Главная / Илм / БАРТОЛИНИТ

БАРТОЛИНИТ

bartolinitБАРТОЛИНИТ (Bartholinitis), газаки гадудхои калони вурудгохи махбал (ба ном гадудхои Бартолини). Ба даханаи нойи гадудхо даромадани микробхои беморизо (гонококкхо, стрептоккокхо, стафилоккокхо ва г.) боиси Б. мегардад. Хангоми Б.-и гоноккоки (сузоки) даханаи нойи гадуд аз хар ду тараф газак мегирад. Дар аввал Б. беморро одатан ташвиш намедихад: андак сахт шудани вурудгохи махбал дарди сабук пайдо карда, баъзан тарафи рост ё чапи кадкашак хала мезанад. Вале агар бемориро муолича накунанд, варам калон шуда, нойи гадудро мебандад. Дар натича усораи фасоднок дар ной чамъ мешавад ва боиси думбал (маддахона) мегардад.
Хангоми баста шудани ной ва чамъ гаштани фасод гадудхои бартолини сахт дард карда, баъзан то ба андозаи тухми мург калон мешаванд: бемор таб бароварда бистари мегардад. Агар маддахона худ аз худ кафад, дард нест ва харорати бадан муътадил хохад шуд. Аммо баъд аз чанд вакт бемори аз дигар хуруч карда, носур хосил мешавад. Бинобар ин дар аснои хатто андаке сахт шудани вурудгохи махбал бояд ба духтур мурочиат кард. Сари вакт табобат кардани Б. инкишофи минбаъдаи бемори ва оризахои онро пешгири менамояд.
Муоличаи Б.-ро духтур таъин мекунад. Дар мавриди Б.-и шадид аз шамъчахои дардбар, антибиотикхо, хунуки (дар мавзеи гадудхо) истифода мебаранд. Хангоми бад шудани вазъи мариз уро хатман дар беморхона хобондан лозим.
Бо максади пешгирии Б. риояи коидахои гигиенаи шахси, рох надодан ба алокаи чинсии тасодуфи, сари вакт табобат кардани вулвит, колпит, уретрит ахамияти калон дорад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …