Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ БОГУ ТОКПАРВАРИ 2020

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ БОГУ ТОКПАРВАРИ 2020

БАРНОМАИ РУШДИ СОХАИ БОГУ ТОКПАРВАРИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020  

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри соли 2015 № 793 тасдик шудааст

  1. Мукаддима
  1. Богу токпарвари яке аз сохахои асосии комплекси агросаноатии Чумхурии Точикистон хисоб ёфта, чихати таъмини ахоли бо озукавори, гани гардонидани сабади истеъмоли, таъмини корхонахои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятхои содиротии мамлакат ва бо кори доими таъмин намудани ахоли мавкеи муайянро ишгол менамояд.
  2. Иклими мусоиди минтакахои чумхури имконият медихад, ки майдонхои богу токзорхоро аз хисоби нихолхои серхосил хамасола зиёд намуда, талаботи ахоли ва корхонахои коркардро бо ашёи хом пурра таъмин ва кисми зиёди он ба содирот нигаронида шавад. Бо назардошти омилхои мазкур Барномаи рушди сохаи богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) тахия гардидааст.
  3. Бо максади рушди сохаи богу токпарвари, гани гардонидани бозори дохили бо меваю ангур, зиёд намудани хачми содироти махсулот, таъмин намудани яке аз хадафхои стратегии кишвар амнияти озукавори, баланд бардоштани дарачаи некуахволии мардум ва дар ин замина паст намудани сатхи камбизоати дар чумхури, Фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 27 августи соли 2009, № 683 “Дар бораи тадбирхои иловаги доир ба рушди сохаи богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2010-2014” амали гардид.
  4. Бахри ичрои Фармони мазкур дар муддати 5 сол дар чумхури бунёди 46901 гектар богу токзорхои нав, аз он чумла 16714 гектар боги зардолу ва 5015 гектар токзори нав ба накша гирифта шуда буд.
  5. Мавриди таваччухи Хукумати Чумхурии Точикистон карор гирифтани сохаи богу токпарвари ба пешравии соха мусоидат намуд.
  6. Натичаи амалишавии Фармони мазкур нишон дод, ки дар давоми 5 соли сипаригардида (солхои 2010-2014) дар чумхури дар майдони 53232 гектар богу токзори нав бунёд гардидааст, ки он 115,6 фоизи ичрои накшаи 5 солаи Фармони мазкурро таъмин менамояд, ки аз ин майдони умумии богхои бунёдгардида 21192,3 гектар боги зардолу, 4376 гектар токзор ва бокимонда дигар намудхои бог мебошад.
  7. Бояд кайд намуд, ки бахри ичрои Фармони мазкур бо дастгирии бевоситаи Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол аз хисоби бучети чумхури барои бунёд намудани богу токзори нав маблагхои муайяне чудо мегардид, ки аз ин хисоб дар панч соли амалигардонии Фармони мазкур дар майдони зиёда аз 257 гектар богу токзорхои нав бунёд гардида, аз ин майдон 5,8 гектараш богхои интенсиви мебошад.

2. Зарурати кабули Барнома

  1. Тахияи Барнома аз самтхои асосии рушд, ки дар Стратегияи миллии рушд то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон барои солхои 2013-2015, Консепсияи сиёсати аграрии Чумхурии Точикистон, Барномаи ислохоти кишоварзии Чумхурии Точикистон барои солхои 2012-2020, Барномаи амнияти озукавори дар Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2015 ва Паёми Президенти Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 23 апрели соли 2014 инъикос гардидааст, сарчашма мегирад.
  2. Тибки маълумоти Агентии омори назди Президенти Чумхурии Точикистон то соли 2014 дар чумхури майдони богхо 135,4 хазор гектар ва токзор 36,1 хазор гектарро ташкил дода, аз он богхои синну соли мевадиханда 85,4 хазор ва токзор 30,9 хазор гектар мебошад.
  3. Истехсоли мева дар соли 2014 – 341268 тонна ва ангур 188836 тоннаро ташкил дода, хосилнокии он мутаносибан ба 39,9 ва 61,1 сентнер аз як гектар мерасад, ки нисбати хосилнокии имкониятхои онхо хело паст мебошад.
  4. Чихати конеъ гардонидани талаботи истеъмоли мардум мувофики меъёри физиологи, 200 грамм мева дар як руз мукаррар гардидааст ва барои таъмини амнияти озукавории мамлакат дар як сол 570 – 580 хазор тонна меваю ангур лозим аст. Дар давлатхои пешрафтаи дунё бошад ба хар як нафар дар як руз 1,2-1,5 кг меваю ангур мукаррар карда шудааст, ки ин нишондод назар ба чумхурии мо 6-7 маротиба зиёд мебошад.
  5. Афзоиши ахоли, талаботи рузафзуни бозор, кам будани замини оби, тагйирёбии иклими сайёра олимону мутахассисони сохаро водор менамояд, ки рушди сохаи мазкурро пурмахсул ба рох монанд.
  6. Халли ин масъала на бо рохи зиёд намудани майдони богу токзорхо ва на бо истифодаи технологияи кухна, балки бо рохи бунёди богхои замонави (интенсиви) бо истифода аз технологияхои нави пешрафта бояд амали гардонида шавад.
  7. Афзалияти богхои тарики интенсиви бунёдгардида дар истифодаи нихолхои кадпаст мебошад, ки барои гузаронидани корхои агротехники ва чамъоварии хосил мувофик буда, харочотро барои чамъоварии хосил паст намуда, сифати меваи онхо нисбатан бехтар аст.
  8. Дар масохати як гектар дар чунин намуди богхо аз 1,5 то 3,5 хазор бех нихол чойгир карда мешавад. Хосилноки аз хар як гектар 300-700 сентнериро ташкил медихад, ки хосили онхо 8-10 маротиба нисбат ба богхои дар чумхури мавчудбуда баланд буда, усули обёрии катрагии ин технология имконият медихад, ки оби полези сарфакорона истифода шавад.

3. Максад ва вазифахои Барнома

  1. Максади асосии Барнома бунёди богу токзорхои нав ва иваз намудани богу токзорхои кухна, навъхои камхосилу пастсифат ба навъхои серхосилу хушсифати ба содирот нигаронидашуда, дар асоси бунёди богхои интенсиви ва суперинтенсиви баланд бардоштани хосилнокии онхо бо рохи ташкил намудани нихолхонахо, дарёфт намудани тухми барои парвариши нихолхои хасак, тагпайвандхои нашви ва каламчаи нихоли дарахтон дар мачмуъ зиёд кардани истехсоли умумии меваю ангур мебошад.
  2. Ичрои максади мазкур такозо менамояд, ки макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоят ва шахру нохияхо, ташкилоту муассисахо новобаста аз шакли моликияташон, мувофики нишондихандахои ин Барнома нихолхона ташкил карда, парвариши нихолхои дарахтони мевадиханда ва ангурро бо истифода аз тагпайвандхои аз тухми сабзонидашаванда (хасак), каламчахо ба рох монда, сахми худро барои дар давоми 5 сол парвариш намудани зиёда аз 11,7 млн. бех нихолхои дарахтони мевадихандаю ангур (замимаи 7) ва бунёди 20,1 хазор гектар богу токзорхои нав (замимаи 2), бунёди 6,9 хазор гектар богу токзори нав дар заминхои лалми (замимаи 3), ивазкунии богу токзорхои кухна то 6,1 хазор гектарро (замимаи 4), бунёди 502 гектар богхои интенсиви (замимаи 5) ва дар майдони 207 гектар рушд додани сохаи ситруспарвари (замимаи 6) гузоранд.
  3. Рушди минбаъдаи богу токпарвари дар асоси истифодаи нихолхои стандартии ба талабот чавогу имконият медихад, ки он на танхо талаботи ахоли, корхонахои коркарди чумхуриро бо меваю ангур конеъ гардонад, балки он як сохаи пуриктидори кишоварзи табдил дода шуда, бо махсулоти аълосифат дар бозори беруна рох ёфта, чихати суръатбахшии халли масъалахои ичтимоию иктисодии дехот хиссаи калони худро гузоранд.
  4. Бинобар ин, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Чумхурии Точикистон, Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати бояд чихати дар истехсолот чори намудани дастовардхои илм ва тачрибаи пешкадам ва аз худ кардани заминхои нав, ташкили нихолхона бо истифода аз технологияи интенсиви ва суперинтенсиви ва ба даст овардани хосилнокии мева аз хар як гектар на кам аз 250-300 сентнери ва ангур на кам аз 300-400 сентнери тадбирхои зарури андешанд.
  5. Чихати амали гардонидани нишондодхои Барнома барои зиёд намудани масохати богу токзор вобаста ба чойгиршавии навъхо дар минтакахои чумхури аз хисоби заминхои партов, аз гардиши кишоварзи берунмонда, корами лалми, чарогох, алафзор ва гайрикишоварзии минтакахои бо намноки таъминбуда эътибори чидди дода, чорахои мушаххас андешидан лозим аст (замимаи 1). Бинобар ин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Чумхурии Точикистон ва Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон бояд дар якчояги бо макомоти махалли оид ба бехтар намудани холати мелиоративии заминхо ва азхудкунии заминхои бекорхобида тадбирхои зарури андешанд.
  6. Дар ин давра дар асоси Барномаи давлатии азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва баркарорсозии заминхои аз гардиши кишоварзи берунмонда бояд 2850 гектар азхудкунии заминхои нави обёришаванда ва 5400 гектар баркароркунии заминхои аз гардиши кишоварзи берунмонда ба рох монда шавад.
  7. Дар давраи нашъунамои богу токзор барои инкишофёби ва пахншавии зараррасонхо ва касалихо шароити мусоид фарохам меояд. Дар натича хар сол ба микдори муайяни хосили богу токзорхо зарар оварда, дар баъзе мавридхо ба нобудшавии дарахтон оварда мерасонад ва хифз намудани богу токзор, нихолхонахо, богхои модари аз касалию зараррасонхо яке аз кисми асосии Барномаи мазкур мебошад.
  8. Барои пешгирии пахншави ва мубориза бар зидди касалию зараррасонхои богу ток тавсия ва пешниходхои илман асосноки дастовардхои илму техника зарур аст.
  9. Сабабхои асосии зиёд пахншави ва зарароварии касалию зараррасонхо дар богу токзор аз як тараф дар сатхи паст гузаронидани чорабинихои агротехники, вазнин будани вазъи молиявии хочагихо, надоштани тачхизоти техникии дорупоши, гаронии нархи сузишвори ва захрхимикатхо бошад, аз тарафи дигар дониши мукаммал надоштани рохбарони хочагихо нисбати хифзи растанихо мебошад.
  10. Дар корхонаву идорахои зертобеи Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон (Корхонаи вохидн давлатии чумхурияви хочагихои нихолпарвар “Точикнихолпарвар”), хочагихои зертобеи Институти богпарварию сабзавоткории Академияи илмхои кишоварзии Точикистон ва Агентии хочагии чангали назди Хукумати Чумхурии Точикистон вобаста ба шароити иклим ва хоки минтакахои чумхури парвариш ва тайёр кардани нихолхо бо истифода аз технологияхои муосир зарур аст.
  11. Амали гардонидани Барнома ва рушди соха чалби сармояи дохили ва хоричиро такозо менамояд. Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистонро зарур аст, ки дар якчояги бо вазоратхои молия, саноат ва технологияхои нав, рушди иктисод ва, савдои Чумхурии Точикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон чихати ворид намудани лоихахои сармоягузории сохахои коркарди меваю ангур, бунёди богу токзорхо, ивазкунии богхои кухна, таъмини нихол, такмили ихтисоси мутахассисон ба Барномаи сармоягузорихои давлати, грантхо ва кумакхои техники чораандеши намояд.

4. Тадбирхои мустахкам намудани заминаи моддию техникии сохаи богу токпарвари

  1. Рушди минбаъдаи сохаи богу токпарвари зиёд намудани майдон ва дар ин асос афзун намудани шумораи дарахтони мевадиханда ва мустахкам намудани заминаи моддию техникиро талаб менамояд.
  2. Дар давраи, амалигардонии Барнома макомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки чихати хариди нихолхои навъхои нави серхосил, тагпайвандхои кадпаст (интенсиви) мусоидат намоянд.
  3. Тайёр намудани замин (хамворкуни, шудгор дар чукурии 50-80 см) барои бунёди богу токзор, тоза намудани захкашу захбурхо, таъмини нурихои минералию органики, захрхимикатхо, кашонидани меваю ангур ва гайра техникаи пуриктидорро талаб менамояд. Хочагихои дехкони (фермери) барои коркарди китъаи начандон калон ба техникаи хурди камхарч эхтиёч доранд.
  4. Дар айни ход аксари хочагихои богу токпарвари дар холати вазнини молияви карор дошта, кудрати харидори намудани техникаи кишоварзии хозиразамонро надоранд ва яке аз роххои дастрас гардидани трактор ба хочагихо ин хариди техника ба таври лизинги мебошад. Макомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки чихати додани карзхои дарозмуддати имтиёзнок барои бунёди богу токзорхо ба мухлати на кам аз 5 сол чорахои зарури андешанд.
  5. Бинобар ин макомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки чихати ташкил намудани ширкатхои лизинги дар чумхури чорахои мушаххас андешида, гузаронидани амалиётхои лизингиро ба рох монанд.
  6. Вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон якчоя бо Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, Иттифоки “Точикматлубот”, Агентии захирахои моддии назди Хукумати Чумхурии Точикистон чихати таъминоти пурраи ахолии мамлакат бо меваю ангури тару тоза ва махсулоти коркардшудаи он дар тамоми фаслхои сол, содироти махсулот, сохтмони анборхои меванигохдори бо дастгоххои махсуси оардкунони, коргоххои истехсоли зарфхо, масолех барои бастубанди ва сеху корхонахои хурду миёнаи коркарди махсулот вобаста ба мавчудияти ашёи хом ва талаботи бозор чорахо андешанд.
  7. Дар ин самт ба вазоратхои кишоварзи, саноат ва технологияхои нав, рушди нктисод ва савдо, Иттифоки “Точикматлубот”, макомоти ичроияи хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо лозим аст, ки лоихахои сармоягузориро тартиб дода, барои чалби сармояи хоричи ба ташкилотхои байналмилали пешниход намоянд.

5. Маблаггузории Барнома

  1. Маблагузории Барнома аз хисоби маблагхои Бучети давлати, Фонди дастгирии сохибкори, аз чумла пешкаш намудани карзхои имтиёзноки бочети, чалби сармояи ватанию хоричи, маблагхои худи хочагихо дар назар гирифта шудааст (замимаи 8).

Замимахои 1-8

Замимаи 1

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

                       Тавсияхои

олимон ва мутахассисони соха чихати ба рох мондани парвариши нихолхои дарахтони мевадиханда вобаста ба шароити иклими минтакахои чумхури дар солхои 2016 – 2020

Номгуи шахру нохияхои чумхури Намудхои митакабоби нихолхои дарахтони мевадихандаи асоси (саноати)
Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон Тухмакдорон: Себ:

навъхои тобистона – “Шохисеб”,  “Шоххусайни”, “Рангинкамон” (Боровинка ташкентская);

навъхои     тирамохи – “Малики”, “Зардсеби тирамохи”, “Тирамохии сурх”, “Рахшон” (Пармен зимний золотой), “Барчаста” (Апорт Александр), “Заринтоб” (Голден делишес), “Ангубин” (Голден Грайма), “Ситораи кухистон” (Стар кримсон);

навьхои зимистона – “Холдор” (Чонатан), “Беназир” (Ренет Симиренко), “Хубони” (Делишес), “Зимистона” (Корей).

 

                                                              Нок:

навъхои тобистона – “Мохлико” (Любимица Клаппа);

навъхои тирамохи –  “Дилрабо”, “Нозанин” (Лесная красавица);

навъхои зимистона – “Ноки Гарми”, “Ношпоти” ва “Сабзина” (Кюре).

 

Донакдорон: Зардолу:

“Хурмои”, “Мирсанчали”, “Субхони”.

 

Шафтолу:

“Лола”, “Сунбула”.

 

Гелос:

“Зардтоб” (Дрогана  желтая), “Шахло” (Черная дайбера), “Сурхчатоби махалли” (нохияи Дарвоз).

 

Олу:

“Сехрранг” (Венгерка Ажанская), “Гурдаолу” (Анна шпет).

 

Дурагаи олую олуча:

“Султони” (Куксултон), “Дилоро” (Южная красавица), “Чигари”    (Малиновая), “Шараф” (Победа).

 

Олуболу:

“Чойдори”,    “Мумтоз”    (Подбельская), “Фарид” (Шпанка черная).

 

Чормагзихо: Чормагз:

“Вистон”, “Навъхои махалли” (нохияхои Дарвоз, Ванч).

 

Бодом:

“Пистабодом”, “Гулбодом”, “Миёнарас” (Дрейк), (Химели) (Нонпарел) (нохияхои Дарвоз, Ванч).

 

Субтропики: Анор:

“Мулоимдона” (Десертный), “Сурханор”, (нохияхои Дарвоз, Ванч).

 

Анчир:

“Навъхои  махалли”, “Вахш” (нохияхои Дарвоз, Ванч).

 

Ситруси: Лиму:

“Вахш” (Мейер), “Дусти” (Диоскурия);

 

Хуч:

“Гулбутта” (нохияхои Дарвоз, Ванч);

Вилояти Хатлон Тухмакдорон: Себ:

навъхои тобистона – “Шохисеб”, “Шоххусайни”, “Сафедсеб”, “Хосилдор”, “Нахустмеваи Самарканд” (Первенец Самарканда), “Рангинкамон (Боровинка ташкентская), “Нордон” (Графенштейнская красная);

навъхои тирамохи – “Ангубин” (Голден грайма), “Зарринтоб” (Голден       делишес), “Хубони” (Делишес), “Холдор” (Чонатан);

навъхои зимистона – “Беназир” (Ренет Симиренко),

“Шабнами кухсор” (Розмарин белый).

 

Нок:

навъхои   тобистона  – “Мохлико” (Любимица Клаппа), “Пешпазак” (Раняя из Треву);

навъхои тирамохи – “Дилрабо”, “Нозанин” (Лесная красавица).

 

Бихи:

“Фаровон” (Изобилная),  “Калонмева” (Крупноплодная Самаркандская).

 

Донакдорон: Зардолу:

“Хурмои”, “Мирсанчали”, “Субхони”, “Исфарак”, “Ленинободи”.

 

Шафтолу:

навъхои барвакти – “Лола”, “Сунбули”, “Нозук” (Камберленд),   “Пешпазак”   (Александр   ранний);

навъхои  миёнапаз – “Гулдор”, “Фарход”, “Зарнигор”, “Анчири сурх” (Инжирный красный), “Кирмизи” (Малиновый), “Серхосил” (Обильный); дерпаз – “Анбарин” (Элберта), “Равгани гов”,

Гелос:

“Бахор”, “Махалии зард”, “Шахло” (Дайбера черная), “Зардтоб” (Дрогана желтая), “Сиёхпуст” (Негритянка), “Гулоби” (Наполеон  розовый)
(минтакаи Кулоб).

Олу:

“Шараф” (Победа), “Катраборон” (Венгерка италянская), “Сехрранг”

(Венгерка Ажанская) ва “Гурдаолу” (Анна шпет).

 

                    Дурагаи олую олуча:

“Султони” (Куксултон), “Чигари” (Малиновая), “Дилоро” (Южная

красавица), “Шараф” (Победа).

 

                                

                              Олуболу:

“Ховалинги”, “Пакана” (Любкая-15), “Мумтоз” (Подбелская), “Фарид”

(Шпанка черная) (минтакаи Кулоб).

 

         Чормагзихо: чормагз:

“Вистон”, “Навъхои махалли”.

 

          Писта:

“Серравган”: (Албина), “Орзу”, “Акика” (Горная жемчужина), “Дангара” (Октябрский), “Сабох”.

 

                                                        Бодом:

“Гулбодом”, “Пистабодом”, “Химели” (Нонпарел), “Миёнарас” (Дрейк).

 

Субтропики: Анор:

“Турушмазза”, “Шириндона”, “Сурханор”, “Мулоимдона” (Десертный).

 

Анчир:

“Вахш”, “Сабзак” (Кадота), “Сабзинару (Грин-Иская)”.

 

 

                                                            

 

                               Хурмо:

Дар мавриди обёри – “Вахш”, “Шакарин” (Зенчи Мару), “Бохтар”

(Хиакуми), “Кулчаруй” (Гошогаки).

 

                  

                                     Унаби:

Дар заминхои лалми – “Вахш”, “Хисории дерпаз”, “Калонмева” (Та-Ян-Сзао), “Хурмои” (Финик).

 

                                                           Ситруси: лиму:

“Вахш” (Мейер), “Хатлон” (Вила Франка).

 

                  Ангур:

“Хисории барвакти”, “Миёна”, “Нимранг”, “Зариф”, “Кишмиши сиёх”, “Кишмиши сафед”, “Чилаги”, “Тойфии гулоби”.

 

Вилояти Сугд                    Донакдорон: Зардолу:

“Ахрори”, “Хурмои”, “Бобоии калонмева”, “Хучанди” (шахру нохияхои Конибодом, Зафаробод, Хучанд ва Спитамен), “Кандак”, “Мирсанчали”, “Нишони” (ш. Конибодом), “Мирсанчали”, “Рухи чавонон”, “Субхони”, “Серхосил” (шахру нохияхои Исфара, Ашт ва Айни).

 

Шафтолу:

“Гулдор”, “Анчири сурх” (Инжирный красный), “Нозук” (Камберленд) (ба гайр аз Кухистони Мастчох), “Лола”, “Кирмизи” (Малиновая), “Серхосил” (Обильный), “Равгани гов” (дар водихо), “Сумбули”, “Фарход”, “Анбарин” (Эльберта).

 

Олу:

“Гурдаолу” (Анна-шпет), “Сехрранг” (Венгерка ажанская), “Катраборон” (Венгерка италянская), “Нилуфар” (Венгерка фиолетовая) (дар водихо),

 

Олуча ва дурагахои олую олуча:

“Султони”   (Куксултон),   “Чигари”   (Малиновая), “Дилоро” (Южная красавица).

 

Гелос:

“Шахло” (Дайбера черная) (ба гайр аз нохияхои Истаравшан, Гончи, Панчакент ва Айни), “Зардтоб” (Дрогана желтая), “Сиёхпуст”

(Негритиянка) (дар водихо).

 

Олуболу:

“Пакана” (Любская 15), “Мумтоз” (Подбелская), “Фарид” (Шпанка черная).

 

Тухмакдорон: Себ:

“Барчаста” (Апорт Александр), “Рангинкамон” (Боровинка ташкентская), “Нордон” (Графенштейкое красное), “Зарринтоб” (Голден делишес), “Холдор” (Чонатан), “Хубони” (Делишес), “Ангубин” (Голден Грайма), “Нахустмеваи Самарканд” (Первенец Самарканда) (нохияхои Конибодом, Зафаробод, Мастчох, Спитамен, Хучанд, Б. Гафуров, Чабор Расулов, Ашт ва Исфара), “Рахшон” (Пармен зимний золотой), “Беназир” (Ренет Симиренко), “Шабнами кухсор” (Розмарин белый) (нохияхои Гончи, Панчакент ва Айни).

 

Нок:

“Зарандуд” (Бере Бокс), “Парасту” (Ласточка) (ба гайр аз нохияхои Гоичи, Панчакент, Истаравшан Айни), “Дилрабо”, “Дилафруз”, “Сабзнна” (Кюре) “Мохлико” (Любимица Клаппа), “Нозанин” (Лесная красавитса),

“Пешпазак” (Раняя из Треву).

 

Бихи:

“Изобильная” (Фаровон), “Калонмева” (Самаркандская  крупноплодная), “Туруш” (Туруш Бухарская).

 

Субтропики: Анор:

“Мулоидона” (Десертный), “Шириндона”, “Сурханор”.

 

Анчир:

“Вахшский”, “Сабзак” (Кадота), “Сабзинару (Грин-Иская)”.

 

Хурмо:

Дар мавриди обёри – “Вахш”, “Шакарин” (Зенчи Мару), “Бохтар”

(Хиакуми), “Кулчаруй” (Гошогаки).

 

Унаби:

Дар заминхои лалми – “Вахш”, “Хисории дерпаз”, “Калонмева” (Та-Ян-Сзао), “Хурмои” (Финик).

 

Чормагзихо: чормагз:

“Вистон”, “Навъхои махалли”.

 

Бодом:

“Когати” (Десертный), “Мулоимпучок,” (Ялтинский), “Миёнарас” (Дрейк).

 

Ситруси:  Лиму:

“Вахш” (Мейер), “Точикистон”  (Греческий), “Дусти” (Диоскурия).

 

 

Ангур:

“Чилаги”,       “Сафо”,       “Хисории       барвакти”, “Нимранг”, “Зариф”, “Хусайнии сиёх”, “Хусайнии сафед”,  “Султони”,  “Анзоб”,  “Галаба” (Победа), “Тойфии гулоби”, “Нимранг”, навъхои кишмиши; -“Кишмиши сиёх”, “Кишмиши сафед”.

Нохияхои тобеи чумхури Водии Хисор:

Тухмакдорон: Себ:

“Барчаста”  (Апорт Александр), “Рангинкамон” (Боровинка ташкентская),             “Нордон” (Графешитейкое красное), “Зарринтоб”  (Голден делишес),      “Холдор” (Чонатан), “Хубони” (Делишес), “Ангубин” (Голден Грайма), “Нахустмеваи Самарканд” (Первенец Самарканда).

Нок:

навъхои тобистона  –  “Мохлико” (Любимица Клаппа), “Пешпазак” (Ранняя из Треву);

навъхои тобистонаю тирамохи – “Нозанин” (Лесная красавица) ва дар мавриди обёри – “Шакарин” (Бере  Лигеля),   “Зарандуд”   (Бере  Боск); хамчун навъхои ояндадор – “Туёна” ва “Дилрабо”;

Навъхои зимистона – “Сабзина” (Кюре), “Мархабо” (Оливе де серр) (барои кисматхои водиги), “Лазиз” (Жозефина Михелская) ва барои кисмати кухи -“Ноки Гарми”, хамчун ояндадор – “Ношпотии зимистона” ва “Ношпотии   сурх”.

 

Бихи:

“Фаровон” (Изобилная), “Калонмева” (Крупноплодная Самаркандская).

                        Донакдорон: Зардолу:

Барои кисмати наздикухии минтака – “Хурмои”, “Мирсанчали”, “Субхони” ва навъхои ояндадор -“Хучанди”.

 

Олу:

навъи тезпаз – “Шафтолугин” (Персиковая), навхои миёнапаз – “Сехрранг” (Венгерка Ажанская), “Нилуфар” (Венгерка фиолетовая), навъхои дерпаз -“Катраборон” (Венгерка италянская),. “Анна шпет” (Гурдаолу).

 

                        Дурагахои олую олуча:

“Султони” (Куксултон), “Чигари” (Малиновая) “Дилоро” (Южная красавица).

 

Олуболу:

“Подбелская” (Мумтоз), “Шпанка черная” (Фарид), (барои кисмати минтакаи водиги), дар мавриди обёри – “Любская – 15” (Пакана).

 

                                                                     Гелос:

Ба кисмати водигии минтака – “Бахор”, “Махаллии зард”, “Шахло” (Дайбера черная) ва “Сиёхпуст” (Негритянка) (дар мавриди обёри).

 

Шафтолу:

навхои миёнапаз – “Сунбула”, “Нозук” (Камбердленд), “Пешпазак” (Александр ранний);

навъхои миёнапаз – “Лола”, “Анчири сурх” (Инжирный красный), “Кирмизи” (Малиновый), “Обыльный” (Серхосил), “Гулдор”, “Равшан” ва “Озода”;

навъхои дерпаз – “Анбарин” (Эльберта), “Фарход”, “Старт”, “Равгани гов”.

 

Хурмо:

Дар мавриди обёри – “Вахш”, “Шакарин” (Зенчи Мару), “Бохтар” (Хиакуми), “Кулчаруй” (Гошогаки).

 

Унаби:

Дар заминхоии лалми – “Вахш”, “Хисории дерпаз”, “Калонмева” (Та-Ян-Сзао), “Хурмои” (Финик).

 

                    Бодом:

“Миёнарас” (Дрейк), “Когати” (Десертный).

 

           Чормагзихо: чормагз:

“Вистон”, “Навъхои махалли”.

 

Ангур:

“Чилаги”, “Сафо”, “Хисории барвакти”, “Зариф”, “Хусайнии сиёх”, “Хусайнии сафед”, “Султони”, “Анзоб”, “Победа”, “Тойфии гулоби”, “Нимранг”, навъхои кишмиши – “Кишмиши сиёх”, “Кишмиши сафед”.

 

Водии Рашт:

 

Тухмакдорон: Себ:

Навъхои тирамохи – “Заринтоб” (Голден делишес), “Холдор” (Чонатан), “Ангубин” (Голден Грайма), “Рахшон” (Пармен зимний золотой), “Барчаста” (Апорт” Александр), “Ситораи кухсор” (Стар кримсон);

Навъхои зимистона – “Беназир” (Ренет Симиренко), “Хубони” (Делишес), “Зимистона” (Корей) ва навъхои махаллии – “Малики”, “Хайдари”, “Шафеи” ва “Тирамохии сурх”.

 

                                                             Нок:

Навъхои тирамохи – “Дилрабо” “Нозанин” (Лесная красавица), зимистона: – “Ноки Гарми” ва “Сабзина” (Кюре).

 

Донакдорон: Зардолу:

“Хурмои”, “Мирсанчали”, “Субхони” ва “Ахрори”.

 

                                                                        Олу:

“Шафтолугин” (Персиковая), “Венгерка Ажанская”, “Нилуфар”, (Венгерка фиолетовая) ва “Анна шпет”.

 

Дурагаи олую олуча:

“Дилоро” (Южная красавица), “Султони” (Куксултон), “Чигари” Малиновая).

 

Олуболу:

“Пакана” (Любская-15), “Фарид” (Шпанка черная).

 

                                                                   Гелос:

“Бахор”, “Махалии зард”, “Гулоби” (Наполеон розовый).

 

  Шафтолу:

“Гулдор”, “Сунбули”, “Фарход”, “Равгани гов”, “Анчири сурх” (Инжирный красный), “Кирмизи” (Малиновый), “Серхосил” (Обильный), “Анбарин” (Элберта).

Эзох: Дар нохияхои водигии вилояти Хатлон дарахтони мевадихандаи субтропики, ситруси ва донакдор (зардолу, шафтолу, олу, олуча ва олубол инчунин навъхои тобистонаи дарахтони мевадихандаи тухмакдор (себ, нок, бихи) ва дар заминхои лалми ва обёришавандаи нохияхои наздику (Хуросон, Ёвон ва нохияхои минтакаи Кулоб) навъхои тирамохию зимистон себу нок ва чормагз тавсия карда мешавад.

Замимаи 2

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

Нишондод

оид ба бунёди богу токзори нав дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020

                                                                                                                                                           (гектар)

Номгуи шахру нохияихои чумхури Хамаги дар солхои 2016-2020 Аз он чумла дар солхои Хамаги дар 5 сол
2016 2017 2018 2019 2020    
Бог Ток Бог Ток Бог Ток Бог Ток Бог Ток Бог Ток
Чумхури 20153 3545 536 3505 558 3581 550 3515 554 3236 574 17382 2771
ВМКБ 325 54   60   65   70   76   325  
Сугд 5402 971 118 909 126 958 128 951 139 953 149 4742 660
Хатлон 5719 1050 96 1061 109 1069 102 1010 97 1020 106 5211 509.
НТЧ 8706 1470 322 1475 323 1489 321 1484 319 1493 320 7104 1603
Турсунзода 780 117 39 117 39 117 39 117 39 117 39 585 195
Хисор 2967 370 233 370 233 362 233 350 233 350 233 1802 1165
Шахринав 300 60   60   60   60   60   300  
Рудаки 230 16 30 16 30 16 30 16 30 16 30 80 150
Варзоб 107,5 14 12 11 13 12 11 9 9 10 10 55 53
Вахдат 175 27 8 27 8 27 8 27 8 27 8 135 40
Файзобод 3029 667   667   667   667   361   3029  
Нуробод 53 8   9   10   11   15   53  
Тавилдара 114 20   18   24   26   26   114  
Рашт 348 69   69   70   70   70   348  
Точикобод 99 17   18   21   21   22   99  
Чиргатол 300 60   60   60   60   60   300  
Рогун 204 25   33   43   50   53   204  

Замимаи 3

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

Нишондод

оид ба бунёди богу токзори нав дар заминхои талу теппахои ба намноки таъмин дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020

                                                                                                                                                           (гектар)

Номгуи шахру нохияихои чумхури Хамаги дар солхои 2016-2020 Аз он чумла дар солхои
2016 2017 2018 2019 2020
Хамаги чумхури 325 54,3 59,7 65 70 76
ВМКБ 2041 610 364 354 356 357
Хатлон 4904 1066 1061 1057 953 767
НТЧ 709 141 142 142 142 142
Файзобод 114 22 23 23 23 23
Точикобод 2966 671 671 671 571 382
Хисор 300 60 60 60 60 60
Чиргатол 103 30 24 18 17 14
Шахринав 53 8 9 10 11 15
Нуробод 107 25 23 22 18 19
Варзоб 348 69 69 70 70 70
Рашт 204 40 40 41 41 42
ш. Рогун 325 54,3 59,7 65 70 76

Замимаи 4

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

Нишондод

оид аз нав баркароркунии богу токзорхои кухна дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020

                                                                                                                                                           (гектар)

Номгуи шахру нохияихои чумхури Хамаги дар солхои 2016-2020 Аз он чумла дар солхои Хамаги дар 5 сол
2016 2017 2018 2019 2020    
Бог Ток Бог Ток Бог Ток Бог Ток Бог Ток Бог Ток
Чумхури 6148 785 178 825 188 858 188 822 184 1750 374 5038 1110
ВМКБ 550 66   75   84   95   230   550  
Сугд 2411 346 61 347 58 348 57 339 55 696 114 2076 345
Хатлон 1681 204 65 216 70 235 70 200 68 415 138 1270 411
НТЧ 1496 169 52 187 60 191 61 188 61 409 122 1142 354
Турсунзода 146 5 13 8 15 9 13 7 17 24 35 53 93
Хисор 96 12 6 10 6 11 8 10 7 16 11 58 38
Шахринав 162 11 5 19 8 21 9 24 11 40 17 114 48
Рудаки 200 22 12 26 14 18 15 17 10 36 30 119 81
Варзоб 33 3 1 3 2 4 1 4 1 10 4 24 9
Вахдат 205 20 15 20 15 20 15 20 15 40 25 120 85
Файзобод 31 4   6   7   5   9   31  
Нуробод 60 б   7   8   8   31   60  
Тавилдара 31 5   5   6   5   10   31  
Рашт 240 40   40   40   40   80   240  
Точикобод 58 8   9   10   10   21   58  
Чиргатол 36 7   5   6   4   14   36  
ш.Рогун 198 26   29   31   34   78   198  

Замимаи 5

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

Нишондод

 оид ба бунёди богхои интенсиви дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020

            (гектар)

 

 

 

 

 

 

 

Номгуи шахру нохияхо Аз он чумла дар солхои Чамъ дар 5 сол
 

2016

2017 2018 2019 2020

 

Чумхури 56 83 104 106 153 502
ВМКБ 2 2 2 2 3 11
Вилояти Сугд 10 20 20 20 20 95
Вилояти Хатлон 5 10 20 22,5 22,5 80
НТЧ 39 51 62 80 85 316
Турсунзода 5 5 5 6 11 32
Хисор 10 10 20 25 25 90
Шахринав 3 5 5 6 6 25
Рудаки 5 10 10 12,5 12,5 50
Вахдат 5 10 10 12,5 12,5 50
Файзобод 3 3 3 б 6 21
Рашт 3 3 3 4 4 17
Точикобод 3 3 3 4 4 17
Чиргатол 3 3 3 4 4 17

Замимаи 6

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

Нишондод

оид ба рушди сохаи ситруспарвари дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020

(гектар)
Номгуи шахру нохияхо Аз он чумла дар солхои Чамъ дар 5 сол
 

2016

2017 2018 2019 2020

 

Чумхури 26,8 37 46 48 50 207,8
ВМКБ 0,3 0,5 0,5 0,5 0,5 2,3
Вилояти Сугд 2,0 2,5 2,5 2,5 2,5 12
Вилояти Хатлон 15 20 25 25 25 110
НТЧ 9,5 14,0 18,0 20,0 22,0 83,5
Турсунзода 2,0 3,0 3,0 3,0 3,0 14
Хисор 2,0 3,0 3,0 3,0 3,0 14
Шахринав 1,5 2,0 2,0 2,0 2,0 9,5
Рудаки 2 3 5 6 7 23
Вахдат 2 3 5 6 7 23

Замимаи 7

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

  Нишондод

оид ба парвариши нихоли дарахтони мевадиханда ва ангур

   
Номгуи шахру нохияхои чумхури Майдони парвариши нихол дар солхои 2016-2020 Аз он чумла дар солхои: Ба нихолхои сесолаи пайванди тайёр карда шавад. (хазор бех)
 

 

2016

2017 2018 2019 2020

 

Дар чумхури 255 51 51 51 51 51 11765,1
Хатлон 53,5 10,7 10,7 10,7 10,7 10,7 2470,7
Сугд 104,5 20,9 20,9 20,9 20,9 20,9 4823,7
НТЧ 97,0 19,4 19,4. 19,4 19,4 19,4 4470,7

Эзох: Дар вилоятхо ва шахру нохияхо ичроиши таъминотро оиди парвариши нихол дар хама категорияхои замин ба накша гирифта шудааст.

Замимаи 8

ба Барномаи рушди сохаи

богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016-2020

Накшаи чорабинихо

оид ба татбики Барномаи рушди сохаи богу токпарвари дар Чумхурии Точикистон

барои солхои 2016 – 2020

р/т Номгуи чорабинихо Мутасаддиён Манбахои маблаггузори Мухлати ичро, солхо
1 2 3 4 5
1. Ба рох мондани бунёди богу токзор бо назардошти богхои интенсивии муосир ва дар ин замина руйёнидани хосили на кам аз 250-300 сентнер аз хар як гектар Вазоратхои молия, кишоварзи, рушди иктисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии вилоятхо ва шахру нохияхои чумхури Аз хисоби бучети давлати, сармояи ватанию хоричи ва маблагхои худи Солхои 2016-2020
2. Андешидани тадбирхои амали

чихати азхудкунии заминхои нав ва ба гардиши кишоварзи ворид намудани заминхои бекорхобида     барои бунёди богу

токзор

Кумитаи давлатии идораи замин ва геодези ва Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Аз хисоби барномахои амалкунанда Солхои 2016-2020
3. Тахия  ва пешниходи лоихахои сармоягузори оид ба рушди сохаи богу токпарвари дар чумхури  бо   максади

чалби сармояи хоричи

Вазорати кишоварзин Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикистон дар

якчояги бо макомоти дахлдори давлати

Аз хисоби маблагхои худи ва сармояи дохилию

хоричи

Солхои 2016-2020
4. Ташкили нуктахои махсуси нигохдори ва фуруши меваю ангур дар  ш. Душанбе  ва шахру нохияхои чумхури Агентии    таъминоти амволи махсуси назди Хукумати   Чумхурии Точикистон, Иттифоки “Точикматлубот”   ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахру нохияхои чумхури Аз хисоби маблагхои бучети давлати ва сармояи дохилию хоричи Солхои 2016-2020
5. Вусъат       бахшидани иктидори    марказхои мавчуда  ва  ташкили марказхои           нави хизматрасонии техники    ва лизинги дар вилоят ва шахру нохияхои чумхури Вазоратхои молия, иктисод ва савдо, кишоварзи,  Кумитаи

давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлатии Чумхурии Точикистон ва макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахру нохияхо.

Аз хисоби сармояи дохилию хоричи, лизинг ва худи Солхои 2016-2020
6. Тибки тартибии мукарраргардида равона намудани кормандону мутахассисони муассисахои сохавии чумхури ба  хоричи кишвар барои тачрибаомузи оид ба технологияи  муосири парвариши богу ток ва   коркарди меваю ангур Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон,  Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, Академияи илмхои кишоварзии Точикнстон, Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Ш. Шохтемур. Сармояи дохилию хоричи ва грантхо Солхои 2016-2020
7. Бунёди анборхои меванигохдори бо дастгоххои махсуси сардкуни ва корхонахои истехсоли зарфхо,  масолех барои бастубандкуни, боркуттихо ва корхонахои хурду миёнаи хозиразамон барои  коркарди Вазорати   саноат  ва технологияхои     нав, Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахру нохияхои чумхури ва Иттифоки Точикматлубот” Сармояи дохилию хоричи ва грантхо Солхои 2016-2020
8 Тахия ва интишори тавсияномахо оид ба усулхои муосири бунёд ва парвариши дарахтони мевадиханда ва ток Вазорати кишоварзии Чумхурии Точикистон ва Академияи илмхои кишоварзии Точикистон Аз хисоби Бучети давлати Солхои 2016-2020

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …