Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ЗОТПАРВАРИ

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ЗОТПАРВАРИ

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри соли 2015, № 792 тасдик шудааст

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ ЗОТПАРВАРИ ВА ХУШЗОТКУНИИ ЧОРВО ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020 

  1. Мукаддима
  1. Барномаи рушди сохаи зотпарвари ва хушзоткунии чорво дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) бо максади нигох доштани сифатхои ирсии зотхои парваришёбандаи чорво, зиёд намудани саршумори чорвои зоти, такмил додани хусусиятхои ирсию махсулноки ва ба ин васила таъмин намудани талаботи хочагихои давлати, чамоави, кооперативи, дехкони ва ахоли бо асбобу анчоми бордоркунии сунъии чорвои зоти ва хосили (нутфаи) яхбандондаи букка, такка ва кучкорхои сермахсули зоти тахия гардидааст.
  2. Кори зотпарвари ва хушзоткунии чорво – мачмуи чорабинихои зоотехники, биотехнологи ва хочагидори мебошад, ки ба хифз ва такмил додани зотхои мавчуда, инчунин офаридани чинсу зотхои нави сермахсули чорво равона гардидааст. Айни замон рушди чорводори аз ичрои чорабинихои мачмуи оид ба ташкил ва пешбурди корхои зотпарварию хушзоткунии чорво бо истифода аз дастовардхои хозиразамони сохаи селексия ва ирсиятшиноси вобастагии калон дорад
  3. Хамзамон рушди сохаи зотпарвари ва хушзоткунии чорво барои афзун намудани саршумор ва махсулнокии чорво, зиёд намудани хачми истехсоли гушту шир ва дар ин замина ба таъмини амнияти озукавории мамлакат заминаи мусоид мегузорад. Инчунин рушди ин соха дар баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли ва ташкили чойхои нави кори хиссаи арзанда дорад.

2. Вазъи зотпарвари ва хушзоткунии чорво дар мархилаи хозира ва рушди он

  1. Аз руи маълумоти хисоби зотхои чорво дар Чумхурии Точикистон (соли 1990) саршумори чорвои калони зоти 360 хазор сар, аз чумла модагов 133 хазор сар, гусфанду буз 1425,7 хазор сар, асп 34,7 хазор сарро ташкил медод.
  2. Хамзамон соли 2014 дар асоси карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 5 майи соли 2014, № 590 аттестатсияи хочагихои зотпарвари гузаронида шуд, ки аз руи натичаи он дар хочагихои зотпарварии чумхури 13,2 хазор сар чорвои калон, аз чумла 4,1 хазор сар модагов, 162,1 хазор сар гусфанду буз ва 1,0 хазор сар аспи зоти мавчуд аст, ки нисбати солхои пешин кам гардидааст.
  3. Айни замон аз руи маълумоти омори зиёда аз 92 фоизи саршумори чорвои калон ва 82 фоизи гусфанду буз ба бахши ахоли рост меояд, ки аз руи вазни зинда ва махсулноки ба талаботи стандартии зот чавобгу нестанд.
  4. Тахлилхо нишон медиханд, ки яке аз усули асосии бехтар намудани зоти чорво бордоркунии сунъи ба хисоб рафта, бо рохи бордоркунии сунъи аз истифодаи як сар букка, кучкор ва таккаи зоти хазорхо сар насли хушзот гирифтан мумкин аст.
  5. Бо ин максад солхои 90 – уми асри гузашта дар микёси чумхури зиёда аз 460 адад нуктахои бордоркунии сунъии чорвои калон фаъолият дошта, хамасола тавассути ин нуктахо 130-140 хазор сар чорво ба таври сунъи бордор карда шуда, аз бордоркунии сунъи хамасола аз 117 то 120 хазор сар насли хушзот гирифта мешуд.
  6. Дар баробари ин хар сол ба чумхури аз хоричи мамлакат 3,54,0 хазор сар чорвои калон, 6,0 – 7,0 хазор сар моли майдаи зоти ва 100 хазор воя хосили (нутфаи) чорвои сермахсул ворид мегардид. Аз ин лихоз дар сатхи зарури карор доштани бордоркунии сунъи, воридоти чорвои зоти ва хосили (нутфа) чорвои сермахсул аз хоричи мамлакат ба рушди соха, зиёд гардидани саршумори чорвои зоти ва хачми истехсоли махсулоти чорводори хаматарафа мусоидат менамуд.
  7. Айни замон бошад, дар микёси чумхури 285 нуктахои бордоркунии сунъии чорво фаъолият менамоянд, ки соли 2014 дар ин нуктахо 27,9 хазор сар чорвои калони шохдор бо таври сунъи бордор гардида, 21,2 хазор сар насли хушзот гирифта шудааст. Барои бехтар намудани сифати зот ва махсулнокии чорвои калони шохдор дар нуктахои бордоркунии сунъи аз хосили (нутфаи) буккахои сермахсули зотхои сиёхало, голштини, (селексияхои амрикои, австрияги, канадаги, олмони) ва швитсу-зебумонанду селексияи ватани истифода бурда мешавад.
  8. Аз натичаи тахлилхо маълум мегардад, ки саршумори чорво дар хама шаклхои хочагидори нисбати солхои 90 – уми асри гузашта зиёд гардида, вале сифати зот ва махсулнокии чорво дар сатхи паст карор дорад.
  9. Бинобар ин дар оянда зарур аст, ки барои бехтар намудани сифати зот, баланд бардоштани махсулнокии чорво ва амалигардонии корхои селексиони, зотпарвари ва хушзоткуни ахамияти аввалиндарача дода шавад.
  10. Дар баробари ин заминаи хурокаи чорво сол то сол суст гардида, айни замон вазни киёсии зироатхои хуроки чорво дар сохтори кишт аз 20,1 фоизи соли 2007 то 12 фоиз дар соли 2014 кам гардида, ба 1 сар чорвои шарти 0,05 гектар рост меояд. Хамзамон дар ин давра хосилнокии зироатхои асосии хуроки чорво низ кам гардида истодааст. Аз ин ру таъминот аз руи хачм ва гизоноки ба андозаи 40-50 фоиз, моддаи хушк ва протеин вобаста ба фаслхои тобистон ва зимистон аз 30 то 70 фоизро ташкил медихад.

3. Максад ва зарурати кабули Барнома

  1. Барнома барои пешбурди сиёсати ягонаи истехсоли ва илмию техники дар сохаи зотпарвари ва хушзоткунии чорво тахия гардидааст.
  2. Максади асосии Барнома таъмин намудани раванди бозтавлиди чорво бахри такмил додани сифатхои ирсию махсулноки, хифзи хазинаи ирсии зотхои дар чумхури парваришёбанда ва бехтар намудани корхои селексиони мебошад. Дар баробари ин барои расидан ба максади асосии Барнома чори намудани технологияи хозиразамон дар сохаи зотпарвари, воридот ва фуруши маводхои зоти (нутфа ва чанин) аз хоричи мамлакат барои такмили зоти чорво мавкеи мухим дошта, ба афзун гардонидани саршумори чорвои хушзот ва хачми истехсоли махсулоти чорводори дар хамаи шаклхои хочагидори мусоидат менамояд.

4. Роххои ичрои Барнома

  1. Барои таъмини ичрои Барнома халли масъалахои зерин зарур аст:

– таъминоти илмию методи ва назорати рафти пешбурди корхои зотпарвари ва хушзоткунии чорво, новобаста аз шакли хочагидори;

– ташкили нуктахои нав, бехтар намудани фаъолияти нуктахои амалкунандаи бордоркунии сунъи, муассисахои (стансияхои) бордоркунии сунъии чорво ва таъмини онхо бо маводхои зоти (нутфа);

– тахлил ва арзёбии чорвои сермахсул аз руи сифати насл ва махсулноки;

– ворид намудани чорвои зоти ва хосили (нутфаи) буккахои сермахсули калон ва гусфанду буз аз хоричи мамлакат;

– таъсис додани махзани нутфаи яхбандонда ва мачмуи низоми хизматрасонии маълумоти оид ба хазинаи ирсии чорво;

– тайёр намудани мутахассисони бордоркунии суньии чорво ва баланд бардоштани тахассуси онхо.

5. Сарчашмахои маблаггузории Барнома

  1. Маблаггузории Барнома аз хисоби маблагхои бучети ва чалби сармояи ватанию хоричи дар доираи Барномаи миёнамухлати харочоти давлати, карзхои бонки, чалби сармояи ватанию хоричи, инчунин грантхои ташкилотхои байналмилали пешбини гардидааст.

6. Дурнамои маблаггузории Барнома аз хисоби маблагхои бучети чумхурияви, чалби маблагхои хочагихои фермери, грантхои ташкилотхои ватанию хоричи ва карзхои бонки дар солхои 2016-2020

Ниг.ба чадвал

(бо хазор сомони)

т/т

Нишондиханда Солхо
2016 2017 2018 2019 2020
аз хисоби сармояи ватанию хоричи ва маблагхои гранти аз хисоби бучети чумхурияви аз хисоби сармояи ватанию хоричи ва маблагхои гранти аз хисоби бучети чумхурияви аз хисоби сармояи ватанию хоричи ва маблагхои гранти аз хисоби бучети чумхурияви аз хисоби сармояи ватанию хоричи ва маблагхои гранти аз хисоби бучети чумхурияви аз хисоби сармояи ватанию хоричи ва маблагхои гранти
1. Хариди хосили (нутфаи) букка, кучкор ва таккахои зотхои сермахсул аз хоричи мамлакат 100,0 100,0 100,0
2. Хариди асбобу анчоми бордоркунии сунъии чорво 100,0 100,0 100,0
3. Хариди техникахои каммасраф барои мутахассисони сохаи хушзоткунии чорвои ахоли 200,0
4. Дастрас намудани техникахои кишоварзи барои муассисахои давлати хочагихои зотпарвари 500,0 500,0
5. Ворид намудани чорвои хушзот аз хоричи мамлакат 500,0 500,0
6. Таъмири бинохо, озмоишгоххои филиалхои муассиса ва бо тачхизоти хозирзамон муччахаз намудани онхо 500,0 200,0
7. Хариди наклиёти махсус (барои интикол додани азоти моеъ) 300,0
  Чамъ:                  

Хамаги: Сармояи ватанию хоричи ва маблагхои гранти дар давраи солхои 2016-2020 3 миллиону 200 хазор сомони маблагхои бучети чумхурияви дар давраи солхои 2017-2019 500 хазор сомони

7. Дурнамои зиёд намудани чорвои сунъи бордоркардашуда ва гирифтани насли хушзот аз бордоркунии сунъи дар хамаи шаклхои хочагидори дар давраи солхои 2016-2020

Ниг.ба чадвал

т/т

Нишондихандахо Вохиди ченак Солхо
2016 2017 2018 2019 2020
1. Чорвои сунъи бордоркардашуда сар 31000 33300 35800 37800 40300
2. Гирифтани насли хушзот аз бордоркунии сунъи сар 23000 25000 27000 30000 33200

8. Накшаи чорабинихо оид ба амалигардонии Барнома

Ниг.ба чадвал

Номгуи чорабинихо Мухлати ичро    Ичрокунандагон
1. Ташкили нуктахои нави бордоркунии сунъи дар хамаи шаклхои хочагидори ва назорати фаъолияти онхо 2016-2020 Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо
2. Бакайдгирии нишондихандахои сохаи зотпарвари ва хушзоткунии чорво 2016-2020 Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон
3. Тахия ва пешниход намудани лоихахои инвеститсиони бо максади чалби сармояи ватанию хоричи 2016-2020 Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо
4. Пешбурди корхои илмию тадкикоти ва татбики дастовархои илми дар сохаи зотпарвари ва хушзоткунии чорво 2016-2020 Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Шириншох Шохтемур
5. Афзун намудани саршумор ва махсулнокии чорвои зоти 2016-2020 Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо
6. Мустахкам намудани заминаи хурока ва мувофики талаботи саршумори чорвои зоти чудо намудани замини корам ва чарогох 2016-2020 Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Чумхурии Точикистон, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон,   макомоти   ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхо
7. Гузаронидани озмун-семинархои сохаи зотпарвари ва хушзоткунии чорво 2016-2020 Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон
8. Тахия намудани барномахо дар воситахои ахбори омма оид ба мохият ва самарабахшии бордоркунии сунъи : 2016-2020 Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати Чумхурии Точикистон
9. Ташкили махзани нутфаи зотхои чорвои дар чумхури парваришёбанда 2016-2018 Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Академияи иилмхои кишоварзии Точикистон

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …