БЕХДОШТИ МАНЗИЛ. Асоси бехдошти хона тозаги ва тартибот мебошад. Хонаро бо мебел пур кардан лозим нест, зеро рубучини онро мушкил мекунад ва боиси чамъ шудани чанг мегардад. Барои тоза нигох доштани хона хар руз чанги онро тоза карда, фаршро бо чуткаи намнок руфтан (хафтае як маротиба), тирезахоро зуд-зуд шустан лозим аст. Мебелхои мулоим ва колинхоро бо чангкашак тоза кардан бехтар аст. Барои он ки хавои хона доимо тоза бошад, бодхони тирезаро кушода хонаро хар руз 3 маротиба (пагохи вакти варзиш, хангоми хонагундори ва шабона пеш аз хоб 30 дакика) шамол медиханд. Тобистон тирезахоро кушода мемонанд. Агар дар хона бачахо, муйсафедон ё шахсони бемор бошанд, хонаро бо эхтиёт шамол медиханд. Барои бехтар шамол додани хона аз конденсионерхо истифода мебаранд. Дар матбах, ташноб ва хочатхона хавокашхо мавчуданд. Вакти рубучин чангкашакхоро низ пок кардан лозим аст. Азбаски як микдори мубодилаи хаво тавассути девор ба вучуд меояд, ба деворхои хонахои истикомати молидани ранги равганин чоиз нест.
Харорати хавои хона бояд хатталимкон доими бошад: бахорон аз 22° то 25°С, зимистон аз 20° то 22°С (на камтар аз 18°С). Барои гарм кардани хона аз кондитсионер, чакдонхои электри ва радиаторхо истифода мебаранд. Дар хонахои печкадор хангоми истифодаи сузишвори аз губори ангишт эхтиёт шудан лозим. Сузишвориро нагз омехта, баъди пурра сухтанаш даричаи поёни печкаро махкам кардан даркор аст.
Барои салкин кардани хавои хона аз кондитсионер истифода мебаранд. Он баробари муътадил гардонидани харорат хавои хонаро аз чангу нам низ тоза мекунад. Яке аз сабабхои сернамии хона нодуруст нигох доштани бино, яъне бад гарм кардан, нодуруст шамол додан, зуд-зуд чомашуи кардан ва дар дохили хона хушконидани либос мебошад. Намнокии хона боиси беморихои илтихоби гашта, барои дару девор, мебел низ зарар дорад. Бинобар ин дар ташноб чомашуи карда, либосхоро дар айвон ё руи хавли хушконидан даркор аст. Ба чойхои истифодаи умуми, ба монанди матбах, диккати махсус додан зарур мебошад. Барои он ки дар хона магас, нонхурак ва мушу калламуш пайдо нашаванд, болои хурок ва зарфхои ношустаро пушида, хурокхои бокимондаро сари вакт партофтан лозим аст. Ваннаро баъди истифода мешуянд, сурохихои обравро тоза мекунанд. Унитазро хар руз бо чуткаи махсус шустан шарт аст. Барои шустану дезинфексия кардани унитаз ва сатилхои ахлот моддахои махсус истехсол мешаванд. Ниг. низ Дезинфексия, Дератизатсия, Дезинсексия.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …