Главная / Илм / БЕМОРИХОИ АДВИЁТ

БЕМОРИХОИ АДВИЁТ

bemorii-advietБЕМОРИХОИ АДВИЁТи, беморихое, ки бинобар хассосияти зиёд нисбати дорухо ё барои организм бадпазир будани онхо ба вучуд меоянд. Б. а. аллерги ва мизочи (идиосинкразия) мешаванд. Б. а.-и аллерги нисбатан бештар вомехуранд. Хангоми ин гуна беморихо дору ё махсули мубодилаи он бо сафедаи зардоб ё бофтахо пайваст гашта, подтанхои аллерги хосил мекунанд. Идиосинкразия дар натичаи иллати ирсии ферментхо, ки доруи ба организм фиристодаро дучори табаддулот месозад, ба вучуд меояд. Бисёр вакт дар натичаи иллати ферментии мазкур аксуламали аллерги низ сар мезанад. Аз Б. а. дигар таъсироти номатлуби дорухоро фарк кардан лозим аст (мас., захролуди бинобар зиёд кардани воя, таъсирои номатлуби дорухо, мас., кандидамикоз, ки бинобар истифодаи антибиотикхо рух менамоянд ва г.).
Падидахои Б. а. гуногун мебошанд. Дар мавриди Б. а. мумкин тамоми узву системахои организм осеб ёбанд. Б. а.-ро вобаста ба зуди ва чараён ба 3 гурух чудо мекунанд: 1) Аксуламалхое, ки хамон лахза ё баъди як соати ба организм рох ёфтани дору ба вучуд меоянд, мас., анафилаксия, саглес, варами Квинке, хуручи зики нафас, камхунии гемолизи ва г.; 2) Аксуламалхое, ки дар давоми рузи аввали истифодаи дорухо рух менамоянд, мас., агранулоситоз, тромбоситопения, капилляротоксикоз, табларза ва г.; 3) Вокунишоте, ки баъди чанд руз ё хафтаи кор фармудани дорухо сар мезананд, мас., бемории зардоби, васкулитхо, пурпураю дерматитхои аллерги, илтихоби бандхо, гуддалимфахо ва узвхои даруни (гепатити аллерги, нифрит, энсефаломиелит ва г.). Б. а. дар натичаи хуручи бемории асоси низ падид меоянд. Хусусан Б. а.-и шадид хавфнок мебошанд.
Хар як дору метавонад боиси Б. а. шавад. Чунин хосияти дорухо ба таври гуногун зухур меёбад. Дар мавриди такроран истифода бурдани хамон як дору, хоса зардобхои антитоксини, Б. а. зиёд мегарданд. Б. а. махсусан дар байни кормандони тиб ва дорухонахо бештар дучор меоянд.
Бо максади муоличаи Б. а. бояд ба истифодаи дорухои аллергияовар хотима бахшид. Дар сурати сари вакт табобат намудан, окибати бемори нек аст.
Барои пешгирии Б. а. доруеро, ки зарурати истифодаи он нест, набояд таъин кард. Агар барои муолича факат ба зери пуст ва мушак фиристодани дору кофи бошад, пас таъин кардани дорухое, ки ба вена тазрик карда мешаванд, чоиз нест. Тазрики аввали дору, хусусан антибиотикхо, бояд дар махалли бозу сурат гирад, зеро хангоми сар задани Б. а.-и шадид он чоро метавон бо тасма (жгут) баст. Беморонеро, ки нисбати ягон дору аллергия доранд, дар як уток бо беморони дигар, ки хамон доруро истифода мебаранд, чой додан лозим нест.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …