Главная / Чамъият / БАРНОМАИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ТОЧИКИСТОН cc. 2016-2020

БАРНОМАИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ТОЧИКИСТОН cc. 2016-2020

Замимаи 1 Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “26” ноябри соли 2016, № 503 тасдик шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020

1. МУКАРРАРОТИ УМУМи

  1. Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 (минбаъд-Барнома) чихати фарохам овардани шароити мусоид ба амалишавии сиёсати давлатии иктисодии хоричи, баланд бардоштани ракобатнокии махсулоти ватани дар бозори дохили ва хоричи тахия гашта, ба афзун гардонидани хачми содирот, кохиш додани хиссаи молхои истеъмоли ва хизматрасони дар хачми умумии воридот равона гардидааст.
  2. Барои ноил гардидан ба он дар доираи Барнома ичрои вазифахои стратегии зерин, ки дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд, огоз карда мешавад:

voridot-sodirot

– ба таври назаррас кам кардани вобастаги аз махсулоти воридотии асосии ниёзи мардум;

– таъмини болоравии истехсоли махсулоти содироти ва воридотивазкунанда тавассути андешидани тадбирхо дар самтхои пешниходи механизми самараноки дастгири ва хавасмандгардонии истехсолкунандагон ва содиркунандагони молхои ватани ва гузаронидани ислохоти зарури дар бахшхои вокеи;

– таъсис додани марказхои муосири логистики ва васеъ кардани долонхои байналмилалии коммуникатсиони, наклиёти ва иктисоди;

– ба талаботи стандартхои байналмилали мутобик кардани хизматрасонии хатсайрхои рохи охан, автомобили, хавои ва намудхои дигари наклиёт;

– таъмин намудани болоравии истехсоли махсулоти содироти ва воридотивазкунанда тавассути андешидани тадбирхо чихати мусоидат ба содиркунандагону сармоягузорони эхтимоли, инкишофи хамкори, занчирхои арзиши иловашуда ва гурухбанди.

  1. Зимни тахияи Барнома тачрибаи амалишави ва сабакхои аз татбики Барномаи рушди содироти Чумхурии Точикистон то соли 2015 гирифташуда, инчунин хусусиятхои вазъи чории савдои байналмилали ва тамоюлхои нав дар сохаи чахонишави ва хамгироии минтакави ба назар гирифта шуданд.
  2. Дар асоси натичахои тахлили гузаронидашудаи такризии фаъолияти иктисодии хоричи дар давраи аз соли 2000 то соли 2014 мушкилоти асоси ва омилхои боздорандаи содирот ва воридотивазкуни ошкор гардида, омилу сабабхои ракобатпазир набудани истехсолкунандагони ватани муайян карда шуданд. Интихоби самтхои стратегии содироти дорои афзалиятхо барои ракобат бо дарназардошти тахлили самтхои ояндадор ва бозорхои максаднок асоснок карда шудааст. Бо дарназардошти дурнамои воридотивазкуни ва имкониятхое, ки дар бобати таъсис аз сифр, эхё ва афзун намудани иктидорхо дар бозори дохили мавчуданд, афзалиятхои бахшу сохахо муайян карда шуда, мавкеъхои моли дакик карда шуданд.
  3. Мушкилоти рушди институтсионалии содирот ва воридотивазкуни дар Барнома мавкеи асоси дошта, рохи халли мантикии худро дар чорабинихо оид ба такмили заминаи меъёрии хукукии ислохоти сиёсати савдо ва соддагардонии расмиёти содироту воридот, мусоидат ба чалби сармоягузории мустакими хоричи ва технологияхои нав, бунёди сохторхои дастгирии содирот, бехтар намудани инфрасохтори содирот ва содироти дар минтакахои озоди иктисоди, ташкили шабакаи интикол ва фуруши мол дар хорича, таквияти неруи инсони ва тарбияи кадрхо барои сохторхои дастгирии содирот ва воридотивазкуни пайдо намуданд.
  4. Дастгирии давлатии содирот ва воридотивазкуни дар доираи Барномаи мазкур тадбирхои воридоти бе андозу бе бочи технологияхо ва тачхизоти нав, хавасмандгардонии содирот дар доираи созишномахои Созмони Умумичахонии Савдо, такмили батанзимдарории гумруки ва асъори, чорахои зиддидемпинги ва мухофизати, омилхои андози ва механизмхои молиявию карзи, аз чумла бехтар намудани дастраси ба молияи содироткунандагон ва истехсолоти воридотивазкунанда, инчунин тадбирхои махсуси сохавиро пешбини менамояд.
  5. Баланд бардоштани ракобатнокии махсулот дар бозорхои дохили ва хоричи хамчун омили мухимтарини рушди содирот ва воридотивазкуни дар тадбирхои мушаххас оид ба бехтар намудани сифати махсулот мутобики меъёру стандартхои байналмилали, аз чумла Созмони Умумичахонии Савдо, Иттиходи иктисодии Евразия ва бозорхои дигари эхтимолии фуруш, мукаммалсозии борбанди, тамга ва номи тичоратии мол, чори намудани инноватсия дар истехсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда, мукаммалсозии логистика, инфрасохтори наклиёт ва инкишофи менечменти сифат инъикос меёбад.
  6. Дар кисми хотимавии Барнома параметрхои асосии дурнамои рушди фаъолияти савдои хоричии Точикистон дар солхои 2016-2020, таносуби содирот ва воридот, инчунин дурнамои содирот, воридот ва воридотивазкуни аз руи 20 махсулоти асоси пешниход гардида, механизмхои татбик, инчунин мониторинг ва назорати чараёни ичрои Барнома муайян карда шудаанд. Барнома тибки мукаррароти конунхои Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои инкишофи ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон”, “Дар бораи савдо ва хизматрасонии маиши”, “Дар бораи фаъолияти савдои хоричи”, “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”, “Дар бораи минтакахои озоди иктисоди дар Чумхурии Точикистон”, “Дар бораи назорати содирот”, “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусуси” ва дигар сарчашмахои танзимкунандаи сохахои зикршуда тахия гардидааст.
  7. Дарачаи ноилшави ба вазифахои пешбинигардидаи стратеги ва максаднок бо индикаторхое, ки нишондихандахои макроиктисоди ва параметрхои асосии рушди содирот, воридот ва воридотивазкунии молу хизматрасонихои асосии алохидаро дар бар мегиранд, назорат карда мешавад.
  8. Дурнамои рушди фаъолияти савдои хоричии Чумхурии Точикистон дар давраи то соли 2020 тагйироти хачм ва сохтори содирот ва воридотро дар доираи се сенария пешбини менамояд: “маъюсона” (пессимисти), “вокеъбинона” ва “некбинона” (оптимисти), ки бо дарачаи таъминот бо сармоягузори ва дарачаи бо дастгирии молияви конеъ намудани чорабинихои Барнома муайян мегарданд. Аз руи вокеъбинона амали шудани Барнома имконият медихад, ки то соли 2020 содирот аз руи арзиш кариб 80 фоиз зиёд гардида, таносуби содирот нисбат ба воридот аз 25, фоиз то сатхи 40 фоиз расонида шуда, савдо то 5,9 фоиз ихтисор карда шавад.
  9. Татбики чорабинихои асосии Барнома дар Накшаи чорабинихо инъикос ёфтааст, ки ба се самти ба хам алокаманд асос меёбад: такмили асосхои институтсионалии рушди содирот ва воридотивазкуни, таквияти дастгирии давлатии истехсолоти ватании ба содирот ва воридотивазкуни нигаронидашуда, инчунин баланд бардоштани ракобатпазирии молхои истехсоли Точикистон дар бозорхои дохили ва хоричи. Бешубха, дар доираи як барнома хал намудани хамаи мушкилоти марбут ба рушди содирот ва воридотивазкуни имконнопазир аст, бинобар ин тадбирхои алохидаи мушаххас ва чорабинихои махсус дар доираи барномахои сохавии тахияшаванда оид ба рушди бахшхои афзалиятноки иктисодиёти милли бо тамоюли дакик ба таквияти имкониятхои содироти ва афзун гардонидани воридотивазкунии ракобатнок пешбини карда хоханд шуд.
  10. Татбики Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамухлати рушди Точикистон барои солхои 2016-2020 хангоми тахия ва татбики Барномаи мазкур ба самараноки, гуногуншакли (диверсификатсия) ва ракобатпазирии бахши вокеии иктисодиёт, рушди неруи инсони, таквияти институтсионали ва гузаронидани ислохоту дигаргунихои чидди афзалияти асоси дода мешавад. Вобаста ба ин дар назар аст, ки Барномаи рушди комплекси агросаноати барои солхои 2016-2020 то охири соли 2016 тахия ва пешниход гардида, тадбирхои мухиму фарогирро оид ба самтхои афзалиятноки номбурда дар сатхи сохахо ва минтакахо муфассал дар бар гирад.

2. ХОЛАТ ВА МУШКИЛОТИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНи ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

§1. Тахлили холати фаъолияти иктисодии хоричии Точикистон

  1. Точикистон дорои иктисодиёти кушода буда, дар он воридоти молу хизматрасонихо аз содироти онхо бештар аст. Озодкунии савдои хоричи дар нимаи солхои 90-уми асри гузашта сурат гирифт. Соли 2012 дар рейтинги савдои глобалии моли Точикистон аз руи содирот ва воридот мутаносибан дар мавкеи 143 ва 140-ум карор дошт (Созмони Умумичахонии Савдо, соли 2014).
  2. Пас аз ба даст овардани истиклолият сохтори чугрофии содироти кишвар комилан тагйир ёфт. Агар соли 1992 содирот ба кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил 62 фоиз ва ба кишвархои хоричаи дур 38 фоизро ташкил карда бошад, пас соли 2014 ин таносуб катъиян тагйир ёфт: ба хиссаи кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил 26 фоиз ва ба хоричаи дур, асосан кишвархои Осиё 74 фоиз хачми умумии содирот рост меояд.
  3. Бинобар махдуд будани номгуи молхои содироти, ки дар он алюминийи аввалия ва нахи пахта бартарият доштанд, дар давраи мушохидашаванда бо ифодаи арзиш тагйироти чидди мушохида карда намешавад. Кохиш ё афзоиши содирот бештар бо тагйирёбии нархи чахонии молхо дар шакли ашёи хоми аз Точикистон содиротшаванда вобаста мебошад.
  4. Дар мавриди воридот холат дигаргун аст. Соли 2014 хачми воридот бо ифодаи арзиши дар мукоиса бо соли 2000-ум 6,4 баробар, зимнан аз кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил 3,9 баробар, аз он чумла аз Россия 11,3 баробар ва аз кишвархои хоричаи дур 19 баробар, аз чумла аз кишвархои Осиё 45,3 баробар зиёд гардид. Афзоиши назарраси хачми воридот пеш аз хама бо зиёдшавии хачми воридоти интиколи пулии мухочирон, талаботи истеъмолии ахоли ва истехсолии корхонаву иншоотхои инфрасохтори, нокифоягии хачми истехсолоти ватани барои конеъгардонии талаботи дохила, махдуд ва кухна будани иктидорхои мавчудаи истехсоли алокаманд аст.
  5. Тагйирёбии сохтори чугрофии воридот бештар аз хисоби ракобатпазир набудани молхои кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил аз руи меъёри нарху сифат ва дарачаи баландтари диверсификатсияи мол, технология ва хизматхои аз чониби кишвархои хоричаи дур, аз чумла аз тарафи Хитой ва Туркия пешниходшаванда ба амал омад.
  6. Соли 2015 шарикхои асосии тичоратии Точикистон аз руи содирот Туркия (28,7 фоиз), Швейтсария (23,1 фоиз), Казокистон (16,4 фоиз), Эрон (6,7 фоиз), Афгонистон (6,3 фоиз) ва аз руи воридот Россия (30,5 фоиз), Хитой (22,2 фоиз), Казокистон (16,2 фоиз), Швейтсария (3,1 фоиз) ва Литва (2,4 фоиз) буданд.
  7. Молхои асосии содироти дар соли 2015 алюминийи аввалия (24,8 фоиз), маъдани тозакардашуда (17,1 фоиз), нахи пахта (17,5 фоиз), неруи барк (5,5 фоиз), молхои асосии воридоти бошанд, махсулоти нафти (11,7 фоиз), гандум (7,1 фоиз), гази моеъ (4,3 фоиз), гилхок (3,9 фоиз) ва орд (1,8 фоиз) буданд.
  8. Бо таваччух ба принсипи давомоти тахияи санадхои стратеги, тахлили татбики Барномаи рушди содироти Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015 гузаронида шуд. Арзёбии татбики Барномаи пешина имконият дод, ки сабакхои зерини асоси гирифта шаванд, ки зимни тахияи Барномаи мазкур ба назар гирифта шуданд:

– Барнома пеш аз Стратегияи миллии рушд кабул гардида, дар он афзалиятхо ва индикаторхои максадноки ба таври пурра ба инобат гирифта нашудаанд;

– халли мушкилоти институтсионалии рушди содирот хамчун вазифаи афзалиятнок муайян нагардидааст;

– бахисобгирии нокифояи тагйироти суратгирандаи сохтори ва такя ба содироти ашёи хом;

– таваччухи нокифоя ба тарбияи кадрхо, низоми маркетинг ва менечмент;

– дарачаи пасти чалби бахши хусуси, пешгуии аз хад некбинонаи умедвори аз сармоягузорони хоричи;

– хамохангсозии сусти амалхои байни вазорату идорахои сохави ва бахши хусуси, набудани макоми мушаххаси ваколатдор оид ба татбики Барнома бо ваколатхои кофи;

– пешбини нашудани механизми тачдиди назар ва дакиксозии нишондихандахои дурнамо бо дарназардошти вазъи вокеии тагйирёбанда.

  1. Точикистон иштирокчии созишномахои бисёрчониба дар бораи савдои озод дар доираи Иттиходи Давлатхои Мустакил, Созмони хамкории иктисоди ва Хамкории минтакавии иктисодии Осиёи Маркази мебошад. Гайр аз ин, мамлакат бо аксарияти кишвархои Иттиходи Давлатхои Мустакил созишномахои дучониба дорад. Ба шарофати иштироки кишвар дар иттиходияхои минтакавии хамгирои, инчунин мавчуд будани созишномахои дучониба дар бораи минтакаи савдои озод, соли 2012 вазъи киёсии молхои воридоти бе пардохти бочи гумруки 80 фоиз хачми умумии воридот (БОР, кишвархои Хамкории минтакавии иктисодии Осиёи Маркази, 2012) ва тибки маълумоти омории макомоти гумруки Чумхурии Точикистон ин нишондиханда дар соли 2015 зиёда аз 70 фоизро ташкил дод.
  2. Аз 2 марти соли 2013 Чумхурии Точикистон узви комилхукуки Созмони Умумичахонии Савдо гардид. Дар робита бо ин кишвар як катор ухдадорихои мухимро, ки дар озодкунии минбаъдаи речаи савдо ва суръат бахшидани хамгирои ба иктисодиёти чахони ифода меёбад, ба зимма гирифт.
  3. Дар огози соли 2015 Барномаи мутобиксозии иктисодиёти Чумхурии Точикистон бинобар узвият дар Созмони Умумичахонии Савдо кабул гардид, ки дар он масъалахои дастгирии молияви ва гайримолиявии истехсолкунандагони ватани ва баланд бардоштани ракобатпазирии онхо, фарохам овардани шароит барои баланд бардоштани сифати махсулоти истехсолшаванда ва пешбурди содирот, таъмини сармоягузори дар бозори дохили, андешидани тадбирхо чихати хифзи истехсолкунандагони ватани, фарохам овардани шароит барои савдои озод, чалби сармоягузории хоричи, воридшави ба низоми танзими бахсхои марбут ба савдо дар сатхи байналмилали ва гайра матрах шудаанд.
  4. Точикистон яке аз кишвархои аввалинест (баъд аз ЧХХ, Сингапур, Мавритания ва ИМА), ки созишномаи соддагардонии расмиёти савдои Созмони Умумичахонии Савдоро ба тасвиб расонд. Ин имконият медихад, ки харочоти умумии савдо аз хисоби кам кардани микдори хуччатхои ичозатдихи барои содирот ва воридот, инчунин хеле ихтисор шудани вакти убури сархад кохиш дода шавад.
  5. Тарифхои миёна пас аз хамрохшавии кишвар ба Созмони Умумичахонии Савдо тагйир наёфта, 8 фоиз (дар давраи солхои 2005-2012 7,8 фоиз), аз он чумла барои махсулоти кишоварзи 10,4 фоиз (дар давраи солхои 2005-2012 11,4 фоиз) ва барои молхои саноати 7,6 фоизро (дар давраи солхои 2005-2012 7,4 фоиз) ташкил доданд.
  6. Тибки баходихии Бонки умумичахони, 2014 дар натичаи хамрохшавии Точикистон ба Созмони Умумичахонии Савдо афзоиши сармоягузории мустакими хоричи, хусусан дар сохахои энергетика, инфрасохтор, саноати кухи ва телекоммуникатсия дар соли 2018 2,4 фоиз мачмуи махсулоти дохилии чумхуриро (дар мукоиса бо 1,2 фоиз мачмуи махсулоти дохили дар соли 2013) ташкил хохад дод. Ин метавонад технологияхои навро чалб намояд, ки дар навбати худ онхо махсулнокии мехнатро баланд бардошта, боиси афзоиши хачми содирот мегарданд.
  7. Таносуби хачми умумии савдо (содирот ва воридот) нисбати мачмуи махсулоти дохили, ки бештар онро “индекси кушод будани иктисодиёт” меноманд, дар давраи солхои 1991-2012 ба хисоби миёна 100 фоизро ташкил дод, ки аз сатхи баланди кушода будани он шаходат медихад.
  8. Индикатори дигаре, ки аз чалб гардидани кишвар ба савдои байналмилали шаходат медихад, индикатори “шароити савдо” мебошад. Ин таносуби содирот ва воридот дар ифодаи мутлак мебошад. Зиёд будани содирот нисбат ба воридот аз бехтар гардидани шароити савдо гувохи медихад ва баръакс. Дар тамоми давраи мушохидашаванда танхо соли 1992 содирот нисбат ба воридот зиёдтар буд. Дар солхои 1999 ва 2000 содирот ва воридот дар ифодаи арзиш баробар буданд. Аз соли 2005 сар карда, талаботи ахоли ва корхонахову лоихахои инфрасохтори ба мачмуи молу хизматхо ба таври назаррас афзоиш ёфт, ки дар навбати худ боиси афзоиши яку якбораи воридот гардид. Аз тарафи дигар, махдуд будани сабади содирот ба афзоиши содирот мусоидат накард. Дар натича соли 2015 таносуби воридот нисбат ба содирот 3,9 маротибаро ташкил дод.
  9. Хамин тарик, тамоюли асосии савдои хоричи дар ду дахсолаи охир афзоиши мунтазами хачми хариди молхои воридоти мебошад. Дар натича на танхо тавозуни манфии савдо, балки номутаносибии баръалои байни содирот ва воридот ба миён омад, дар баробари ин динамикаи ин чараён хеле таквият ёфт. Бинобар холатхои дар боло зикргардида андешидани тадбирхои амали чихати тагйир додани холати бамиёномада мувофики максад дониста мешавад. Тахия ва татбики Барнома дар Чумхурии Точикистон яке аз тадбирхои мухиму саривакти дар ин самт мебошад.

§2. Мушкилот ва монеахои боздорандаи содирот, сабабхои ракобатпазир набудани истехсолкунандагони дохили

  1. Як катор мушкилоте мавчуданд, ки рушди иктидори содиротии Точикистонро бозмедоранд. Барои ба низом даровардани онхо омилхои асоси ва сабабхои объективи муайян карда шудаанд.
  2. Ба катори мушкилоти асосии боздорандаи имкониятхои содиротии иктисодиёти кишвар мушкилоти зеринро шомил кардан мумкин аст:

– сатхи пасти ракобатнокии махсулот бинобар сатхи пасти сифати технология, тачрибаи истехсолкунандагон ва пахлухои институтсионалии сохахои дахлдор;

– мавчудияти монеахои маъмури барои содироти махсулот хам дар кишвар ва хам дар давлатхои хамсоя;

– дарачаи нокифояи озодии сохибкори, мухити гайри кобили пешгуии сохибкори ва манфиатдории махдуд барои чори намудани инноватсия;

– мавчуд набудани низоми максадноки маркетинг ва начандон самаранок будани менечмент, аз чумла менечменти сифат.

  1. Ба сифати сабабхои асосии объективии боздорандаи афзоиши содирот инхоро номбар кардан мумкин аст:

– дури аз чараёни магистрали наклиёти ва бозорхои асосии хоричи;

– хиссаи баланди харочоти наклиётию экспедитори дар арзиши махсулоти содироти, аз чумла хирочхои гайрирасми;

– набудани сохторхои мусоидат ва пешбурди махсулот дар бозорхои дохили ва хоричи;

– сатхи пасти дастгирии давлатии мусоидат ба рушди содирот;

– набудани воситахои вокеии хавасмандгардонии содирот барои истехсолкунандагон.

  1. Дар Барнома дар Чумхурии Точикистон дар баробари ошкор намудани монеахои рушди содирот ва ракобатноки роху механизмхои бартараф ва кам кардани онхо пешниход карда мешаванд. Чорахои зерини асоси пешниход карда мешаванд: институтсионали, дастгирии давлати ва баланд бардоштани ракобатпазири, ки мутаносибан дар бобхои 5, 6 ва 7 пешниход гардида, муфассал дар Накшаи чорабинихо оид ба татбики Барнома инъикос ёфтаанд.

3. ХАДАФУ ВАЗИФАХОИ БАРНОМА

  1. Хадафхои Барнома:

– хадафи дарозмуддати Барнома мусоидат ба татбики сиёсати давлатии иктисодии хоричи ва баланд бардоштани ракобатнокии махсулоти ватани дар бозорхои дохили ва хоричи, зиёд намудани хачми содироти молу махсулоти тайёр (коркардшуда ё нихои) ва кам кардани молхои истеъмоли ва хизматхо дар хачми умумии воридот мебошад;

– хадафи миёнамухлати Барнома таъсис додани низоми самараноки миллии мусоидат ба содирот ва воридотивазкуние мебошад, ки барои баланд бардоштани чолибияти сармоягузори ва тичорати, инчунин заминаи объективи барои рушди устувори содироти молу махсулоти тайёр (коркардшуда ё нихои) ва воридотивазкунии ракобатпазир мебошад.

  1. Вазифахои Барнома:

1) Вазифахои стратегии Барнома инхоянд:

– ба таври назаррас кам кардани вобастаги аз воридоти махсулоти асосии ниёзи мардум;

– таъмин намудани гузариш ба сатхи нави технологи бо максади баланд бардоштани кобилияти ракобатнокии махсулот;

– бехтар намудани мухити сармоягузори ва бунёди фазои шарики ва хамкории давлат ва бахши хусуси;

– таъсис додани марказхои муосири логистики ва васеъ кардани долонхои байналмилалии коммуникатсиони, наклиёти ва иктисоди;

– ба талаботи стандартхои байналмилали мутобик кардани хизматрасонии хатсайрхои рохи охан, автомобили, хавои ва намудхои дигари наклиёт;

– таквият бахшидани иктидори транзитии телекоммуникатсионии кишвар ва имконияти гузарониши трафики интернет.

2) Вазифахои максадноки Барнома инхоянд:

– муайян намудани самтхои стратегии афзалиятноки рушди содирот бо дарназардошти имкониятхои кишвар ва вазъият дар бозорхои чахони;

– интихоби самтхои мушаххаси ояндадор ва бозорхои максаднок бо дарназардошти иктидори мавчудаи содироти ва бартариятхо дар ракобат;

– фарохам овардани шароити хуби ташкили, институтсионали ва хукуки барои рушди содирот ва воридотивазкуни;

– дастгирии болоравии кобилияти ракобатноки махсулоти ватани дар бозорхои дохили ва хоричи;

– ташкил намудани инфрасохтори муносибтарини содироти, бартараф намудани монеахои сунъи, баланд бардоштани самаранокии воситахои гайримолиявии дастгирии содирот;

– дастгирии молиявии ташкилотхои содиркунанда, бо дар назардошти талаботи узвияти Точикистон дар Созмони Умумичахонии Савдо, инчунин сохторхои дастгирии содирот, аз чумла дар давлатхои хоричи;

– хавасмандгардонии хамачонибаи содирот ва воридотивазкунии кобили ракобат;

– ташкил намудани хизматрасонихои муосири дастраси умум ва чори намудани принсипи равзанаи ягона дар асоси технологияхои замонавии иттилоотию коммуникатсиони зимни хизматрасонии давлати дар фаъолияти савдои хоричи;

– ноил гардидан ба нишондихандахои дурнамои рушди содирот ва воридотивазкуни аз руи индикаторхои максадноки Барнома, аз чумла параметрхои махсулот;

– ташкили механизми муассири татбики Барнома ва низоми самараноки мониторинг ва назорат;

– баланд бардоштани макоми Чумхурии Точикистон дар рейтингхои байналмилалии савдо;

– баланд бардоштани сатхи боварии содиркунандагон, сармоягузорон ва воридкунандагон ба сиёсати иктисодии хоричии амалишаванда.

  1. Дар Барномаи мазкур индикатору нишондихандахои максадноки зерин истифода хоханд шуд:

1) Нишондихандахои макроиктисоди:

– Гардиши савдои хоричи, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

– Содирот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

– Воридот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

– Воридотивазкуни, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

– Савдои тавозуни савдо, млн.доллари ИМА.

2) Индексхои:

– Кобилияти ракобати глобали;

– Тамаркуз ва диверсификатсияи содирот;

– Тахассуси савдо;

– Шароити савдо;

– Сохибкори дар бахши савдои хоричи.

3) Нишондихандахои махсулот:

– Содирот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

– Воридот, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз;

– Воридотивазкуни, млн.доллари ИМА, суръати афзоиш, фоиз.

4) Индикаторхои байнисохави:

– афзоиши шумораи чойхои кори дар сохаи содирот ва воридотивазкуни;

– болоравии музди мехнати миёна дар ташкилотхои содиркунанда ва воридотивазкунанда;

– индикаторхои максадноки Барномаи мазкур хамчунин ба ноил гардидани Чумхурии Точикистон ба Хадафхои асосии Рушди устувори Созмони Милали Муттахид равона карда мешаванд. Индикатору нишондихандахои максадноки инкишофи фаъолияти савдои хоричии Чумхурии Точикистон дар солхои 2016-2020, дар накшаи чорабинихои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016 – 2020 оварда шудаанд.

4. САМТХОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНи

§3. Тахлили стратеги

  1. SWOT – анализи иктидори содиротии Чумхурии Точикистон:

– яке аз воситахои бехтарин ва дар амал худро хуб нишондодаи тахлили стратеги дар сатхи милли SWOT – анализ мебошад. Дар Чадвали 3.2 натичахои SWOT – анализи Чумхурии Точикистон оварда шудааст. Дар он чонибхои кави ва заифи иктидори содироти ба сифати омилхои дохили ва имконияту хавфхо хамчун омилхои беруна нишон дода шудаанд;

– тахлили гузаронидашуда нишон медихад, ки чонибхои кавии Точикистон афзалиятхои ракобтпазирии он дар савдои байналмилали буда, барои рушди содирот кам истифода мегардад. Чонибхои сершумори заиф хануз нисбат ба чонибхои кави зиёдтар буда, сабаби он сохти диверсификатсиянашудаи ашёи хом доштани содирот ва махдуд будани микдори махсулоти кобили ракобати худи мебошад. Вале барои рушди содирот имкониятхо низ мавчуданд, ки дар сурати кабул гардидани модели нави инкишоф ва пай дар хам амали намудани сиёсати давлатии иктисоди натичахои вокеи дода метавонанд;

– тибки Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамухлати рушди Точикистон барои солхои 2016-2020 ба самараноки, гуногуншакли ва ракобатпазирии бахши вокеии иктисодиёт афзалияти махсус дода шуда, оид ба он тадбирхои зарури андешида мешаванд.

  1. Тахлили сохтори содироти Чумхурии Точикистон ва дурнамои он:

– содироти мол аз чумхури хусусияти устувори ашёи хомро дорад. Бинобар ин, дар давоми панч соли татбики Барнома тагйир додани сохтори бамиёномадаи содиротро, ки дар он содироти ашёи хом бартарият дорад, мушкил хохад буд. Вале тамоюли асоси – тадричан зиёд намудани содироти молу махсулоти нихои, хиссаи маводи хомили энергия ва молхо бо арзиши иловашудаи нисбатан баландтар, инчунин афзун намудани содироти хизматрасонихо, аз чумла сайёхи байналмилали дар солхои татбики Барнома ба мушохида хохад расид. Динамикаи тагйирёбии сохтори содироти мол аз Точикистон дар давраи аз соли 2000 то соли 2020 дар Чадвали 1 нишон дода шудааст;

– номгуи дар давоми солхои охир ташаккулёфтаи дах моли асосии аз Точикистон содиротшаванда (“Точикистон Топ-10: Содирот”) шояд тагйир меёбад. Зеро дар баробари молхои содиротии анъанавие, ки маъмулан аз Точикистон ба бозорхои хоричи пешкаш мегарданд, молхои нави ояндадор, аз чумла молу махсулоти сохтмони, хуроквори, нассочи, маъданхо ва хизматхои алохида, масалан, сайёхии байналмилали пешниход карда мешаванд. Тагйироти имконпазир дар номгуи молхои содиротии “Точикистон Топ-20: Содирот” тибки пешгуи чунин буда метавонад (Чадвали 3);

Эзох: Номгуи молхои овардашудаи соли 2014 68 фоиз тамоми содироти Чумхурии Точикистонро фаро мегирад.

– гарчанд ба назари аввал руйхати номгуи махсулоти “Точикистон Топ-20: Содирот” дар давоми 5 сол амалан мавкеи худро нигох дошта, чойивазкуни дар рейтинг бисёр тагйир наёфта бошад хам, вале тагйирёбии хиссаи ин молхо дар сохтори умумии содирот хеле аён аст;

– бозорхои максаднок бо гуруххои махсулоти содироти, махсусан бо дарназардошти бартариятхои дар ракобат доштаи Точикистон, ки тавсифи онхо дар чадвалхои 3, 4 оварда шудааст, хеле ояндадор буда метавонанд.

  1. Тахлили сохтори воридоти Чумхурии Точикистон ва дурнамои он:

– сохтори воридоти Чумхурии Точикистон дар тахлили мазкур аз руи гурухи сармоягузори (маводи хомили энергия, ашёи хом ва мавод, мошинхо ва тачхизот) ва гурухи истеъмолии молхо барраси мешавад. Дар сохтори воридот аз руи натичахои соли 2014 мавкеи бартариятнокро бешубха, гурухи “ашёи хом ва мавод” ишгол намуда, молхои воридшавандаи ин гурух зиёда аз сеяки хачми умуми (35,0 фоиз), инчунин мошинхо ва тачхизот (21,3 фоиз) ва маводи хомили энергия (17,9 фоиз) ишгол менамоянд;

– дар гурухи истеъмоли дар чои аввал молхои озукавори карор дошта, хиссаи он дар хачми умумии воридот дар соли 2014 устувор боки монда, 19,1 фоизро ташкил медихад. Мавкеи се кишвари пешсафи воридот дар соли 2014 – Россия (27,6 фоиз), Хитой (16,9 фоиз) ва Казокистон (15,8 фоиз) хамчунин устувор боки мемонад;

– тамоюли тагйирёбии сохтори мавчудаи воридот нишон медихад, ки вазни киёсии воридоти захирахои энергетики кохиш ёфта, воридоти мошину тачхизот ва молхои озукавори зиёд мегардад, ашёи хому мавод ва молхои гайриозукавори амалан тагйир намеёбад. Зимнан тахлили амиктари сохтори молии воридот нишон медихад, ки кохишёбии вазни киёсии маводи хомили энергия асосан аз хисоби камшавии воридоти неруи барк сурат гирифтааст. Динамикаи тагйирёбии сохтори воридот дар солхои 2000-2020 дар Чадвали 4 оварда шудааст;

– тамоюли тагйирёбии минбаъдаи сохтори воридот нишонаи максадноки рушди воридотро инъикос менамояд, ки бо тагйироти мусбати сохтори дар фаъолияти иктисодии хоричи муайян карда мешавад. Ин дар кохишёбии хачм ва хусусан вазни киёсии воридоти озукавори ифода ёфта, чуброни касри онхо аз хисоби воридотивазкуни таъмин карда хохад шуд. Зимнан хам хачм ва хам вазни киёсии воридоти молхои сармоягузори дар шакли технология ва тачхизот хеле афзоиш хохад ёфт. Воридоти маводи хомили энергия ва молхои гайриозукавори дар мачмуъ бе тагйироти назаррас боки монда, хиссаи онхо дар хачми умумии воридот андак зиёдтар хохад шуд;

– дар сохтори молии воридот ба Точикистон махсулоти нафти ва гази моеъ, гилхок, гандум, орд, шакар, дорувори, воситахои наклиёт ва гайрахо бартарият дорад. Тагйироти минбаъда дар номгуи молхои “Точикистон Топ-20: Воридот” мувофики пешгуи ба тарики зайл хохад буд (Чадвали 5);

Эзох: Номгуи молхои овардашудаи соли 2014 36,1 фоиз тамоми воридоти Чумхурии Точикистонро фаро мегирад.

– динамикаи тагйирёбии бист номгуи аввали молхои ба Чумхурии Точикистон воридшаванда (“Точикистон Топ-20: Воридот”), ки дар асоси маълумот барои солхои охир ва нишондихандахои дурнамои воридоти молхои алохида барои соли 2020 тахия гардидааст, дар чадвали болоии 5 оварда шудааст. Тавре аз чадвал бармеояд, тагйирёбии хам таркиби “иштирокчиёни” рейтинг ва хам дигаргуншавии назарраси молхои воридоти ба суи афзун гардидани молхои сармоягузории ба технологияхои нав асосёфта ва кохишёбии махсулоти озукавори ва маводи ашёи хом аз хисоби сиёсати мутавозину сурогавии воридотивазкуни пешгуи карда мешавад.

  1. Дурнамои рушди содирот ва воридотивазкуни:

– яке аз омилхои дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 зикргардида вобастагии Точикистон аз воридоти баъзе намудхои озукавори мебошад, ки хавфу хатари муайянеро барои амнияти озукавории кишвар ба миён меорад. Ин зарурати воридотивазкуниро махз дар сохаи кишоварзи ба мавкеи аввал мебарорад. Дар бобати воридотивазкуни дар доираи коидахои Созмони Умумичахонии Савдо афзалият дар рушди истехсоли дохилии Точикистон бояд махз ба истехсоли озукавори дода шавад: гушт (гушти гов, гусфанд, мург), тухм, махсулоти шири (твороги беравган, кефир, био-йогуртхо), махсулоти орди (анвои нон), махсулоти каннодии шакардор, конфетхои шоколади, макарон. Аз руи гурухи “чарбу, равгани растани ва хайвонот” бояд имконияти ташкил ва афзун намудани истехсоли равгани пахта, офтобпараст, загир, маъсар ва намудхои дигари равгани растани барраси карда шавад;

– Точикистон ба таври анъанави воридкунандаи галла ва махсулоти коркарди галлаги мебошад. Ба даст овардани худтаъминкуни дар истехсоли гандум мувофики максад нест, зеро шароити аграрию иклимии кишвар барои истехсоли он мутобик нест. Илова бар ин, барои ин максадхо заминхои обёришаванда истифода карда хоханд шуд, ки ин арзиши аслии махсулоти истехсолшударо нисбат ба чунин махсулоти аз Казокистон воридгардидаи дорои сифати баланд, арзиши паст, микдори баланди ширекшаки галлаи мансуб ба навъхои сахт баландтар хохад кард;

– ба истехсоли чуворимакка, юнучка, картошка, шоли, соя, мохи ва махсулоти мохиги ва магзу донагихо аз чумла, чормагз, бодом ва писта таваччух зохир намудан лозим аст;

– аз молхои гайриозукавори имконияти истехсоли силсилаи пурраи махсулоти бофандаги то духтани махсулот аз матоъхои 100 фоиз пахтагин барои бозори дохили ва содирот ба Иттиходи Аврупо ва Федератсияи Россия, дар мисоли корхонахои муштараки мавчуда бо Италия ва ИМА. Истехсоли махсулоти чармин (пойафзол, сумкаю кабчук, либос) хам барои бозори дохили ва хам барои содирот (ба бозорхои Иттиходи Аврупо ва Федератсияи Россия) ояндадор аст;

– истехсоли махсулоти фулузи аз алюминий (таъиноти сохтмони ва электротехники, инчунин ба эхтиёчоти маиши), конструксияхои фулузи аз метали сиёх (барои сохтмон), махсулоти сохтмони, аз чумла семент ва махсулот аз он (омехтахо, пенобетон, андова), махсулот аз чуб (тахта, дару тиреза, масолехи ороиши, мебел), зардевор, рангхои сохтмони, шиша, гармкунак, молхо барои хона ва бинохои чамъияти (зарфи шишаги ва сафоли, мебел – аз чуб, алюминий, пластмасса), масолехи бомпуши (бомпуши фулузи, сафоли бомпуши), махсулот барои хочагии манзилию коммунали (кубурхои пластики барои кубурхои обгузарони, гармидихи, обтаъминкуни ва корез), сузишворию равганхои молидани ва охирон аз руи руйхат, вале на аз руи ахамият чустучуи конхои боксит ва аз он истехсол намудани оксиди алюминий (гилхок) – ашёи хом барои алюминийи аввалия – моли стратегии содиротии Точикистон ояндаи хуб дорад. Бозори муносибтарин барои содироти масолехи сохтмони, молхо барои хона, маснуоти электротехники, мебел ва сузишворию равганхои молидани Афгонистон мебошад;

– самти аз чихати стратеги барои иктисодиёти милли фоиданоктарин рушди истехсоли махсулот аз ашёи хоми махаллизахираи асосии воридотивазкуни ва зиёд намудани хачми коркарди ашёи хоми махалли мебошад. Вале дар ин самт натанхо имконияти истехсоли махсулоти воридотивазкунанда, инчунин харочоти иктисоди барои ташкили истехсоли онхо ва дурнамои инкишофи технологияхои нави истехсоли ба назар гирифта шавад. Варианти бадтарин – ин агар истехсолоти воридотивазкунандаи нисбат ба стандартхои чахони пасттар ташкил карда шаванд;

– дар давраи татбики Барнома воридотивазкунии самаранокро таъмин намуда, тавассути ворид намудани махдудиятхои тарифию гайритарифии гумруки ба баъзе молхои воридоти бо назардошти риояи ухдадорихои байналмилали ба содироти намудхои алохидаи он огоз намудан мумкин аст. Масалан, истехсоли семент дар корхонахои ватани имконият медихад, ки тавассути ба истифода додани корхонахои нав дар нохияхои Ёвон, Бобочон Гафуров ва шахри Вахдат бо иктидори умумии 3 млн. тонна Точикистон аз кишвари воридкунанда ба кишвари содиркунандаи семент мубаддал гардонида шавад. Бинобар ин, дар доираи имкониятхои мавчудаи Созмони Умумичахонии Савдо махдуд сохтани воридоти махсулот аз санг, гач ва семент, ки 119,9 млн.доллари ИМА-ро ташкил медихад, ба максад мувофик хохад буд;

– дар мавриди истихрочи ангишт низ холат монанд аст: бо дар назардошти афзун намудани истехсоли худи, аз воридоти он, ба гайр аз нохияхои дурдасти Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, ки ворид намудани ангишт аз Киргизистон аз чихати иктисоди фоиданоктар мебошад, даст кашидан мумкин аст;

– дар мавриди гурухи “металлхои гайрикиматнок” имконияти воридотивазкунии марбут ба рушди металлургияи сиёхи ватаниро дар заминаи сохтмони комбинатхои нави металлурги барраси намудан лозим аст. Истехсоли кабели алюмини барои мучтамаи сохтмони ватани хамчунин самти ояндадорест, ки кариб нисфи эхтиёчоти дохилиро таъмин намояд;

– захирахои калон бо воридотивазкунии махсулоти саноати кимиёи барои истехсоли алюминий алокаманданд. Аз чумла кислотаи сулфат, шпати плавик, криолит ва дар оянда гилхок низ объектхои воридотивазкуни шуда метавонанд. Бо ба истифода супурдани корхонаи истехсоли “Криолит” дар нохияи Ёвон воридоти криолит соли 2016 тадричан ихтисор ва сипас тамоман катъ карда мешавад. Дар нохияи Рашт кони сиенити нефелин кашф шудааст, ки метавонад дар истехсоли алюминий истифода шавад. Хамчунин кони гилхоки Турпи маълум аст. Ин имконият медихад, ки дар ояндаи наздик аз воридоти гилхок даст кашем (танхо харочоти наклиёт барои интиколи он зиёда аз 200 млн.доллари ИМА-ро ташкил медихад);

– мавчудияти захирахои калонтарини намак, охаксанг ва доломит дар тавъам бо неруи барки аз лихози арзиши асли арзон, барзиёдии кувваи кори ва захирахои калони об самаранокии баланди воридотивазкуни ва рушди истехсолоти кимиёи худиро пешбини менамояд;

– бунёди танхо як корхонаи оид ба истехсоли нахи кимиёи, масалан дар минтакаи озоди иктисодии “Дангара” дар хайати Чамъияти сахомии пушидаи “Чунтай-Дангара-Текстил” истехсоли матоъхои ракобатнок ва махсулоти тайёри дузандаги (либоси мактаби, костюмхо, куртахои занонаю мардона, галстук, либоси таг, махсулоти чуроббофи ва г.) воридотивазкунии анвои васеи махсулоти бофандагиро таъмин намуда, барои содироти минбаъдаи онхо шароит мухайё месозад. Ба рох мондани истехсоли пойафзоли кудакона дар корхонахои ватани имконият медихад, ки воридот такрибан ба андозаи 30 млн.доллари ИМА кохиш дода шавад;

– самтхои зикргардида аз он шаходат медиханд, ки барои ташкили истехсоли махсулоти ракобатпазири ивазкунандаи воридот ва рушди содирот тамоми имконияту захирахои лозимиро дорад.

  1. Муайян намудани бахшхои афзалиятноки иктисодиёт

– барои муайян намудани бахшхои афзалиятноки иктисодиёт ва интихоби истехсолоти ояндадори дорои афзалиятхои ракобат барои содирот ва иктидор барои воридотивазкуни тахлили рушди бахши вокеии иктисодиёт бо истифодаи индекси тахассуси савдо дар давраи солхои 1995-2012 гузаронида шуд. Истифодаи индекси тахассуси савдо имкон дод, ки тагйирот дар сатхи рушди истехсолот ва савдои махсулоти асосии содиротию воридотии Точикистон ба таври мачмуи арзёби карда шавад;

– махсулоти асосии содиротии сохаи кишоварзи нахи пахта, меваи хушк, пиёзи барвакти, ангур, шарбати меваю сабзавот, консерва ва хамираи томат мебошанд. Танхо 10 фоиз нахи пахтаи истехсолшуда дар дохили кишвар коркард мешавад. Бинобар ин афзоиш ё камшавии хачми содироти нахи пахта дар давраи солхои 2000-2014 истехсоли пахта вобаста ба тагйирёбии нархи чахони сурат мегирифт. Маълумот дар бораи воридоти махсулоти озукавори, махсулоти бофандаги ва дузандаги аз он шаходат медихад, ки бинобар мавчуд будани монеахо, набудани дастгири ва омилхои дигар, истехсолкунандагони ватани хам дар бозори дохили ва хам дар бозори хоричи дар вазъияти пасттари ракобат карор дошта, имкониятхои мавчуда ва бартариятхои киёси татбикнашуда боки мемонанд;

– дар мачмуъ, тахлили маълумот оид ба истехсоли махсулоти саноати нишон медихад, ки пешрафт дар хамаи бахшхои он чой дошта, махсусан дар сохаи коркард бо суръат будааст. Соли 2013 дар саноати коркард дар мукоиса бо соли 2001 истихрочи маводи энергетики 145 баробар ва маводи гайриэнергетики бошад, 19 баробар афзудааст, мутаносибан ба 26,0 фоиз ва 27,5 фоиз суръати вокеии хар солаи афзоиш баробар аст. Суръати афзоиши миёнаи солонаи вокеии истихрочи ангишт ва нафт дар сохтори истихрочи маводи энергетики мутаносибан 35 ва 28 фоизро ташкил дод. Суръати афзоиши миёнаи солонаи вокеии истихрочи маъданхои фулузи ва канданихои дигари фоиданок дар сохтори истихрочи маводи гайриэнергетики мутаносибан 21 ва 34 фоизро ташкил доданд. Зимнан вазни киёсии маводи гайриэнергетики 72 фоиз, маводи энергетики бошад, танхо 28 фоизро ташкил дод;

– дар сохтори истехсол ва таксимоти неруи барк, газ ва об хиссаи неруи барк, ки асосан дар неругоххои барки оби истехсол мешавад, зиёд аст. Истехсоли неруи барк дар неругоххои барки оби ва неругоххои гармидихи дар соли 2013 нисбат ба соли 2001-ум 1,2 баробар афзуд. Суръати вокеии афзоиши бахш дар давраи солхои 20012013 ба хисоби миёна 5,7 фоизро ташкил дод;

– истеъмолкунандагони асосии неруи барк дар дохили кишвар саноат (42 фоиз), кишоварзи (23,4 фоиз) ва ахоли (16,4 фоиз) мебошанд, ки дар мачмуъ 82 фоиз неруи баркро истеъмол менамоянд; талафоти неруи барк 15 фоизро ташкил медихад. Кисми бокимондаи неруи барки истехсолкунанда ба сохахои наклиёт, сохтмон ва бахшхои дигари иктисодиёт рост меояд;

– бахши коркарди саноат сохтори таркибии калонтарини он буда, дар соли 2014 хиссаи он 69,5 фоизро ташкил дод. Тамоюли афзоиши хачми истехсол ва арзиши иловашуда дар саноати коркард тавассути баркарорсози ва навсозии иктидорхои мавчуда ва чори намудани иктидорхои нав ба даст оварда шудааст.

§4. Самтхои стратегии рушди содироти Точикистон

  1. Самтхои сохавии рушди содирот:

1) Энергетика. Неруи барк сарчашмаи мухими даромади Точикистон мебошад ва дар оянда метавонад яке аз манбаи асосии даромад аз содирот гардад. Тибки маълумоти соли 2014 истеъмолкунандагони асоси Афгонистон (43,7 млн.доллари ИМА) ва Киргизистон (4,4 млн.доллари ИМА) мебошанд. Савдои неруи барк дар чахон дар доираи бозорхои алохидаи минтакави ва махаллие, ки 2-3 кишварро муттахид месозанд, инкишоф меёбад. Точикистон дорои захирахои зиёди гидроэнергетики буда, имконияти рох ёфтан хам ба бозорхои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва хам ба самти чануб, яъне Афгонистон дорад. Тибки маълумоти Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон, дар сурати амали намудани лоихаи минтакавии хати интиколи барки CASA-1000, содироти неруи барк аз Точикистон ба Афгонистон ва Покистон дар солхои 2019-2020 метавонад то 133-136 млн.доллари ИМА афзоиш ёбад. Тибки арзёбии коршиносон талабот ба неруи барк аз чониби кишвархои Иттиходи иктисодии Аврупо ба андозаи 0,1 млрд.доллари ИМА ва аз чониби Хитой ба андозаи 0,25-0,4 млрд.доллари ИМА-ро ташкил хохад дод. Точикистон метавонад Киргизистон ва вилоятхои гарбии Хитойро дар мадди назар карор дихад;

2) Комплекси металлурги. Савдои чахонии алюминий дар солхои 2006-2013 бо суръати баланд ба хисоби миёна 5,5 фоиз дар як сол афзоиш ёфт, вале тайи чанд соли охир талабот ба он камшуда, нархи алюминийи аввалия поён меравад. Соли 2015 нархи як тонна алюминийи аввалия дар Биржаи металлхои Лондон 1500 доллари ИМА-ро ташкил дода, ба нишондихандаи хадди акали худ расид. Ширкатхои пешбари байналмилали болоравии нархи алюминийро дар солхои 2016-2020 бо тарики зайл пешгуи менамоянд: соли 2016 – 1425, соли 2017 – 1500, соли 2018 – 1550 ва солхои 2019-2020 – 1650 доллари ИМА барои як тонна. Афзоиши имконпазири содироти алюминий дар чахон дар соли 2020 ба андозаи 2,3 млрд.доллари ИМА арзёби гардида, аз онхо ба Хитой, сарфи назар аз сустшавии суръати тараккиёти иктисоди, 0,5 млрд.доллари ИМА рост меояд. Ракобатпазирии истехсоли алюминийи аввалияи Корхонаи вохиди давлатии “Ширкати алюминийи Точик”, бо дарназардошти субсидия ба нархи неруи барк, нисбатан баланд аст, вале дури аз бандархо ва арзиши интикол онро каме кохиш медиханд. Дурнамои Точикистон бештар бо нархи чахонии ашёи хом (гилхок), махсулоти асоси (алюминийи аввалия), инчунин бо он алокаманд аст, ки ба рох мондани истехсол ва тахвили махсулоти дорои арзиши баландтар (иловашуда) – прокат, инчунин маснуот аз он, масалан, маснуоти таъиноти сохтмони ва электротехники, инчунин барои эхтиёчоти маиши муяссар мегардад ё не;

3) Металлхо ва сангхои киматбахо. Савдои чахонии металхо ва сангхои киматбахо тамоюли устувори болорави дорад, гарчанд нархи онхо тахти таъсири вазъият солхои алохида паст мешавад. Омили асосии болорави макоми металхои киматбахо хамчун объект барои сармоягузории молияви мебошад. Мавкеи Точикистон дар бозор аз манбаи ашёи хом ва имкониятхои истифодабарии он вобаста мебошад. Имконияти афзоиши содирот ба гайр аз зиёд намудани хачми чисмонии тахвил дар баланд бардоштани дарачаи коркард гузошта шудааст;

4) Комплекси агросаноати. Мувофики арзёбии коршиносон дар чахон иктидори калонтаринро мохи ва махсулоту равгану чарбу (равгани растани), инчунин махсулоти тайёри озукавори (махсулоти канноди, нушокихои спирти, махсулоти тамоку, махсулоти меваю сабзавот, шакар, орд ва г.) доранд. Дар аксарияти холатхо бозори фуруш танхо кишвархои хамсоя ва наздиктарин мебошанд (барои Точикистон ин бозорхои Киргизистон, Туркманистон, Афгонистон, Хитой ва Эрон);

5) Ангури тару тоза ва хушк. Бозорхои асосии чахонии фуруши ангури хушк Хиндустон (60 фоиз), Россия (16 фоиз), кишвархои Иттиходи Аврупо (6 фоиз) мебошанд. Точикистон ангури хушкро асосан ба Казокистон (90 фоиз) ва Хитой (5,68 фоиз) содир менамояд. Ангури тару тоза аз Точикистон ба Казокистон (82 фоиз) ва Россия (18 фоиз) фиристода мешавад. Бозори Шарки Наздик ояндадор аст (дар Амороти Муттахидаи Араб нархи ангур то 5 доллари ИМА барои 1 кг мерасад). Баъзе сохибкорон ангури тару тозаро бо фурахо аз Точикистон тавассути Афгонистон ба Покистон (бандар дар Покистон ва аз он чо тавассути бахр ба Япония, ки нархи мева дар он хеле баланд аст, мебаранд. Бозорхои калонтарини чахон ИМА (946 млн.доллари ИМА, 12 фоиз), Германия (737 млн.доллари ИМА, 9,5 фоиз), Нидерланд (695 млн.доллари ИМА, 9 фоиз), Россия (337 млн.доллари ИМА, 4,37 фоиз) мебошанд;

6) Зардолу. Истехсоли зардолу дар Точикистон соли 2013-ум 31 400 тоннаро ташкил дод (дар Киргизистон ба андозаи сеяк камтар 23 000 тонна, дар Афгонистон се баробар зиёдтар – 99 000 тонна). Бозори асосии содирот барои Точикистон Казокистон мебошад (99 фоиз), аз он чо кисми зиёди зардолу ба Россия, ки дуюмин бозори калонтарин дар чахон (38 млн.доллари ИМА, 8,9 фоиз) содироти такрори мешавад. Воридкунандаи калонтарини зардолу дар чахон Германия (121 млн.доллари ИМА, 28 фоиз) мебошад, чойхои минбаъдаро кишвархои дигари Иттиходи Аврупо ишгол менамоянд: Италия, Франсия, Британияи Кабир ва гайра. Пешсафони содироти чахони ва ракибони Точикистон Испания (145 млн.доллари ИМА, 29 фоиз), Туркия, Узбекистон ва Афгонистон мебошанд. Холо хиссаи Точикистон дар савдои чахонии зардолу назаррас нест (0,87 млн.доллари ИМА, 0,18 фоиз), ин чои 14-ум дар рейтинг мебошад.

7) Гелос. Ба акидаи коршиносони донандаи Хитой, дар Хитой гелос парвариш намеёбад. Содиркунандаи калонтарини гелос ба Хитой Чили буда, аз он чо гелос тавассути бахр расонида шуда, дар вилоятхои шарки ва марказии Хитой пахн карда мешавад. Бо дарназардошти “умри кутох” доштани гелос (1 мох) ва сархади умуми, молрасони аз Точикистон ба вилоятхои гарбии Хитой имконпазир аст, вале ба шарти муттахидсозиии он дар хачмхои калон, банду баст ва таъмини интикол тавассути якчанд наклиёт дар асоси як карордод. Логистика мураккаб аст, монеахо аз имкон дуранд. Музди мехнат дар Хитой меафзояд, талабот меафзояд, яъне мевачот (дар омор гелос бо зардолу, олуча ва шафтолу дар як сатх карор дорад) имкониятхои хуби фуруш дорад;

8) Лиму. Соли 2013 дар Точикистон 1 900 тонна лиму чамъовари гардид. Аз соли 1998 нишондихандахои истехсол ва содироти лиму хеле поён рафтанд. Тибки арзёбии истехсолкунандагон лимуи Точикистон бо пусти тунук ва нармии калон фарк карда, дар ракобат афзалият дорад. Бозори асоси ва кариб ягона барои Точикистон холо Казокистон (99 фоиз) мебошад. Федератсияи Россия бозори наздиктарин ва ояндадор мебошад. Бозорхои эхтимоли ИМА (363 млн.доллари ИМА,13 фоиз), Германия (305 млн.доллари ИМА, 11 фоиз), Франсия (198 млн.доллари ИМА, 7 фоиз), Нидерланд (176 млн.доллари ИМА, 6,3 фоиз) ва Федератсияи Россия (167 млн.доллари ИМА,6 фоиз) мебошанд;

9) Махсулоти органики. Яке аз манбаъхои максаднок барои содироти меваю сабзавот метавонад махсулоти органикии (бе истифодаи пеститсидхо) аълосифат бошад. Синфи миёна, ки шуморааш дар кишвар ва минтака меафзояд, ба чунин молхо таваччух зохир менамояд. Чунин истеъмолкунандагонро хам дар бозорхои содиротии анъанавии Точикистон (Урал ва Сибир), хам дар кишвархои хамсояи Осиёи Маркази, инчунин дар Аврупо пайдо намудан мумкин аст. Барраси намудани бунёди номи тичорати (бренд) барои махсулоти органики, масалан, “Точики – яъне органики” (“Таджикское – значит, органическое”, “Tajik – it’s organic” ба максад мувофик аст;

10) Махсулоти шири. Содироти махсулоти шири (твороги бе равган, кефир, биойогурт) ба Хитой, ки бинобар даст кашидан аз сиёсати “1 оила – 1 кудак” ва нобовари ба истехсолкунандагони махалли (чанчолхои марбут ба истехсолоти хатарнок) афзоиши талабот ба махсулоти воридоти пешбини мегардад;

11) Сайёхи. Афзалиятхои ракобатии Точикистон дар ин соха ба хусусиятхои табии ва иклимии он асос меёбанд. Иктидори содиротии сайёхии байналмилали дар Точикистон асосан хам бо сайёхии инфироди ва хам гурухи (сайёхи кухи, экологи, солимгардони), инчунин сафархои кори марбут ба чойгиршавии идорахои сершумори созмонхои байналмилалии молияви, агентихои рушд ва лоихахои мусоидати техники (хамаги кариб 80) дар Точикистон, инчунин майлу рагбати рузафзуни давлатхои хамсоя – шарикони тичорати ва сармоягузори алокаманд мебошад. Бозорхои асоси: Осиёи Шарки (Хитой), Иттиходи Давлатхои Мустакил ва Гурчистон, Шарки Наздик, Аврупои Гарби ва Шарки, ИМА, Канада, Япония. Афзоиши талабот ба хизматрасонии сайёхон аз сармоягузори ба инфрасохтор, ривоч додани симои мусбати кишвар ва таргиби фаъолонаи махсулоти сайёхии дар хорича вобаста аст. Мутобики арзёбии Ташкилоти Умумичахонии сайёхии хачми имконпазири содироти хизматхои сайёхии Точикистон аз 3,2 млн.доллари ИМА дар соли 2016 то 4,0-4,3 млн.доллари ИМА дар солхои 2019-2020 ташкил хохад дод;

12) Хизматрасонии наклиётии транзити. Точикистон ба монанди Казокистон бояд мавкеи муносиби чугрофии худро дар “калби Осиё” истифода намуда, хизматрасонии наклиётии транзитиро вусъат бахшад, яъне ба шабакаи наклиёти “аз шимол ба чануб” барои содироти такрории мол аз кишвархои Иттиходи Аврупо ва Иттиходи Давлатхои Мустакил ба Афгонистону Эрон ва сипас ба кишвархои халичи Форс мубаддал гардад;

13) Хизматрасонии телекоммуникатсиони. Ширкатхои хусусии ватани “ExpressPay и Payvand” тайи чанд соли охир дар Афгонистон, Хитой ва Киргизистон хизматрасонии худро аз руи низоми пардохтхои фаври пешкаш менамоянд. Аз соли 2008 инчониб хатти алокаи нурию нахи арзи вучуд дорад, ки Душанберо бо Шерхон бандар мепайвандад. Онро, инчунин инфрасохтори ба он монанди Ширкати сахомии холдингии кушодаи “Барки Точик”-ро, ки хануз дастраси опреаторони алока нестанд, мавриди истифода карор додан лозим аст. Лоихаи бунёди шабакаи нурию нахи аз Точикистон ба Покистон тавассути Афгонистон хамчунин ояндадор мебошад.

  1. Дурнамои чугрофии рушди содирот:

1) Аврупои Гарби. Шарикони асосии Точикистон дар соли 2014 Швейтсария, Нидерланд ва Италия буданд. Талаботи кишвархои минтака ба алюминий, пахта, объектхои фарханг, инчунин баъзе намудхои камёфти махсулоти кишоварзи ва озукавори зиёд аст. Бо дарназардошти он, ки дар Аврупои Гарби (Германия, Швейтсария, Британияи Кабир) меваю хушкмеваи органики (бе пестетсид парваришёфта) харидори зиёд доранд, ин бозори хеле калони эхтимоли мебошад. Бояд махсулот ба талаботи стандартхои сифат мутобик гардонида шуда, сертификатсияи он дар озмоишгоххои хоричи таъмин карда шавад ва дар доираи узвияти Созмони Умумичахонии Савдо ва системаи GSP+ механизмхои дастраси ба бозорхои Иттиходи Аврупо, ки барои молхо аз Точикистон меъёрхои сифри татбик мегарданд, истифода карда шаванд. Дастраси ба бозори Аврупо барои молхо аз кишвархои ру ба таракки бо махдудиятхои сершумори тарифи ва гайритарифи, аз чумла талаботи чидди ба сифати махсулоти кишоварзи ва мавчудияти сертификатхои аврупоии фитосанитари алокаманд аст. Металлхо ва сангхои киматбахо, хизматхои туристи, алюминий, мис, хушкмеваи ба тарики органики парваришёфта дорои иктидори назарраси содироти мебошанд. Таъсиси корхонахои муштарак бо истехсолкунандагони аврупои дар худуди кишвар ба содироти ин махсулот мусоидат хохад кард.

2) Кишвархои Осиё. Шарики асосии тичоратии Точикистон дар Осиёи Шарки – Хитой, сарфи назар аз поёнравии суръати рушди иктисоди, яке аз калонтарин дар чахон харидорони махсулоти саноати кухи ва кимиёи, пахта, металлхои сиёх ва ранга, ашёи хоми пуст мебошад. Хитоихо меваи тару тоза ва хушки Точикистонро мехаранд, ки аз руи нарху сифат дар Хитой кобили ракобат мебошанд. Дурнамои рушди содирот бо имкониятхои конеъ гардонидани он, инчунин наздикии чугрофи ва мавчудияти инфрасохтор алокаманд аст. Хавфхои чойдоштаи марбут ба нооромии вазъият дар Афгонистон ба бехатарии савдои наздисархади таъсири калон мерасонад. Сарфи назар аз ин, сохибкорони ватани намунахои молрасонии бомуваффакиятро хам ба Афгонистон ва хам тарики транзит ба Покистон (бандари Карочи) ва сипас тавассути бахр ба кишвархои дигар намоиш медиханд.

3) Шарки Наздик ва Африкои Шимоли. Шарикони асосии карордоди дар минтака Туркия ва Эрон мебошанд. Амороти Муттахидаи Араб (37 млн.доллари ИМА дар соли 2014), Изроил, Миср, Алчазоирро бозорхои ояндадор хисобидан мумкин аст. Кишвархои минтака ба алюминий, нахи пахта, озукавори ва чубу тахта марок зохир менамоянд. Тибки пешгуии мутахассисони соха солхои наздик нархи пахта муътадил мегардад ва хатто каме боло меравад: соли 2016 – 65 сент барои 1 фунт, соли 2017 – 75 сент барои 1 фунт, соли 2018 – 80 сент барои 1 фунт, соли 2019-2020 – 100110 сент барои 1 фунт. Афзоиши содирот бо иктидори назарраси рушди иктисодии кишвархои минтака (вале бо хавфхои чиддии геополитики дар кишвархои араб) ва нигох дошта шудани норасоии гуруххои алохидаи махсулот (озукавори, махсулот аз чубу когаз, металлхо) бо сабабхои табииву иклими ва ичтимоию иктисоди, муайян карда мешавад. Фаркияти нархи ангур дар Точикистон (тахминан 0,30-0,50 доллари ИМА барои 1 кг) ва дар Амороти Муттахиддаи Араб (5,0 доллари ИМА барои 1 кг) барои савдои он имкониятхои чолиб фарохам меорад. Вусъати хамкории мутакобилан судманд бо Эрон, ки аз бори гарони мучозоти байналмилали халос шуда, дорои захирахои зиёди молияви аз хисоби фуруши нафту газ мебошад, ояндаи хуб дорад. Эрон ба махсулоти озукавори: меваю тару тоза ва хушкмева, чормагз, консервахо, инчунин риштаю калобаи пахтагин, сими алюминий талаботи устувор дошта, дар оянда ба оби нушоки низ талабот меафзояд. Хамчунин дар минтака металлхо ва сангхои киматбахо, галла, чубу тахта, плитаву фанера аз чуб, хизматрасонии саёхии дурнамои хуб доранд.

4) Иттиходи иктисодии Евразия. Россия ва Казокистон хам аз руи содирот ва хам аз руи воридот шарикони калонтарини Точикистон мебошанд. Бухроне, ки дар Россия соли 2014 огоз гардида, боиси паст шудани суръати рушди иктисоди гардид, ба музди мехнат ва интиколи пули мухочирони мехнати таъсири манфи мерасонад. Вале ба хар хол, Россия яке аз кишвархои калонтарини воридкунандаи меваю сабзавот, хушкмева, захирахои минерали ва намудхои сершумори молхои дигар аз Точикистон (ба андозаи 703,5 млн.доллари ИМА дар соли 2014) ва яке аз пешсафони воридот ба Точикистон (34 млн.доллари ИМА дар соли 2014) боки мемонад. Эмбаргое, ки Россия нисбати молхои озукавори аз ИМА, Иттиходи Аврупо ва баъзе кишвархои дигар дар соли 2014 чори намуда, сипас онро тамдид кард, ба Точикистон имконият фарохам меорад, ки аз руи баъзе мавкеъхо, дар навбати аввал махсулоти меваю сабзавот, махсулоти озукавории коркардшуда (шарбату консервахо) чои онхоро ишгол намояд. Вале дар ин чода монеахои муайяни гайритарифи чой доранд, масалан, дар Россия сертификатхои фитосанитарии дар Точикистон додашуда эътироф карда намешаванд ва ба содиркунандагон лозим аст, ки онхоро дар худуди Федератсияи Россия аз нав гиранд. Шабакаи савдои чаканаи Россия тахти таваччухи доимии макомоти федералии масъули амнияти озукавори ва сифати он карор дорад ва онхо талаб менамоянд, ки содиркунандагони мол стандартхои озукавориро катъиян риоя намоянд. Казокистон ба яке аз се кишвари калонтарини шарики тичоратии Точикистон дохил мешавад (дар соли 2014 содирот518 млн.доллари ИМА, воридот – 181,5 млн.доллари ИМА) ва хиссаи он афзуда истодааст. Казокистон махсулоти озукавори, инчунин маъдану консентратхо (мис, сурб ва рух) ва нахи пахтаро фаъолона мехарад. Вале тибки маълумоти чойдошта Казокистон бо истифода аз имтиёзхои гумрукии барои аъзои Иттиходи гумруки мукарраршуда ба содироти такрории кисми молхои аз Осиёи Маркази воридшуда ба Федератсияи Россия машгул аст. Дар Чадвали 7 дар поён овардашуда бозорхои асосии максадноки мавчуда (харфи М) ва ояндадор (харфи О) барои молу хизматхои Точикистон, ки имконияти бештар барои содирот доранд, пешниход гардидааст. Барои гирифтани маълумот дар бораи нарху сифат гузаронидани тахкикоти амиктари маркетингие, ки пурсиши содиркунандагон ва воридкунандагони ватании махсулот ва хизматрасонии мавриди таваччухро аз кишвархо-шарикони асосии тичоратии Точикистон дар бар мегирад, зарур аст.

5. АСОСХОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ РУШДИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНи

§1. Такмили заминаи меъёрию хукукии рушди содирот ва воридотивазкуни тибки Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамухлати рушди Точикистон барои солхои 2016-2020 ва таквияти институтсионали

  1. Тайи 5 соли охир дар Чумхурии Точикистон як катор санадхои конунгузори ва меъёрии хукукии дигар дар сохаи танзими фаъолияти иктисодии хоричи кабул шудааст. Дар навбати аввал, Конуни Чумхурии Точикистон аз 28 декабри соли 2012, №906 “Дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон”-ро кайд намудан чоиз аст. Хамин тарик, ба моддаи 345 Кодекси гумруки Чумхурии Точикистон дар мавриди руйхати молхое, ки воридоти онхо ба худуди гумрукии Чумхурии Точикистон аз 1 январи соли 2013 аз пардохти бочи гумруки озод карда мешавад, тагйирот ворид карда шуд.
  2. Дар робита бо шомилшавии Точикистон ба Созмони Умумичахонии Савдо бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 31 октябри соли 2014, №691 “Барномаи мутобикгардонии иктисодиёти Чумхурии Точикистон бинобар узвият дар Созмони Умумичахонии Савдо” тасдик карда шуд.
  3. Чихати рушди содирот ва воридотивазкуни Комиссияи давлати оид ба воридотивазкуни дар Чумхурии Точикистон ташкил карда шудааст, ки онро Сарвазири Чумхурии Точикистон сарвари мекунад.
  4. Дар баробари ин дар рушди институтсионалии содирот ва воридотивазкуни норасоихои марбут ба номукаммал будани заминаи меъёрию хукуки чой доранд.
  5. Чорабинихои асосии зеринро оид ба такмили заминаи меъёрию хукукии рушди содирот ва воридотивазкунии Точикистон муайян намудан мумкин аст:

– ворид намудани тагйирот ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 марти соли 2013, №93 “Дар бораи аз андози арзиши иловашуда ва бочи гумруки озод намудани техника, тачхизот ва кисмхои эхтиётии барои эхтиёчоти истехсоли воридшаванда”;

– гузаронидани тахкикоти заминаи меъёрии хукукии чойдошта чихати фарохам овардани иклими муносиби андозбанди барои содирот ва воридотивазкунандагон ва дар асоси он ворид намудани тагйиру иловахои дахлдор ба кодексхои андоз ва гумрук ва дигар санадхои меъёрии хукуки;

– тахия ва кабули Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани кобилияти ракобат”;

– тахияи барномаи ташаккули гуруххои (кластерхои) асосии молхои содироти, аз чумла марказхои рушди кластери ва механизми татбик;

– таквияти низоми мониторинг ва арзёбии Барнома, инчунин ташаккули механизми тасхехи индикаторхои максаднок дар асоси моделхои пешгуишуда;

– тахия низоми меъёрхои афзалиятнокии лоихахои содироти барои гирифтани дастгирии давлатии молияви;

– ташаккули асосхои хукукии субсидиякунонии меъёрхои фоизии карзхо барои содирот ва воридотивазкуни;

– тахияи асосхои хукуки ва механизми истифодаи низоми фармоиши давлати барои рушди истехсолоти ватании кобили ракобат;

– чори намудани механизми самараноки дастгири ва хавасмандгардонии истехсолкунандагон ва содиркунандагони молхои ватани.

  1. Амали намудани тадбирхои мазкур дар сурати бехтарсозии назарраси мухити сохибкори ва сармоягузори, баланд бардоштани накш ва масъулияти макомоти махаллии хокимияти давлати дар мусоидат ба содирот ва воридотивазкуни, таъсиси Шурои милли оид ба соддагардонии расмиёти савдо, инчунин мониторинги харсолаи пешрафт ва назорати натичахои ичрои Барнома хеле самаранок хохад буд.

§2. Ислохоти сиёсати савдо ва соддагардонии расмиёти содироту воридот

  1. Ислохоти сиёсати савдо, дар навбати аввал, содда гардонидани расмиёти марбут ба андешидани тадбирхои зеринро дар назар дорад:

– тахия ва чори намудани консепсияи “иштирокчии боэътимоди бозор” барои содда гардонидани расмиёт дар доираи фаъолияти содироти ва воридотивазкуни;

– истиснои такроршавии вазифахои макомоти давлати ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти сохторхои назораткунанда ва таъминкунандаи фаъолияти содироти;

– ислохоти низоми сертификатсиякунони барои соддагардонии расмиёти содироту воридот;

– содда гардонидани барасмиятдарории гумруки ва то хадди акал кам кардани микдори хуччатхо, вакт ва харочоти иштирокчиёни фаъолияти иктисодии хоричи марбут ба ичрои расмиёт;

– такмили низоми чоригардидаи хуччатгузории электрони хангоми содирот ва воридот (“Равзанаи ягона”).

  1. Зимнан барои пешкаш намудни молхои ватани дар бозорхои байналмилали, таъмини мунтазам гузаронидани мониторинги монеахои маъмури ва тичорати хангоми содирот, баланд бардоштани обрую эътибори байналмилалии тичорати ва мавкеи Точикистон дар рейтингхо аз узвияти Точикистон дар Созмони Умумичахонии Савдо ва имкониятхое, ки Созишномахои генералии имтиёзхо пешниход менамояд, фаъолона истифода бурда шавад.
  2. Истифодаи ташаббуси бахшхо дар доираи ухдадорихои ба зимма гирифташудаи Созмони Умумичахонии Савдо барои истехсоли максадноки махсулоти ватани. Истифодаи васеи низоми имтиёзноки “GSP+” барои дастгирии махсулоти ватани дар кишвархои Иттиходи Аврупо ва низоми мусоидати бештар (MFN) бо ИМА омилхои иловагии ракобатноки буда метавонанд.
  3. Барои хифзи махсулоти ватани дар бозорхои хоричи захирахои мавчударо фаъолона истифода намудан лозим аст. Барои ин чалб намудани намояндагихои тичорати дар хорича ва узвият дар созмонхои байналмилали, масалан, Созмони Умумичахонии Савдо зарур мебошад.

§3. Ташкили сохторхои мусоидат ба содирот

  1. Самтхои асосии ташаккули низоми миллии сохторхои мусоидат ба содирот бояд инхо бошанд:

– таъсиси Бонки содироти бо ваколати додани имтиёзхо ва карзхои дарозмухлат ба содиркунандагон;

– ташкили ниходхои (институтхо)-и рушди содирот, аз чумла Агентии мусоидат ба содирот, Агентии сугуртаи амалиётхои содироти, аз чумал карз, сармоягузори ва фуруш;

– ташкили Фехристи чамъбастии содиркунандагон ва воридкунандагони Точикистон бо чудо кардани гурухи “иштирокчиёни боэътимоди бозор”;

– таъсиси институти ваколатдор оид ба хукуки сармоягузорон ва содиркунандагон (сохибкорон) дар назди Президенти Чумхурии Точикистон;

– гузаронидани озмунхои “Содиркунандаи бехтарини Точикистон”;

– инкишофи шаклу усулхои савдои наздисархади;

– хамохангсозии фаъолияти сохторхои миллии мусоидат ба содирот, мониторинги пешрафт дар асоси нишондихандахои микдори низоми хавасмандгардони ва назорати самараноки бояд вазифаи асоси дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторхои мусоидат ба содирот гардад.

§4. Мусоидат ба ташкили шабакаи пешбурди мол дар хорича

  1. Самтхои асосии фаъолият оид ба инкишофи шабакаи пешбурди мол дар хорича ва азхудкунии бозорхои нави хоричи инхоянд:

– рушди инфрасохтори хоричии дастгирии содирот, хусусан дар бозорхои кишвархои Иттиходи Аврупо, Афгонистон, Эрон, Хитой, Туркия, Покистон, Хиндустон;

– такмили Низомнома дар бораи намояндагихои тичоратии Чумхурии Точикистон дар хорича барои баланд бардоштани накши онхо дар пешбурди молхои Точикистон;

– истифодаи окилонаи иктидори диаспорахои точик дар хорича барои мусоидат ба содирот ва пешбурди махсулоти ватани дар бозорхои хоричи.

§5. Рушди неруи инсони ва тарбияи кадрхо барои сохторхои мусоидат ба содирот ва воридотивазкуни тибки Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамухлати рушди Точикистон барои солхои 2016-2020

  1. Тарбияи бомуваффакияти кадрхо барои сохторхои мусоидат ба содирот ва воридотивазкуни андешидани тадбирхои зеринро такозо менамояд:

– ба стандартхои тайёр намудани бакалавр ва магистрхо аз руи ихтисоси “Фаъолияти иктисодии хоричи” чори намудани дарсхои амали оид ба рушди содирот дар Чумхурии Точикистон;

– чори намудани курси омузиши стандартхои амнияти озукавории HACCP ва ISO дар муассисахои тахсилоти олии дахлдори техники;

– ташаккули низоми миллии пахн намудани донишхои иктисодии хоричи;

– гузаронидани тренингхо барои сохибкории хурду миёна дар сохаи рушди иктидори содироти ва инноватсия, логистика, маблаггузори ва сугурта, маркетинг ва менечменти фаъолияти иктисодии хоричи, тичоратикунонии кишоварзи;

– мусоидат ба ширкатхои содиркунанда дар тахия ва татбики стратегияи содирот ва маркетинг;

– омузонидани коршиносон барои мавкеъгири дар бозор, дарёфти чойхои нав дар бозор, усулхои муосири гузаронидани гуфтушунидхо бо шарикони хоричи;

– такмили низоми тарбия, бозомузи ва такмили ихтисоси кадрхое, ки дар сохаи танзим ва рушди содирот фаъолият мекунанд;

– таълими кормандони дахлдори макомоти Точикстандарт, Хадамоти байтори, карантин, санитари ва фитосанитари оид ба истифодаи техника ва тачхизоти замонавии аз чониби ширкатхои истехсолкунанда ва воридшаванда. Хамин тарик, такмили минбаъдаи асосхои институтсионалии рушди содирот ва воридотивазкуни дар асоси татбики тадбирхои дар Барнома пешбинигардида имконият медихад, ки харочоти марбут ба содирот кам карда, иктидори сохторхои мусоидат ба содирот ва воридотивазкуни таквият дода шавад, инчунин сатхи боварии иштирокчиёни бозор ба сиёсати амалишавандаи савдои хоричии давлат баланд бардошта шавад.

6. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ СОДИРОТ ВА ВОРИДОТИВАЗКУНи

  1. Дар шароити чахонишави ва узвияти кишвар дар созмонхои тичоратию иктисоди ва сиёсии байналмилали (Созмони Умумичахонии Савдо) ва минтакави (ИДМ, СХШ), инчунин дар созишномахои дучониба оид ба интиколи озоди молу хизматхо дастгирии давлатии содирот ва воридотивазкуни, ки аз доираи ухдадорихои хангоми шомилшави ба онхо базиммагирифтаи Точикистон берун намеояд, мухим мебошад. Набудани чунин дастгирии давлати барои истехсолкунандагон ва дар мачмуъ барои иктисодиёти кишвар окибатхои манфи меорад.
  2. Тадбирхои дастгирии давлатии истехсолкунандагон ва содиркунандагон дар сурати таъмини мачмуи будани карорхои кабулшаванда тахияи накшаи мушаххаси амал муассир хохад буд. Омилхои молияви бе омилхои гайримолияви, ислохоти институтсионали, бехтар намудани мухити кор на хамеша натичахои дилхох медихад ва баръакс. Тавре тачриба нишон медихад, агар тадбирхои андешидашаванда мачмуи набошанд, ноил гардидан ба хадафхои гузошташуда эхтимоли кам дорад.
  3. Чихати афзоиши молу махсулоти ракобатпазири содироти, механизми самараноки дастгири ва хавасмангардонии истехсолкунандагон ва содиркунандагони молу махсулоти ватани ва гузаронидани ислохоти зарури дар бахшхои вокеи тахия ва пешниход карда шавад.
  4. Хамин тарик, сарфи назар аз имтиёзхои чойдоштаи андози, ки аксарияти онхо бо огози амал кардани Кодекси нави андози Чумхурии Точикистон дар мохи январи соли 2013 эътибор пайдо намуданд, бо сипари гаштани кариб сесола афзоиши назарраси шумораи корхонахои навтаъсис мушохида карда намешавад. Бинобар ин, тадбирхои андешидашаванда бояд мачмуи ва мутакобилан такмилдиханда буда, ислохоти андози, бехтар намудани мухити сохибкори, бехтар намудани дастрасии сохибкорон ба захирахои молиявии дохили ва берунаи арзон (барои хариди техника ва тачхизоти муосир), бехтар намудани маъмурикунонии андози ва гумруки, кам кардани монеахои тичорати ва гайритичорати, ихтисори вакт ва соддагардонидани расмиёти содироту воридот, ба талаботи чахони мутобик гардонидани агентии стандартизатсия ва метрология, Хадамоти байтори, санитарию эпидемиологи ва фитосанитари, ба талаботи стандартхои чахони мутобикгардонидани сифати махсулоти истехсолшаванда, бунёди бренди ягонаи кишвар ва гайраро дар бар гиранд.
  5. Чихати фарохам овардани шароити мусоид барои амали намудани фаъолияти сохибкории хурду миёна, кам кардани сатхи иктисодиёти пинхони, бунёди замина барои рушди сохибкории истехсоли, инчунин зиёд намудани воридоти андоз баланд бардоштани хадди чории пешбурди фаъолият аз руи низоми соддакардашудаи андозбанди барои хамаи намудхои фаъолият, ба гайр аз сохибкорони тибки патент фаъолияткунанда, барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи ва паст кардани сатхи андози ичтимои мавриди омузиш карор дода шавад. Бо максади бехтар намудани кор ва таъмини эътирофи байналмилалии сертификатхои аз тарафи марказхои тестии Точикистон, Хадамоти байтори, карантин, санитари ва фитосанитари додашаванда, аз бочи воридоти ва андозхо озод намудани техникаю тачхизоти муосири барои марказхои тести воридшаванда, инчунин такмили ихтисоси кормандони ин ташкилотхо лозим аст.
  6. Тавсияи тадбирхои мушаххас оид ба хавасмандгардонии андози дар фасли дуюми Накшаи чорабинихо оварда шудаанд.
  7. Бехтар намудани кори Хадамоти гумрук, таъмини интиколи зуди молхо тавассути сархади гумруки, бехтар намудани низоми бахисобгири, истифодаи тарифхои мувофикашуда нисбати махсулоти воридшаванда дар доираи ухдадорихои базиммагирифташуда ба таъмини ракобатнокии молхои ватани дар бозори дохили ва хоричи сахми назаррас (мустаким ва гайримустаким) мегузорад, инчунин чихати пешбурди содирот мусоидат хохад кард.
  8. Яке аз мушкилоти асоси фаркият дар нархи эълоншудаи махсулоти ворид ва содиршаванда мебошад. Фаркият дар нархи молхо дар сурати содироти махсулот, агар он дар чараёни истехсол ва содирот андозбанди шавад, боиси кам ворид гардидани маблаг ба бучети кишвар мегардад. Дар холати воридот кам нишон додани арзиши махсулоти воридшаванда хамчунин боиси кам ворид гардидани маблаг ба бучет мегардад, зиёда аз ин камшавии харочоти воридкунандагон аз хисоби нишон надодани арзиши вокеии махсулоти воридшаванда имконият медихад, ки он бо нархи арзон фурухта шавад, ки боиси пастшавии кобилияти ракобати истехсолкунандагони махсулоти ватани мегардад. Барои рушди сохахое, ки аз ашёи хоми воридшаванда вобастаги доранд, мувофики максад аст, ки меъёри сифрии бочи гумруки амали гардида, андозбанди бекор карда шавад, сарфи назар аз он, ки Точикистон дар доираи созишномахои Созмони Умумичахонии Савдо барои чунин воридот хукук дорад, бочи гумруки ситонад. Интиколи ашёи хоми воридоти бе ситонидани бочи воридоти барои ташкил намудани истехсоли махсулоти аз ашёи хоми воридоти вобастабуда ва бо хамин ихтисор намудани воридоти махсулоти тайёр, нигох доштани чойхои кори мавчуда ва таъсиси чойхои нави кори, баланд бардоштани даромади ахоли, ихтисор намудани шумораи мухочирони мехнатии дохили ва хоричи, паст намудани сатхи камбизоати, таъмини эхтиёчоти дохили ва мусоидат ба содироти махсулоти тайёр кумак мерасонад.
  9. Агар назорати баъдии гумруки, тавре дар аксарияти кишвархои чахон амали мешавад, ба рох монда нашуда бошад, тачрибаи назорати интихобии гумруки дар сархад (то сатхи 5 фоиз) камсамар аст. Хамчунин чори намудани мафхуми “иштирокчии боэътимоди фаъолияти иктисодии хоричи”, ки ба онхо нисбат ба иштирокчиёни дигари фаъолияти иктисодии хоричи имтиёзхои муайян дода, суръати интиколи молхоро тавассути сархад метезонад, ба максад мувофик аст.
  10. Гайр аз ин, шумора ва зудии тамоси шахсии ахли сохибкори ва гумрукро кам кардан лозим аст. Хамаи расмиётро тавассути Интернет ва почтаи электрони ба рох мондан лозим аст. Лоихаи дар сархад амалкунандаи “равзанаи ягона” бояд такмил ва инкишоф дода шуда, муттасилии кори он таъмин карда шавад.
  11. Дар доираи механизми банди 60, механизми чуброн кардани пардохтхои андозиву гумрукии содиркунандагони молхои ватани дар асоси хуччатхои тасдиккунандаи фуруши онхо дар хоричи кишвар тахия ва пешниход карда шавад.
  12. Дар Барномаи мазкур омилхои молияви ва тадбирхои дастгирии давлатии зерин пешбини гардидаанд:

– кафолати давлатии дастгирии содирот оид ба пешниходи карзхои дарозмуддат ва сугуртаи хавфхо;

– додани карзхои миёнамухлат ва дарозмуддат барои содирот бо чалби маблагхои бучет, додани кафолатхои содироти ва маблаггузории тосодироти;

– расонидани кумаки молияви барои дастгирии субъектхои ба содирот нигаронидашудаи сохибкории хурду миёна;

– чуброни кисми меъёрхои фоизии карзхои содироти барои тахвилгарони махсулоти гайри ашёи хом;

– ташкили низоми сугуртакунии карзхои содироти ва амалиёти содироти аз хавфхои тичорати ва сиёси.

  1. Тадбирхои дастгирии молияви барои халли мушкилоти нарасидани маблаг, афзоиши хачми содирот, чуброни норасоии захирахои молияви, афзоиши хачми истехсол ва содирот, таъмини ракобатнокии махсулоти ватани аз руи нарх, инчунин кохиш додани хавфхои тичорати ва содироти мусоидат хоханд кард. Зимнан омилхои молиявии дар Барнома пешниходгардида ба бандхои дахлдори созишномахои Созмони Умумичахонии Савдо мухолифат намекунанд.
  2. Таъмини дастраси ба захирахои арзону дарозмуддати молияви барои истехсолоти ба содирот ва воридотивазкуни нигаронидашуда яке аз омилхои мухим барои баланд бардоштани кобилияти ракобат дар бозорхои дохили ва хоричи мебошад. Ин бо он алокаманд аст, ки мувофики тахкикотхои сершумор, яке аз монеахои асоси барои рушди содироти ватани ва ихтисори воридоти молхо меъёрхои баланди фоизи ва набудани маблагхои кофии карзхои дарозмуддат мебошад.
  3. Курби вокеии самараноки асъор (табдил) индикатори ракобатпазирии иктисодиёти ватани аз руи нарх нисбат ба шарикони тичоратии он буда, барои таъмини нигохдории кобилияти ракобати иктисодиёти кишвар васеъ истифода мегардад. Таквияти асъори Точикистон нисбат ба асъори шарикони тичоратии Точикистон ракобати истехсолкунандагони ватаниро ба махсулоти ин кишвархо мушкил мегардонад.
  4. Воситахои сиёсати молияви дар баробари воситахои сиёсати иктисоди ва тичорати бояд вазифаи дастгири намудани кобилияти ракобати истехсолкунандагони ватаниро хал намуда, болоравии аз хад зиёди курби вокеии самараноки табдили сомониро нисбат ба асъори шарикони асосии тичорати дар асоси хиссаи ин кишвархо дар содироти Точикистон пешгири намоянд.
  5. Тадбирхои гайримолияви. Тадбирхои зеринро сарфи назар аз он, ки онхо дар пешбурди мол дар бозорхои дохили ва хоричи таъсирбахш хоханд буд, ба тадбирхои гайримолияви мансуб донистан мумкин аст:

– таъсиси порталхои иттилооти, замимахо барои платформахои iOS, Android, Windows барои пешбурд ва шинохта шудани молхо дар бозорхои эхтимоли мусоидат хохад кард;

– дастгирии иттилоотию машваратдихи ва мусоидати маркетингию тахлили чихати ривоч додани содироти молхои Точикистон, таъмини пешниходи саривактии маълумот, мусоидат ба фаъолияти марбут ба ташкили намоишу ярмакахо барои пешбурди молхои истехсоли ватани дар бозорхои дохили ва хоричи имконият фарохам меорад;

– додани патент ба махсулоти хунархои бадеии мардуми, матоъхои милли дар Маркази миллии патенту иттилоот ва сохторхои байналмилалии патенти барои эхёи хунархои бадеии мардуми, баланд бардоштани сатхи шугл ва зиёд намудани даромади ахоли мусоидат хохад кард. (тадбирхои мушаххаси дорои хусусияти гайримолияви дар Накшаи чорабинихо оварда шудаанд).

  1. Низомхои мухофизати, бочхои чуброни ва чорахои зиддидемпинги:

– низомхои мухофизати, бочхои чуброни ва чорахои зиддидемпинги, ки дар доираи созишномахои Созмони Умумичахонии Савдо пешбини гардидаанд, дар баробари самту тадбирхои дар боло зикргардида хамчунин барои хифзи манфиатхои истехсолкунандагони ватани равона гардидаанд. Вале бояд кайд кард, ки низомхои мухофизати, бочхои чуброни ва чорахои зиддидемпингиро шарикони тичорати низ нисбати истехсолкунандагони ватани, дар сурати вайрон кардани мукаррароти созишномахои имзонамудаи Точикистон, татбик намуда метавонанд. Бинобар ин, дар назар доштан лозим аст, ки узвият дар хар созмони минтакави ё глобали на танхо хукук, балки инчунин ухдадорихо низ дорад;

– чихати ичрои карори Хукумати Чумхурии Точикистон №691 “Дар бораи Барномаи мутобикгардонии иктисодиёти Чумхурии Точикистон бинобар узвият дар Созмони Умумичахонии Савдо” санадхои меъёрии хукукии дахлдорро бо максади хифзи истехсолкунандагони ватани аз ракобати носолим бетаъхир тахия намудан лозим аст. Тадбирхои мушаххас дар мавриди низомхои мухофизати, бочхои чуброни ва чорахои зиддидемпинги дар Накшаи чорабинихо оварда шудаанд.

  1. Омилхои дигар ва чорахои махсуси сохави:

– яке аз бартариятхои мухим дар ракобати Точикистон дар киёс бо аксарияти кишвархо, хусусан кишвархои хамсоя мавчудияти захирахои арзони энергетики мебошад, ки ба сифати кувваи пешбарандаи рушди тамоми иктисодиёти кишвар, бахусус сохаи саноат хизмат мекунанд;

– хамаи корхонахои саноатии кишвар барои 1 киловатт неруи истифодашуда дар давоми сол 34 дирам (5,3 сент бо курби чории Бонки миллии Точикистон) месупоранд. Зимнан, соли 2015 ба Киргизистон ва Афгонистон неруи барк мутаносибан бо нархи 2,5 ва 3,5 сент содирот шуд, ки истехсолкунандагони ватаниро дар мукоиса бо истехсолкунандагон дар кишвархои хамсоя – воридкунандагони неруи барк баръало дар холати гайри ракобат карор медихад;

– пешниходи тарифхои тагйирёбандаи мавсимии неруи барк (дар давраи барзиёд будани захирахои гидроэнергетики ва партофти бе истехсоли неруи об, яъне дар давраи аз 1 май то 30 сентябр) барои хамаи корхонахои кишвар аз руи тарифхое, ки ба Корхонаи вохиди давлатии “Ширкати алюминийи Точик” пешниход мегардад (11 дирам) ба баланд бардоштани сатхи истехсол ва паст кардани арзиши аслии вохиди махсулоти истехсолшуда мусоидат хохад кард;

– тадбири дахлдор дар Накшаи чорабинихо оварда шудааст, аз чумла чорахои махсуси сохавии дахлдор.

7. БАЛАНД БАРДОШТАНИ КОБИЛИЯТИ РАКОБАТНОКИИ МАХСУЛОТ ДАР БОЗОРХОИ ДОХИЛи ВА ХОРИЧи

§1. Баланд бардоштани сифати махсулот мутобики меъёрхо ва стандартхои СУС, ХИОМ ва бозорхои дигари эхтимоли

  1. Истифодаи стандартхо, дастурхо ё тавсияхои байналмилали ба сифати асос барои регламентхои техники ва расмиёти арзёбии мутобикат ба бартараф намудани монеахо дар савдо мусоидат хохад кард. Илова бар ин ба кишвархо бо исрор пешниход мегардад, ки бо максади бахисобгирии талаботи онхо ва дастраси ба махсулоте, ки барои он регламентхои техники гирифтан мехоханд, дар кори созмонхои байналмилали оид ба стандартизатсия иштирок карда, стандартхо ё низомхои арзёбии мутобикат ва расмиётро бо интихоби худ тахия намоянд.
  2. Стандартхои байналмилали, ба истиснои холатхое, ки агар онхо масалан, бинобар омилхои назарраси иклими ё чугрофи ё мушкилоти чиддии технологи барои конеъ гардонидани манфиатхои конуни мувофик набошанд, бояд ба сифати асос барои тахияи регламентхои техники истифода шаванд.
  3. Дар Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкуни чорабинихои зерин дар сохаи баланд бардоштани сифати махсулот мутобики меъёру стандартхои байналмилали пешбини гардидаанд:

– фаъол гардонии сохторхои дахлдор дар кори созмонхои байналмилалии тахиякунандаи стандартхо, аз чумла кор бо Комиссияи Кодекси Алиментариус (Codex Alimentarius Commission);

– бехтар намудани дастраси ба стандартхо ва барномахои техники милли, минтакави ва байналмилали (ба даст овардани стандартхо, тарчума, махзани электронии маълумот дар бораи стандартхо);

– чалби машваратчиён барои расонидани хизматхои машваратдихи оид ба чори намудан ва омузиши стандартхои байналмилали ва минтакави;

– баланд бардоштани сатхи огохии сохторхои сохибкори дар бораи стандартхои байналмилали (сомонаи интернет, фехрист, нашрияхо дар воситахои ахбори омма, вохурию семинархо ва тренингхои мунтазам барои хизматчиёни давлати ва коршиносон).

§2. Борбанди, тамга ва номи тичорати (брендинг)

  1. Тамгазании махсулоти худ барои ташхиси он, гузаронидани баруйхатгирии захирахо, пайгирии молхои убуркунандаи сархадоти милли амали маъмулест. Тамгазани ва борбандии махсулоти тайёр бояд ба талаботи стандартхои чахони чавобгу бошад.
  2. Дар Точикистон дар сохаи бастабанди ва тамгазани мушкилоти муайяне чой дорад, ки онро тавассути мусоидат намудан ба содиркунандагон барои хариди (ё лизинги) тачхизоту технологияи муосири бастабанди ва омузонидани кормандон барои истифодабарии он бартараф намудан лозим аст. Баланд бардоштани сатхи огохии истехсолкунандагон дар бораи стандартхои тамгазани ва бастабанди бо максади мутобикат ба талаботи Комиссияи Кодекси Алиментариус, НАССР ва ИСО, регламенти техникии Чумхурии Точикистон зарур аст.
  3. Чихати тахия ва кабули сиёсати миллии номи тичоратие, ки ба рушди бозор ва пешбурди махсулоти Точикистон тахти номи тичоратии “дар Точикистон истехсол шудааст” тадбирхо андешидан лозим аст. Ба сифати лоихаи пилоти номи ягонаи тичоратии махсулоти кишоварзи барои рох ёфтан ба бозорхои хоричиро тахия намудан мумкин аст, масалан, “Точики – яъне органики” ё тахия ва дар воситахои ахбори омма намоиш додани симои чолиби дехконе, ки меваи аълосифатро парвариш, хушк мекунад ва ба хоричи кишвар мефиристад.

§3. Чори намудани инноватсияхо ба истехсолоти ба содирот ва воридотивазкуни нигаронидашуда

  1. Мушкилоти марбут ба вобастагии нисбии Точикистон аз воридоти махсулоти озукавори тахдиди нихони барои амнияти озукавории кишвар мебошад. Ин зарурати воридотивазкуни махз дар сохаи кишоварзи ва воридоти технологияхо ба чои махсулоти нихои ба мадди аввал мебарорад. Монеа дар ин рох нарасидани захирахои карзи ва сармоягузории дохилию хоричи, маълумоти кофи надоштан ва тахассуси начандон баланди хайати кормандон мебошад.
  2. Барои чори намудани инноватсияхо ба сохахои ба содиротнигаронидашуда, соддагардонидани расмиёти барасмиятдарории хуччатхои содироти бо истифода аз технологияхои иттилоотию коммуникатсиони, тахия ва чори намудани хуччатгузории электрони, низоми пардохтхои электрони ва имзои раками барои содиркунандагон лозим аст, ки ин барои ба таври назаррас сарфа намудани маблагу вакт мусоидат намуда, кобилияти ракобати махсулоти содиротиро баланд мебардорад.
  3. Ташкили шабакаи бизнес-инкубатор ва технопаркхо барои тавлиди махсулоти инноватсиони дар асоси технологияхои оли барои бо чойхои кор таъмин намудани чавонон, ки ба инноватсияхо майли бештар доранд, чалби сармояи венчурии хоричи ва дар оянда баромадан ба бозорхои хоричи бо махсулоти нави бо технологияхои оли истехсол- гардида мусоидат хохад кард.
  4. Чустучуи шарикони нави тичорати ва баромадан ба бозорхои нави фуруш дар хорича, чори намудани моделхои инноватсионии пешбурди сармоягузори, масалан, истифодаи мавкеи муносиби чугрофи дар “калби Осиё” ва ба шабакаи транзити барои содироти такрории мол ва хизматрасони ба Афгонистону Эрон табдил додани Точикистон.
  5. Гузаронидани тендер барои лоихаи бехтарини инноватсиони дар сохаи содироти оби нушоки ва гиёххои шифобахш имконият медихад, ки пешниходоти муфид дар хусуси ин махсулоти ояндадори содироти интихоб ва амали карда шаванд.

§4. Такмили логистика ва рушди инфрасохтори махсусгардонидашудаи содироти ва воридотивазкуни

  1. Инфрасохтори махсусгардонидашудаи содироти ва воридотивазкунии номукаммал ба рушди содироти ватани таъсири манфии боздоранда мерасонад. Тавре дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 кайд гардидааст, сохтмони “инфрасохторе лозим аст, ки минтакахои кишварро тавассути сохтмони роххои автомобилгард ва охан, фурудгоххо, системахои алока, ки интикол, хизматхо, сармоя ва одамонро дар сатхи махалли, милли ва байналмилали осон мегардонанд,” зарур аст.
  2. Такмил додани конунгузории наклиёт ва низоми ичозатдихи дар наклиёт. Озодкунии бозори наклиёти боркашонии автомобили, рохи охан ва хавои. Тахкими заминаи моддию техникии наклиёти рохи охан тавассути таъминоти он бо мехсексияхо ва наклиёти автомобили бо рефрижераторхо.
  3. Бунёди маркази муосири байналмилалии логистики дар шахри Турсунзода, минтакахои озоди иктисодии “Панч” ва “Дангара” логистика ва нигохдории махсулотро бехтар намуда, ба ташкили арзиши иловашуда мусоидат хохад кард.
  4. Дар назди Палатаи савдо ва саноати Чумхурии Точикистон таъсис додани маркази доимоамалкунандаи намоишдихи барои гузаронидани намоишгоххо, конференсияхо ва чустучуи самараноки шарикони нави тичорати.
  5. Сохтмони анборхо бо яхдонхо барои махсулоти кишоварзи бо максади кам кардани талафот ва афзун намудани хачми содирот.

§5. Рушди менечменти сифат ва инфрасохтори сифати махсулот

  1. Дар кишвархое, ки фаъолияти арзёбии мутобикат баъзан аз чониби макомоти бесалохият ё бевичдон анчом дода мешавад, шарикони тичорати бештар ба системахо арзёбии мутобикате бовар доранд, ки дар он макоми сертификатсияи мутобикат ё макоми сертификатсияи система аз чониби макоми мустакили техники аккредитатсия шудааст. Чун коида, ин ташкилоти касбие мебошад, ки хукумат онро ба сифати макоми миллии аккредитатсияи кишвар эътироф намудааст.
  2. Аккредитатсия мансуб ба расмиётест, ки тавассути он ташкилотхои мустакили техники арзёби гардида, салохияти макомоти арзёбии мутобикатро расман эътироф менамоянд.
  3. Дар сурати ба имзо расонидани созишномаи дахлдори байналмилали оид ба аккредитатсия ва Созишномаи бисёрчониба дар бораи эътироф, макоми миллии аккредитатсия дар сатхи байналмилали эътироф карда мешавад.
  4. Мушкилоти дохилие, ки халли онхо иктидори Хадамоти фитосанитариро дар Чумхурии Точикистон тахким мебахшад:

– гузариш аз назорати накшави ба назорати ба дарачаи хавф асосёфта;

– нарасидани кадрхо, набудани курсхои такмили ихтисос, набудани Интернет барои огохони ва гирифтани маълумот, озмоишгоххои махсусгардонидашуда;

– набудани хаммонандкунии (идентификатсияи) чорвои калон ва хурди шохдор;

– набудани барнома усулхои (расмиёти стандартии амалиётии) баходихии хавфхо;

– набудани низоми назорати хашароти сирояткунандаи беморихои чорво.

  1. Ташхисгоххо чузъи мухими низоми назорати сифат мебошанд. Дар хар кишвар барои ташкили низоми самараноку муассири назорати сифат шабакаи ташхисгоххои хуби мучаххазгардида доштан лозим аст. Доштани ташхисгохи марказии байтори бо тачхизоти зарури, ки барои гузаронидани тахкикоти мураккаб ва тахлилхо дар сохаи байтори кодир аст, ба максад мувофик мебошад. Узвияти макоми миллии аккредитатсия дар ILAC, инчунин хуччатхои ичозатдихии аз тарафи ILAC ба ташхисгоххо додашаванда макоми протоколхои озмоишро баланд бардошта, дастрасии сохибкоронро ба бозорхои нав осон мегардонад. Мушкилоти соха аз инхо иборат мебошанд:

– ташхисгоххо ба таври бояду шояд мучаххаз нагардидаанд;

– ташхисгоххо кухна шуда, инфрасохтори дахлдор надоранд;

– норасоии шадиди реагентхо ва маводи масрафи;

– таъминоти номунтазами об ва неруи барк;

– набудани кувваи зарурии кори.

  1. Дар Барномаи мусоидат ба содирот ва воридотивазкуни дар сохаи рушди менечменти сифат ва инфрасохтори сифати махсулот чорабинихои зерин пешбини гардидаанд:

– гузариш аз назорати накшави ба назорати ба дарачаи хавф асосёфта;

– ташаккули низоми менечменте, ки ба стандартхои миллии бо стандартхои байналмилалии силсилаи ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000, HACCP мувофикаткунанда асос ёфтааст;

– дар тачрибаи корхонахои ба содирот нигаронидашуда чори намудани стандартхои байналмилалии сифати ИСО 9000, ИСО 14000, ИСО 22000, HACCP.

8. ПАРАМЕТРХОИ АСОСИИ ДУРНАМОИ РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИЧИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР СОЛХОИ 2016-2020

  1. Дурнамои рушди иктидори содироти ва воридотивазкуни дар Чумхурии Точикистон дар давраи то соли 2020 дар асоси маълумоти дурнамои рушди иктисодии Чумхурии Точикистон дар солхои 20162018 тахиянамудаи Вазорати рушди иктисод ва савдо тартиб дода шудааст. Дурнамои рушди фаъолияти савдои хоричии Чумхурии Точикистон тагйиротро дар хачм ва сохтори содироту воридот, ки дар натичаи татбики Барнома ба миён меоянд, ба назар мегирад. Суръати афзоиши фаъолияти савдои хоричи охиста-охиста, вале бемайлон боло меравад, зимнан аз соли 2017 сар карда, суръати афзоиши содирот нисбат ба суръати афзоиши воридот хеле зиёдтар хохад буд ва ин ба тавозуни савдо таъсири мусбат мерасонад. Ин дар навбати аввал, ба шарофати афзоиши хачми махсулоти содироти дар натичаи бехтар гардидани вазъ дар бозорхои асосии фуруш (Хитой, Федератсияи Россия, Туркия, Казокистон, Афгонистон) ва дуюм, дар натичаи бомуваффакият амали намудани чорабинихо оид ба воридотивазкуни ба амал омада, эхтиёчоти иктисодиёти милли ба як катор молхои одатан анъанавии воридоти кохиш меёбад.
  2. Расмиёти пешгуии нишондихандахои фаъолияти иктисодии хоричи бо истифода аз моделхои мувозинати пурра ва модели тавозуни байнисохави амали карда шудааст.
  3. Дурнамои рушди содирот ва воридивазкунии Чумхурии Точикистон дар давраи солхои 2016-2020 бо дарназардошти се сенарий: “маъюсона” (пессимисти), “вокеъбинона” ва “некбинона” (оптимисти) тахия гардидааст. Дар доираи хар яке аз ин сенарияхо Хукумати Чумхурии Точикистон ва тарафхои дигари манфиатдор мачмуи чорабинихои ба рушди хам иктидори содироти ва хам воридотивазкуни равонагардидаро амали менамоянд. Омилхои асосии муайянкунандаи вариантхои сенарияхо дарачаи таъминот бо сармоягузори ва сатхи дастгирии Барнома мебошанд. Зимнан сенарияи пессимисти (маъюсона) ба дарачаи таъминот бо сармоягузори ва дастгирии молияви (дар асоси принсипи “таносуби тило”) ба андозаи то 38 фоиз, вокеъбинона дар худуди 38-62 фоиз ва оптимисти (некбинона)зиёда аз 62 фоиз мутобикат хохад кард.
  4. Сенарияи “маъюсона” хамчун варианти инкишофи сусте барраси мешавад, ки хама чиз “дар хамон мачро беихтиёр чори мешавад”, вазъи молиявии содиркунандагон ва кобилияти харидории ахоли бехтар намешавад, вобастаги аз воридот зиёд буда, дастраси ба бозорхои максаднок махдуд ва расмиёт мураккаб мебошад. Дарачаи истифодаи тачхизоти коркард аз 15-20 фоиз иктидорашон зиёд набуда, дастраси ба захирахои молияви ва карзи махдуд аст, расмиёти карзгири серташвиш аст. Харочоти наклиёт зиёд буда, монеахои содирот назаррас боки мемонанд ва содиркунандагонро барои вусъати истехсолот хавасманд намегардонанд. Бори андоз гарон буда, хавасмандкунии сохибкори аз чониби давлат нокифоя мебошад. Мухити сохибкори барои рушди содирот ва воридотивазкуни созгор нест. Мухити сармоягузори барои воридоти сармояи мустакими хоричи ва дохили номусоид аст. Афзалиятхо дар ракобат асосан бо нишондихандахои захирави махдуд мегарданд. Сатхи боварии бахши хусуси ба татбики Барнома зиёд нест.
  5. Дар мачмуъ, кобилияти ракобати истехсолоти ватани паст мебошад, воридоти сармояи хоричи ночиз буда, дастраси ба карзхои дарозмуддат ва захирахои молияви хеле махдуд мебошад. Дар сурати набудани дастгири ва хавасмандгардонии давлати, инчунин ичрои нопурра, номуттасили Барнома, вазъият танхо шиддат хохад ёфт.
  6. Сенарияи вокеъбинона – заминави. Мутобики ин вариант Хукумати Чумхурии Точикистон чихати гузаронидани ислохот тадбирхо меандешад. Омилхои алохидаи субъективие, ки чараёни рушди содирот ва воридотивазкуниро бозмедоранд, бартараф гардида, заминаи конунгузории рушди савдо ва фаъолияти иктисодии хоричи ташаккул дода мешавад. Дар баробари ин дар ташкил ва фаъолияти низом тагйироти кулли ба миён намеояд, сабабхои объективии боздоштани рушди содирот пурра бартараф нашудаанд. Чараёни чори намудани инноватсияхо суст буда, механизми чойдоштаи хочагидори онхоро начандон мепазирад. Афзоиши муайяни сармоягузори пешбини мешавад.
  7. Сенарияи оптимисти (некбинона). Ин сенария ба азнавчихозонии технологи ва техникии истехсолот ва дар баробари ин ислохоти низоми захиракуни, коркард ва содирот асос ёфтааст. Дар пешгуии оптимисти тахаввулот бо болоравии кобилияти харидори аз хисоби вазъи мусоиди махсулоти кишоварзи, чори намудани технологияхои пешрафтаи захиракунанда ва экологи, бунёди мухити мусоиди сармоягузори ва чалби сармоягузории чиддии ватанию хоричи ба азнавчихозонии техники, чори намудани технологияхои инноватсиони низоми самараноки маркетинг ва менечменти муосир алокаманд аст.
  8. Ба сифати варианти заминави сенарияи вокеъбинона интихоб шудааст, ки аз руи он хамаи индикатору нишондихандахои максаднок дар Барнома хисоб карда шудаанд. Барои ду сенарияи дигар танхо нишондихандахои макроиктисодии пешниходгардида хисоб карда шудаанд. Агар дар чараёни татбик ва мониторинги Барнома муайян карда шавад, ки вазъият ба чониби номусоид – варианти пессимисти (маъюсона) ё баръакс ба чониби мусоид – оптимисти (некбинона) тагйир ёфтааст, пас ин сенарияи заминави мегардад. Дурнамои хамаи индикатору нишондихандахо аз руи сенарияи нави заминави бо дарназардошти дуршави аз сенарияи вокеъбинона тачдиди назар карда шуда, ба Хукумати Чумхурии Точикистон барои ворид намудани тагйироти дахлдор ба Барнома пешниход карда мешавад.
  9. Индикаторхои максадноки Барнома аз руи нишондихандахои макроиктисоди барои сенарияи заминави дар Чадвали 8 пешниход гардидаанд.
  10. Дар натичаи татбики Барнома гардиши савдои хоричии Чумхурии Точикистон аз руи сенарияи оптимисти аз 4325,4 млн.доллари ИМА соли 2015 то 4711,0 млн.доллари ИМА дар соли 2020 ё 8,9 фоиз меафзояд. Зимнан хачми содироти молу хизматхо аз Чумхурии Точикистон дар соли 2020 дар сатхи 1633,1 млн.доллари ИМА ё нисбат ба соли 2015-ум бо афзоиши 83,4 фоиз пешбини карда мешавад.
  11. Мутаносибан, хачми воридоти молу хизматхо аз Чумхурии Точикистон дар соли 2020 дар сатхи 3077,9 млн.доллари ИМА ё -10,4 фоиз камтар нисбат ба соли 2015-ум пешбини мегардад.
  12. Ба даст овардани баробарии хачми содироту воридот дар Барномаи мазкур хануз амалинашаванда аст. Пешгуи мешавад, ки хачми воридоти молу хизматхо бо ифодаи пули мисли пештара нисбат ба хачми содирот хеле зиёдтар боки монда, тавозуни манфии тавозуни савдои Чумхурии Точикистон аз 2544 млн.доллари ИМА дар соли 2015 то 1444,7 млн.доллари ИМА дар соли 2020, яъне 56,8 фоиз кохиш меёбад. Зимнан амали намудани чорабинихои Барнома имконият медихад, ки сохтори содирот ва хусусан воридот ба чониби ихтисори воридоти махсулоти озукавори, мавод ва ашёи хом аз хисоби афзоиши воридотивазкуни, зиёд гардидани воридоти тачхизоти технологи ва мошинхо тагйир дода шавад.
  13. Дурнамои инкишофи фаъолияти савдои хоричии Чумхурии Точикистон дар солхои 2016-2020 аз руи индексхои махсусгардонидашуда оварда шудааст. Дурнамои динамикаи содироту воридоти Точикистон пешбини менамояд, ки микдори махсулоти содироти бо суръати баланд афзоиш ёфта, то соли 2020 ба 150-170 намуд расида метавонад. Воридот низ хамчунин вусъат меёбад, вале начандон бошиддат ва то соли 2020 ба андозаи 240-250 намуд мерасад.
  14. Индекси тамаркузи содирот, дар сурати дастгирии марбутаи давлат, то 0,45-0,4 кохиш меёбад, индекси тамаркузи воридот бошад, дар хамон сатхе, ки дар давоми 10 соли охир буд, яъне дар сатхи 0,10-0,15 боки мемонад.
  15. Индекси диверсификатсияи содирот аз руи се намуди аввали махсулот дар Точикистон ба андозаи 0,83 баланд буда, аз хисоби васеъ кардани сабади содироти то сатхи 0,70 кохиш меёбад. Индекси диверсификатсияи воридот дар сатхи 0,50-0,55 нисбатан устувор боки мемонад.

9. МАРХИЛАХО ВА МЕХАНИЗМИ ТАТБИКИ БАРНОМА

§1. Мархилахои татбик

  1. Макоми рохбарикунанда оид ба татбики Барнома Комиссияи Хукумат оид ба воридотивазкуни мебошад, ки онро Сарвазири Чумхурии Точикистон рохбари мекунад, вазифаи котиботи ичроия бошад, ба зиммаи Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон вогузор гардидааст. Комиссия макоми хамохангсози вазорату идорахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва сохибкорон оид ба мусоидат ба воридотивазкуни ва баланд бардоштани кобилияти ракобати махсулоти ватани дар бозорхои дохилию хоричи мебошад.
  2. Накшаи кори Комиссия бо чорабинихои Барнома, ки дар Накшаи чорабинихо пешниход гардидаанд, хамоханг карда мешавад.
  3. Вазифаи асосии Комиссия оид ба воридотивазкуни дар татбики Барнома таъмини амалхои мувофикашудаи макомоти идоракунии давлати ва бахши хусуси оид ба фарохам овардани шароити мусоид барои истехсоли махсулоти содиротии воридотивазкунандаи ракобатнок ва назорати татбики Накшаи чорабинихои Барнома мебошад.
  4. Накши асосии Комиссия ва котиботи ичроияи он гузаронидани мониторинг ва арзёбии татбики Барнома мебошад. Кори самаранок бо хисоботхо ва маълумот баходихии пешрафтро оид ба мутобикат ба натичахои интизори ва захирахои чудогардида таъмин менамояд. Ин кори мухим барои татбики самараноки хамаи чорабинихо ва ичрои вазифахои стратегии Барнома мусоидат намуда, бо хамин чихати татбики бо муваффакияти он сахм хохад гузошт.
  5. Барои таъмини идоракунии самараноки татбики Лоиха Комиссия ва котиботи ичроияи он бояд дорои иктидор ва донишу малакаи кофи дар сохаи мониторинг, сафарбаркунии захирахо ва менечменти лоихави бошад. Дар акси хол тадбирхои дар боло зикргардида ва омилхои муваффакият танхо таъсири махдуд ба татбики Барнома хоханд дошт.

§2. Механизми татбик

  1. Яке аз унсурхои мухимтарини татбики Барнома муайян намудани манбаъхо ва хачми маблаггузории чорабинихои Барнома мебошад. Манбаъхои маблаггузории чорабинихо оид ба татбики Барнома инхоянд:

– маблагхои Фонди дастгирии сохибкории Чумхурии Точикистон, ки дар огози татбики Барнома дар соли 2016 тахминан 200 млн.сомониро ташкил дода, сипас хар сол боз ба андозаи 200 млн.сомони афзоиш меёбад. Сандуки карзии Фонд то охири соли 2020 такрибан ба 1 млрд.сомони расонида мешавад. Хангоми истифодаи маблагхои Фонд ба лоихахои тичоратии карзгирандагон дар навбати аввал ба довталабоне, ки лоихаи тичоратиашон самти содироти ва воридотивазкуни доранд, бартари дода мешавад;

– сандуки муттахидгардидаи карзии бахши бонки, ташкилотхои карздихии хурд ва ташкилотхои дигари карзи. Карзхои минбаъдаи максаднок ва дарозмухлат, аз чумла аз бонки таъсисшавандаи “Точикэксимбонк”

– маблагхои бучети давлат ки барои хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонихо пешбини шудаанд ва ба сифати фармоиши давлати барои дастгирии истехсолкунандагони ватани оид ба воридотивазкуни равона карда мешаванд. На камтар аз нисфи маблагхои номбаршуда барои татбики Барнома равона карда мешаванд;

– кумаки техники ва дастгирии донорхо ва шарикони рушд дар асоси стратегияхои хамкори бо Точикистон;

– маблагхои бучетии вазорату идорахои сохави, инчунин минтакахо дар доираи барномахои сохави ва лоихаи рушд дар сатхи минтакави;

– сармоягузории мустакими хоричи;

– маблагхои бахши хусуси.

§3. Хавфхо

  1. Дар давоми мухлати амали Барнома ба миён омадани хавфхои зерини марбут ба татбики Барнома имконпазир аст:

– хавфи маблаггузории нокифояи чорабинихои Барнома ба ичрои бомуваффакияти Барнома таъсири манфи расонида метавонад. Яке аз стратегияхои мухими то хадди акал кам кардани ин хавф истифодаи имкониятхои бонкхои байналмилалии рушд ва кумаки шарикони дар худуди Чумхурии Точикистон дар сохаи рушди иктисоди коркунанда хохад буд;

– ичрои номуттасили Барнома халли нопурраи мушкилот дар бобати ислохоти низоми танзими техники ва батартибандозии фаъолияти содироти. Стратегияи асосии то хадди акал кам кардани ин хавф истифодаи мачмуии иктидор ва захираи маъмурии Комиссия Хукумат оид ба воридотивазкуни, инчунин татбики самараноки низоми мониторинг ва назорати татбики Барнома хохад буд;

– набудани мониторинг ва арзёбии мунтазами ичрои Барнома хавфи ба даст наовардани арзёбии объективии пешрафт мутобики натичахои мавриди интизор ва захирахои чудогардида дорад. Стратегияи асосии то хадди акал кам кардани ин хавф мониторинг ва арзёбии харсолаи самаранокии Барнома дар охири мухлати амали он мебошад ( боби 9);

– хавфи истифода нагардидани имкониятхое, ки узвияти комилхукук дар Созмони Умумичахонии Савдо ба Чумхурии Точикистон медихад. Стратегияи асосии то хадди акал кам кардани ин хавф омузиши дакики чунин имкониятхо, баланд бардоштани тахассуси намояндагони макомоти хокимияти давлати ва бахши хусуси тавассути иштирок дар семинархо, мизхои мудаввар ва конференсияхое, ки аз руи мавзуи дахлдор ташкил карда мешаванд, инчунин истифодаи фаъолонаи имкониятхои Созмони Умумичахонии Савдо мебошад;

– хавфи истифода гардидани (ё нагардидани) имкониятхое, ки узвият ё надоштани макоми узвият дар иттиходияхо ё иттифокхои минтакавии сиёси ва ё иктисоди пешкаш менамояд. Стратегияи то хадди акал кам кардани ин хавф тахлили дакики чонибхои мусбат ва манфии истифодаи узвият, ки барои таъмини чараёнхои хамгирои, таквият ё заифгардонидани робитахои байни Точикистон ва кишвархои муайян, иттиходияхо ва иттифокхои онхо зарур аст.

10. МОНИТОРИНГ ВА НАЗОРАТИ ЧАРАЁНИ ТАТБИКИ БАРНОМА

  1. Истифодаи самараноки мониторинг, арзёбии самараноки ва назорат (минбаъд – мониторинг) арзёбии объективии пешрафтро мутобики натичахои мавриди интизор ва захирахои чудогардида таъмин хохад кард. Функсияи мониторинги Барномаро котиботи Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тахкими истехсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот амали менамояд.
  2. Мониторинг имконият медихад, ки таксимоти самаранок ва азнавтаксимкунии воситахо бо дарназардошти натичахои мавриди интизор ва бадастовардашуда ба амал бароварда шавад. Мониторинг мунтазам гузаронида мешавад. Натичаи он хисобот бо натоичу тавсияхо барои Комиссия хохад буд.
  3. Тачрибаи ташкили мониторинг ва назорати татбики Барномаи пешинаи рушди содирот дар давраи то соли 2015 камбудихои муайянеро дар мониторинг ва арзёби ошкор намуд, ки мухимтарини онхо дар набудани механизми хамкории бонизоми байни хамаи тарафхои манфиатдор ва шарикони рушд дар сатхи кори, кобилият надоштан барои тасхехи индикаторхои максадноки Барнома дар шароити зудтагйирёбандаи мухити атроф, инчунин набудани сатххои мониторинг ифода ёфтанд.
  4. Бинобар ин, бо дар назардошти сабакхое, ки аз Барномаи пешинаи рушди содирот дар мавриди мониторинг гирифта шуданд, низоми мониторинг дар якчанд сатх зарур аст: дар сатхи молхои ниёзи мардум – барои молу хизматхои алохида; дар сатхи бахшхо – барои мушохидаи индикаторхои махсуси бахшхо; ва дар сатхи милли – барои чамъбасти натичахои мониторинг ва арзёбии нишондихандахои макроиктисоди.
  5. Индикаторхои муайяни максадноки Барнома, индикаторхои асоси хоханд буд. Ин гузаронидани мониторингро дар асоси назорати мунтазами индикаторхои тасдикшуда, конеъкунандаи меъёрхои ченшаванда будан, мувофикати комил, арзиши баланд надоштани чамъоварии маълумот, инъикоси бевоситаи натичахои фосилави таъмин мекунад. Дар нихояти хол ин ба саволхои зерин посух хохад дод: тадбирхои банакша гирифташуда ичро шудаанд ё не, параметрхои максадноки пешгуишуда ба даст оварда шудаанд ё не, натичахои фосилавии тадбирхои сиёсати дар Накшаи чорабинихо пешбинигардида чи гунаанд.
  6. Котиботи Комиссия (Вазорати рушди иктисод ва савдои Чумхурии Точикистон) якчоя бо макомоти идоракунии дахлдори сохави ва минтакави бо чалби бахши хусуси ва шарикони рушд мониторинг гузаронида, ба Комиссияи доимоамалкунанда оид ба тахкими истехсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар бораи чараёни татбики Барнома хисобот пешниход менамояд.
  7. Аз руи натичахои мониторинги харсолаи чараёни татбики Барнома дар бораи натичахои он хисобот бо тавсияхо тахия гардида, ба баррасии Комиссия пешниход карда мешавад. Хисобот метавонад хам дар шакли матн ва хам дар шакли муаррифии PowerPoint барои бехтар кабул кардани сомеони максаднок пешниход карда шавад. Иктибосхои асосии хисобот дар матбуоти когази ва шабакаи Интернет интишор карда мешавад.
  8. Пас аз ба охир расидани мухлати амали Барнома (дар соли 2020) арзёбии нихоии самаранокии ичрои Барнома гузаронида шуда, ба барномаи дастгирии содирот барои давраи минбаъда тавсияхо тахия карда мешаванд. Натичахои бадастовардашуда бояд ба инобат гирифта шуда, механизму усулхои муассир ошкор карда шаванд ва “таърихи муваффакият” омухта шаванд, инчунин барои оянда сабакхо гирифта шаванд.
  9. Татбики Барнома ба ноил гардидан ба чунин хадафхои рушди устувори Созмони Милали Муттахид, ба монанди хадафи 8-ум “Мусоидат ба рушди бемайлон, фарогир ва устувори иктисоди, шугли пурра ва махсулнок ва кори арзанда барои хама”, 9-ум “Таъсис инфрасохтори устувор, мусоидат ба таъмини саноатикунонии фарогиру устувор ва чори намудани инноватсияхо” ва 17-ум “Таквияти воситахои ноилшави ба рушди устувор ва фаъол гардонидани кори механизмхои шарикии глобали ба манфиати рушди устувор” мусоидат хохад кард.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …