Главная / Илм / БАРОМАДАНИ МАКЪАД

БАРОМАДАНИ МАКЪАД

baromadani-makadБАРОМАДАНИ МАКЪАД (Prolapsus recti), афтодани рудаи рост. Асосан дар мардхо ба мушохида мерасад. Сабабхои Б. м. баланд будани фишори дохили шикам, осеби макъад ва мушакхои каъри кос махсуб мешаванд. Рудаи рост хангоми казои хочат, кори чисмони, сулфидан ва рохгарди мебарояд. Б. м. се дарача дорад: дарачаи I – факат дар мавриди казои хочат; дарачаи II – дар вакти кори чисмони ва сулфидан; дарачаи III – хангоми рохгарди ва рост истодан.
Б. м. боиси суст шудани халкамушакхои рудаи рост мегардад. Бисёр вакт аз рудаи рост луоб меравад; ночосат гохо хунолуд мешавад. Б. м., одатан, бедард чараён меёбад (дард факат дар натичаи фишор хурдани рудаи баромада ба вучуд меояд).
Хангоми Б. м. ва захм надоштани девораи руда, онро ба чояш андохтан лозим аст. Ба руда равгани вазелин молида, онро охиста бо сачокчаи равганин (ё ягон мархами дигар) ба дарун тела медиханд; бемор дар ин холат бояд якпахлу дароз кашад ё чоргоб истода сарашро поён афканад. Дар холатхои вазнин будани иллат рударо зери наркоз чо ба чо мекунанд.
Б. м.-и кудаконро бо ёрии машкхои варзиши шифои, хукнарези, ба руда фиристодани дорухо ва г. табобат менамоянд. Муоличаи калонсолон факат бо рохи чаррохист.
Бо максади пешгирии Б. м. хамаи он беморихоеро, ки сабаби суст гаштани мушакхои каъри кос мешаванд, бояд саривакт табобат кард.
Ш.Б. Полвонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …