Главная / Чамъият / БА ШАХСИ ДИГАР СУПОРИДАНИ САНДУКИ КАРЗИ

БА ШАХСИ ДИГАР СУПОРИДАНИ САНДУКИ КАРЗИ

Ба шахси дигар супоридани сандуки карзи, ин пурра ё кисман супоридани карзгирандагон ва парвандаи карзии онхо аз як эксперти карзи ба эксперти карзии дигари бахши бонкдории корпоративии вохиди амалиётии Ташкилот мебошад.

Супоридани сандуки карзи дар холатхои зерин зарур шуморида мешавад:

Эксперти карзи пурра сандуки карзии хешро, бинобар сабаби гузаштанаш ба вазифа ё кори дигар месупорад;

Эксперти карзи кисман / то вакти муайян, бинобар сабаби ба рухсатии мехнати баромадан ё худ то вакти муайян кобилияти кориашро аз даст додан (нотоб шуданаш) сандуки карзии хешро месупорад;

Ба шахси дигар супоридани сандуки карзи

  • Кумитаи карзии филиал / вохиди амалиётии Ташкилот пешниходи сардори бахши карзиро доир ба масъалаи чи тавр аз эксперти карзии «собика» ба эксперти карзии «нав» гирифта супорида шудани карзгирандагонро дида мебарояд. Ин аз нав таксимкунии карзгирандагон, шартхои он ва мухлатхо, бояд дар Пайнавишти Кумитаи карзи оид ба супоридани сандуки карзи (Замимаи №27) инъикос шаванд.
  • Хангоми аз нав таксимкуни, бояд худудхои фаъолияти эксперти карзи, дониш ва тачрибаи кории эксперти карзи, ваколатхои у ба инобат гирифта шаванд.
  • Эксперти карзие, ки ба у карзгиранда супорида мешавад, бояд ба таври дакик парвандаи карзиро омузад ва бояд ба таври расми аз чониби эксперти карзии кабли / супорида истода ба карзгиранда муаррифи / шинос карда шавад. Ин тадобир, ташрифории якчояи хар ду эксперти карзи – экспертони карзии супоранда ва кабулкунандаи парвандаи карзи, ба махалли тичорат ва хочагии манзилии карзгирандаро дар бар мегирад.
  • Ташрифории мазкурро анчом дода ва бовари хосил намуда, ки парвандаи карзи пурра ва дуруст тартиб дода шудааст, экспертони карзии супорида истода ва кабулкунанда, аз руи натичахои кабул ва супурд, Санади кабул ва супоридани парвандахои карзиро ба имзо мерасонанд (Замимаи №28).
  • Барои хар як парвандаи карзии супурда шуда / кабул карда шуда, Санадхои алохидаи кабул ва супурд ба имзо расонида мешаванд.
  • Хангоми имзо гузоштан ба Санади кабул ва супурди парвандаи карзи, эксперти карзии парвандаи карзиро кабул карда истода, дар баробари он карзхое, ки худи у додааст, масъулияти пурраро барои карзи мазкур ба зиммаи худ мегирад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …