Главная / Илм / БЕХТЕРЕВ Владимир Михайлович

БЕХТЕРЕВ Владимир Михайлович

bekhterev-vladimir-mihailovichБЕХТЕРЕВ Владимир Михайлович (1. 2. 1857, дехаи Соралии губ. Вятка – 24. 12. 1927, Москва), невропатолог, психиатр, психолог, физиолог ва морфологи шурави. Академияи тиббии чаррохиро хатм кардааст (1878). Аз с. 1885 мудири кафедраи психиатрияи Донишгохи Казон буд. Б. бори аввал дар хамин донишгох лабораторияи психофизиологи ташкил кард, журнали «Неврологический вестник» ва Чамъияти казонии невропатолог ва психиатрхоро таъсис кард. Аз с. 1893 проф. Академияи харби-тиббии Петербург, проф. Ин-ти тиббии занона (1897), директори Ин-ти психоневрология (1908) буд. Аз с. 1918 ба Ин-ти омузиши магзи сар (холо Ин-ти давлатии рефлексологии ба номи В. М. Бехтерев оид ба омузиши магзи сар) рохбари кардааст. Асархои Б. ба асосхои тарбия ва рафъи аномалия дар рафтори одам бахшида шудаанд. Б. беморихои шахшавии сутунмухра (бемории Бехтерев), атаксияи (харакати берабт)-и шадиди майначавии майзадагон ва г.-ро муайян кардааст. Барои муоличаи беморихои асаб ва рухи давои «микстураи Бехтерев»-ро хосил карда, бо мехнат ва тарбияи чисмони табобат кардани ин касалихоро низ таъкид намудааст.
Ос.: Основы учения о функциях мозга, СПБ, 1903 – 07; Психика и жизнь, СПБ, 1904.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …