б. д.-ро асосан бо дору, пархез, варзиши шифои, табобати санаторию курорти ва г. муолича мекунанд.
Мафхуми «беморихои даруни» инчунин барои ифодаи яке аз фанхои клиники – терапия, ки сабабхои пайдоиш, усулхои ташхис, муолича ва пешгирии беморихоро дарёфт менамояд, истифода мешавад. Таърихи Б. д. то а. 19 бо таърихи тиб тавъам меояд, чунки дар давоми хазорсолахо факат илми чаррохи ва акушери фаслхои мустакили тиб махсуб мешуданд. Беморихои бачагона, занона, амрози асабу рух ва г. бошанд дар таркиби Б. д. боки монданд. Аз ин лихоз Букрот, Чолинус ва Абуалии Синоро метавон асосгузорони Б. д. номид.
Дар а. 19 комёбихои анатомияи эътилоли (тагйири морфологии узвхоро, ки барои беморихои муайян хосанд, мукаррар мекунад), физиологияи эътилоли (конунияти пайдоиш ва чараёни бемориро меомузад), бактериология (барангезандаи бисёр беморихоро кашф намуд), тахияи усулхои муоинаи бемор (ангуштзани, гушкуни ва г.) барои инкишофи Б. д. заминаи мусоид фарохам оварданд. Дастовардхои физика, химия, биология ва тибби назарияви боиси инкишофи минбаъдаи Б. д. гардид. Багоят афзудани маълумот оид ба табиати беморихо, тарики ташхис ва муоличаи онхо сабаби тафрикаи тибби клиники гашт; дар нимаи дуюми а. 19 – нимаи якуми а. 20 педиатрия, невропатология, психиатрия, дерматовенерология чун фасли мустакили Б. д. чудо шуданд.
Дар тибби муосир Б. д. («клиникаи беморихои даруни», «тибби даруни», «терапия») фанни асосии клиники буда, онро дар донишгоххои тибби таълим медиханд. Гастроэнтерология, гематология, кардиология, нефрология, пулмонология, ревматология ва г. бахшхои Б. д. мебошанд. Ниг. низ Терапия.

У.Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …