Главная / Илм / БЕМОРХОНА

БЕМОРХОНА

bemorkhonaБЕМОРХОНА (Nosocomium), шифохона, бемористон, муассисаест барои муоличаи беморони бистари. Б.-е, ки ба хайати он дармонгох (поликлиника) дохил мешавад (Б.-и муттахид), муассисаи табобати ва профилактики буда, ба ахоли ёрии тиббии гуногун ва махсус мерасонад. Б.-хо чанд навъанд: чумхурияви, вилояти, минтакави, шахри ва нохияви. Б.-хо умуми (иборат аз чанд шуъбаи гуногун) ва махсус (Б.-хои касалихои сил, сирояти, рухи, чашм ва г.) мешаванд. Б.-хои кудакона хам ду навъанд: умуми ва махсус. Б.-и ёрии тиббии таъчили статсионари ва гайристатсионари мешавад. Агар Б. дар заминаи мактаби олии тибби ё пажухишгох амал кунад, онро Б.-и клиники меноманд. Б.-хое низ мавчуданд, ки ба мардум мувофики касб хизмат мерасонанд (Б.-и кормандони рохи охан, милитсия ва г.)
Б. аз шуъбахои кабулгох (дар ин чо духтур беморро муоина карда, хуччати тибби медихад, тадбирхои санитарию гигиени мегузаронад), муолича (чаррохи, терапевти ва г.), ташхису табобат (рентгенологи, физиотерапевти), лабораторияхо, дорухона, ошхона, хонаи либосшуи ва г. иборат аст. Хайати хизматрасон ва духтурони Б. ба микдори кат вобаста мебошад.
Ба Б. беморонеро равон мекунанд, ки онхо ба муоина ва муоличаи муттасили тибби мухточанд. Ба бемор роххат (барои табобати статсионари)-ро духтури дармонгох ва дар холати таъчили духтури ёрии таъчили медихад. Шифои мариз дар Б. нафакат ба имкониятхои тибби, балки ба худи у ва хешу табораш низ вобаста аст. Рафтори дуруст, кайфияти хуш, бовари ба муолича, ичро кардани тамоми гуфтахои духтур, риояи пархез, инчунин итоат ба режими Б. шарти мухими табобати босамар аст.
Дар каламрави хозираи Точикистон аввалин Б. (дорои 40 кат) с. 1913 ба истифода дода шудааст. Дар он 13 наф. духтур ва 32 наф. корманди миёнаи тибби фаъолият доштанд. Аз хизмати Б. асосан амалдорон,харбиён ва мансабдорони подшох бахра мебурданд. Баъди ташкил ёфтани ЧШС Точ. хифзи тандурусти ру ба пешрави ниход. С. 1929 дар чумхури 22 Б. фаъолият мекард (дар онхо 990 кат гузошта шуда буд). Баъди дар пойтахт ташкил карда шудани Ин-ти давлатии тиббии Точикистон (с. 1939) ва тарбия ёфтани мутахассисони махалли адади Б.-хои чумхури афзуд. С. 1940 дар чумхури 121 Б.-и дорои 4490 кат вучуд дошт. С. 1984 дар ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино зиёда аз 600 наф. духтурон тайёр карда шуданд. Ин имкон дод, ки шабакаи Б.-хои чумхури беш аз пеш васеъ гардад. Онхо бештар махсусонида, бо асбобу анчомхои зарури ва дастгоххои замонави тачхизонида мешуданд. С. 1984 дар 319 Б.-и дорои 42790 кат 10818 наф. духтурон фаъолият доштанд. Баъзе Б. барои табобати беморихои чудогона махсус гардонида шуданд, мас., Б.-и амрози пуст, Б.-и касалихои чашм, Б.-и амрози пуст, Б.-и касалихои чашм, Б.-и бемории сил ва г.
Баъди ба даст овардани истиклолияти давлати дар Чумхурии Точикистон бисёр Б.-хо бо тачхизоти замонави ва дастгоххои компютери мучаххаз гаштанд. Айни хол дар чумхури 132 Б.-и дехоти, 61 Б.-и нохияви ва 24 Б.-и шахри фаъолият дорад (янв. 2010). Баъзе Б.-хо ба марказхои тибби табдил дода шудаанд.

Б.Ш. Гадоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …