Главная / Илм / БЕКТОШи

БЕКТОШи

grossularia_reclinataБЕКТОШи (Grossularia reclinata), крижовник, як навъ буттамева. Аз 0,5 то 2 м кад мекашад. Барги думчадори сабз ва гули зангулашакли сабзтоб дорад. Мевааш мудаввар ё байзашакли зард, аргавонии сертухм. Б. аз каламча зиёд мешавад. Дар Точикистон чанд навъи Б.-ро, ки дар натичаи дурага кардани он бо намудхои Б.-и америкои руёнида шудааст, мепарваранд. Дар шароити Точикистон Б. аз апр. – май то авв. июл гул мекунад. Б. растании асаловар аст. Зуд реша ронда, дар 2 – 3-солаги мева медихад. Мевааш 8 – 11% канд, 1,2 – 1,7% кислотахои органики, 0,88% моддахои пектини, витаминхои B, C, P, каротин, намакхои охан ва фосфор дорад.
Меваи Б.-ро тару тоза мехуранд; аз он инчунин мураббо ва компот тайёр мекунанд. Меваи Б. мубодилаи моддахоро бехтар ва галаёни хунро паст менамояд; истеъмоли он барои беморони гирифтори амрози меъдаю рудахо нафъ дорад, кабзияти музминро мекушояд. Табибон истеъмоли меваи Б.-ро дар мавриди беморихои гурда ва пешобдон низ тавсия медиханд. Меваи пухтарасидаи Б. хосияти зиддиомоси дошта, ба рагхои хунгард устувори мебахшад. Чушоби онро дар мавриди гиповитаминозхо, норасоии охан, фосфор, мис, ихтилоли мубодилаи моддахо (мас., дар аснои фарбехи), истиско, хуншори таъин мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …