Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020 

БАРНОМАИ РУШДИ ТАЪЛИМИ КАСБИИ КАЛОНСОЛОНИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020 

 Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 июли соли 2016, № 268 тасдик шудааст 

1. Мукаддима

  1. Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Точикистон барои солхои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) мутобики моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон”, моддаи 16 Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон “Дар бораи Хукумати Чумхурии Точикистон”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи маориф”, Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тахсилоти ибтидоии касби”, Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Чумхурии Точикистон то соли 2020, Стратегияи миллии рушди маорифи Чумхурии Точикистон то соли 2020 ва дигар санадхои меъёрии хукукии сохаи маориф, мусоидат ба шугли ахоли ва мухочират тахия шудааст.
  2. Барнома хусусияти ичтимои ва зиддибухрони дошта, татбики он бо дарназардошти Хадафхои Рушди Устувори Созмони Милали Муттахид то соли 2030 ба хавасманд намудан барои имконёби чихати тахсилот дар тули хаёт барои хама дар Чумхурии Точикистон нигаронида шудааст.
  3. Барнома тадбирхоро оид ба тахкими заминахои хукуки ва сохтори омории курсхои кутохмуддати таълими касбии калонсолон, рушди муассисахои тахсилоти калонсолон, таъминоти кадри ва техники, татбики чорабинихои иттилооти барои васеъ намудани фарогирии калонсолон ба курсхои кутохмуддати таълими касби дар бар мегирад.
  4. Барнома дар асоси тахлили нишондихандахои омори оид ба фарогирии калонсолон ба курсхои кутохмуддати таълими касби, дастовард ва камбудихои татбики Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2015, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри сбли 2010, № 696 тасдик гардидааст, инчунин бо дарназардошти афзалиятхои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2017, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 28 ноябри соли 2015, № 709 тасдик шудааст, тахия гардидааст.

2. Вазъи чори ва дурнамои рушди таълими касбии калонсолон

  1. Дар шароити муосири рушди Чумхурии Точикистон таълими касбии калонсолон яке аз тадбирхои мухими рушди чомеа ва таъминоти ракобатпазирии иктисоди милли махсуб меёбад. Пешравии иктисодиёт ва бозори мехнат, рушди техника ва технологияи имруза табакаи калонсоли кишварро водор месозад, ки ру ба омузиши касбхои иловаги оваранд. Ахамияти фаъолияти самарабахши низоми таълими касбии калонсолони Точикистон дар халли ин масъалахо, пеш аз хама аз руи сохтори имрузаи тахассусии шугли ахоли, ки дар он ахолии кобили мехнат кариб 60 фоизро ташкил медихад, муайян карда мешавад. Тахлили маълумоти охирини омори нишон медихад, ки шумораи ахоли хамасола 2,1 фоиз афзоиш меёбад. Агар афзоиши ахоли хамин тавр идома ёбад, шумораи ахоли дар соли 2020 такрибан ба 9, 6 миллион нафар мерасад. Таъмини сохахои гуногуни иктисоди кишвар бо мутахассисони сохибкасб ва чавобгуи талаботи бозори мехнат бар души низоми тахсилоти ибтидоии касби буда, махз хамин зинаи тахсилот метавонад дар рушди иктисоди, ичтимои ва фархангии мамлакат сахми босазо гузорад. Ба таълими касби фаро гирифтани табакаи калонсоли ахоли низ дар ин самт хиссаи арзанда хохад гузошт.
  2. Бо дарназардошти зарурати васеъ намудани дастрасии ахолии синну соли гуногун ба тахсилоти касби, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 5 марти соли 2008, №115 дар системаи собик Агентии давлатии хифзи ичтимои, шугли ахоли ва мухочирати Вазорати мехнат ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Точикистон” ва филиалхои он дар шахрхои Кургонтеппа, Кулоб, Конибодом ва нохияи Точикобод таъсис дода шуданд.
  3. Ду сол пас бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри соли 2010, № 696 “Барномаи рушди таълими касбии калонсолон дар Чумхурии Точикистон, барои солхои 2011-2015” кабул гардид, ки дар асоси он сохтори давлатии тахсилоти касбии калонсолон рушд ёфта, шабакаи чунин марказхо хеле васеъ гардид.
  4. Дар аввали соли 2016 дар сохтори Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Точикистон” 30 филиал ва кариб 40 намояндаги бо фарогирии 90 фоизи манотики чумхури амал карда, аз руи 52 ихтисоси гуногун дар курсхои аз 1 то 3 моха заминаи моддию техники ташкил шуда, касб омузонида мешавад.
  5. Дар давраи солхои 2011-2015 зиёда аз 390,6 хазор нафар шахрвандон дар заминаи марказхои таълими калонсолон тавассути курсхои кутохмуддат ба таълим фаро гирифта шуданд, ки 36,4 фоизашон аз хисоби маблагхои бучети давлати дар доираи татбики барномахои мусоидат ба шугли ахоли ройгон тахсил намуданд.
  6. Аз соли 2011 дар фаъолияти марказхои таълими калонсолон самти нави фаъолият чори гардид, ки ба шаходатномакунии малакахои касбии мухочирони мехнатии бозгашта равона гардидааст. Дар давраи солхои 2011-2015 зиёда 124 хазор нафар аз ин намуди хизматрасони истифода бурданд.
  7. Дар муассисахои тахсилоти ибтидоии касби ва марказхои таълими калонсолон шахрвандони бекор, мухочирони бозгашта, ахолии камбизоат тавассути курсхои кутохмуддат ба таълими касби фаро гирифта мешаванд.
  8. Бо дарназардошти рушди иктисодиёти миллии Точикистон, аз чумхурии аграри ба чумхурии аграрию индустриали табдил ёфтани кишварамон, эълон гардидани минтакахои озоди иктисоди дар якчанд шахру нохияхои чумхури ва талаботи вокеии бозори мехнат, бояд хачми касбомузи, аз чумла ба таълими касби фаро гирифтани табакаи калонсоли ахоли дар доираи фаъолияти муассисахои тахсилоти ибтидоии касби ва марказхои таълими калонсолон дар солхои наздик ду маротиба зиёд карда шавад.
  9. Тахлил нишон медихад, ки рушди босуботи соха халли масъалахои зеринро талаб менамояд:

– созмон додани заминаи хукукии соха тавассути коркард ва кабули санадхои Меъёрии хукуки;

– муайян намудани самтхои асосии рушди таълими касбии калонсолон дар мачмуъ то давраи соли 2020;

– ба рох мондани омори расмии сохави;

– чори намудани системаи арзёбии вокеии сифати таълим;

– васеъ намудани шабакаи марказхои таълими калонсолон бо фарогирии тамоми манотики Точикистон, таъмини молиявии ин раванд;

– татбики чорабинихои иттилооти дар самти чалби калонсолон ба таълими касби, хамкории мунтазам ба расонахои хабари;

– идомаи фаъолият дар таъминоти модди ва рушди заминаи моддию техникии муассисахои таълимии соха;

– васеъ намудани фаъояият дар самти таъминоти кадрии Соха, ба рох мондани таълим дар омода намудани мутахассисони дорои сатху сифати баланди касби дар сохаи тахсилоти калонсолон;

– рушди заминаи илмии таълими касбии калонсолон дар Точикистон;

– васеъ намудани хамкорихои байналмилали дар самти таълими касбии калонсолон ва чалби бештари шарикони рушд.

3. Хадаф ва вазифахои асосии Барнома

  1. Хадафи асосии Барномаи мазкур мусоидат намудан ба баландшавии ракобатпазирии захирахои мехнати тавассути таъмини дастраси ба таълимоти касбии босифат барои калонсолон дар кишвар мебошад.
  2. Бодарназардошти хадафи муайяншуда, Барномаи мазкур ичрои вазифахои зеринро дар назар дорад:

– рушди заминахои сохтории таълими касбии калонсолон;

– васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат;

– чалби харчи бештари калонсолон ба таълими касбхои гуногун.

4. Тадбирхои амалии татбики Барнома

  1. Рушди заминахои сохтории таълими касбии калонсолон татбики чорабинихои зеринро дар бар мегирад:

– тахия ва чори намудани сохтори мукаммали чамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии ахолии калонсол ба таълими касби;

– тахияи низоми ягонаи эътирофкунии расмии (сертификатсиякунонии) малакахои касбии мухочирони бозгашта, бо дарназардошти Таснифоти касбии амалкунандаи Точикистон;

– дар заминаи Пажухишгохи мехнат, мухочират ва шугли ахолии Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон ба рох мондани такикотхои илми дар самти таълими касбии калонсолон.

  1. Васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат татбики чорабинихои зеринро дар бар мегирад:

– васеъ намудани шабакаи марказхои таълими калонсолон дар манотики гуногуни кишвар бо технологияи муосир ва таъминоти кадри;

– чори намудани курсхои кутохмуддати таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисахои тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби;

– дар доираи маблагхои пешбинишудаи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Точикистон” ба рох мондани курсхои кутохмуддати доимоамалкунандаи мутахассисони сохаи таълими касбии калонсолон;

– андешидани чорахо чихати дастрасии тахсилот барои маъюбон ва дигар табакахои осебпазири ахоли дар марказхои таълими калонсолон ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касби;

– чори намудани омузиши асосхои сохибкори дар накша ва барномахои таълими касбии калонсолон дар муассисахои таълими калонсолон ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касби,

  1. Чалби харчи бештари калонсолон ба таълими касбхои гуногун татбики чорабинихои зеринро дар бар мегирад:

– амали намудани чорабинихои иттилоотию таргиботи дар байни чавонон ва калонсолони корчуянда;

– васеъ намудани хамкори бо воситахои ахбори омма дар самти таргиботи зарурати тахсилот дар тули тамоми хаёт;

– дар муассисахои таълими калонсолон васеъ намудани омузиши касбхои гуногун, бо дарназардошти талаботи табакаи калонсоли ахоли;

– фаъолгардонии иштирок дар чорабинихои байналмилали вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва чалби иктидори шарикони рушд.

5. Натичахои мавриди интизори Барнома

  1. Дар самти рушди заминахои сохтории таълими касбии калонсолон дар мачмуъ дастрасии чунин натичахо пешбини шудааст:

– созмон додани заминаи хукукии таълими касбии калонсолон бо дарназардошти меъёрхои байналмилали;

– ба рох мондани омори сохави ва чамъовари намудани маълумоти омори оид ба фарогирии калонсолон ба курсхои кутохмуддати таълими касби;

– тайёр намудани олимони дорои унвонхои илми бахшида ба сохаи таълими калонсолон дар Пажухишгохи мехнат, мухочират ва шугли ахоли.

  1. Дар васеъ намудани дастрасии калонсолон ба таълими касбии босифат чунин натичахо пешбини шудаанд:

– фарогирии калонсолон бо таълими касби вобаста ба нишондоди соли 2015;

– ташкил ва гузаронидани такмили ихтисоси мутахассисони сохаи таълими калонсолон;

– чори намудани омузиши асосхои сохибкори дар хамаи курсхои кутохмуддати касбомузии муассисахои таълими калонсолон ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касби.

  1. Тадбирхои амали намудани Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Точикистон барои солхои 2016-2020 замима мегардад.

6. Маблаггузории Барнома

  1. Маблаггузории татбики барномаи мазкур дар доираи маблагхои пешбинишудаи бучети, маблагхои махсус, чалби маблагхои бахши хусуси, ташкилотхои байналмилали ва аз хисоби дигар сарчашмахое, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат намекунанд, анчом дода мешавад.

Замима

 Замима

ба Барномаи рушди таълими

касбии калонсолони Точикистон

барои солхои 2016-2020

Тадбирхои

амали намудани Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Точикистон барои солхои 2016-2020

№ р/т Номгуи чорабинихо Мухлати ичро Масъулин
1. Тахия ва чори намудани механизми чамъоварии маълумоти омории таълими касбии калонсолон ва фарогирии ахолии калонсол ба таълими касби 2016-2017 Агентии омор, Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли, вазорату идорахои дахлдор
2.  Дар заминаи Пажухишгохи мехнат, мухочират ва шугли ахоли ба рох мондани тахкикотхои илми дар самти таълими касбии калонсолон 2018-2020 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли дар хамкори бо вазорату идорахои дахлдор
3. Васеъ намудани шабакаи марказхои таълимии калонсолон дар  манотики гуногуни кишвар 2016-2020 Вазорати  мехнат,  мухочират ва шугли ахоли
4. Ба рох мондани курсхои кутохмуддати  таълими касбии калонсолон дар заминаи муассисахои тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли/Вазорати маориф ва илм
5. Бо дарназардошти талаботи бозори мехнат, тахия намудани накша ва барномахои курсхои кутохмуддати таълими касбии калонсолон 2017 Вазорати маориф ва илм, Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли
6. Дар доираи маблагхои пешбинишудаи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Точикистон” ба рох мондани курсхои доимоамалкунанда барои таълими касбии калонсолон 2017-2019 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли
7. Ба рох мондани хамкорш доими оид ба чалби шарикони рушд чихати маблаггузори ва рушди соха 2016-2020 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли,
8. Андешидани чорахо чихати дастрасии тахсилот барои маъюбон ва дигар табакаи осебпазири ахоли дар марказхои таълими калонсолон ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касби 2016-2020 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Вазорати  маориф ва илм
9. Чори намудани омузиши  асосхои сохибкори дар накша ва барномахои  таълими касбии калонсолон дар муассисахои таълими  калонсолон ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касби 2016-2018 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Вазорати маориф ва илм
10. Амали намудани чорабинихои иттилоотию таргиботи дар байни чавонон ва калонсолони корчуянда 2016-2020 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Кумитаи телевизион ва радио
11. Васеь намудани хамкори бо ВАО дар самти тартиби зарурати тахсилот дар тули тамоми хаёт 2016-2018 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли, Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарханг,

Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи телевизионва радио

12. Дар муассисахои таълими калонсолон васеъ намудани омузиши касбхои иловаги бо дарназардошти талаботи бозори мехнати дохили ва хоричи кишвар 2018-2020 Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли
13. Фаъолгардонии иштирок дар чорабинихои байналмилали вобаста ба самти таълими касбии калонсолон ва чалби бештари иктидори шарикони рушд 2016-2020

Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахоли

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …