Главная / Чамъият / БАРНОМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОН

БАРНОМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОН

Замимаи 1 ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “28” июли соли 2017, № 357

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОХАИ МАОРИФИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2018-2022

1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  1. Системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маорифи Чумхурии Точикистон яке аз кисматхои мухимтарини системаи тахсилот буда, дар баланд бардоштани сифати тахсилот ва инкишофи неруи зехнии омузгор накши муайянкунанда дорад.
  2. Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маорифи Чумхурии Точикистон барои солхои 2018-2022 (минбаъд – Барнома) бо назардошти талаботи Стратегияи миллии рушди маорифи Чумхурии Точикистон то соли 2020 тахия шудааст.
  3. Барнома хуччати инъикоскунандаи вазъи муосири системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф буда, самтхои асосии рушди системаи такмили ихтисосро бо дарназардошти тачрибаи пешкадам, дастовардхо, хамчунин эхтиёч ва талаботи Чумхурии Точикистон, ки ба рушди ичтимоию иктисоди вобастаанд, муайян мекунад. Мачмуи тадбирхо вобаста ба рушди системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф дар асоси банакшагири ва татбики ислохоти сохаи маориф тахия гаштааст. Санчиш ва мониторинги тахлилии гузаронидашуда муайян намуд, ки дар системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф бояд муносибатхои нави чавобгу ба талаботи замони муосир ба рох монда шаванд.
  4. Такмили ихтисос чараёни доимии сайкал додани махорати касбии омузгор бо рохи худомузи, иштирок дар кори иттиходияхои методи, конфронсу семинархои омузиши, омухтани тачрибаи пешкадами педагоги ва тахсил дар курсхои такмили ихтисос мебошад.
  5. Бозомузии касбии кормандони сохаи маориф тахсилоти иловагии баъдидипломи буда, бо максади ба тахассуси нави педагоги мутобикгардонии корманди сохаи маориф ташкил карда мешавад.

2. ВАЗЪИ КУНУНИИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОХАИ МАОРИФ

  1. Мутобики санадхои меъёрии хукуки ва таксимоти маъмурию худуди такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маорифи Чумхурии Точикистон дар салохияти муассисахои такмили ихтисос мебошад. Тартиби гузариш аз такмили ихтисос дар 5 сол як маротиба мукаррар шудааст. Шакл ва давомнокии такмили ихтисос ва бозомузиро Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. Низоми маблаггузории системаи такмили ихтисос ва бозомузии касби тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи маориф” муайян карда мешавад.
  2. Такмили ихтисоси кормандони сохаи маориф аз руйи таксимоти маъмурию худуди дар муассисаи давлатии “Донишкадаи чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф” ва филиалхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхои Сугду Хатлон ва шахри Душанбе ба амал бароварда мешавад. Омузгорону сарварони муассисахои таълими, мудирони кабинетхои методи, нозирон, мушовирони шуъбахои маориф, рохбарони иттиходияхои методи, омузгорону кормандони муассисахои тахсилоти махсус, сарварону омузгорони муассисахои тахсилоти ибтидои ва миёнаи касбии Чумхурии Точикистон ва омузгорону кормандони дигари сохаи маорифи нохияхои тобеи чумхури, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, дар муассисаи давлатии “Донишкадаи чумхуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони сохаи маориф” ва дигар муассисахои такмили ихтисос аз такмили ихтисос ва бозомузи мегузаранд.
  3. Мутобики санадхои меъёрии хукукии сохаи маориф дар давраи гузаштан аз курсхои такмили ихтисос ба шунавандагон маблаги харочоти наклиёт, ккрояи манзили истикомат (аз руйи зарурат) ва харочоти шабонарузи бо тартиби мукаррарнамуда мувофики карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 октябри соли 2008, № 531 “Дар бораи пардохти харочоти сафархои хизматии хизматчиёни давлати ва кормандони ташкилоту муассисахои давлати ба кишвархои хоричи, инчунин дар дохили Чумхурии Точикистон” ва аз 31 январи соли 2015, № 38 “Дар бораи Дастурамал оид ба тартиби пардохти харочоти сафархои хизматии хизматчиёни давлати ва кормандони ташкилоту муассисахои давлати ба кишвархои хоричи, инчунин дар дохили Чумхурии Точикистон” аз хисоби маблагхои ба ин максад пешбинигардида пардохт карда мешавад. Дар давраи аз курси такмили ихтисос гузаштани кормандони сохаи маориф музди мехнат ва чойи кори онхо нигох дошта мешавад.
  4. Аз руйи натичаи аттестатсия ба шунавандагони курси такмили ихтисос шаходатномаи намунаи давлати дода мешавад. Ба шунавандагони курси бозомузи бо карори комиссияи аттестатсиони дипломи намунаи давлати дода мешавад.
  5. Такмили ихтисос аз руйи низоми ягона амали карда мешавад. Сиёсати давлати оид ба системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф ба муассисахои татбиккунандаи барномахои таълимии такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф ичозатномаи фаъолият дода, аз аккредитатсияи давлати мегузаронад. Барномахои таълимии такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф аз тарафи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
  6. Мутобики талаботи таксимоти ваколатхо дар сохтори макомоти махалии маориф кабинетхои методи фаъолият мекунанд. Вазифаи кабинетхои методи аз расонидани кумаки методи ба омузгорон ва директорони муассисахои таксилоти миёнаи умуми дар фосилаи байни курсхои такмили ихтисос, дастгирии омузгорони чавон ва хавасмандгардонии рушди малакахои касбии омузгорон тавассути гузаронидани шурохои методи, озмунхо, таргиби тачрибаи пешкадам ва ташкили тачрибаомузии омузгорони муассисахои таълими мебошад.
  7. Омузгорони чавоне, ки тачрибаи кориашон аз 3 сол зиёд нест, аз руйи меъёри рохнамои малакаи касбии худро такмил медиханд. Рохнамо аз чумлаи омузгорони тачрибадор дар асоси хуччати тасдиккунандаи директори муассисаи таълими ба омузгори чавон вобаста карда мешавад. Вазифаи рохнамо аз дастгирии методию машварати ва кумак расонидан дар тахияи маводи таълимию методи иборат мебошад.
  8. Директори муассисаи таълими накшаи таквими ва дурнамои такмили ихтисосро (барои 1 сол ва 5 сол) дар мувофика бо кабинетхои методи тахия намуда, ба муассисаи такмили ихтисос пешниход менамояд. Дар асоси ин маълумот донишкадаи чумхурияви накшаи таквими ва дурнамои курсхои такмили ихтисосро (барои 1 сол ва 5 сол) тартиб дода, барои тасдик ба Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон пешниход менамояд. Инчунин дар асоси нн маълумот аз хисоби маблагхои пешбинигардида маблаггузории харочоти аз курси такмили ихтисос гузаштани омузгорон ба накша гирифта мешавад.

3. МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

  1. Максади амалисозии Барнома аз такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси чавобгу ба талаботи тахсилоти чахони, татбики шаклхои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони сохаи маориф, ки ба такмили доимии касбу неруи зехнии худ кушиш мекунанд, иборат мебошад.
  2. Вазифахои Барнома:

– гузаштан ба низоми нави такмили ихтисос;

– ташкили системаи мутамаркази такмили ихтисос, тахия ва тасдики санадхои меъёрии хукукии соха;

– чори намудани системаи модулию кредитии такмили ихтисос ва бозомузи;

– истифодаи барномахои таълимии алтернативии ба дархосту сатхи омодагии шунавандагон мувофик;

– ба талаботи замони муосир мутобик сохтани мазмун ва мундаричаи такмили ихтисос;

– чори намудани низоми идоракунии автоматикунонидашуда ва нуктахои электронии иттилооти;

– мукаммал намудани пояи моддию техники, иттилооти, таълимию методи ва кадри дар низоми такмили ихтисос ва бозомузи;

– чори намудани меъёри талаботи давлати ба барномахои такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф;

– тадричан гузаштан ба шакли фосилавии такмили ихтисос;

– коркарди шаклхои ракобатпазири такмили ихтисос бо максади таъмини тахсилоти босифат;

– тавассути системаи сезинагии такмили ихтисос (минтакави, махалли ва муассисаи таълими) ташаккул додани шаклхои мухталифи дастгири дар рушд ва инкишофи малакаи касбии омузгор;

– густариш додани корхои илмию тахкикоти бо максади дарёфти роххои самараноки баланд бардоштани махорати касбии кормандони сохаи маориф;

– мувофик намудани мазмуни такмили ихтисос ба стандартхо ва технологияи навини тахсилот;

– бо дарназардошти такмили махорати касби аз аттестатсия гузаронидани омузгорони муассисахои тахсилоти умуми бо максади ба онхо додани дарачаи олии тахассуси.

  1. Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон хамчун ваколатдори макомоти марказии хокимияти давлати дар амалигардонии Барнома масъул аст. Хамасола то 20-уми январ Вазорати маориф ва илм ба Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба рафти ичрои накшаи чорабинихои амалигардонии Барнома хисобот пешниход менамояд.

4. МАНБАЪХОИ МАБЛАГГУЗОРИИ БАРНОМА

  1. Маблаггузории Барнома аз хисоби маблагхои хамасола дар бучети давлати барои сохаи маориф пешниходшуда, маблагхои махсус ва аз хисоби дигар сарчашмахое, ки ба конунгузории чумхури мухолифат намекунанд, амали карда мешавад.
  2. Тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чихати амалигардонии Барномаи мазкур метавонанд маблагхои хайрияви, грантхо ва дигар сарчашмахо чалб карда шаванд.
  3. Маблаггузории Барнома хамасола дар доираи барномаи миёнамухлати харочоти давлати тахия карда мешавад.
  4. Механизми нави иктисодии фаъолияти системаи такмили ихтисос ва бозомузии касби тавассути амалишави, гузаронидани мониторинги сифат ва натичагири чори карда мешавад.
  5. Вазорату идорахои дахлдор ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии чумхури маблагхои бо ин максад пешбинишударо дар доираи чорабинихои Барнома истифода мебаранд.

5. НАТИЧАХОИ НИХОИ АЗ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

  1. То соли 2022 дар Чумхурии Точикистон системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф ба талаботи давлати ва тахсилоти чахони чавобгу мегардад.
  2. Системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф ба низоми нави такмили ихтисос мегузарад. Кормандони сохаи маориф имконият пайдо мекунанд, ки вобаста ба талабот ва сатхи тахассуси барномахои таълимиро интихоб намоянд. Аз худ намудани барномахои такмили ихтисос дар шакли фосилави имконпазир мегардад. Барномахои такмили ихтисос ва бозомузии касби дар асоси принсипи модулию мутобикат амали гашта, зудтагйирёбанда ва ба тачриба нигаронида мешаванд.
  3. Кабинетхои методии шахру нохияхо ва иттиходдяхои фаннии муассисахо тавассути мониторинг мунтазам дастгирии методии омузгоронро ба рох мемонанд.
  4. Системаи такмили ихтисос ва бозомузии касбии кормандони сохаи маориф дар доираи супориши давлати фаъолият менамояд.
  5. Системаи баландбардории махорати касбии кормандони сохаи такмили ихтисос ва бозомузии касби мунтазам амал намуда, аз аттестатсияи давраги гузаронида мешавад, ки он барои ташаккул додани хайати муосири кормандони педагогии системаи такмили ихтисос ва бозомузии касби имконият медихад.
  6. Дар муассисахои такмили ихтисос, кабинетхои методии шуъбахои маорифи шахру нохияхо ва муассисахои таълими китобхонахои методии электрони ташкил мешаванд, ки дастрасии омузгорон ва кадрхои рохбарикунандаи системаи тахсилотро ба воситахои методии муосир таъмин менамоянд.
  7. Шабакаи ягонаи электронии идоракунии бахши такмили ихтисос чори карда мешавад.

Замимаи 2

ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “28” июли соли 2017, № 357

НАКШАИ ЧОРАБИНИХО ОИД БА АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СИСТЕМАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМУЗИИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ СОХАИ МАОРИФИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2018-2022

 

 

Номгуи чорабинихо

 

 

Мухлат

 

 

Маблаггузории Барнома Масъул

 

 

Маблагхои махсус Манбаъхои гайрибучети
1, Чори намудани низоми ягонаю мутамаркази такмили ихтисос ва бозомузии касби 2018 25 000   Вазоратхои маориф ва илм, рушди иктисод ва савдо
2 Ташкил ва чихозонидани кабинетхои таълимии фанни дар муассисахои такмили ихтисос 2018-2022 500 000 1000 000 Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати
3. Тайёр кардани кадрхои илмию педагоги дар дохил ва хоричи кишвар барои муассисахои такмили ихтисос мунтазам     Вазорати маориф ва илм
4. Андешидани тадбирхои иловаги чихати пурра ба курсхои такмили ихтисос фаро гирифтани омузгорону кормандони зинахои тахсилоти умуми мунтазам   800 000 Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати
5. Чалби хатмии омузгорону кормандони муассисахои тахсилоти хусуси, махсус ва дигар навъи муассисахо ба курсхои такмили ихтисос ва бозомузи мунтазам     Вазорати маориф ва илм
6. Ташкил ва гузаронидани курсхои доимамалкунанда барои омузгорони муассисахои тахсилоти умуми чихати омузонидани усулхои истифодабарии технологияи нави иттилоотию таълими мунтазам     Вазорати маориф ва илм
7: Бо истифода аз неруи зехни ва тачрибаи пешкадами омузгорони навовару эчодкор коркард ва пешниходхои технологияи нави таълими вобаста ба ислохоти сохаи маориф мунтазам     Вазорати маориф ва илм
8. Такмили заминаи моддию техники ва ба шабакаи интернет пайваст намудани муассисахои такмили ихтисос 2018-2019     Вазорати маориф ва илм
9. Тахияи барномахо, ташкили курсхои бозомузи ва чори намудани тахсилоти фосилави дар системаи такмили ихтисос 2018-2019     Вазоратхои маориф ва илм, рушди иктисод ва савдо
10. Ташкили китобхонахои электрони ва гани гардонидани фонди захиравии онхо бо мавода таълими, методи ва илмию бадеи дар муассисахои такмили ихтисос 2018-2022   400 000 Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати
11. Доир намудани озмунхо, тартиби тачрибаи пешкадам, семинархои омузиши, конференсияхои илмию амали ва симпозиумхо 2018-2022     Вазорати маориф ва илм
Хамаги:   525 000 2 200 000  
           

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …