Главная / Илм / БЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХАВЗАХОИ ОБ

БЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХАВЗАХОИ ОБ

basseynБЕХДОШТИ САНИТАРИИ ХАВЗАХОИ ОБ, мачмуи тадбирхои конунбарори, ташкили ва санитарию техникиест, ки бахри пешгирии ифлос гаштани манбаъхои об равона шудаанд. Зарурати Б. нимаи дуюми а. 19 ба сабаби тараккиёти саноат, сохтмони системаи мутамаркази таъмини об, канализатсия, обпартою корезхо ба миён омад.
Б. масъалаи хеле мухим аст, чунки бо партови саноат, пасобхои рузгор ва баъзе моддахои химиявии кишоварзи олуда гардидани хавзахои об барои саломати хавфи калон дорад. Манбаъхои об бештар дар натичаи нодуруст истифода бурдану нигох доштани нурихои минерали ва пестисидхо захролуд гашта, шароити санитарии таъмини обро бад мегардонанд. Конунхо рочеъ ба Б. мунтазам такмил меёбанд ва масъулияти ташкилоту хочагихоро барои андешидани тадбирхои пешгирии ифлос гаштани хавзахои об афзун менамоянд.
Такмили чараёни технологии истехсолоти кампартов, тоза карда сипас истифода бурдани пасобхо, иваз намудани маводи зарарнок бо моддахои безарар ё таъсири захрашон суст, аз партовхо чудо карда гирифтани унсурхои зарури, дар атрофи манбаъхои об бунёд сохтани иншооти санитари ва г. аз чумлаи тадбирхои самараноки Б. мебошанд.
Дар моддаи 226 Кодекси чиноятии ЧТ (Ифлос кардани об) барои ифлос ё олуда кардани манбаъхои об чазо пешбини карда шудааст. Коидахои бехдошти хавзахои об дар аксар конунгузорихо ва диг. санадхои меъёрии хукуки низ кайд гаштаанд. Мас., дар Кодекси оби ЧТ коидахои хифзи об аз ифлоси, муайян намудан ва ситонидани пардохт, меъёрхои партови ифлоскунанда ва г. мавчуданд. Ниг. низ Хифзи мухити зист.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …