Главная / Чамъият / БАРНОМАИ РУШДИ РОХНАМОИИ КАСБИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020

БАРНОМАИ РУШДИ РОХНАМОИИ КАСБИ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  БАРОИ СОЛХОИ 2016-2020

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 декабри соли 2015, № 794 тасдик шудааст

  1. Мукаддима
  1. Барномаи рушди рохнамоии касби дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 (минбаъд – Барнома) дар асоси моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон”, моддаи 13 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи мусоидат ба шугли ахоли”, карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 октябри соли 2010, № 499 “Дар бораи Консепсияи рахнамоии касбии хонандагон дар Чумхурии Точикистон”, карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 1 августи соли 2008, № 373 “Дар бораи Коидахои ташкили низоми тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомузии шахрвандони бекор” тахия гардидааст.
  2. Барнома мохиятан ичтимои буда, хамчун чузъи чудонопазири Стратегияи баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми Точикистон дар татбики сиёсати ичтимоии давлат накши мухим дорад ва амали гаштани он барои баланд бардоштани сатхи зиндагии ахоли ва паст намудани сатхи камбизоати, таксимоти мехнат, рохандозии фаъолияти мехнатии босамари одамон дар таносубхои муайян байни сохахои гуногуни истехсолоти модди ва маънави дар чумхури мусоидат менамояд.
  3. Барнома тачассумгари икдоми пайвастаи давлату Хукумати Чумхурии Точикистон дар самти таъмини кафолатхои ичтимоии давлатии шахрвандон, баробарии байни мехнати фикри ва чисмони, саноати ва кишоварзи, тачриба ва малакаи истехсоли, дониши умуминазарияви ва махсус, касбинтихобкунии чавонон, малакаю сифатхои шахсии одамон ва рушди захирахои мехнати мебошад.
  4. Барнома чорабинихоро оид ба таъмини кафолати ичтимои дар интихоби озоди касб, шакли машгулият ва роххои худамалисозии шахсият, мувозинати байни шавку хавас ва касби интихобкардаи шахсият хусусиятхои психофизиологии он ва имкониятхои бозори мехнат, каноатмандии шахсият аз мехнат ва ноилшави ба макоми шахсии ичтимои, амалисозии неруи фарди, ташаккули тарзи хаёти солим ва некуахволии арзанда дар бар мегирад.
  5. Барнома дар асоси санадхои меъёрии хукуки, арзишхои миллию башари, эхёи дарки худшиносии таърихи, хуввият ва анъанахои милли, дастовардхои илмию техники ва гайра тахия шудааст, Он имконият медихад, ки ислохоти системаи рохнамоии касби ва кафолати давлатии хукуки шахрвандон ба интихоби касб таъмин гардад. Тавассути ин Барнома рохнамоии касбии шахрвандон новобаста аз мансубияти милли, нажоди, ирки, дини, кавми, чинси, забони, сиёси, ичтимои, тахсил ва молу мулк таъмин мегардад.

2. Вазъи кунунии соха

  1. Муносибатхои чамъияти ва рушди низоми давлатии рохнамоии касби яке аз равандхои асосии тараккиёти давлат ба хисоб рафта, он тамоми каламрави чумхуриро дар бар мегирад ва ба чавонон имконияти гуногуни хизматрасониро оид ба рохнамоии касби, тахияи заминахои меъёрии хукуки, тайёр намудан, бозомузи ва такмили ихтисоси мутахассисонро таъмин менамояд.
  2. Имруз дар дунё беш аз 40 хазор намуди касб мавчуд аст. Баробари тараккиёти босуръати илму техника, иктисоди бозаргони, талаботи бозори – мехнат ва пешравии чомеа 500 намуди касб аз байн рафта, хамзамон зиёда аз он касбхои наву чавобгуи талаботи давру замон ба миён меоянд. Оё чавонони имруза касбро аз руи хохиш ва кобилияти хеш интихоб мекунанд.
  3. Холо на танхо мардон, балки занон ииз дар чустучуи кор ва дарёфти ризку рузи ба кишвархои дуру наздик рафта, ба корхои вазнини каммузд машгул мешаванд ва дар он чо шароитхои номусоиди зиндаги доранд. Тахкикот нишон медихад, ки яке аз сабабхои асосии чунин вазъият дар бозори мехнат ва умуман дар сохаи хифзи ичтимои паст будани сатхи дониш, сохиби касбу ихтисос набудани шахрвандон, хамзамон ба иктидори пурра фаъолият надоштани корхонахои истехсоли мебошад.
  4. Интихоби касб хануз аз овони мактабхони огоз меёбад. Аз ин ру, омузгор бояд майлу хохиш, кобилият ва шавку хаваси хонандагонро ба инобат гирифта, дар калби онхо нисбати касби дустдоштаашон мехру мухаббатро бедор созад. Бо ин максад дар хамаи муассисахои томактабию таълими гушахои интихоби касб бо унвони “Хамаи касбхо хубанд”, “Касби ман – ифтихори ман”, “Ки шудан мехохи,” ва гайрахо ташкил шуда, вохуриву сухбатхо бо намояндагони сохахои гуногун

гузаронида мешавад. Мутаассифона, ин чорабинихо мувофики максад ба рох монда нашудаанд. Масалан, дар аксарияти муассисахои таълимии шахру нохияхо хангоми сухбат бо хонандагони синфхои болои маълум шуд, ки ба масъалаи касбинтихобкунии мактаббачагон сатхи муносибат мекунанд. Хонандаро аз руи касби интихобнамудааш омода намесозанд ва ба у барои таваччух намудан ба кадом равияи муайян чиддан тавсия намедиханд. Махсусан чихати маълумотнокии шогирдон дар бораи дар кучо ва чи гуна касб омузонидан, аз чониби рохбарони ин мактабхо кумак расонида намешавад.

  1. Аз тахлилу тахкикоти гузаронидашуда бармеояд, ки масъалахои ба шугл чалб кардани бекорон, тарбия намудани кадрхои тахассуси дар самти рохнамои касби ба такмил ниёз доранд. Зеро пешравии илму техиика, рушди бемайлони муносибатхои иктисоди бозаргони тарзу усулхои нави корбарии чавобгу ба талаботхои бозори мехнатро талаб мекунад.
  2. Шавку хавас ва рагбат надоштан хангоми интихоби касб боиси он мегардад, ки чавонон аз руи касби сахвану таваккали интихобкардаашон фаъолият кардан намехоханду ба кор дилгарми надоранд ва окибат корашон самар намедихад. Махсусан як чизро таъкид бояд кард, ки касб аз хунар фарк дорад. Равоншиносон муайян кардаанд, ки дар интихоби касб чавонон ба чунин хатогихо рох медиханд: интихоби касб бо таъсири падару модар; интихоби касб бо таъсири рафикон; аз чихати зохири интихоб кардани касб ва бемаксад интихоб кардани касб.
  3. Дар ин самт волидайн бояд накши мухимро бозанд. Онхо имконияту кобилияти фарзандро ба инобат гирифта, дар хамкории зич бо омузгорону равоншиносон ба онхо дар интихоби дурусти касб кумак расонанду маслихат диханд.

3. Максад ва вазифахои асосии Барнома

  1. Рохнамоии касби бо максадхои зерин амали карда мешавад:

– таъмини кафолати ичтимои дар интихоби озоди касб, шакли машгулият ва роххои худамалисозии шахсият дар шароити муносибатхои бозори;

– ноил гаштан ба мувозинати байни шавку хавас ва касби интихобкардаи шахсият, хусусиятхои психофизиологии он ва имкониятхои бозори мехнат;

– пешбинии дастовардхои касбии кормандон дар ин ё он сохахои фаъолияти мехнати;

– мусоидат ба инкишофи бемайлони сатхи омодагии махорати касбии шахсият хамчун омили (шарти) мухимтарини каноатмандии у аз мехнат ва ноилшави ба макоми шахсии ичтимои, амалисозии неруи фарди, ташаккули тарзи хаёти солим ва некуахволии арзанда.

  1. Ташаккули рохнамоии касби дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020 тибки татбики вазифахои зерин амали карда мешавад:

– гузаронидани машварати касби ва машварати равони, тахкикоти сотсиологи ва равони тибки талаботи бозори мехнат ба хама намудхои касб ва ихтисосхои коргари;

– бо чалби коршиносони ватанию хоричи тахияи накшаю пурсишномахои нави машварати мутобики меъёрхои касби;

– гузаронидани машваратхои касби (инфироди, гурухи) ва равони (психологи);

– чори намудани технология ва усулхои нави машварати касби ва бо воситаи компютер гузаронидани тест- машваратхо;

– такмил ва тахкими системаи рохнамоии касбии чавонон, наврасон ва калонсолон (тахия ва нашри маводхои таблиготи);

– тавассути чалби мутахассисон ташкили семинару вохурихо) тахияи маводи методи доир ба рохнамоии касби дар интихоби бошууронаи касб ва дагар усулхои интихоби касбхои чахони.

4. Натичахои мавриди интизор

  1. Татбики Барномаи мазкур дар Чумхурии Точикистон имконият медихад, ки ташкили таъмини ичтимоиву иктисодии самти рохнамоии касби ва ахамияти чамъиятиву давлатии онро дар мархилаи имруза фаро гирад ва сиёсати ягонаи давлатиро дар ин самт амали гардонад. Хамчунин татбики Барнома имконият медихад, ки мазмуни тарбияи мехнати, интихоби касб ва рохнамоии касбии чавонон мувофики талаби бозори мехнат тагйир дода шуда, бо усулу тарзхои истифодаи технологияи муосир, ки барои тайёр намудани кадрхои баландихтисоси ракобатпазир ба бозори мехнат мусоидат менамояд, шиносои пайдо кунанд.
  2. Пешбини мегардад, ки тавассути татбики чорабинихои Барнома дар солхои 2016-2020:

– ба 128090 нафар хизмати касби расонида мешавад; аз он чумла: -109779 нафар маълумот ва маслихатхои касби мегиранд;

– 6955 нафар аз интихоби касби мегузаранд;

– 11356 нафар ёрии касби мегиранд; 10552 нафар шахрвандон ва мухочирони мехнати ба шаходатномакунони сафарбар карда мешаванд;

– 9521 нафар шахрвандони бекор ва корчуён ба корхои чамъияти сафарбар мешаванд;

– ба 10201 нафар шахрвандон хизматхои маслихати ва машварати расонида мешавад;

– вобаста ба имконият дар сатхи чумхури 25 маротиба тахкикотхои сотсиологи гузаронида мешавад;

– тачдиди сохтори махаллии макомоти рохнамоии касби гузаронида мешавад.

  1. Дар натичаи татбики чорабинихои Барнома сатхи шуглнокии ахоли нисбат ба соли 2014 ба андозаи 0,8 фоиз зиёд мегардад. Барнома имконият медихад, ки дар ин муддат 150,2 хазор нафар шахрвандон, аз чумла ба 128,1 хазор нафар бевосита тавассути мусоидати макомоти рохнамоии касби барои интихоби дуруст ва озодонаи касб, шакли машгулият ва роххои худамалисозии шахсият дар шароити муносибатхои бозори хизматрасони карда мешавад.

5. Таъмини молиявии Барнома ва назорати ичрои он

  1. Маблаггузории чорабинихои Барнома дар доираи маблагхои тасдикгардидаи вазорату идорахо амали карда мешавад. Хамчунин дар назар аст, ки барои татбики Барномаи мазкур дигар маблагхо, аз чумла грантхо, маблаггузорихои ихтиёрии ташкилоту созмонхо истифода карда мешаванд.
  2. Дар асоси шартнома байни муассисахои таълими, кордихандагон ва хонандагон, новобаста аз манбаъхои маблаггузарони тайёр намудани мутахассисон пешбини шудааст. Чалби маблагхои корфармоён ва дигар маблагхои хайрияви бо рохи бастани шартномахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд.
  3. Масъули таъмини ичрои Барнома Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон якчоя бо вазорату идорахо ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мебошанд, ки чараёни ичрои онро хар нимсола дар чaласахои чамъбасти барраси намуда, аз натичаи он ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумот ирсол менамояд.
  4. Назорати ичрои Барномаро Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати анчом медиханд.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …