Главная / Илм / БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТХОИ ЭКРАНИ МОНИТОР

БА ТАНЗИМОРИИ ХОСИЯТХОИ ЭКРАНИ МОНИТОР

Хангоми кор дар Windows истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки шакли экран ва элементхои онро мувофики таъби худ ба тартиб орад. Истифодабаранда метавонад, ки барои сатрхои сарлавха ва менюи равзанахо, матнхои чудокардашуда ва гайра тобишхои рангиро мувофики таъби худ интихоб намояд. Барои ороиш ва зебу зиннат додани Мизи кории система истифодабаранда дар ихтиёри худ воситахо ва имкониятхои сершумор дорад.

Барои батанзимории хосиятхои экран, дар Панели идоракунии Windows мо бояд нишонаи Экранро интихоб кунем ва равзанаи папкаи онро кушоем. Равзанаи робитавии Свойства: Экран (Хосиятхои экран) дар расми 51 оварда шудааст.

Батанзимории экран ба воситаи шаш тугмаи кабатии равзана – Фон (Замина), Заставка (Ороиш), Оформление  (Батартибори), Эффекты (Таъсирот), Web (Web), Настройка (Танзим) амали гардонида мешавад. Тугмаи кабатии Замина имконият медихад, ки ранг ва накшу нигори заминаи Мизи кори интихоб карда шавад. Объекте, ки ба сифати заминаи Мизи кори истифода бурда мешавад, асосан аз папкаи С:\Windows гирифта мешавад.

monitorАгар объектхои папкаи Windows кобили кабули истифода-баранда набошанд, он гох у тугмаи командавии Обзор-и рав-занаро пахш намуда, расму накшу нигорхои ба худ мувофиктарро дастрас намуда метавонад. Хангоми интихобкунии объекти заминави, система бо ёрии тугмахои коман-давии Узор… (Накшу нигор…), Расположить (Гузошта ша-вад) ва Применить (Тадбик карда шавад) ба истифодабаран-да шароит мухайё месозад, ки объект тахрир ва сабт карда шуда, дар мобайн ё тамоми экран чойгир карда шавад.

Тугмаи кабатии Ороиш барои интихобкунии тасвири ди-намикии экран ва фосилаи вакти пайдошавии он хизмат менамояд, ки он хангоми бо компютер кор накардани истифодабаранда, ба таври автомати ба кор медарояд. Дар вакти кори тасвири динамикии экран информатсияи аслии дар экранбуда нопадид мегардад. Ин информатсия вакте аз нав пайдо мешавад, ки агар истифодабаранда ягон тугмаи клавиатура ё мушро пахш намояд. Дар ин мавридхо баъзан мегуянд, ки экран ба речаи дамгири гузаштааст. Дар хакикат хам хангоми пайдошавии тасвири динамикии экран, монитор ба речаи сарфакунии энергия мегузарад.

Тугмаи кабатии Батартибории равзанаи Хосиятхои экран барои танзими намуди зохирии элементхои идоракунии Windows пешбини карда шудааст. Бо ёрии воситахои танзимгари ин тугма пеш аз хама рангхо ва хуруфхо интихоб карда мешаванд.

Воситахои иловагии танзими ороишии Мизи кори дар тугмаи кабатии Таъсирот пешбини карда шудаанд. Бо ёрии тугмаи кабатии Web-сахифахои Итернетро дар Мизи кори чойгир кунонидан мумкин аст.

Тугмаи кабатии Танзими равзанаи Хосиятхои экран барои ба танзимории параметрхои гунчоиши ва рангии экран хизмат мерасонад. Микдори рангхои дар экран истифодашаванда бо ёрии руйхати Цветовая палитра (Палитраи ранги) ва гунчоиши нуктахои экрани бо ёрии тездаваки Область экрана (Сохаи экран) ба танзим оварда мешаванд. Киматхои худудии ин параметрхо аз хосиятхои видеоадаптер ва монитор вобастаанд.

Саволхо:

  1. Батанзимории хосиятхои экран гуфта чи дар назар дошта шудааст?
  2. Чи тавр хосиятхои экранро ба танзим овардан мумкин аст?
  3. Тугмаи кабатии Заминаи равзанаи Хосиятхои экран кадом вазифахоро ичро менамояд?
  4. Функсияи тугмахои кабатии Ороиш, Батартибори, Таъсирот, Web ва Танзим дар чист?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва мазмуни онро мухтасар дар дафтар сабт намоед.
  2. Равзанаи Хосиятхои экранро кушоед ва ба тугмахои кабати ва дигар элементхои он шинос шавед.
  3. Аз имкониятхои тугмаи кабатии Заминаи равзанаи Хосиятхои экран истифода бурда намуди зохирии Мизи кории системаро тагйир дихед.
  4. Бо ёрии тугмахои кабатии Ороиш ва Батартибори тасвири динамикии экран ва фосилаи вакти пайдошавии он ва хамчунин намуди зохирии элементхои идоракунии Windows-ро ба танзим оред.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …