Главная / Илм / БЕМОРИХОИ БАЪДИ ЗОДАН

БЕМОРИХОИ БАЪДИ ЗОДАН

bemoriБЕМОРИХОИ БАЪДИ ЗОДАН (Morbi puerperalis), гурухи беморихое, ки дар давоми 6 – 8 хафтаи аввали баъди таваллуд рух намуда, ба хомилаги ва зоиш алокаманд мебошад.
Илтихоби узвхои чинси дар натичаи ба чарохати бачадон рох ёфтани микробхои бемориангез баъди афтодани хамрохак, даридан, шикоф шудан ва харош хурдани гарданаи бачадон, махбал, атрофи макъад, инчунин дар натичаи аз манбаъхои газаки зан (газаки бодомакхои гулу, кариеси дандон ва г.) гузаштани микробхои фасодовар ба вучуд меояд. Ихрочи бармахали оби чанин, аз токсикози дер заиф шудани организм (ниг. Токсикозхои хомилагон), инчунин дар давраи хомилаги риоя накардани коидахои бехдошт ва ихтилоли тагзия ба пайдоиши Б. мусоидат мекунанд.
Микробхо ба захми бачадон ё махбал даромада, газаки чузъиро ба вучуд меоранд, ки он минбаъд ба бофтахои чарбуи кос ва диг. узвхо пахн гашта, сабаби ба вучуд омадани газаки шикампарда (перитонит) ва уфунат мешавад. Дар мавриди Б. ахволи зан бад шуда, иштихо кам, харорати бадан баланд (то 380) мегардад, табларза, дарди сар ба амал меояд. Хангоми дар таваллудхона будани зан кормандони тиб тадбирхои зарури меандешанд. Вале баъзан зухуроти Б. он кадар аён нест, бинобар ин 1 – 2 руз андаке таб кардани уро (то 37,5%) окибати сахт шудани гадудхои шир дониста, занро аз таваллудхона чавоб медиханд. Дар рузи 10 – 14-уми баъди зоиш (ё дертар) зан ногахон таб карда, ахволаш бад мешавад; камиштихои, дард кардани зери шикам, ихтилоли пешоброни, кабзият ба вучуд меояд. Ин хама аломати газаки узвхои чинси буда, муоличаи фавриро такозо мекунад.
Пешгирии Б. вазифаи асосии мушоварагохи тиббии занон ва таваллудхонахо мебошад. Рафтори зан, муносибати у ба тавсияхои духтур дар давраи хомилаги, хангоми таваллуд ва дар давраи баъди он ахамияти калон дорад. Саривакт хозир шудани зани хомила ба мушоварагох, табобати саривактии токсикозхо, риояи коидахои гигиенаи шахси Б.-ро пешгири мекунанд.
Ниг. низ Мастит, Пиелонефрит, Эндометрит, Аднексит, Перитонит, Сирояти анаэроби.

М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …