Главная / Чамъият / БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИИ ЧТ с. 2018-2019

БАРНОМАИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИИ ЧТ с. 2018-2019

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “26” октябри соли 2017, № 499 тасдик шудааст

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2018-2019

  1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
  1. Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018 – 2019 (минбаъд – барнома) мутобики моддаи 7 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи дурнамохои давлати, консепсияхо, стратегияхо ва барномахои рушди ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон” ва моддаи 13 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи мусоидат ба шугли ахоли” тахия гардидааст.
  2. Барнома бо назардошти афзалиятхои дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 муайяншуда ва тахлили нишондихандахои минтакавию сохавии бозори мехнат ва шуглнокии ахоли тахия гардидааст.
  3. Барнома тадбирхоро оид ба таъсис додани чойхои кории нав, миёнарави дар бозори мехнат, рушди касбии захирахои мехнати, дастгирии ичтимоии мухочирони мехнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шугли занон ва чавонон, рушди сохибкории инфироди ва таъмини кафолатхои давлатии ичтимои хангоми бекори дар бар мегирад.

12891161_1004684876268365_4048628488510749407_o

2.ТАХЛИЛИ ВАЗЪИ ДЕМОГРАФИ, ИЧТИМОИ ВА ИКТИСОДИ

  1. Дар байни чумхурихои Осиёи Маркази Точикистон аз чихати шумораи ахоли мавкеи сеюмро ишгол менамояд ва ба холати 1 январи соли 2017 шумораи ахолии доимии Точикистон 8 миллиону 742,8 хазор нафарро ташкил медихад.

Тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 23 августи соли 2016, №366 “Дар бораи дурнамои нишондихандахои асосии макроиктисодии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017 – 2019” шумораи ахолии доимии Точикистон дар соли 2018 ба 9 миллиону 37,3 хазор нафар ва дар соли 2019 бошад, ба 9 миллиону 245,0 хазор нафар мерасад.

  1. Мутаносибан ба ин шумораи захирахои мехнати дар Чумхурии Точикистон соли 2018 ба 5 миллиону 395,2 хазор нафар ва дар соли 2019 то ба 5 миллиону 519,2 хазор нафар меафзояд. Дар мукоиса бо соли 2016 дар давоми ду соли оянда аз хисоби афзоиши табиии ахоли шумораи захирахои мехнатии Точикистон 5,6 фоиз зиёд мешавад.
  2. Бо дар назар доштани афзоиши табиии ахоли ва захирахои мехнати дар солхои 2018 – 2019, афзоиши шумораи куввахои кори (ахолии аз чихати иктисоди фаъол) низ ба амал меояд. Дар солхои 2018 – 2019 шумораи куввахои кори дар Точикистон мутаносибан то 2 миллиону 584,7 ва 2 миллиону 644,0 хазор нафар мерасад. Дар мукоиса бо соли 2016 афзоиши куввахои кори дар ин солхо 8,4 фоизро ташкил медихад.
  3. Шумораи ахолии машгули кор бошад, дар ин давра 97,6 фоизро аз шумораи куввахои кори ташкил намуда, соли 2018 ба 2 миллиону 522,7 хазор нафар ва соли 2019 ба 2 миллиону 580,5 хазор нафар мерасад.
  4. Дар ду соли оянда шумораи ахолии машгули кор нисбат ба соли 2016 8,2 фоиз меафзояд. Дурнамои тамоюли тагйрёбии шумораи ахоли, захирахои мехнати, куввахои кори ва ахолии машгули кор дар чадвали 1 оварда шудааст.

Таносуби шумораи ахоли, захирахои мехнати, куввахои кори ва ахолии машгули кор барои солхои 2016 – 2019 (хаз. нафар)

                                                          Чадвали 1

Нишондихандахо 2016 2017 2018 2019
Ахолии машгули кор 2384,2 2491,5 2522,7 2580,5
Кувваи кори 2438,3 2552,8 2584,7 2644,0
Захирахои мехнати 5224,3 5238,7 5395,2 5519,2
Шумораи ахоли 8742,8 8925,8 9037,3 9245,0

  1. Афзоиши шумораи ахолии доими, захирахои мехнати, куввахои кори ва ахолии машгули кор барои бехтар гардидани вазъи ичтимоию иктисодии кишвар заминаи мусоид фарохам меорад.
  2. Яке аз нишондихандахои асосии рушд ин афзоиши мачмуи махсулоти дохили мебошад. Тамоюли афзоиши ин нишондиханда дар солхои 2012 -2016 нишон медихад, ки дар Точикистон хачми мачмуи махсулоти дохили бо нарххои мукоисашаванда дар ин давра аз 36,1 миллиард сомони дар соли 2012 то ба 54,5 миллиард сомони дар соли 2016 ё ба андозаи 1,5 маротиба афзоиш ёфтааст.
  3. Тибки дурнамои нишондихандахои асосии макроиктисодии Чумхурии Точикистон барои солхои 2017 – 2019 (карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 23 августи соли 2016, №366) дар назар аст, ки дар соли 2017 хачми мачмуи махсулоти дохили 58,9 миллиард сомони, соли 2018 65,7 миллиард сомони ва дар соли 2019 ба 73,5 миллиард сомони мерасад. Дар мукоиса бо соли 2016 дар ду соли оянда хачми мачмуи махсулоти дохили дар Точикистон 1,3 маротиба меафзояд (чадвали 1).

Чадвали 2. Тамоюли афзоиши хачми мачмуи махсулоти дохили дар Чумхурии Точикистон дар солхои 2014 – 2019

Сохтори сохавии  мачмуи махсулоти дохили 2014 2015 2016 2017 2018 2019
1 Мачмуи махсулоти дохили бо нарххои амалии мукоисашаванда, (млн.сом.) 45605,2

100%

48408,7

100%

54500,0

100%

58909,7

100%

65762,3

100%

73599,4

100%

2 Истехсоли молхо- бо % нисбати  мачмуи махсулоти дохили 20750,3

45,5%

22424,3

46,3%

25615,0

47,0%

3 Хизматрасони – бо % нисбати  мачмуи махсулоти дохили 18834,9

41,3%

19855,1

41,0%

22726,5

41,7%

4 Андоз аз махсулот бо % нисбати   мачмуи махсулоти дохили 6019,9

13,2%

6129,3

12,7%

6158,8

11,3%

     Чадвали 2

  1. Вобаста ба ин пешбини мешавад, ки таксимоти мачмуи махсулоти дохили ба хар сари ахоли дар соли 2017 6661,9 сомони, дар соли 2018 7276,0 сомони ва дар соли 2019 то ба 7945,3 сомони афзоиш меёбад.
  2. Дар навбати худ бо афзоиш ёфтани хачми мачмуи махсулоти дохили ва таксимоти он ба хар сари ахоли даромадхои пулии ахоли ва харочоту пасандозхои ахоли низ мутаносибан афзоиш меёбанд, ки ба баланд гардидани сатхи зиндагии ахоли мусоидат хохад кард.
  3. Тахлили муфассали сохтори сохавии мачмуи махсулоти дохили дар Точикистон аз он гувохи медихад, ки дар он сахми сохаи кишоварзи, хочагии чангал ва мохипарвари 20,7 фоиз, саноат 15,1 фоиз, сохтмон 11,2 фоиз, наклиёт ва алока 11,5 фоиз, савдои яклухт ва чакана 14 фоиз ва дигар сохахо 27,5 фоизро ташкил медиханд (маълумот барои соли 2016). Алхол дар ташаккули хачми мачмуи махсулоти дохили танхо сахми сохаи кишоварзи назаррас мебошад.
  4. Аз ин хотир, дар паёми Президенти Чумхурии Точикистон “Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхури” аз 22 декабри соли 2016 таъкид гардид, ки дар 15 соли оянда сахми саноат дар мачмуи махсулоти дохили ба таври назаррас бояд афзоиш ёбад ва Точикистон ба кишвари индустриаливу аграри табдил дода шавад.
  5. То соли 2030 таксимоти мачмуи махсулоти дохили бояд ба хар сари ахоли то 3 баробар афзоиш ёбад, сатхи камбизоатии ахоли 2 баробар кохиш дода шавад ва хиссаи ахолии дорои даромади миёна аз 22 то 50 фоиз афзояд.
  6. Барои расидан ба ин хадафхо мухим аст, ки афзалиятхои муайяншуда дар Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Точикистон то соли 2020 ва амалисозии босамари барномахои давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон, ки чузъи чудонопазир ва фаъоли стратегияхои болозикр ба хисоб мераванд, таъмин карда шаванд.

  1. ВАЗЪИ БОЗОРИ МЕХНАТ ВА ШУГЛИ АХОЛИ

  1. Мувофики маълумоти омори шумораи кувваи кори дар мохи июни соли 2017 2301,4 хазор нафарро ташкил дод, ки аз ин теъдод 2247,4 хазор нафар (97,7 фоиз) дар сохахои иктисодиёт машгул буда, 54,0 хазор нафар расман макоми бекори гирифтаанд, ки 2,3 фоизи шумораи кувваи кориро ташкил медихад.
  2. Аз шумораи умумии ахолии машгули кор шахсони дар руйхатбудаи кироякор дар корхонахои хамаи шакли моликият дар мохи июни соли 2017 1099,0 хазор нафар ё 48,9 фоизи шумораи умумии ахолии машгули корро ташкил дод.
  3. Дар бахши вокеии иктисодии кишвар шумораи кормандони кироя дар мохи июни соли 2017 нисбат ба хамин давраи соли 2016 2,2 фоиз кам шуда, 596,1 хазор нафарро ташкил намуд. Дар бахши хизматрасонии фаъолияти иктисоди бошад, шумораи кормандони кироя дар давраи баррасишаванда 2,4 фоиз афзуда, 502,9 хазор нафарро ташкил дод. Хамин тавр, дар шаш мохи соли 2017 54,2 фоизи кироякорон дар бахши вокеии фаъолияти иктисоди ва 45,8 фоиз дар бахши хизматрасонии фаъолияти иктисоди ба кайд гирифта шуданд.
  4. Тавре маълум аст дар ташкилоту муассисахои чумхури гайр аз кормандони расми (штати) кувваи кори дар шароити ду (якчанд) чой коркунанда ва дар асоси шартномахои хусусияти гражданию хукукидошта низ истифода бурда мешавад.
  5. Дар мохи июни соли 2017 дар ин шароит 49,2 хазор нафар шахрвандон машгули кор буданд, ки ин нишондиханда ба 4,5 фоизи шумораи чойхои ишголшудаи кори рост меояд.
  6. Шумораи кормандони дар шароити ду (якчанд) чой коркунанда ва бо шартномаи хусусияти гражданию хукукидошта коркунанда дар бахши вокеии фаъолияти иктисоди 10847 нафар ва дар бахши хизматрасони 38309 нафарро ташкил намуд.
  7. Дар кайди макомоти мехнат ва шугли ахоли охири мохи июни соли 2017 85,1 хазор нафар корчуён, бо назардошти корчуёни соли 2016, мавчуд буд, ки ин нишондиханда нисбат ба хамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз зиёд мебошад.
  8. Дар мохи июни соли 2017 барои таъмин шудан бо чойи кор 8,8 хазор нафар шахрвандон мурочиат намуданд, ки аз ин теъдод 7,4 хазор нафар бо чойи кор таъмин карда шуданд, ки ин нишондиханда дар мукоиса ба хамин давраи соли гузашта 13,4 фоиз зиёд мебошад.
  9. Ба макомоти мехнат ва шугли ахоли дар охири мохи июни соли 2017 аз чониби ташкилоту муассиса ва корхонахо 9,8 хазор чойхои кории холи пешниход шуд, ки аз ин теъдод 4,1 хазор чойхои кори (41,8 фоиз аз шумораи умумии чойхои кори холии пешниходшуда) ба касбхои коргари рост меояд. Талабот ба хар як чойи кории холии пешниходшуда 8,7 нафарро ташкил намуд, ки ин нишондиханда дар мукоиса ба хамин давраи соли 2016 (8,5 нафар буд) 0,2 нафар зиёд шудааст.
  10. Дар макомоти мехнат ва шугли ахоли то охири мохи июни соли 2017 45,6 хазор нафар бекорон расман ба кайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 21,6 хазор нафар занон (47,3 фоиз) мебошанд.
  11. Сатхи бекории расман бакайдгирифташуда 2,3 фоизро аз шумораи куввахои кори ташкил намуд.
  12. Бо назардошти вазъи вокеи дар бозори мехнат ва эхтимолияти ногузири таъсири бухрони молиявию иктисодии чахони ба иктисодиёти Точикистон, танзими масъалаи муносибатхои мехнати ва шугли ахоли накши аввалиндарачаро касб менамояд ва хеле мухим аст, ки таксимоти ахолии кобили мехнат дар сохахои иктисодиёти кишвар максаднок амали карда шавад.
  13. Дар солхои 2018 – 2019 афзоиши шумораи ахоли хар сол тибки пешгуихо 2,0 – 2,3 фоизро ташкил намуда, дар соли 2019 то 9245,0 хазор нафар меафзояд, ки ба ташаккули бозори мехнат таъсири бевосита дорад. Мувофики пешгуихо шумораи ахоли дар соли 2019 нисбат ба соли 2016 502,8 хазор нафар зиёд мешавад ва дар ин холат шумораи захирахои мехнати 293,9 хазор нафар ва куввахои кори 184,0 хазор нафар меафзояд.
  14. Дар солхои 2018 – 2019 пешбини мегардад, ки ба бозори мехнат аз хисоби хатмкунандагони муассисахои тахсилоти оли 65,0 хазор нафар, муассисахои тахсилоти миёнаи касби 25,0 хазор нафар, муассисахои тахсилоти ибтидоии касби 32,5 хазор нафар, муассисахои тахсилоти миёнаи умуми 253,8 хазор нафар, хатмкунандагон бо тахсилоти миёнаи нопурра 261,5 хазор нафар, хизматчиёни харбии аз сафи Куввахои Мусаллах озодшуда 32,0 хазор нафар, кормандони аз корхонахо ихтисоргардида 26,0 хазор нафар, шахсони аз махбас озодшуда 2,5 хазор нафар ворид мегарданд. Теъдоди ахолии аз чихати иктисоди гайрифаъол дар ин давра 2875,2 хазор нафарро ташкил медихад, ки ин шумора ба 52,1 фоизи захирахои мехнати дар соли 2019 рост меояд.
  15. Солхои 2018 – 2019 мувофики Барномаи мазкур 532,6 хазор нафар шахрвандон ба намудхои гуногуни шугл фаро гирифта мешаванд. Тавассути мусоидати бевоситаи макомоти мехнат ва шугли ахоли 205,8 хазор нафар шахрвандон ба шугл фаро гирифта мешаванд. Аз ин шумора 79,6 хазор нафар дар корхонаю ташкилотхо бо кор таъмин мегарданд, аз чумла 66,5 хазор нафар аз хисоби чойхои кории холи, 33,2 хазор нафар ба тайёрии касби ва бозомузи, 11,0 хазор нафар ба корхои муздноки чамъияти чалб мешаванд. Хамзамон, ба 6,9 хазор нафар шахрвандон карзхои имтиёзнок барои ташкили сохибкории инфироди ва ба 12,6 хазор нафар кумакпулихо барои бекори таъин ва пардохт карда мешавад. Малакахои касбии 8,0 хазор нафар шахрвандон бо шаходатнома тасдик карда мешаванд. Тамоюли тагйирёбии нишондихандахои шугли ахоли ва бозори мехнат дар замимаи 1 оварда шудааст.

  1. ВАЗИФАХОИ АСОСИ ВА САМТХОИ АФЗОЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ МУСОИДАТ БА ШУГЛИ АХОЛИ ДАР СОЛХОИ 2018 – 2019

  1. Барномаи мазкур хамчун чузъи чудонопазири Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Чумхурии Точикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030 ба сифати барномаи ичтимои ва зиддибухрони амали мегардад.
  2. Мувофики Барномаи мазкур тайи солхои 2018 – 2019 чунин вазифахои асосии сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахоли муайян карда мешаванд:

– дастгирии сохибкории хурду миёна барои таъсис додани шугли пурсамар дар сохахои иктисодию  ичтимои, бо назардошти дастраси ва имкониятхо барои чавонон ва занон;

– тахия ва амали намудани мачмуи тадбирхо барои хавасмандгардони ва фарохам овардани имконият ба шугли пурсамар барои табакахои осебпазири ахоли;

– чори намудани механизми хамкории давлати ва бахши хусуси ва принсипхои максадноки маблаггузории барномахои минтакавии шугли ахоли;

– ташаккул додани низоми миллии мусоидат ба рушди самаранокии мехнат;

– тахияи барнома ва механизмхои арзёбии салохиятнокии мутахассисон дар сохахои иктисодиёти Точикистон;

– андешидани тадбирхо чихати дар амали намудани Конуни Чумхурии Точикистон  “Дар бораи тахсилоти калонсолон”;

– тахия ва андешидани тадбирхо чихати мутобиксозии фаъолияти мухочирони мехнатии ба Ватан баргашта ба бозори мехнати чумхури, ки вурудашон ба давлатхои кабулкунандаи мухочирони мехнати манъ шудааст;

– мунтазам арзёби намудани вазъи бозори мехнат, муайян намудани талаботи корфармоён ба кувваи кори тавассути гузаронидани тахкикот дар бозори мехнат;

– тахия ва амалисозии тадбирхо оид ба пешгири аз холатхои ихтисоршавии оммавии кормандон аз ташкилоту муассиса ва корхонахо;

– таъмини хамохангии амалисозии чорабинихои сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахоли бо чараёни амалисозии Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Чумхурии Точикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030.

  1. Солхои 2018 – 2019 афзалиятхои зерини сиёсати давлатии мусоидат ба шугли ахоли пешбини мешаванд:

– тахия ва амали намудани тадбирхо барои баланд бардоштани ракобатпазирии бозори мехнати дохили Точикистон;

– амали намудани тадбирхо чихати баланд бардоштани сахми шугли расми дар иктисодиёти Точикистон;

– тахия ва амалисозии чорахо оид ба таъмини самаранокии тахсилоти касбии калонсолон дар Точикистон;

– андешидани тадбирхо барои тахия намудани чорчубаи тахассусхои милли дар Чумхурии Точикистон;

– такмил додани системаи чамъоварии маълумоти омории сохаи тахсилоти калонсолон дар Чумхурии Точикистон;

– тадричан таъмин намудани ичрои Накшаи амалисозии Стратегияи давлатии рушди бозори мехнати Точикистон то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030.

5.ЧОРАБИНИХОИ АСОСИИ ТАЪМИНИ ШУГЛИ АХОЛИ

  • 1.Таъсиси чойхои кории нав

  1. Мувофики дурнамои рушди иктисодию ичтимоии Чумхурии Точикистон пешбини мегардад, ки солхои 2018 – 2019 аз хисоби хама сарчашмахо дар сохахои иктисодиёти чумхури мачмуан 326,8 хазор чойхои нави кори таъсис дода мешавад. Аз чумла дар соли 2018 161,9 хазор чойхои нави кори ва дар соли 2019 бошад, 164,9 хазор чойхои нави кори таъсис дода мешаванд. Аз чойхои кории таъсисшаванда 177,1 хазор чойхои кори (54,2%) дар бахши вокеии иктисоди чумхури ва 149,7 хазор (45,8%) дар бахши хизматрасонии иктисодиёт таъсис дода мешаванд. Дар чадвали 3 дурнамои таъсиси чойхои кории нав дар бахшхои иктисодиёт ва сатхи минтакахои чумхури пешбини гардидааст.

                                                                                                    Чадвали 3

Р/т Номгуи чорабинихо 2016 Нимсолаи

якуми соли 2017

2018 2019
1 Хамаги таъсиси чойхои кории нав 50938 84227 161876 164951
2 Дар бахши вокеии иктисодиёт 81804 38538 87736 89403
3 Дар бахши хизматрасонии

иктисодиёт

69134 45689 74140 75548
4 Дар минтакахо:

–  Вилояти Мухтори Кухистони   Бадахшон

–  вилояти Хатлон

–  вилояти Сугд

–   шахри Душанбе

–  шахру нохияхи тобеи чумхури

 

 

12026

50967

36046

27405

24494

 

 

2819

27228

18516

17905

17759

 

 

 

 

  • 2. Миёнарави дар бозори мехнат
  1. Бо назардошти вазъи ичтимоию иктисодии чумхури, бухрони молиявию иктисодии чахони вазифаи асосии макомоти мехнат ва шугли ахоли ин муътадил нигох доштани вазъ дар бозори мехнати чумхури ва дар ин замина таъмин намудани сиёсати ичтимоии давлат ба хисоб меравад.
  2. Дар хамин радиф масъалаи баланд бардоштани сатхи хамкори миёни макомоти мехнат ва шугли ахоли ва корфармоён, иштироки фаъоли корфармоён дар раванди таъсиси чойхои нави кори, ба тайёрии касби фаро гирифтани шахрвандон ва бокортаъминкунии ахолии бекор дар чойхои кории холи ба мадди аввал мебарояд.
  3. Бо ин максад дар доираи амали Барномаи мазкур тадбирхои зерин пешбини мешаванд:

– тахия ва амали намудани механизми муосири хамкори бо корфармоён дар самти таъсиси чойхои кории нав ва бо кор таъмин намудани ахолии бекор;

– амали намудани тадбирхо чихати муайянсозии тавозуни вокеии талабот ва пешниход ба кувваи кори;

– такмил додани махзани маълумот оид ба чойхои кории холи ва таъмини дастрасии васеи корчуён ба ин маълумот;

– васеъ ба рох мондани корхои ташвикотию таргиботи оид ба масъалахои мусоидат ба шугли ахоли дар байни бекорон, корчуён ва мухочирони мехнати;

– таквият бахшидани тачрибаи ташкили ярмаркахои сохавии чойхои кории холи.

  1. Дар доираи Барнома пешбини мешавад, ки давоми солхои 2018 – 2019 аз чониби корфармоён новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва моликият, ба макомоти мехнат ва шугли ахоли мутаносибан 32974 ва 33529 чойхои кории холи (вакансия) пешниход мешавад, дар ин замина 750 ярмаркаи чойхои кории холи ташкил карда мешавад ва тавассути роххатхои макомоти мехнат ва шугли ахоли давоми ин солхо 66,5 хазор шахрвандони бекор ба шугл чалб карда мешаванд.

  • 3. Мусоидат ба шугли ахолии дар бозори мехнат ракобатнопазир

  1. Дар Барномаи мазкур фарохам овардани шароит барои бо кор таъмин шудани ахолии дар бозори мехнат осебпазир яке аз афзалиятхои асоси ба хисоб меравад.
  2. Ба табакахои осебпазири ахоли дар бозори мехнат асосан падару модари танхо ва серфарзанд, ки дар тарбияашон фарзандони маъюб доранд, шахсони аз муассисахои системаи ичрои чазои чинояти озодшуда, маъюбон, шахсоне, ки аз сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва дигар сохторхои харби аз хизмати харби озод шудаанд, дохил мешаванд ва барои бо кор таъмин намудани онхо дар доираи Барнома имтиёзхои зерин пешбини мегарданд:

– ба рох мондани кори инфироди ва хизматрасонии машварати тавассути рохнамоии касби;

– таъмин намудани шароит барои дастрасии васеи табакахои осебпазири ахоли ба таълими касби дар марказхои таълими касбии макомоти мехнат ва шугли ахоли;

– банд намудани чойхои махсуси кори (квотахо);

– мусоидат дар ташкили фаъолияти инфироди тавассути таъсиси чойхои кории иловаги бо рохи чудо намудани карзхои хурди имтиёзнок.

  1. Дар баробари ин тадбирхо таъсис додани чойхои кории нигохдошташаванда барои ин табакаи ахоли дар фаъолияти минбаъда тадричан амали мешавад.
  2. Дар амал татбик намудани имтиёзхои пешбинигардида имконият фарохам меорад, ки давоми амали Барнома дар мачмуъ 6,1 хазор нафар шахрвандони ба хифзи ичтимои ниёзманд бо чойи кор таъмин карда шаванд.

  • 4. Мусоидат ба шугли чавонон

  1. Чавонон дар чомеаи имруза мавкеи хоса доранд ва ба ин хотир сиёсати давлатии чавонон барои кишвари мо мухим арзёби мешавад.
  2. Мувофики омори расмии давлати хиссаи чавонон дар таркиби захирахои мехнатии Точикистон зиёда аз 52 фоизро ташкил медихад ва давоми солхои 2008 – 2016 шумораи чавонон дар чумхури аз 2 миллиону 238,5 хазор нафар дар соли 2008 то 2 миллиону 630,4 хазор нафар дар соли 2016 афзудааст, ки афзоиш 17,5 фоизро ташкил медихад.
  3. Бо назардошти суръати баланди афзоиши шумораи чавонон, ки дар Точикистон хамасола ба хисоби миёна зиёда аз 2 фоизро ташкил медихад, масъалаи мусоидат ба шугли чавонон ахамияти аввалиндарача дорад.
  4. Тахлили омори расми оид ба сатхи бекории чавонон дар Иттиходи Давлатхои Мустакил ва Иттиходи Аврупо нишон медихад, ки андозаи он аз 5,4 фоиз то наздик ба 50 фоиз дар баъзе аз давлатхо мерасад.
  5. Дар байни давлатхои Иттиходи Давлатхои Мустакил сатхи бекории чавонон дар Чумхурии Казокистон 5,4 фоиз, Федератсияи Россия 9,6 фоиз, Беларусия 9,7 фоиз, Озарбойчон 10,3 фоиз, Украина 12,9 фоиз, Киргизистон 13,5 фоиз, Точикистон 15,5 фоиз (аз руи маълумоти тахкикоти кувваи кори соли 2009 дар Точикистон) ва дар Арманистон 29,4 фоизро ташкил медихад. Маълумот оид ба сатхи бекории чавонон дар давлатхои Иттиходи Давлатхои Мустакил ва Иттиходи Аврупо дар чадвали 4 оварда шудааст.

 Сатхи бекории чавонон дар кишвархои

 Иттиходи давлатхои мустакил ва Иттиходи Аврупо бо %

                                                                                                       Чадвали 4

Р/т  

Номгуи кишвархо

Сатхи бекории чавонон бо % Р/т  

Номгуи кишвархо

Сатхи бекории чавонон бо %
1 Юнон 47,0% 14 Дания 13,0%
2 Испания 40,8% 15 Украина 12,9%
3 Арманистон 29,4% 16 Люксембург 10,9%
4 Италия 25,2% 17 Иттиходи давлатхои муастакил 10,4%
5 Латвия 20,8% 18 Озарбойчон 10,3%
6 Франсия 18,0% 19 Малта 9,9%
7 Точикистон 15,5% 20 Молдавия 9,9%
8 Британияи Кабир 15,4% 21 Белоруссия 9,7%
9 Белгия 14,6% 22 Россия 9,6%
10 Финляндия 14,3% 23 Нидерландия 7,9%
11 Киргизистон 13,5% 24 Германия 7,4%
12 Туркия 13,4% 25 Австрия 7,4%
13 Чехия 13,1% 26 Казокистон 5,4%

  1. Бинобар ин, бо назардошти “Соли чавонон” эълон гардидани соли 2017, дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон барои солхои 2018 – 2019 барои мусоидат ба шугли чавонон дар давраи амалисозии Барнома тадбирхои зерин амали мешаванд:

– мусоидат намудан дар таъмини чавонон бо чойи кор аз хисоби чойхои кории холии мавчуда (33,9 хазор нафар);

– расонидани хизмати рохнамоии касби ва маслихатию машварати (27,7 хазор нафар);

– сафарбар намудани чавонон ба курсхои кутохмухлати тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомузи мувофики касбу ихтисосхои чавобгу ба талаботи бозори мехнати дохил ва хоричи кишвар (23,2 хазор нафар);

– чалби чавонон ба ичрои корхои чамъиятии музднок (6,9 хазор нафар);

– дастгирии ташаббуси чавонон дар ташкили фаъолияти сохибкории хурду миёна тавассути чудо намудани карзхои имтиёзнок ба онхо (3,8 хазор нафар);

– дастгирии ичтимоии чавонон тавассути таъин ва пардохти кумакпулихо барои давраи бекори (10,1 хазор нафар);

– рохандози намудани тадбирхо дар самти тарбияи хукукии чавонон доир ба масъалахои бозори мехнат.

  1. Дар солхои 2018 – 2019 тавассути татбики ин тадбирхо 105,6 хазор нафар чавонон ба намудхои гуногуни шугл фаро гирифта мешаванд.

  • 5. Мусоидат ба шугли занон

  1. Бо максади ичрои карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 29 майи соли 2010, №269 “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии накши занон дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011 – 2020”, дар доираи Барнома барои ба шугл чалб намудани занон тадбирхои зерин пешбини мешаванд:

– мусоидат намудан дар таъмини занон бо чои кори доими аз хисоби чойхои кории  холии мавчуда (32,5 хазор нафар);

– фарогири ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомузи аз руи ихтисосхои чавобгуи талаботи бозори мехнат (17,3 хазор нафар);

– дастгирии ташаббусхои занон дар пешбурди фаъолияти сохибкори ва худиштиголи (3,1  хазор нафар);

– чалб намудани занон ба корхои чамъиятии музднок (4,6 хазор нафар);

– дастгирии ичтимоии занон тавассути таъин ва пардохти кумакпулихо барои давраи бекори (6,4 хазор нафар);

– чалби кувваи кории занон ба рушди хунархои мардуми;

– гузаронидани корхои машваратию маслихати оид ба рохнамоии касби (15,1 хазор нафар);

– ба рох мондани фаъолияти иттилооти ва тарбияи хукукии занон.

  1. Хамаги мувофики Барнома тайи солхои 2018 – 2019 79,0 хазор нафар занон ба намудхои гуногуни шугл чалб карда мешаванд. Нишондихандахои Барнома дар самти бо кор таъмин намудани бекорон, аз чумла шахсони дар бозори мехнат осебпазир дар замимахои 2 ва 3 оварда шудаанд.

  • 6. Дастгирии ичтимоии мухочирони мехнатии ба Ватан бозгашта

  1. Дар натичаи таъсири бухрони молиявию иктисодии чахони ба давлатхои асосии кабулкунандаи мухочирони мехнати, аз чониби ин давлатхо дар конунгузори оид ба масъалахои мухочирати мехнати тагйиру иловахо ворид карда шуд, ки боиси кохиш ёфтани мухочирати мехнати аз Точикистон гардид.
  2. Дар баробари ин бо сабаби риоя накардани низоми мухочират дар давлатхои кабулкунандаи мухочирони мехнати, вуруди як кисм аз мухочирони мехнати ба ин давлатхо манъ гардид ва эхтимолияти бозгашти теъдоди муайяни мухочирони мехнати ба Ватан чой дорад.
  3. Мувофики маълумоти Хадамоти мухочирати Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар нимсолаи якуми соли 2017 аз худуди чумхури 242792 нафар шахрвандон ба мухочирати мехнати рафтаанд, ки ин шумора дар мукоиса ба хамин давраи соли гузашта (308676 нафар буд) 65,8 хазор нафар ё ба андозаи 21 фоиз кохиш ёфтааст.
  4. Дар хамин давра аз мухочирати мехнати 160123 нафар шахрвандон ба Точикистон баргаштаанд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта (160434 нафар буд) 0,2 фоиз кам мебошад.
  5. Аз теъдоди мухочирони мехнатии ба Ватан бозгашта 138996 нафарро мардон ва 21127 нафарро занон ташкил медиханд.
  6. Мувофики маълумоти мавчуда алхол вуруди 151961 нафар шахрвандони Чумхурии Точикистон ба Федератсияи Россия манъ мебошад, ки ин нишондод дар мукоиса ба нимсолаи якуми соли 2016 54 фоиз кохиш ёфтааст.
  7. Ба ин нигох накарда, бо назардошти вазъи рафту омади мухочирони мехнати ба хоричи кишвар дар солхои 2018 – 2019 аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли чихати дастгирии ичтимоии мухочирони мехнатии ба Ватан бозгашта тадбирхои зерин амали мешаванд:

– мусоидат намудан дар таъмини мухочирони мехнатии бозгашта бо чойи кор аз хисоби чойхои кори холии мавчуда (3,3 хазор нафар);

– сафарбар намудани онхо ба курсхои кутохмудати тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомузи мувофики касбу ихтисосхои чавобгу ба талаботи бозори мехнати дохили кишвар (6,6 хазор нафар);

– чалби мухочирони бозгашта ба Ватан дар ичрои корхои чамъиятии музднок (2,2 хазор нафар);

– дастгирии ташаббуси мухочирони бозгашта дар ташкили фаъолияти сохибкории хурду миёна тавассути чудо намудани карзхои имтиёзнок ба онхо (1,6 хазор нафар);

– шаходатномакунонии малакахои касбии мухочирони мехнатии ба Ватан бозгашта (1,2 хазор нафар);

– хизматрасонии машварати ва хукуки.

  1. Давоми солхои 2018 – 2019 дар доираи чорабинихои Барнома мачмуан ба 14,9 хазор нафар мухочирони мехнатии ба Ватан бозгашта хизматрасони анчом дода мешавад.

  • 7. Мутобиксозии куввахои кори ба талаботи бозори мехнат

62 . Табиист, ки ислохот вобаста ба чумхурии индустриаливу аграри табдил додани Чумхурии Точикистон ба сохтори иктисодиёти Точикистон таъсир мерасонад, яъне тагйироти сохтори иктисодиёт ба амал меояд.

  1. Тагйир ёфтани сохтори иктисодиёт ва ворид гардидани технологияхои нави истехсоли масъалаи омодасозии кадрхои нави коргари ва ё мутобиксозии захирахои мехнатии мавчударо ба талаботи иктисодиёт, такозо менамояд. Дар ин сурат раванди хизматрасонии тахсилот ва таълими касби ба талаботи вокеии иктисодиёти кишвар бояд мутобик бошад.
  2. Дар Точикистон Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори мехнат” аз 1 августи соли 2012 кабул гардидааст, вале мутаассифона то хол механизми амалисозии конуни мазкур дар чумхури вучуд надорад.
  3. Аз ин хотир, мухим аст, ки харчи зудтар механизми амалисозии конуни мазкур тахия ва мавриди амал карор дода шавад, дар акси хол зимни тадричан тагйир ёфтани сохтори иктисодиёт дар масъалаи таъмин намудани сохахои он бо кадрхои коргари мушкилоти зиёд метавонад пеш ояд.
  4. Бинобар ин, бо назардошти накши мухим доштани мутобиксозии куввахои кори ба талаботи вокеии иктисодиёт дар доираи Барнома тадбирхои зерин амали мешаванд:

– мунтазам мавриди омузиш ва тахлил карор додани талаботи иктисодиёт ба кадрхои коргари;

– рохандози намудани тадбирхо барои баланд бардоштани салохияти касбии захирахои мехнати тавассути чори намудани барномахои муосири таълими касби;

– хавасманд гардонидани корфармоён барои иштирок дар раванди таълими касби;

– васеъ намудани доираи марказхои таълими – истехсоли ва марказхои таълими касби бо максади дастрасии бештари ахоли ба тахсилот ва таълими касби;

– мустахкам ва васеъ намудани заминахои моддию техники ва таълимии муассисахои таълими касби тавассути чалби сармоягузорихои давлати ва гайридавлати.

  1. Давоми солхои 2018 – 2019 дар натичаи татбики Барнома 33,2 хазор нафар шахрвандони бекор ва мухочирони мехнати ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомузии касби фаро гирифта мешаванд (замимаи 4). Дар баробари ин малакахои касбии 8,0 хазор нафар шахрвандон ва мухочирони мехнати бо шаходатнома тасдик карда мешаванд.

  • 8.Хизматрасонии машварати ва дастгирии молиявии шахрвандони бекор дар рушди сохибкории хурду миёна

  1. Тавре аз паёми Президенти Чумхурии Точикистон “Дар бораи самтхои асосии сиёсати дохили ва хоричии чумхури” аз 22 декабри соли 2016 бармеояд, то соли 2030 дар Точикистон хиссаи ахолии дорои даромади миёна бояд аз 22 то 50 фоиз афзоиш ёбад. Заминаи асосии чунин пешрафт ин рушди сохибкории хурду миёна мебошад.
  2. Барои ноил гаштан ба ин хадаф таъмин намудани дастрасии васеи ахоли ба карзхои имтиёзнок барои машгул шудан ба сохибкори накши мухим дорад.
  3. Аз ин лихоз бо максади дастгирии раванди рушди сохибкори дар чумхури дар барномаи мазкур амали намудани тадбирхои зерин пешбини мегардад:

– тахким бахшидан ба фаъолият оид ба дастгири ва рушди сохибкории хурду миёна дар байни шахрвандони бекор;

– чори намудани шаклхои муосири расонидани хизматхои машварати дар ташкили раванди фаъолияти сохибкории хурду миёна;

– амали намудани тадбирхо барои дастгирии молиявии ташаббусхои сохибкории шахрвандони бекор дар бахши истехсоли, хизматрасони ба ахоли ва тичорат;

– тахия ва амали намудани механизми муосири назорат, истифодаи максаднок ва бозгашти маблагхои барои рушди сохибкори пешбинишуда;

– дастгирии афзалиятноки шахрвандони бекор аз нохияхои дурдаст ва кухистон барои гирифтани карзхои имтиёзнок чихати ташкили сохибкори.

  1. Давоми солхои 2018 – 2019 тавассути татбики чорабинихои пешбинишуда 6,9 хазор нафар шахрвандон ба сохибкори чалб карда мешаванд (замимаи 5).
  • 9. Ташкили корхои чамъиятии музднок
  1. Ташкил ва гузаронидани корхои чамъиятии музднок барои бо шугли муваккати чалб намудани ахолии бекор тадбири хеле муассир буда, дар фаъолияти якчояи макомоти мехнат ва шугли ахоли, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва корфармоён васеъ истифода мешавад.
  2. Бо максади идома додани сиёсати фаъол дар танзими масъалахои бокортаъминкунии шахрвадони бекор ва корчуй, тавассути ташкил ва гузаронидани корхои чамъиятии музднок дар доираи барнома давоми солхои 2018 – 2019 чалб намудани 11,0 хазор нафар шахрвандон ба ичрои ин корхо пешбини шудааст (замимаи 6).

  • 10. Дастгирии ичтимоии шахрвандон хангоми бекори

  1. Бо максади дастгирии ичтимоии шахрвандон зимни ихтисоршави аз корхонахо тибки моддаи 169 Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон “Кафолат ва имтиёзхо барои кормандони аз кор озодшаванда” ва инчунин шахрвандоне, ки собикаи кори надоранду ба дастгирии ичтимои ниёз доранд, дар доираи барномаи мазкур таъин ва пардохти кумакпулихо дар давраи бекори пешбини шудааст.
  2. Дар ин замина дар давоми солхои 2018 – 2019 ба 12,6 хазор нафар шахрвандон, ки аз ташкилоту муассисахо ихтисор мешаванд ё шахрвандони бекоре, ки собикаи кори надоранду ба чунин дастгирии ичтимои ниёз доранд, кумакпулихо барои давраи бекори таъин ва пардохт карда мешавад (замимаи 7).
  3. Илова ба ин, дар барнома тадбирхо оид ба пардохти маблагхои иловаги дар асоси карори мачлиси махаллии вакилони халк аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ба хар як нафар аъзои оилаи корношоями шахрвандони бекор ва расонидани ёрии модди барои дафни шахрвандони расман макоми бекоридошта, ки кумакпули мегирифтанд ба назар гирифта шудааст.

  • 11. Такмили фаъолияти макомоти мехнат ва шугли ахоли

  1. Давраи амалисозии барнома ба замоне рост меояд, ки бухрони молиявию иктисодии чахони идома дорад ва дар ин шароит муътадил нигох доштани вазъ дар бозори мехнат ва таъмини дастгирии ичтимоии ахоли масъалаи хеле мухим мебошад.
  2. Бо ин максад дар доираи барномаи мазкур чихати тахкими фаъолияти макомоти мехнат ва шугли ахоли тадбирхои зерин пешбини мегарданд:

– максаднок, самарабахш ва сурогави истифода намудани маблагхои барои амалисозии барнома пешбинишуда;

– пайваста баланд бардоштани сатхи тахассуси касбии кормандони макомоти мехнат ва шугли ахоли ва пурзур намудани иктидори техникии он;

– истифода аз тачрибаи пешкадам ва рохандозии хизматрасонихои муосир дар фаъолияти макомоти мехнат ва шугли ахоли;

– такмил додани системаи чории чамъовари ва коркарди омори давлати ва сохавии бозори мехнат;

– чалб намудани шарикони рушд дар  танзими масъалахои бозори мехнат.

6.НАТИЧАХОИ ИЧРОИ ЧОРАБИНИХОИ БАРНОМА

ДАР СОЛХОИ 2018 – 2019

  1. Пешбини мегардад, ки тавассути ичрои чорабинихои барнома дар солхои 2018 – 2019:

– дар сохахои иктисоди милли аз хисоби манбаъхои гуногун 326,8 хазор чойхои кории нав таъсис ва баркарор карда мешаванд;

– дар чойхои кории холии ба макомоти давлатии шугли ахоли пешниходгашта 66,5 хазор нафар корчуён бо кор таъмин мегарданд, аз чумла тавассути банд намудани чойхои кори (квота) 6,1 хазор нафар шахрвандони ба хифзи ичтимои ниёзманд бо чойи кор таъмин карда мешаванд;

– 33,2 хазор нафар шахрвандони бекор, корчуён ва мухочирони мехнати ба тайёрии касби, такмили ихтисос ва бозомузи аз руи касбхои мувофик ба талаботи бозори мехнат фаро гирифта мешаванд;

– 12,6 хазор бекорон кумакпули барои бекори мегиранд;

– малакаи касбии 8,0 хазор шахрвандон ва мухочирони мехнати бо шаходатнома тасдик карда мешаванд;

– 11,0 хазор нафар шахрвандони бекор ва корчуён ба корхои чамъияти сафарбар мешавад;

– ба 6,9 хазор нафар шахрвандони бекор карзхои имтиёзнок барои ташкили корхои фарди пешниход мегардад;

– ба 14,9  хазор мухочирони мехнатии ба Ватан бозгашта хизматрасонии ичтимои анчом дода мешавад;

– 750 ярмаркаи чойхои кории холи гузаронида мешавад;

– ба 52,2 хазор нафар шахрвандон оид ба масъалахои шугл хизматхои маслихати ва машварати расонида мешавад;

– вобаста ба имконият дар сатхи чумхури пурсиши корфармоён барои муайян намудани талабот ва пешниход ба кувваи кори гузаронида мешавад;

– мониторинги чараёни татбик ва натичаи чорабинихои Барнома дар сатхи чумхури ва махалли гузаронида мешавад;

– системаи чамъовари ва коркарди омори давлати ва сохавии бозори мехнат ташаккул меёбад.

  1. Дар натичаи татбики чорабинихои барнома шумораи ахолии машгули кор хар сол ба хисоби миёна 1,0 – 1,1 фоиз меафзояд ва имконият фарохам меояд, ки дар ин муддат 532,6 хазор нафар шахрвандон, аз чумла 205,8 хазор нафар бевосита тавассути мусоидати макомоти мехнат ва шугли ахоли бо чойхои кори таъмин карда шаванд.

  1. АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА ВА НАЗОРАТИ ИЧРОИ ОН

  1. Маблаггузории чорабинихои барнома аз хисоби маблагхои сугуртаи ичтимои ва нафака, бучетхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, маблагхои корфармоён ва чалби сармоягузорони ватанию хоричи амали мегардад.
  2. Хачми умумии бучети барнома 39098,0 хазор сомониро ташкил медихад, ки аз он:

– 34426,0 хазор сомони аз хисоби бахши сугуртаи ичтимои ва нафака;

– 4672,0 хазор сомони аз хисоби бучетхои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, маблагхои корфармоён ва сармоягузории ватанию хоричи  маблаггузори карда мешавад (замимаи 8).

  1. Вазорати мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар сурати тагйирёбии гайримунтазири вазъи бозори мехнат, маблагхои пешбинишударо аз руи самтхо ва чорабинихои барнома кисман аз нав таксим менамояд.
  2. Дар бучети Агентии сугуртаи ичтимои ва нафакаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон хар сол барои амалисозии барнома маблагхо пешбини карда мешаванд.

                                          Замимаи 1

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                              барои солхои 2018 – 2019

Тамоюли тагйирёбии нишондихандахои бозори мехнат ва шугли ахоли

                                                                                                   (хазор нафар)

р/т Нишондихандахо Соли

2016

хисобот

Соли

2017

бахо

Пешгуи
соли

2018

соли

2019

    1 2 3 4 5 6
1.1 Шумораи миёнаи

солонаи ахоли

8742,8 8925,8 9037,3 9245,0
1.2  Захирахои мехнати 5224,3 5328,7 5440,2 5519,2
1.3 Ахолии аз чихати иктисоди фаъол,

аз онхо:

2438,3 2552,8 2584,7 2644,0
Дар иктисодиёт расман

машгулбуда

2384,2 2491,5 2522,7 2580,5
Бекорони дар кайди макомоти  ваколатдори давлатибуда 54,1 54,8 55,5 55,8
1.4 Ахолии аз чихати иктисоди

гайрифаъол

2840,1 2775,9 2855,5 2875,2
Аз онхо хонандагони кобили

мехнат:

615,9 481,4 618,7 259,1
1.5  Захирахои мехнатии ба бозори

мехнат воридшаванда, хамаги:

2598,9 2664,2 2584,1 2967,3
1.5.1 Наслхои дохилшаванда: 346,3 356,2 333,2 336,8
  Аз хисоби:

– хатмкунандагони муассисахои тахсилоти миёнаи умуми

111,6 124 126,2 127,6
– хатмкунандагон бо тахсилоти

умумии асоси

161,4 157,3 130,0 131,5
– хатмкунадагони муассисахои

тахсилоти ибтидоии касби

(рузона)

14,5 14,8 16,6 16,0
– хатмкунандагони муассисахои  тахсилоти миёнаи касби 11,8 11,9 12,0 13,0
– хатмкунандагони муассисахои тахсилоти олии касби 31,5 31,8 32,0 33,0
– хизматчиёни аз сафхои

Куввахои Мусаллах озодгашта

15,5 16,4 16,4 15,7
1.5.2  Шахсони аз махбас озодшуда 4,1 0,3 1,2 1,3
1.5.3  Коргарони ихтисоршуда 24,3 13,2 12,9 13,1
1.5.4   Ахолии бешугл (аз хисоби ахолии

аз чихати иктисоди гайрифаъол,

ба гайр аз хонандагони кобили

мехнат)

2224,2 2294,5 2236,8 2616,1
1.6 Таксимоти ахолии кобили мех-

нати бешугл аз руи намудхои

гуногуни шугл, хамаги:

1016,2 1002,4 1074,1 1085,8
1.6.1  Мустакилона дар чойхои кории

холи ва таъсисёфта бо кор

таъмин мешаванд

154,6 132,4 195,4 199,5
   Таракки додани хочагихои

дехкони (фермери)

70,8 63,5 109,1 112,2
Таракки додани фаъолияти

фарди ва сохибкори

83,8 68,9 86,3 87,3
1.6.2 Ба тахсил машгул мешаванд 165,3 169,1 173,2 178,2
1.6.3 Ба сафхои Куввахои Мусаллах

даъватшудагон

15,5 16,4 16,4 15,6
1.6.4 Ба мухочирати мехнатии

бурунмарзи машгул мешаванд

680,8 684,5 689,1 692,5
1.7 Аз тарафи Агентии сугуртаи ич-

тимои ва нафака чалб карда

мешаванд. Хамаги:

64,3 42,9 62,3 63,8
1.7.1 Бокортаъминкуни, аз чумла: 39 26,6 39,3 40,1
  – дар чойхои кории холии

пешниходшуда (вакансия)

32,2 22,4 33,0 33,5
– аз хисоби таъсиси

чойхои кории иловаги;

3,9 2,0 3,4 3,5
– дар чойхои кори бандшуда

(квота).

2,9 2,2 2,9 3,1
1.7.2 Сафарбаркуни ба касбомузи дар

курсхои кутохмуддат

18,5 12,2 16,6 16,6
1.7.3 Сафарбаркуни ба корхои

чамъиятии музднок (мавсими)

6,8 4,1 5,5 5,5
1.8 Ахолии бокимондаи бешугли

кобили мехнат

1518,4 1618,9 1448,6 1819,3
1.9 Сатхи расмии  бекори (бекорон

сатри 3, бо %)

2,2 2,1 2,1 2,1
1.10 Сатхи расмии шуглнокии

захирахои мехнати, бо %

45,6 46,8 46,4 46,8

                                              Замимаи 2

                                                           ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                                  барои солхои 2018 – 2019

Мусоидат ба шугли шахрвандон ба воситаи макомоти давлатии

шугли ахоли дар махалхо

№ р\т Номгуи чорабинихо  Соли 2016

хисбот

 Нимсолаи

соли 2017

бахо

Нишондодхо дар    солхои
2018 2019

 

1 2 3 4 5 6
4.1 Мусоидат намудан дар таъмини бекорон бо чои кори доими, хамаги: 39067 26615 39400 40200
  аз он чумла:

– аз хисоби чойхои кории холии

мавчуда

32245 22383 32974 33529
– мукаррар намудани теъдоди

Чойхои кории бандкардашуда аз чониби корфармоён барои шахсоне, ки дар бозори мехнат мисли дигарон

ракобати баробар карда

наметавонанд (квота)

2876 2187 2950 3150
– дастгирии шахсони бекор, дар инкишофи сохибкори тавассути

карздихихои хурд

3946 2045 3476 3521
4.2 Ташкили корхои чамъиятии

музднок

6818 4100 5491 5511
4.3 Сафарбаркуни ба омузиши касби,

бозомузи ва такмили ихтисоси

бекорон, бокортаъминкуни бо

воситаи тачрибаомузии чавонон

18540 12219 16600 16620
4.4 Таъмини ичтимоии шахрвандони бешугл тавассути пардохти

кумакпули

11106 5047 6277 6300
4.5 Расонидани хизмати рохнамоии

касби ба дастгирии равони

(психологи) – и ахолии корчуй

30833 19970 25970 26220

 

                                                             Замимаи 3

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                                  барои солхои 2018 – 2019

 

Гурухи шахрвандоне, ки аз хисоби квота бо чойхои кори таъмин карда мешаванд

  Пешгуи (нафар)
Соли 2018 Соли 2019
Хамаги: 3277 3428
Маъюбон 191 196
Ятимони  ноболиг 63 72
Шахсоне, ки аз сафхои Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва дигар сохторхои харби хизматчиёни харби озод шудаанд 435 444
Шахсоне, ки аз муассисаи ичрои чазои чинояти ё аз муассисахои табобати мачбури озод шудаанд 275 294
Падару модари яккаву танхо, инчунин шахсоне, ки дар тарбияашон кудакони ноболиг ва фарзандони маъюб доранд 706 765
Падару модаре, ки бештар аз 5 кудаки ноболиг доранд 501 574
Шахсони то синни 18 – сола, ки бо сабаби вафоти падару модарашон ва ё дигар холатхо сарпарастии оиларо ба ухдадоранд 103 110
Шахрвандоне, ки барои аз руи синну сол ба нафака баромаданашон ду сол боки мондааст 127 136
Шахрвандони то синни 18 – сола ва чавононе, ки баъди хатми муассисахои таълими тибки роххати макомоти давлатии шугли ахоли ба кор фиристонида шудаанд 876 837

                                                                            Замимаи 4

                                                           ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                                  барои солхои 2018 – 2019

 

Омузиши касби, такмили ихтисос ва бозомузонии ахолии бекор ва

мухочирони мехнати

Чорабинихо  Хамаги  Соли 2018  Соли 2019

 

Хамаги 33220 16600 16620
 Аз чумла:

Вилояти Мухтори

Кухистони Бадахшон

2395 1195 1200
вилояти Хатлон 11705 5850 5855
вилояти Сугд 8665 4330 4335
шахри Душанбе 4485 2240 2245
шахру нохияхои тобеи

марказ

5970 2985 2985

                                                                                                                                   

 

                                                                                Замимаи 5

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                               барои солхои 2018 – 2019

 

Дастгирии ташабуси шахрвандон дар рушди сохибкории хурду миёна

  Соли 2018 Соли 2019
    Корхои фарди (нафар)  Маблаги   пешниход- шуда

(хаз сом.)

Корхои фарди (нафар) Маблаги пешниход-шуда

(хаз сом.)

Хамаги: Дар чумхури 3476 Х 3521 Х
Аз чумла: Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 698 Х 701 Х
вилояти Хатлон 901 Х 917 Х
вилояти Сугд 862 Х 878 Х
шахри Душанбе 207 Х 213 Х
шахру нохияхои

тобеи чумхури

808 Х 812 Х

 

 

 

                                                                             Замимаи 6

                                                         ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                                  барои солхои 2018 – 2019

Ташкили корхои чамъиятии музднок

Дар соли 2018
Номгуи

чорабинихо

Ичрокунан-

дагон

Иштирок

намуданд

(нафар)

Маблаггузории чорабинихо

(хазор  сомони)

Аз хисоби Агентии сугуртаи ичтимои ва нафака Аз хисоби кордихан-

дагон

Хамаги  
Хамаги: Дар чумхури 5491 1098,2 2196,4 3294,6  
Аз

чумла:

Вилояти Мухтори                Кухистони Бадахшон  400 80,0 160,0 240,0  
вилояти Хатлон 1820 364,0 728,0 1092,0  
вилояти Сугд 1430 286,0 572,0 858,0  
шахри Душанбе 380 76,0 152,0 228,0  
шахру нохияхои

тобеи чумхури

1461 292,2 584,4 876,6  
Дар соли 2019  
Номгуи

чорабинихо

Ичрокунан-

дагон

Иштирок

намуданд

(нафар)

Маблаггузории чорабинихо

(хазор  сомони)

Аз хисоби Агентии сугуртаи ичтимои ва нафака Аз хисоби кордихан-дагон Хамаги
Хамаги: Дар чумхури 5511 1102,2 2204,4 3306,6
Аз

чумла:

Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон 420 84,0 168,0 252,0
вилояти Хатлон 1830 366,0 732,0 1098,0
вилояти Сугд 1450 290,0 580,0 870,0
шахри Душанбе 390 78,0 156,0 234,0
шахру нохияхои

тобеи чумхури

1421 284,2 568,4 852,6

                                                                              Замимаи 7

                                                       ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                               барои солхои 2018 – 2019

Дастгирии ичтимоии шахрвандон дар давраи бекори тавассути ва пардохти кумакпули барои бекори

Дар соли 2018
    Шумораи кумак-

пулигирандагон

(нафар)

 

Маблаггузории чорабинихо

(хазор  сомони)

Аз хи-

соби ма Агентии сугуртаи ичтимои ва ва нафака

Аз хи-

соби

бучетхои махалли

Хамаги
Хамаги: Дар чумхури 6277 7532,4 112,9 7645,3
Аз чумла: ВМКБ 340 408,0 6,1 414,1
вилояти Хатлон 2605 3126,0 47,0 3173,0
вилояти Сугд 1710 2052,0 31,0 2083,0
шахри Душанбе 560 672,0 11,0 683,0
шахру нохияхои

тобеи чумхури

1062 1274,4 17,8 1292,2
Дар соли 2019
    Шумораи кумак-

пулигирандагон

(нафар)

Маблаггузории чорабинихо

(хазор  сомони)

Аз хи-

соби

Агентии сугуртаи ичтимои ва ва нафака

 

Аз хи-

соби бучетхои махалли

Хамаги
Хамаги: Дар чумхури 6300 8334,9 158,3 8493,2
 

 

 

Аз

чумла:

ВМКБ 340 449,8 8,0 457,8
вилояти Хатлон 2610 3453,0 62,1 3515,1
вилояти Сугд 1715 2269,0 43,1 2312,1
шахри Душанбе 570 754,1 14,3 768,4
шахру нохияхои

тобеи чумхури

1065 1409,0 30,8 1439,8
                 

                                                                            Замимаи 8

                                                          ба Барномаи давлатии мусоидат

                                                   ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон

                                                                  барои солхои 2018 – 2019

Маблаггузории “Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии

Чумхурии Точикистон барои солхои 2018 – 2019″

Номгуи чорабинихо Нишон

додхо,

нафар

соли 2018

Хачми

маблаггузори

(хаз сом.)

соли 2018

 

Ни-шон-додхо,

нафар

соли 2019

Хачми

маблаггузори

(хаз сом.)

соли 2019

  Агентии   сугуртаи ичтимои ва

нафака

Бучети махал-ли ва дигар сарчаш-махо Агентии   сугуртаи ичтимои ва нафака Бучети махал-ли ва дигар сарчаш-махо
1                   2 3 5 6 7 8 9
1. Таъмини ичтимоии                                                                            шахрвандони  бешугл                                                                                                                                                                       тавассути пардохти                                                      кумакпули 6277 7532,4 112,9 6300 8334,9 158,3
2. Ташкили корхои        корхои                                                                                                                                                                         чамъияти 5491 1098,2 2196,4 5511 1102,2 2204,4
3.  Чалби шахрвандон

ба омузиши касби

ва бозомузи, хамаги:

16600 7392,4 Х 16620 7395,9 Х
  Аз он чумла: стипендия 16600 2075,0 Х 16620 2077,5 Х
4. Дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди    дар рушди сохибкори,

тавассути карзхои  тавассути                                         хурд, хамаги:

3476 Х Х 3521  

 

Х

 

 

Х

5. Сиёсати шугл   770,0 Х   800,0 Х
  Хамаги: Х 16793,0 2309,3 Х 17633,0

2362,7

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …