Главная / Чамъият / БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ДОНОРИИ ХУН ВА ЧУЗЪХОИ ОН ДАР ТОЧИКИСТОН

БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ДОНОРИИ ХУН ВА ЧУЗЪХОИ ОН ДАР ТОЧИКИСТОН

 БАРНОМАИ МИЛЛИИ РУШДИ ДОНОРИИ ХУН ВА ЧУЗЪХОИ ОН ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2015-2019

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон  аз 2 июли соли 2015, № 422 тасдик шудааст 

  1. Мукаддима
  1. Барномаи минлии рушди донории хун ва чузъхои он дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019 (минбаъд – “Барнома”) мутобики моддаи 5 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи донории хун ва чузъхои он”, карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 4 марти соли 2002, № 94 “Дар бораи тасдик намудани Консепсияи ислохоти тандурустии Чумхурии Точикистон” тахия гардида, барои андешидани чорахои таъхирнопазир оид ба такмил ва рушди донории хун дар мамлакат равона карда шудааст.
  2. Хадамоти хун яке аз кисмхои мухими таркибии сохаи тандурусти махсуб ёфта, максади он таъмин намудани сифат, бехатари ва дастрасии махсулоти хуни донори ба беморон ва осебдидагон дар замони осоишта ва хангоми холатхои фавкулодда равона шудааст. Он хусусияти стратегии умумидавлати дошта, ба масъалахои бехатарии миллии давлат дахл дорад.
  3. Дар Барномаи мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– аккредитатсия – расмиёти эътироф намудани макоми махсус ва сохибхукукии шахсони вокеи ва хукуки барои амали намудани фаъолияти тиббию фармасевти, инчунин барои гузаронидани арзёбии мустакили экспертии фаъолияти субъектхои тандурусти мутобики стандартхои мукарраршудаи аккредитатсия;

– албумин – сафедаи плазмаи хуни одам буда, дар организм функсияхои чаббанда интиколи ва гемодинамикиро ичро намуда, захираи асосии сафедаи организм мебошад;

– плазмаи зиддистафилококки (ПЗС) – плазмаи зиддистафилококкии ба тозаги яхкунонидашуда, ки дар таркиби худ чисмхои бегонаи махсуси зиддистафилококкиро бо титри баланд дорад. Аз донорхое тайёр карда мешавад, ки бо анатоксини стафилококки эм карда шудаанд. Он дар муоличаи беморихои римдору тааффунии пайдоишашон стафилококки истифода бурда мешавад. Мухлати нигохдори дар харорати пасттар аз 25°С то 3 сол мебошад;

– коннектори асептики – дастгох барои пайвасткунии бесирояти магистралхои контейнерхои пластики бо хун ё чузъхои он мебошад. Принсипи системаи пушидаро таъмин менамояд;

– аутогемотрансфузия – трансфузияи (баргардонидани) хуни худи ё чузъхои онро ба ресипиент (бемор) дар назар дорад, ки аз он пешаки тайёр карда шудааст;

– чузъхои аутологии хун – чузъхои хун, ки аз шахси вокеи бо максади дар холати зарури ба худи вай гузаронидан тайёр карда шудаанд;

– аферез – аз хуни даврзананда гирифтани чузъхои алохидаи хун ва тайёр намудани он бо истифодаи сепараторхои махсуси хучайрахои хун;

– валидатсия – амале, ки тибки принсипхои тачрибаи зарурии истехсоли исбот менамояд, ки ягон хел методика, раванд, тачхизот, ашёи хом, фаъолият ё система дар вокеъ боиси натичахои пешбинишаванда мегардад;

– иммуноглобулини дохиливариди (ИГДВ) – доруи хун, ки дар таркиби худ фраксияи иммуноглобулинии хунро дошта, барои тазрики дохиливариди пешбини шудааст;

– тарозу-омехтакунанда – дастгохест, ки барои назорати микдори зарурии хуни аз донор гирифташаванда ва омехтакунии баробари он бо махлули консервакунандаи контейнер (гемакон) хангоми тайёр намудани хун пешбини карда шудааст;

– вирусхои лейкози Т-хучайрави – вирусхои Т-лимфотропии навъхои I ва II-и одам (НТLV-I), ки боиси беморихои бадсифати системаи хун ва иллати системаи марказии асаб мегарданд НТLV-I ба ретровирусхо, НТLV-II бошад, ба онковирусхо дохил мешаванд. Онхо дорои лимфотропият ва нейротропияти зохиршаванда мебошанд;

– вирусинактиватсия – усуле мебошад, ки гайрифаъол намудани вирусхоро дар чузъхо ва дорухои хун таъмин менамояд. Гайрифаъолинамоии вирус кимиёви ва харорати мешавад;

– хомили вирус-одами бо ин ё он вирус сироятшуда бе аломатхои клиникии ин бемори, ки вирус ба вучуд меоварад;

– назорати дохили лаборатории сифат (НДС)-мачмуи чорабинихое, ки аз тарафи кормандони озмоишгох барои арзёбии доимии сифати корхои озмоишгохи ва натичахои хосилшуда андешида мешаванд;

– арзёбии берунии сифат (АБС)-ин усули санчиши вокеии тахкикоти озмоишгохи мебошад, ки аз тарафи ташкилоти беруна гузаронида мешавад. Барномаи арзёбии берунии сифат барои гирифтани иттилоот оид ба мушкилоти имконпазири сифат дар хар як озмоишгохи алохида имконият медихад;

– гемофилия – ин ихтилоли генетики мебошад, ки бо норасои ё набудани яке аз сафедахои (ё омилхои) плазмаи хун, ки барои лахташавии он чавобгар мебошад, вобастаги дорад. Дарачаи пасти яке аз сафедахои плазма боиси хунрави ва душвории лахташавии хуни бемор мегардад. Норасоии аз хама пахншудаи сафедаи лахташавии хун норасоии омили VIII мебошад, гарчанде хар яке аз ин омилхо метавонанд мавчуд набошанд ё нокифоя бошанд. Норасоии омили IX аз руи басомад чои дуюмро ишгол мекунад. Норасоии омили VIII – гемофилияи Агемофилияи мукаррари мебошад. Норасоии омили IX – гемофилияи В бемории Кристмас мебошад. Барои муоличаи ин ду намуди гемофилия дорухои хун – консентратхои омилхои VIII ва IX истифода бурда мешаванд;

– донатсия – чорабинии аз чониби донор додани хун ё плазма;

– функсияи донори – икдоми ихтиёрии донор, ки муоинаи тибби ва ичрои чорабинии додани хун ва чузъхои онро бо максадхои тибби дар бар мегирад;

– маркази ягонаи иттилоотии донори – сохтори маркази хун, ки вазифаи асосии он чамъоварии маълумот оид ба шахсони бо ВНМО сироят ёфта, зардпарвинхои вируси, оташак, ки дар кайди муассисахои махсусгардондашудаи тибби ба максади рох надодани ин доираи одамон барои иштирок дар донори карор доранд, инчунин маълумоти бойгони оид ба донорхо мебошад;

– кафшеркунандаи магистралхо – асбоби барои кафшеркунии магистралхои контейнерхои пластикии хун ва чузъхои он пешбини шудааст. Принсипи системаи пушидаро таъмин менамояд;

– тахкикоти изоиммунологи (иммуногематологи) – ба гуруххо чудо намудани хун аз руи антиген ва чисмхои бегонаи гуногуни гурухи (тахкики мансуб будани хуни донори ба системаи АВО ва резус хатми мебошад);

– зардобхои изогемаглютинатсиякунанда (стандарти)стандартхои ташхиси, ки аз хун ва баъзе моеъхои дигари организми одам тайёр карда шуда, мансубияти муайяни гурухи доранд ва барои муайян намудани гурухи хуни одам пешбини карда шудаанд;

– иммуноглобулини одами муътадил – фраксияи аз чихати иммунологи фаъоли зардоби хуни одам, ки аз зардоб ё плазмаи одам чудо карда шудааст. Консентратсияи сафеда – 100 мг/мл; стабилизатор – глитсин (22,5 +/- 7,5 мг/мл).

– инфузия – ба мачрои хунгузар рехтани хунивазкунандахо ва дорухо;

– карантинизатсияи чузъхои донории хун – аз нигохдории онхо дар давоми вакти муайян пас аз донори то вакте мебошад, ки донорхои муносиб такроран барои нишонахои (маркерхои) сирояти муоина карда нашаванд. Хангоми натичаи манфии тахлилхо, чузъхои хуни каблан тайёркардашуда барои максадхои тибби истифода бурда мешаванд;

– чузъхои хун – кисмхои таркибии хун, ки аз он бо усулхои гуногун дар шакли хучайрахои хун ва бе мухити хучайрави чудо карда шудаанд. Бо рохи полоиш (филтратсия), сентрифугакунони ва яхкунони бо усулхои дар ташкилотхои хадамоти хун кабулкардашуда чудо карда мешаванд. Намояндагони асоси: вазни эритросити, консентрати тромбоситхо, плазмаи ба тозаги яхкунонидашуда, криопресипитат, фраксияи плазмаи супернатанти, плазмаи зиддистафилококки ва гайра;

– табобати чузъи – усули муолича, ки бо трансфузияи чузъхои хун асоснок карда шудааст;

– консентрати тромбоситхо – ин тромбоситхои кобили хаёт ва аз чихати гемостатики фаъол дар плазма мебошанд, ки бо усули силсилавии сентрифугакунонии хуни нигохдошташуда ё бо рохи тромбоситаферези хуни як донор тайёр карда мешавад. Мухлати нигохдори дар харорати +22°С дар шароити омехтакунии доими аз 3 то 5 шабонаруз;

– криоконсервакунонии чузъхои хун – дароз намудани вакти нигохдории чузъхои хун бо рохи яхкунони;

– криопресипитат – чузъи дорои фраксияи криоглобулини омилхои плазмавии лахташавии хун, ки то хачми 20 мл чамъ карда шудааст. Дар муоличаи беморихо ва холатхои бо норасоии омили VIII лахташави асоснокшуда (гемофилияи А, бемории Виллебранд), хангоми муоличаи ДВС-синдром (лахташавии диссеминии дохиливариди) истифода бурда мешавад. Мухлати нигохдори аз лахзаи тайёр намудани хун аз донор бо харорати пасттар аз -25°С то 3 сол мебошад;

– лейкофилтратсия (лейкодеплесия) – гирифтани лейкоситхо аз хун ва чузъхои он бо ёрии полоишхои махсуси лейкоситари;

– эритроситхои соф – чузъе, ки хангоми сентрифугикунонии хун ва гирифтани плазма бо минбаъд софкунии эритроситхо дар махлули изотони хосил карда мешавад;

– давраи даричаи иммунологи – даврае, ки дар давоми он озмоишхои айни замон барои сироят истифодашаванда ошкор намудани нишонахои сироятшавии инсонро имконият намедиханд, то он вакте ки сироят дар организми вай мавчуд аст;

– плазмаферез – расмиёти донатсияи хун, ки тайёр намудани плазмаро аз донор бо трансфузияи бозпаси хучайрахои хун ба вай пешбини менамояд;

– аксуламали полимерази занчири (АПЗ) – синтези “in vitro” нусхаи махсуси китъаи кислотаи дезоксирибонуклеини (КДН) ё кислотаи рибонуклеини (КРН) дар давоми якчанд соат бо ёрии ферменти КДН (КРН) полимераз мебошад. АПЗ барои ошкор намудани далели дар маводи тахкикшаванда вучуд доштани микроорганизми бемориовар дар давраи даричаи иммунологи имконият медихад;

– ретсипиент – шахси вокеи (бемор), ки ба у хуни донори ё чузъхои он гузаронида мешавад;

– плазмаи ба тозаги яхкунонидашуда (ПТЯ) – чузъи аз хуни холис ё плазма истехсолкардашуда, ки бо усули плазмаферез тайёр карда шудааст, ба чунин мухлатхо ва бо чунин харорате ях кунонида мешавад, ки дар холати функсионали хамаи омилхои лахташавии хунро нигох медорад. Хангоми вайроншавии системаи лахташавии хун, махсусан дар он холатхое истифода бурда мешавад, ки норасоии системаи лахташави аз руи якчанд омилхо вучуд дорад. Вакти яхкунони то харорати – 30°С  дар ядрои контейнер бо плазма на зиёдтар аз як соат мебошад. Мухлати нигохдори дар харорати пасттар аз – 25°С  то 3 сол аст;

– фраксияи плазмаи супернатанти (ФПС) – чузъе, ки аз плазма баъди гирифтани криопресипитат хосил карда шудааст. Он назар ба ПТЯ фаъолнокии баланди зиддилахташави дорад. Дар муоличаи беморихои бо лахташавии баланди хун алокаманд истифода бурда мешавад. Мухлати нигохдори дар харорати пасттар аз – 25°С то 3 сол аз лахзаи тайёр кардани хун аз донор аст;

– тест – система – мачмуъ барои тахлили иммуноферменти;

– типпикунонии хун – муайян кардани таркиби антигении хун;

– трансфузия – ба шахси вокеи (ретсипиент) гузарондани чузъхо ё дорухои хуни донори;

– табобати трансфузиони – усули муолича, ки хангоми он чузъхо ва дорухои хуни донори истифода бурда мешаванд;

– воситахои трансфузиони – чузъхо ва дорухои хуни донори;

– сироятхои трансфузиони (трансмиссиви) – беморихои сирояти, ки хангоми гузарондани хуни донори ва чузъхои он ба ретсипиент мегузаранд. Намудхои нисбатан ахамиятноки онхоВНМО, гепатитхои гайрирудаги, оташак, сирояти ситомегаловируси ва герпеси;

– тромбоситаферез – чорабинии донатсияи хун, ки тайёр намудани тромбоситхои дар плазма халшударо бо трансфузияи бозпаси эритроситхо ва плазмахои вай ба донор пешбини менамояд;

– омили VIII – сафедаи системаи лахташавии хун;

– омили IX – сафедаи системаи лахташавии хун;

– ситаферез – усули хосил намудани чузъхои хучайравии хун аз як донор бо истифодаи сепараторхои автоматикии хучайрахои хун;

– ситомегаловирус (СМВ) – КДН-и вирус бо тропизми зохиршаванда ба лейкоситхо. СМВ бо рохи алокаи чинси, инчунин тавассути моеъхои биологи хангоми аллотрансплантатсияхо ва гузарондани чузъхои хун мегузарад;

– хуни холис – ин хуне мебошад, ки аз донор бо истифодаи антикоагулянти бесирояту апирогени ва контейнер гирифта шудааст.

Хамчун маводи аввалия барои тайёр намудани чузъхои хун истифода бурда мешавад;

– моддаи холиси эритросити – ин чузъи хун мебошад, ки аз хуни нигох дошташуда баъди сентрифугакунони ва гирифтани кисми плазма бо минбаъд ба вазни эритросити илова намудани махлули гизлаткунанда бо максади зиёд намудани мухлати нигохдори ва бехтар намудани хусусиятхои реологи хосил карда шудааст;

– вазни эритросити – чузъе, ки баъди аз хун гирифтани кисми плазма хосил мешавад. Барои чуброн намудани талафёбии хун ва муоличаи камхуни истифода бурда мешавад. Мухдати нигохдори дар харорати +4°С аз 21 то 42 шабонаруз вобаста ба таркиби махлули нигохдошташуда, хангоми истифодаи технологияи яхкунони то 10 сол мебошад.

  1. Рушди муосири тибби таъчили, расонидани кумаки таъхирнопазири акушери ва тачрибаи педиатри, муоличаи беморони саратонию хун, гузаронидани амалиёти чаррохии дил тавассути технологияхои пешрафта, осебшиноси, муоличаи беморон бо сухтагии баданро бе истифодаи дурусти чузъхои хун тасаввур намудан душвор аст.
  2. Талабот ба сифату бехатарии чузъхои хун хусусияти истехсол ва истифодаи онхоро муайян месозад. Манбаи ба даст овардани онхо инсон (донор) мебошад. Бинобар ин, аз вазъи саломатии донор сифату бехатарии чузъхои тайёршудаи хун вобаста аст.
  3. Дар баробари ин, нигохдории микдори муассисахои хадамоти хун, тачхизонидани онхо бо дастгоххои муосир, маводи сарфшавандаи истифодаашон якдафъаина ва тест-системахои баландсифат бояд аз хисоби маблагхои пешбинишудаи сохаи тандурусти мархила ба мархила таъмин карда шавад. Дар шароити иктисоди бозаргони гузаронидани мониторинги мунтазами харочоти маблагхои молияви, истифодаи тачхизот, ичрои нишондихандахои накшави, раванди саривактии хариди реагентхо ва маводи сарфшаванда барои таъмин намудани сифати махсулот ва устувории кори муассисахои хадамоти хун ахамияти аввалиндарача пайдо кардааст.

2. Тахлили вазъият

  1. Сохтори ташкилии хадамоти хуни чумхури дар асоси принсипи маъмурию минтакави созмон дода шуда, тавассути Маркази чумхуриявии илмии хун бо 3 филиал ва 63 хучрахои табобати трансфузиони дар чумхури иборат буда, дар онхо 102 табибон ва 132 кормандони миёнаи тибби фаъолият доранд. Рохбарии ташкилию методи аз тарафи Маркази чумхуриявии илмии хун амали карда мешавад.
  2. Тибки карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 майи соли 2013, № 215 “Дар бораи мутамарказонидани фаъолияти хадамоти хун”, бо максади таъмин намудани дастраси ва бехатарии сифати хун ва чузъхои он ба ахолии Чумхурии Точикистон, инчунин мутобик будан ба стандартхои Ташкилоти умумичахонии тандурусти хадамоти хун мутамарказонида шуд. Бо дарназардошти чори намудани тачрибаи пешрафтаи давлатхои Аврупо ва Осиё тавассути мутамарказ таъмин намудани хадамоти хун бо маводи сарфшавандаи якдафъаинаи хунтайёркуни ва бо тест-системахои баландсифат хамаи муассисахои хадамоти хуни вилоятхои Хатлон ва Сугд бо гузариш ба маблаггузори аз бучети чумхурияви ба филиалхои Маркази чумхуриявии илмии хун табдил дода шуданд.
  3. Тахлили гузаронидашудаи нишондихандахои асосии фаъолияти хадамоти хун нишон дод, ки дар давоми солхои охир хачми махсулоти аз хун тайёркардашуда аз тарафи марказхои хун то 30 фоиз зиёд шудааст. Ин падида тамоюли мусби буда ба тавсияхо оид ба мутамарказонидани чамъ намудан, гузаронидани тест, ба чузъхо таксим намудан ва дар махзанхои марказхои хун нигох доштан, ки барои гирифтани чузъхои босифату бехатари хун шароит фарохам меоварад, мувофик аст.
  4. Нишондихандахо оид ба тайёр намудани хун ва коркарди чузъхои он дар солхои 2010-2013 бо сабаби кам будани шумораи донорхо дар марказхои хун паст мебошад (4-5 ба 1000 нафар ахоли) ва он талаботи беморонро ба махсулоти хуни донори конеъ намегардонад. Бо вучуди ин, нишондихандахои пасти тайёр намудани хун дар вилоятхои Хатлон – 6 нафар (ба 1000 нафар ахоли), Сугд – 5 нафар (ба 1000 нафар ахоли) ва шахру нохияхои тобеи чумхури – 1 нафар, хусусан дар водии Рашт мушохида карда мешавад. Дар шахри Душанбе ин нишондиханда 25 ба 1000 нафар ахоли мебошад, ки аз кори каноатбахши Маркази чумхуриявии илмии хун дар чалб намудани ахоли ба катори донорхо шаходат медихад.
  5. Хучрахои табобати трансфузиони, ки вохидхои муассисахои табобатию профилактики мебошанд, аз чихати сохтор аз марказхои хун чудо мебошанд. Вазифаи асосии хучрахои мазкур аз нигохдори ва таъмин намудани беморон бо маводи хун иборат аст.
  6. Сохтори ташкилии хадамоти хун дар Точикистон хануз солхои 70-уми асри гузашта тахия шудааст. Заминаи моддию техникии хучрахои табобати трансфузиони ва марказхои хун дар иморатхои кухна чойгир шудааст, ки дар онхо коркарди хун сари вакт гузаронида намешавад. Тестикунонии хун бо нишонахои сирояти гемотранмиссиви одатан дар 4 марказхои вилоятии хун гузаронида мешавад. Шуъбаи хунгузаронии Беморхонаи вилоятии Хоруг ва муассисахои табобатию профилактикии водии Рашт берун аз назорати маркази хун фаъолият менамоянд. Бинобар нарасидани воситахои наклиёт барои интиколи хуни донори, дар минтакахои номбаршуда мушкилот ба миён меоянд, ки дар мачмуъ ба сифати бехатарии маводи хун таъсир мерасонад. Барои хунгири дар шароити сайёр дар марказхои хун аз хисоби Фонди глобали наклиётхои махсус харидори карда шуд, вале барои интиколи чузъхои хун ба муассисахои табобатию пешгирикунанда чунин наклиётхо вучуд надоранд.
  7. Вазифаи афзалиятноки рушди хадамоти хун ин фаъолона чалб намудани доирахои васеи ахоли ба донории ихтиёрии ройгони мунтазами хун бо дастгирии воситахои ахбори умум ва ташкилотхои давлатию гайрихукумати амали гардонида мешавад.
  8. Набудани низоми ягонаи маблаггузории бучети дар хадамоти хун, ки бо принсипхои чуброн намудани харочоти хизматрасонихо асос мегирад, ба пастравии системавии сифати кор ва таъмини ахоли бо чузъхои бехатари хун таъсир мерасонад.
  9. Тибки стандартхои байналмилали, иктидори хадди акали амалиётии марказхои хун, ки ба талаботи самарабахши иктисоди ва дарачаи сифат мувофик буда, бо тачрибаи хуби истехсоли чавобгу мебошад, бояд на камтар аз 50000 хунсупори дар як солро ташкил дихад. Чамъоварии харрузаи хун аз 60-70 нафар донорхои ихтиёрии ройгон тавассути дастахои сайёри наклиёти ва хамзамон бо чамъоварии 100150 вохиди хун дар марказхои минтакавии хун, ба таври назаррас харочотро барои истифодаи тачхизот кам намуда, вакти тестикунониро аз хисоби пепшиходи яквактаинаи микдори калони намунахо сарфа менамояд ва барои самаранок истифода бурдани захирахои инсони имконият медихад.
  10. Чори намудани технологияхои муосир дар хадамоти хун, даромадноки ва самаранокии иктисодии муассисахоро баланд бардошта, барои пурзур намудани назорати ичрои нишондихандахои накшави, сарфаи маблагхои молияви, истифодаи тачхизот, раванди саривактии хариди реагентхо ва маводи харочоти ва аз хама мухим кафолат додани сифату бехатарии махсулоти истехсолшаванда имконият медихад. Соли 2012 аз тарафи Хазинаи глобали 20000 халтачахои дукабатаи хунгири, воситахои наклиёти махсус барои чамъоварии хун дар шароити сайёр, тачхизоти хозиразамона ва яхдонхои саноати бо максади тахкими хадамоти хун дар Маркази чумхуриявии илмии хун дар хамаи, филиалхои вилоятии он, инчунин яхдонхои саноати барои хучрахои табобати трансфузиони харидори карда шуд.
  11. Маркази чумхуриявии илмии хун ва баъзе аз хучрахои табобати трансфузиони дар бинохои мутобикгардондашудае чойгиранд, ки аз руи лоихахои солхои 30-ум, 60-ум ва 70-уми асри гузашта сохта шудаанд ва холо ба талаботи хучрахои тайёркунии хун ва нигохдории чузъхои он чавобгу нестанд.
  12. Заминаи меъёрни хукукии мавчудбуда, ки тамоми чанбахои фаъолияти хадамоти хунро фаро гирифта наметавонад, нокифоя буда, технологияхои муосирро дар таъмин намудани бехатарии иммунологи ва сироятии чузъхои донории хун ба назар намегирад ва рушди онро боздошта, ба такмилдихи ниёз дорад. Масъалаи донории хун ва чузхои он барои давлат мухим ва барои тандурустии мамлакат асоси махсуб меёбад. Махз барои хамин, мушкилоти мазкурро метавон ба катори масъалахои бехатарии дохилии мамлакат дохил намуд.
  13. Хуни донори, чузъхо ва дорухои он моликияти милли мебошанд. Шарти асосии иштирок барои донори – ин мутобик будани вазъи саломатии донор ба меъёрхои талаботии тибби мебошад. Донори дар инсон принсипхои баланди ахлокии башардустона, гамхори, хайрхохи ва ватандустиро тарбия менамояд. Муносибати мусбии чомеа ва иштироки фаъолонаи ахоли дар донори ба максадхои давлат дар сохаи бехатари ва сиёсати ичтимоии ташаккули насли солим, чомеаи аз чихати чисмони ва рухи пуркувват мутобикат менамояд.
  14. Донории ихтиёрии ройгон, ки аз тарафи Ташкилоти умумичахонии тандурусти ва дигар ташкилотхои байналмилали хамчун бехатар эътироф гардидааст, заминаи хадамоти хун мебошад. Хамин тавр, тибки маълумоти Ташкилоти умумичахонии тандурусти (соли 2005) дар мамлакатхои дарачаи даромаднокиашон баланд 94 фоизи хуни донори дар асоси ихтиёри ва ройгон супорида мешавад. Дар мамлакатхои дарачаи даромаднокиашон паст ё миёна беш аз 43 фоизи хуни аз тарафи донорхои нав супоридашаванда хануз ба донорхои пардохтшаванда ё донорхо-хешовандон (ё шахсони ивазкунандаи хешовандон) рост меояд ва танхо дар 39 мамлакат нишондихандаи супоридани 100 фоизи хуни донори дар асоси ихтиёрии ройгон мушохида шудааст. Дар хамаи мамлакатхо, ба андозаи он, ки хиссаи ахолии дорои беморихои сирояти (ба монанди ВНМО-сироят ва гепатит) меафзояд, мутаносибан хиссаи ахолие, ки метавонад хун супорад, кам мешавад. Бинобар ин, талабот ба донорхои ихтиёри ва ройгони дорои хатари пасти сироят боз хам зиёдтар шуда истодааст.
  15. Соли 2013 бо дастгирии молиявии Хазинаи глобали тестсистемахо барои ташхиси сироятхои трансмиссиви (гепатити В ва С, ВНМО) харидори шуд. Дар давоми ду соли охир афзоиши шумораи донорхои ихтиёри дар чумхури 15 фоиз ба мушохида мерасад. Вале аз руи минтакахо ин ракамхо хеле паст мебошанд.
  16. Соли 2013 – 35000 донатсияи хун ва чузъхои он ба кайд гирифта шудааст, ки кариб 5 донориро ба 1000 нафар ахоли дар як сол ташкил медихад ва танхо ба 12,5 фоиз ба сатхи хадди акали тавсия намудаи Ташкилоти умумичахонии тандурусти мувофикат мекунад (барои мукоиса дар ШМА ин нишондиханда – 109,9; дар Дания – 67,2; Олмон – 52,6; Федератсияи Россия – 25,3; Британияи Кабир – 42,5; Фаронса – 38,0, Казокистон-18,0, Эрон – 21,0 фоизро ташкил медихад).
  17. Сатхи пасти донори ва тагйир ёфтани сохтори он асосан бо вазъияти мураккаби ичтимоию иктисодии мамлакат, бархам додани системаи каблии накшавии ташкил намудани донори дар васоити ахбори умум, нокифоя будани маблаггузории хадамоти хун, иштироки гайрикофии макомоти хокимияти давлати ва ташкилотхои гайрихукумати дар халли ин масъала вобастаги дорад. Маъмурияти муассисаву корхонахое, ки каблан сафархо бо максади тайёр намудани хун амали карда мешуданд, дар гузаронидани чунин сахмияхо мавкеи гайрифаъолро ишгол мекунанд ва баъзан барои иштироки коллективи мехнати дар супоридани хун монеа мегарданд.
  18. Харакати донори ба дастгирии доимии намояндагони макомоти хокимияти давлати дар тамоми сатххо, сиёсатмадорон, хунармандон ва сохибкорон эхтиёч дорад.
  19. Сатхи пасти донори дар чумхури номутаносибиро дар таъмин намудани муассисахои табобатию пешгирикунанда бо чузъхои асосии хун, нарасидани хамаи намудхои чузъхои хун дар минтакахои мамлакат хангоми таъмини каноатбахши эхтиёчоти беморони шахри Душанбе ба вучуд овард.
  20. Мушкилоти чори намудани технологияхои муосири истехсоли чузъхо ва дорухои хун бо нокифоя будани маблаггузории ташкилотхои хадамоти хун асоснок гардидааст. Дар чумхури ба хачми пурра хануз усулхои муосири таъмини бехатарии сирояти ва иммунологии хун татбик карда нашудааст. Системаи донории мунтазами хун, гайрифаъол гардонидани вирусхо, карантинкунони ва лейкофилтратсия ба рох монда нашудааст. Усулхои самараноки дастгохи тайёр намудани плазма (зардоби хун) ба таври нокифоя истифода бурда мешавад. Тайёркунии дастгохии чузъхои хучайравии хун (тромбоситхо, гранулоситхо, хучайрахои нихоии танаги) умуман вучуд надорад. Технологияи нигохдории дурударози хун дар шароити харорати паст татбик карда нашудааст, ки имконияти ташкил намудани махзанхои чузъхои худии хунро истисно менамояд.
  21. Системаи компютерикунонии ташкилотхои хадамоти хун – яке аз унсурхои мухими таъмин намудани бехатари ва сифати табобати трансфузиони ба рох монда шудааст. Фазои ягонаи иттилооти дар хадамоти хун барои саривакт мубодила намудани маълумот оид ба шахсони гурухи хатар ба муассисахо имконият медихад. Дар минтакахое, ки маркази ягонаи иттилоотии донори ташаккул ёфтааст, маълумоти донор оид ба мухити эпидемиологи гирифта мешавад. Бо вучуди ин, эхтимолияти ба донори рох надодани шахсони гурухи хатар кам мегардад. Айни замон, дар чумхури Фехристи миллии донорхои хун ва чузъхои он ташкил карда шудааст. Гайр из ин, фазои ягонаи иттилооти барои самаранок идора намудани захирахои чузъхои хун имконият медихад. Чори намудани системаи иттилооти боиси кам намудани махсулот бо сабаби анчом ёфтани мухлати истифодабари аз як тараф ва аз тарафи дагар кам намудани мушкилоти нарасидани чузъхои хун, махсусан барои беморони дорои гурухи нодири хун ё бо анамнези трансфузиони гардид.
  22. Тахияи стандарти иттилоотии хадамоти хун ва чори намудани фазои ягонаи иттилоотии хадамоти хуни чумхури барои ташкил намудани Фехристи миллии донорхои хун ва чузъхои он, бакайдгирии шахсони гурухи хатар, системаи чумхуриявии иттилоотии идоракунии захирахои чузъхои хун имконият медихад.
  23. Маркази чумхуриявии илмии хун бо ташкилотхои байналмилали, аз кабили Хазинаи глобали ва Ташкилоти умумичахонии тандурусти хамкори менамояд. Аз чониби Хазинаи глобали бо максади ташкил намудани Фехристи миллии донорхои хун ва системаи чумхуриявии идоракунии захирахои чузъхои хун, дар асоси татбики системаи ягонаи иттилооти, барои хамаи марказхо тачхизоти компютери харидори карда шуд.
  24. Тайи солхои 2011-2013 бо дасттирии ташкилоти байналмилалии СБС/ЗАК дар Маркази чумхуриявии илмии хун (аз мохи сентябри соли 2011) ва дар хамаи филиалхои вилоятии он (аз мохи майи соли 2013) усули штрих-код намудани чузъхои хунро чори намуданд, яъне ба таври дасти ворид намудани маълумот дар бораи донорхо дар гемаконхо вучуд надорад ва бояд кайд намуд, ки чори намудани низоми мазкур нахустин дар байни давлатхои Осиёи Маркази ба хисоб меравад.
  25. Чихати истифодабарии васеи системаи ягонаи иттилооти, аз чумла тахия ва чори намудани барномахои гуногун, бо дастгирии молиявии ташкилоти байналмилалии СDC/SAR барои гузаронидани курсхои омузиши кормандони сохаи тиб ва кормандони техникии хадамоти хун, мутахассисон аз шахри Москва даъват карда шуданд.
  26. Истехсоли мавчудаи дорухои хун дар солхои 70-80 асри гузашта ташкил шуда, ба хиссахои таксим намудани плазма бо усули лаборатори дар мизхои ба хиссахо таксимкуни асоснок шуда буд ва ин технология аз мушобехи хоричии худ хеле кафо монда, ба талаботи тачрибаи хуби истехсолии GMP чавобгу нест. Аз ин сабаб ба хиссахои дорухои хун таксим намудани плазма дар заминаи марказхои хун катъ карда шудааст.

Барои худтаъминкунии чумхури бо дорухои муосири хун кор карда баромадани 25 хазор литр плазма дар як сол зарур аст. Холо талаботи муассисахои тибби ба албумин на беш аз 15 фоизи аз тарафи Ташкилоти умумичахонии тандурусти тавсияшуда, каноатманд карда мешавад. Истехсоли як катор дорухои мухими хун (албумин, иммуноглобулиихои таъсири самтнок, омилхои лахташавии хуни VIII ва IX, иммуноглобулинхои дохиливариди) ба рох монда нашудааст. Аз чониби давлат мушкилоти харидани дорухои гарони хун аз хоричи кишвар хал нагардидааст.

  1. Истеъмолкунандагони асосии омилхои лахташавии хун беморони гирифтори гемофилия мебошанд. Аз руи маълумоти соли 2012 дар Точикистон 400 нафар беморонн гирифтори гемофилия ва бемории Виллебранди аз руи падидахои клиники ба он монанд ба кайд гирифта шуда буд, аз чумла беш аз 75 нафар кудакони синни то 8 сола, 175 нафар ноболигон ва 150 нафар калонсолон, Бояд кайд намуд, ки бемории гемофилия дар Точикистон назар ба давлатхои Аврупо 1,5 маротиба аз нишондихандаи миёна зиёд аст. Хар сол ба хисоби миёна беш аз 700 нафар беморони гирифтори лейкозхои шадид ва музмин муолича карда мешаванд, ки 90 фоизи онхо ба гузаронидани чузъхо ва дорухои хун эхтиёч доранд. Вале то хол дар чумхури сиёсати давлатии таъмин намудани ин доираи беморон бо дорухои муосири хун кор карда баромада нашудааст.
  2. Нарасидани дорухои баландсифат ва самараноки хун ташкилотхои муоличавию профилактикиро барои истифода бурдани усулхои кухнашудаи табобати трансфузиони водор месозад. То имруз дар Точикистон усули аз тарафи умум кабул шудаи муоличаи хунравихои гемофили, ин гузаронидани бисёркаратаи (аз 20 то 100 ва беш аз он) криопресипитат-чузъи донории хун мебошад. Чи тавре ки амалия нишон дод (дар давлатхое, ки чунин муолича ба рох монда шудааст), хангоми истифодаи ин усул, аз 60 фоиз то 80 фоизи беморони гемофилия бо вируси гепатити В ва С сироят мегиранд.
  3. Бехатарии сироятии махсулоти хун, пеш аз хама бо ташхиси эътимоднок ва сифатноки лаборатории сироятхои трансмиссиви (ВНМО, гепатитхо, сифилис) таъмин карда мешавад.
  4. Яке аз масъалахои мубрами хадамоти хун ин таъмин намудани назорати мунтазами сифат дар фаъолияти онхо мебошад. Бинобар ин, назорати сифат бояд он чорабинихоеро дар бар гирад, ки арзёбии хамаи кисмхои технологияи ягонаи тахлилро (арзёбии фаъолияти кормандони лаборатория ва натичаи тестхо) пешбини менамояд.
  5. Арзёбии берунаи сифат ин усули тафтиши вокеии тахкикоти лаборатории ташкилотхои беруна мебошад. Барномаи арзёбии берунаи сифат барои ба даст овардани маълумот оид ба мушкилоти имконпазири сифат дар хар як лабораторияи алохида имконият медихад.
  6. Барномаи арзёбии берунаи сифат барои арзёбии сироятхои трансмиссиви бо дастгирии Ташкилоти умумичахонии тандурусти гузаронида мешавад. Озмоишгохи референсии Ташкилоти умумичахонии тандурусти арзёбии берунаи сифати озмоишгохи Маркази чумхуриявии илмии хунро гузаронид ва аз руи натичахои сифат муайян шуд, ки тахлилхои гузаронидашуда ба стандартхои байналмилали чавобгу мебошанд, яъне хатари сироятшавии ретсипиентхо бо вирусхои трансмиссиви хеле паст мебошад.
  7. Гайр аз ин, гузаронидани тахлили хун ба таври генетикии занчираи полимерази яке аз кисмхои мухими тахлили 100 фоизаи хуни донорон буда, икдоми бузург ба хисоб меравад ва барои кам гардидани сироятшави мусоидат намуда, бехатарии чузъхои хунро таъмин менамояд.
  8. Зарурати тачхизоти нави гарон ва кормандони иловагии баландихтисос, чустучу намудани имконияти мутамарказонидани тахкикоти намунаи хуни донорхоро барои ошкор намудани сироят аз руи принсипи зерин асоснок менамояд: интикол додани намунахо назар ба ташкил кардан ва нигохдории лабораторияхои нав осонтар аст.
  9. Раванди мутамарказонидани лабораторияхои хадамоти хун дар тамоми чахон гузашта истодааст, Масалан, дар ШМА ба 12 млн. донории хун дар як сол 15 лаборатория, дар Нидерландия ба 700 хазор донори 4 лаборатория, дар Финляндия ба 300 хазор 1 лаборатория рост меояд.
  10. Холати хадамоти лаборатории марказхои хун ва ташкил намудани системаи скрининги намунахои хуни донори такмилдихиро талаб мекунад. Масъалаи дигари халталаб ин пурра гузаштан ба тахкикоти хуни донори бо реагентхо барои муайян намудани гуруххои хун аз руи системаи АВ0, зергуруххои онхо, муайян намудани фенотипхо (БДС, с, е), Келл мебошад.
  11. Вазъи имрузаи эпидемиологии донорхо дар мамлакат андешидани чорабинихои дакики профилактикиро ба мисли сифати интихоби донорхо ва истифодаи тест-системахои баландхассоси ба стандартхои чахони мувофикро барои муоинаи онхо талаб мекунад. Хиссиёт хамчун хусусияти тестхо дар скрининги хуни донори ахамияти аввалиндарача дорад. Аз тарафи дигар, дар хадамоти хун истифода бурдани тестхои хассос, вале махсусияташон паст боиси талафоти зиёди молияви аз сабаби бекоркунии беасоси хун мегардад. Ракамхои овардашуда талафоти кадрии донорхо, бекоркунии беасоси хун хангоми карантинкуни, инчунин харочоти иловагиро, ба монанди аз нав тестикуни ва мушохидаи диспансериро дар назар надорад. Аз тарафи дигар, аз даст додани донорхои кадри чихати васеъ чалб намудани донорхои аввалия мегардад, ки даххо маротиба хатари сироятшавии беморонро зиёд мекунад.
  12. Интихоби намунахои хуни донорхо барои тахкикот дар пробиркахои истифодаашон бисёркаратаи шишаги гирифта мешаванд, ки дар ягон лабораторияи хадамоти хун усулхои автоматии тахкики хуни донори барои сироят татбик карда нашудааст. Хатари рох додан ба хатоги, ки бо омили инсони алокаманди дорад, махсусан дар сохтори хун ахамияти калон дорад. Аз ин сабаб татбик намудани технологияи автоматикунонии тахкикоти лаборатори дар заминаи системаи ягонаи иттилоотии маркази хун, ки ба хадди акал кам кардани таъсири манфии омили инсони равона карда шудааст, бояд яке аз самтхои афзалиятнок дар ташкил намудани хадамоти муосири лаборатории марказхои хун гардад.
  13. Тахкикоти иммуногематологи (гурухи хун, резус-омил) дар аксарияти ташкилотхои тиббии чумхури тибки усули кухнашуда бо истифодаи реагентхои дорои хассосияту махсусияти паст гузаронида мешавад, ки метавонад боиси натичахои баргалат ва интихоби нодурусти воситахои трансфузиони барои хун кабулкунанда гардад. Усулхои муосири гуруххои хунро чудокуни бо усули агглютинатсия дар гел гузаронида мешавад, ки на танхо бо махсусияти баланди реагентхо ва соддагии гузоштани аксуламалхо, балки бо спектри нисбатан васеи антигенхои муайяншавандаи хун, ки барои ташкил намудани махзани донорхои фенотипикардашуда имконият медихад, татбик карда нашудаанд.
  14. Талабот ба чузъхои хун бо ивазшавии протоколхои табобати беморон тагйир ёфта истодааст. Дар шароитхои чаррохии муосир талабот ба эритроситхо паст шуда, эхтиёчот ба плазмаи ба тозаги яхкардашуда зиёд мешавад. Дар табобати беморони саратони хун бо истифодаи микдори зиёди массаи тромбоситари номумкин аст.
  15. Мушкилоти трансфузиологияи клиники бо мониторинги нокифояи асосноккунии истифодаи чузъхои донории хун алокаманд аст, ки боиси истифодаи бесамар ва бе ин хам махдуди захирахои донори мегардад.
  16. Санчиши асоснокии тачрибаи трансфузиони (ё аудит) яке аз роххои таъсирбахши паст намудани истифодаи чузъхои донории хун мебошад. Чи тавре, ки маълумоти адабиёти илми шаходат медихад, 10 соли охир хангоми гузаронидани аудити тачрибаи трансфузиони дар давлатхои гуногун хангоми намудхои гуногуни бемори, услуб ва хачми тахкикот то 55 фоиз истифодабарии эритроситхо, 67 фоиз плазмаи ба тозаги сардкардашуда ва 78 фоиз консентрати тромбоситхо беасос шуморида мешавад. Аломатхои зарур будани аудит ба таври боварибахш нишон дода шудаанд, зеро баъди татбики он микдори тазрикхои зарури паст мешавад. Одатан, натичахои санчиши асоснокии тачрибаи трансфузиони, такмил додани дастурхо оид ба гузаронидани чузъхои хун, таълим додани табибон, муайян намудани самтхои минбаъдаи тахкикот мебошад.
  17. Айни замон, проблемаи мубрам ин чудогии сохтори ва ташкилии зинахои клиники ва истехсолии сохтори хуни чумхури мебошад, ки натичаи он набудани алокаи бозпас байни клиника ва маркази хун мебошад. Дар натичаи ин, маркази хун маълумоти саривакти ва муътамадро оид ба оризахои баъдитрансфузиони дар ретсипиентхои (хункабулкунандахои) чузъхои донории хун намегирад.
  18. Мушкилоти таъминоти кадрии хадамоти хун бо нокифоя будани маблаггузори ва хусусияти соха асоснок гардидааст. Музди мехнати кам, набудани механизмхои вокеии хавасмандгардонии моддии кормандон дар солхои гузашта боиси ба сохторхои тичорати гузаштани мутахассисони баландихтисос гардид.
  19. Мубодилаи мунтазами тачриба хам дар дохили чумхури ва хам бо мутахассисони дигар мамлакатхо вучуд надорад. Корхо оид ба такмили ихтисоси мутахассисони сохтори хун дар муассисахои асосии хоричи дуру наздики кишвар ба таври пурра гузаронида намешаванд. Дар системаи таълимоти миёна ва олии тибби (тайёркунии баъдидипломи) то хол барномахои муосири таълим мувофики тавсияхои Ташкилоти умумичахонии тандурусти оид ба трансфузиология татбик карда нашудаанд.
  20. Рушди босуръати тибби трансфузиони, пайдо шудани технологияхои нав дар хадамоти хун зарурати такмил додани системаи тайёркунии касбии мутахассисон, ташаккул ва инкишофи заминаи худии илмиро дар сохаи трансфузиологияи клиники ва истехсоли ба вучуд овардааст.
  21. Рушди босуръати хадамоти хун дар тамоми самтхо, аз чумла пурзур намудани заминаи меъёрии хукуки, татбики технологияи муосир, тайёрии касбии мутахассисон, рушди донории ихтиёрии ройгон ва татбики системаи назорати сифат зарур мебошад. Инчунин маблаггузори аз хисоби бучети давлати ва бучетхои махаллии шахр ва таъиноти нохияви зарур аст.

3. Максад ва вазифахои Барнома

  1. Максади Барнома аз таъмин намудани бехатари, сифат ва дастрасии кумаки трансфузиони дар Чумхурии Точикистон иборат мебошад.
  2. Вазифахои асосии Барнома инхо мебошанд:

– такмил додани заминаи меъёрии хукуки ва сохтори ташкилии хадамоти хун;

– татбики технологияхои муосир дар асоси тачдиди заминаи моддию техники;

– баланд бардоштани тахассуси мутахассисони хадамоти хун;

– рушди донории хун ва чузъхои он дар асоси тачрибаи пешрафтаи байналмилали;

– ташкили системаи назорати сифати махсулоти хуни донори.

4. Маблаггузории Барнома

  1. Чихати татбики Барнома бучет, ки барои сохаи тандурусти пешбини шудааст, маблагхои ташкилотхои байналмилали, инчунин дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, амали карда мешавад.

5. Натичахои пешбинишавандаи Барнома

  1. Системаи босамари мутамаркази хадамоти хун ташкил карда шудааст ва халли мушкилоти таъмин намудани ахоли бо чузъхои хуни донори, ки ба стандартхои сифати байналмилали мувофик аст, аз хисоби чорабинихои зерин таъмин карда мешаванд:

– такмил додани заминаи конунгузори, меъёри, хукуки ва ташкилии сохтори Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун”, филиалхои вилоятии он ва хучрахои табобати трансфузиони дар муассисахои тиббию профилактикии чумхури тибки стандартхои байналмилали;

– дар солхои 2016-2019 такмил ва тахкими мутамарказии сохаи хун дар якчояги, инчунин фазои ягонаи иттилоотию компютери дар сатхи милли (дар заминаи Маркази чумхуриявии илмии хун);

– дар давоми солхои 2016-2019 ташкил намудани лабораторияхои занчираи полимерази бо максади пайдо намудани вируси серонегативи дар филиалхои Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” бо таъмини минбаъдаи муассисахои тиббию профилактикии чумхури бо чузъхои хуни бехатар;

– татбики мархила ба мархилаи технологияи муосир ва таъмин намудани муассисахо бо тачхизоти замонави барои тахлили хуни донори;

– дар солхои 2016-2018 тахия намудани стандарту талаботи ягона ба тачхизот ва маводи сарфашаванда, таъмин намудани лабораторияхои назорати сифат дар филиалхои Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун”;

– мутобики моддаи 10 Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи донории хун ва чузъхои он” донорон дар рузи супоридани хун аз хисоби маблагхои бучети дахлдор бо хуроки ройгон таъмин карда мешаванд;

– дар давоми солхои 2016-2019 таъмин намудани марказхои хун бо наклиёти махсусгардонидашуда барои интиколи мутамаркази чузъхои хун аз марказхои хун ба муассисахои тиббию профилактики;

– таъин намудан бо тачхизоти махсус барои истехсол, нигохдории чузъхои хун, гузаронидани тадкикоти лаборатории намунахои хуни донорхо дар солхои 2016-2019;

– дастрас намудани маводи истифодаашон якдафъаина барои тайёр намудани хун ва чузъхои он, лейкофилтратсия, пробиркахои истифодаашон якдафъаина тест-системахои баландсифат барои тахкики хуни донорон барои сироятхои трансмиссиви бо усулхои иммуноферменти ва табодули занчирии полимерази, реагентхои моноклонали ва бисёрклонали;

– такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун дар марказхои хуни пешрафта ва таълимгоххои хоричии дуру наздик ва даъват намудани мутахассисони варзидаи хадамоти хун барои тайёр намудан ва бозомузии мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун”;

– рушди шаклхои гуногуни донории хун, чузъхои он ва дар асоси татбики тачрибаи байналмилалии ташкил намудани он, чалб намудани Кумитаи марказии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон, пешвоёни сиёси, дини, ашхоси машхури давлат, ташкилотхои гайрихукумати ва дигар иттиходияхои чамъияти барои ташвику таргиби донории ройгон.

6. Самтхои асоси ва механизмхои татбики Барнома

  1. Такмили заминаи меъёрии хукуки ва ташкилии сохтори хадамоти хун дар Чумхурии Точикистон пешбини менамояд:

– такмил додани санадхои меъёрии хукуки оид ба масъалахои рушди хадамоти хун тавассути ба стандартхои байналмилали мутобик кардани онхо;

– тахия ва татбики стандарти системаи иттилоотии маркази хун.

  1. Татбики технологияхои муосир дар асоси тачдиди заминаи моддию техники пешбини менамояд:

– тахияи стандарту талаботи ягона барои тачхизонидани хадамоти хун ва таъмин намудани он бо маводи сарфшаванда;

– таъмин намудани марказхои хун бо тачхизоти махсусгардондашудаи тайёр кардан, истехсол, нигохдори ва интиколи чузъхои хун, тахкики лаборатории намунаи хуни донорхо;

– тачхизондани хадамоти хун бо компютерхои шахси ва тачхизоти сервери чихати тахкими системаи иттилоотии хадамоти хун;

– таъмин намудани марказхои хун бо наклиёти махсусгардонидашуда барои тайёр намудани хун ва чузъхои он дар шароитхои сайёр вобаста ба доираи маркази хун ва шумораи ахолие, ки хизматрасони пешбини менамояд, тачхизонидан бо автоприсеп-модулхо (дар мачмуъ бо тачхизот) барои тайёр намудани хун дар шароити сайёр ва модулхо барои тайёр намудани плазма (дар мачмуъ бо тачхизот ва ядак);

– таъмин намудани марказхои хун бо тест-системахои баландсифат ва маводи сарфшавандаи истифодаашон яккарата барои тахкики сироятхои трансфузиони;

– таъмин намудани марказхои хун бо реагентхои моноклонали ва маводи сарфшавандаи истифодаашон яккарата барои гузаронидани тахкикоти иммуногематологии донорхо, хункабулкунандахо ва хомиладорон;

– татбики технологияи агглютинатсия дар гел ва типпикунонии автоматикардашудаи хун;

– таъмин намудани марказхои хун бо маводи сарфшавандаи тайёр намудани хун ва чузъхои он, лейкофилтратсия бо дарназардошти тачхизоти мавчуда ва микдори бахисобгирифташудаи донории хун ва чузъхои он;

– таъмин намудани шуъбахои хунгузарони ва хучрахои табобати I, трансфузиони бо тачхизоти махсусгардондашудаи нигохдории чузъхои хун;

– зиёд намудани хачми ба хиссахо таксим намудани плазма дар криопресипитат ва плазмаи крионатанти.

  1. Такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун пешбини менамояд:

– такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи Маркази чумхуриявии илмии хун: инчунин дар марказхои пешрафтаи давлатхои хоричи дуру наздик;

– даъват намудани мутахассисони хоричии сохаи тибби трансфузиони барои гузаронидани курсхо, тренингу семинархо бо максади дар заминаи Маркази чумхуриявии илмии хун тайёр намудани мутахассисони хадамоти хун.

  1. Рушди донории хун ва чузъхои он дар асоси татбики тачрибаи байналмилалии ташкил намудани он пешбини менамояд:

– рушди донории ихтиёрии ройгон, тавассути иттиходияхои чамъияти ва ташкилотхои гайрихукумати бо рохи чойгиркунонии фармоиши ичтимои дар сатхи макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– чалби ташкилотхои гайрихукумати ва дигар иттиходияхои чамъияти барои иштирок дар таргибу ташвики донори бо маблаггузории чорабинихо тавассути бучетхои чумхуриявию махалли аз руи принсипи фармоиши ичтимои;

– ба донори чалб намудани хизматчиёни харбии вохидхои Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон, Кумитаи холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон ва дигарон;

– ташкил намудани донории ихтиёрии ройгон дар шароити сайёр;

– таъмин намудани гизои донории ройгон мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи донории хун ва чузъхои он” амали карда мешавад.

  1. Ташкил намудани системаи идоракунии сифати махсулоти хун пешбини менамояд:

– тахияи стандартхои сифати чузъхои, донори ва дорухои хун, стандартхои тахкикоти лаборатори ва стандартхои нишондихандахои истифодаи клиники воситахои трансфузиони ва усулхои трансфузиологияи клиники;

– тахияи низомнома оид ба аккредитатсияи ташкилоту вохидхои хадамот.

Накша

Бо карори Хукумати

Чумхурии Точикистон _

2 июли соли 2015, № 422 тасдик шудааст

Накшаи чорабинихо оид ба татбики Барномаи миллии рушди донории хун ва чузъхои он дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2015-2019

Чорабинихо Ичрокунандагон Мухлати ичро Бо солхо Маблаги умуми (оомони) Сарчашмахои маблаггузори
 

 

 

 

 

 

 

 

2016 2017 2018 2019    
1 Такмил додани санадхои меъёрии хукуки ва тавсияхои таълимию методи оид ба масоили рушди хадамоти хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон 2016           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст
2 Ташкил намудани гурухи кори оид ба масъалахои истифодаи чузъхои хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон 2016           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст
3 Такмил додани хадамоти марказонидашудаи хун дар – чумхури.

Таъмин намудани шароит барои 50000 хунсупори дар як сол дар Маркази чумхуриявии илмии хун (25000) ва филиалхои он

Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассичаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2016-2019           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст
4 Таъмин намудани хадамоти хун бо реагентхои моноклонали ва бо маводи якдафъаинаи сарфшаванда барои гузаронидани тадкихоти иммунологии хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассиоаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2016-2017 150000 150000     300000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
5 Таъмин намудани Маркази чумхуриявии илмии хун ва филиалхои вилоятии он бо халтачахои хунгири Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2017-2019   2000000 2000000 4000000 8000000 Аз хисоби маблагхои Бучеги давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон пешбини шудааст  
6 Таъмин намудани Маркази чумхуриявии илмии хун ва филиалхои вилоятии он бо тачхизоти озмоишии генетикии занчираи полимерази Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “”Маркази чумхуриявии илмии хун” 2018-2019     400000 600000 1000000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
7 Таъмин намудани Маркази чумхуриявии илмии хун ва филиалхои вилоятии он бо дастгохи даврзанонии рефрежератории хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2019       2500000 2500000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
8 Таъмин намудани Маркази чумхуриявии илмии хун ва филиалхои вилоятии он бо дастгохи пайвасткунии найчахои халтачахои хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикиотон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2019       500000 500000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
9 Таъмин намудани Маркази чумхуриявии илмии хун ва филиалхои вилоятии он бо яхдонхои саноати барои нигохдории хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2017-2019   150000 150000 300000 600000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
10 Таъмин намудани Маркази чумхуриявии илмии хун ва филиалхои вилоятии он бо найчашишахо барои тахлили хун Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассиоаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2019       600000 600000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
11 Ташкил намудани Вазорати тандурусти 2016 100000       100000 Аз хисоби маблагхои  
  даврхои омузиши барои кормандони хадамоти хун ва муассисахои табобатию профилактики мутобики тавсияхои нави таълимию методи оид ба трансфузиология ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун”             Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
12 Дар барномаи таълимии Донишгохи давлатии тиббии Точикистон, коллечхо ва омузишгоххои тибби ва инчунин дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон чори намудани курохои омузиши оид ба масъалахои мубрами тибби трансфузиологи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Донишгохи давлатии тиббии Точикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Точикистон 2016           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
13 Гузаронидани такмили ихтисоси мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Маркази чумхуриявии илмии хун, хоричаи наздик ва дур Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии хун” 2017-2019   200000 200000 100000 500000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
14 Таъмин намудани Вазорати тандурусти 2016-2018 40000 30000 30000   100000 Аз хисоби маблагхои  
  даъвати мутахассисони варзидаи хоричи барои тайёр намудани мутахассисони хадамоти хун дар заминаи Маркази

Чумхуриявии илмии

хун

ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун”             Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
15 Тахкими заминаи моддию техникии шуъбаи таълимию методии Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2018     100000   100000 Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
16 Таъмин намудани рушди донории ихтиёрии хун ва чузъхои он Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2016-2019           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
17 Пурзур намудани таргибу ташвики донории ихтиёрии ройгон: бо истифода аз ВАО, кумаки созмонхои чамъияти ва Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муасрисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2016-2019           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини  
  пурзур намудани фаъолияти таргибу корхо оиди аз байн бурдани шумораи донорони пулаки ва зиёд намудани шумораи донорхои ихтиёрии ройгон               шудааст  
18 Таъмини хифзи саломатии донорхо аз чониби макомоти тандурусти ва бо ин максад амали намудани мачмуи тадбирхои зерин:

– чамъ кардани донорхо;

– риояи шароити бехдоштию эпидемиологии хунгири;

– дар сатхи зарури тайёр намудани кормандони тиб;

– назорати донорхо дар марказхои саломати.

Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассиоаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии    хун” 2016           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
19 Мустахкам гардонидани имконоти таъмини бехатарии хун, аз чумла харидории тачхизоти зарури, маводи сарфшаванда, гузаронидани Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Тбчикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2018-2019           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбнни  
  семинархо оид ба амали намудани тавсияхо               шудааст  
20 Ташкили маркази ягонаи донори барои чамъоварии иттилоот аз минтакахои чумхури оид ба вазъи эпидемиологии донорхои эхтимоли, вазъи саломатии донорхо Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии    хун” 2017           Аз хисоби маблагхои Бучети давлаги, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
21 Ташкил намудани Референс-лаборатория дар назди Маркази чумхуриявии илмии хун барои назорати сифати махсулоти истехсолшаванда аз тамоми филиалхои “Маркази чумхуриявии илмии хун” Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2017-2019           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
22 Такмил додани системаи ягонаи мониторинг ва арзёби дар назди “Маркази чумхуриявии илмии хун” Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон, Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” 2018-2019           Аз хисоби маблагхои Бучети давлати, ки барои Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахолии Чумхурии Точикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази чумхуриявии илмии хун” пешбини шудааст  
  Хамаги     290000 2530000 2880000 8600000 14300000    
                                                                                       

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …