Главная / Илм / БЕХИССОЗИИ МАВЗЕи

БЕХИССОЗИИ МАВЗЕи

blokadaБЕХИССОЗИИ МАВЗЕи, бехиссозии чузъи, бо рохи сунъи фуру нишондани эхсоси дард. Ба Б. м. дар натичаи инхисор (блокада)-и системаи асаби канори ноил гаштан мумкин аст. Б. м. барои бедард гузарондани чаррохихои гуногун, бандинагузори ва ташхиси беморихо имконияти мусоид фарохам меорад. Б. м.-ро бештар дар амалияи амбулатори кор мефармоянд.
Чанд рохи Б. м. мавчуд аст: хунук кардани пуст; ба луобпардахо молидани махлули дорухои карахтгардон; ба бофта ва чавфи бадан фиристодани дорухои бехиссозанда ва г.
Хангоми буридани думбалхо каблан пустро хунук менамоянд. Бо ин максад ба сатхи пуст хлориди этил пошида мешавад. Бехисгардонии луобпардахо дар амалияи оториноларингология истифода мегардад. Барои бедард гардондани карния ва конъюнктива доруро бевосита ба чашм мечаконанд.
Бехисгардонии чузъие, ки онро дар натичаи ба бофтахо ва чавфи бадан фиристодани дорухои рафъи дард амали месозанд, иртишохи (инфилтратсияви), интиколи ва хароммагзи мешавад. Бехисгардонии инфилтратсияви тавассути дору (новокаин, тримекаин) кабат ба кабат карахт сохтани бофтахоро дар назар дорад. Махсусан бехиссозии инфилтратсиявии Вишневский маъмул аст (онро бо новокаин амали мегардонанд). Ба бехисгардонии интиколи метавон бо рохи бевосита ба шафати асаб фиристодани новокаин ноил гашт. Дар натича хисси дард дар мавзее, ки асаби мазкур чой гирифтааст, бархам мехурад. Бехисгардонии интиколи ду навъ – дохиливариди ва дохилиустухони мешавад. Усулхои мазкур дар мавриди амалиёти чаррохи дар дасту пойхо истифода мегарданд.
Бехисгардонии хароммагзиро асосан зимни чаррохии узвхои коси хурд, чавфи шикам, инчунин пойхо кор мефармоянд.
Бемор, одатан, Б. м.-ро хуб паси сар мекунад. Оризахои амалиёт факат дар сурати истифодаи вояи зиёди дору ё сахван ба мачрои хун фиристодани он ба вучуд меоянд. Барои организм бадпазир будани дору низ метавонад боиси сар задани оризахои гуногун шавад (мас., аллергия). Оризаи хавфноки Б. м. анафилаксия аст.
К.Н. Носиров.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …