Главная / Чамъият / БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2015-2020

БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2015-2020

Бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 апрели соли 2015, № 188 тасдик шудааст

БАРНОМАИ МИЛЛИИ БЕХАТАРИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2015-2020 

Барномаи мазкур сиёсат дар сохаи хифзи авиатсияи граждани аз амалхои мудохилавии гайриконуни ва тадбирхоро чихати татбики он муайян месозад.

БОБИ 1. МАКСАДИ БАРНОМА

  1. Максади Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждани аз таъмини бехатари, мунтазами ва самарабахшии парвозхои авиатсияи байналмилалии граждани дар Чумхурии Точикистон тавассути амали намудани чорахо оид ба химоя аз амалхои мудохилавии гайриконуни тибки коидахо, амалия ва расмият иборат мебошад. Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждани (минбаъд-БМБАГ) ба таъмини бехатарии истифодабарандагони милли ва хоричи, ки парвозхоро аз Чумхурии Точикистон ичро менамоянд, инчунин фурудгоххои граждании Чумхурии Точикистон, ки хатсайрхои байналмилалиро хизматрасони менамоянд, равона шудааст.
  2. Бо дарназардошти созишномахои байналмилали, ки яке аз тарафхои он Чумхурии Точикистон мебошад, Барномаи мазкур нисбат ба истифодабарандагони милли ва хоричии киштихои хавои, истифодабарандагони фурудгоххо, дигар шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолиятро дар сохаи авиатсияи граждани дар каламрави Чумхурии Точикистон амали менамояд, татбик мегардад.
  3. Мукаррароти Барномаи мазкур барои вазорату идорахо, корхонахо, муассисахо ва ашхоси мансабдори ташкилотхои авиатсияи граждани ва дигар ташкилотхои ба таъмини бехатарии авиатсиони вобастабуда, новобаста аз шакли моликияташон, хатми мебошад. Ичро накардан ва ё вайрон намудани меъёрхо, коидахо ва расмият оид ба бехатарии авиатсиони тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарии чинояти ва маъмури оварда мерасонад.
  4. Барномаи мазкур чихати риояи Стандартхои байналмилали ва амалияи тавсияшуда, ки дар Замимаи 17 ба Конвенсия оид ба авиатсияи байналмилалии граждани, Конвенсия оид ба хукуквайронкунихо ва баъзе амалхои дигар, ки дар дохили киштии хавои содир шудаанд, Конвенсия оид ба мубориза бо забти гайриконунии киштихои хавои, Конвенсия оид ба мубориза бо амалхои гайриконуние, ки ба мукобили бехатарии авиатсияи граждани равона шудааст, Конвенсия оид ба тамгазании моддахои пластикии тарканда бо максади ошкор намудани онхо ва протоколхои иловагии авиатсияи граждани оид ба мубориза бо амалхои гайриконунии зуровари дар фурудгоххо, ки авиатсияи байналмилалии гражданиро хизматрасони мекунанд, Кодекси фазои хавоии Чумхурии Точикистон ва карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 17 феврали соли 1999, №87 “Дар бораи тасдики санадхои меъёри оид ба таъмини бехатарии авиатсиони дар объектхои авиатсияи граждани” оварда шудаанд, пешбини шудааст. Татбики Барномаи мазкур аз чониби Чумхурии Точикистон чихати ичро намудани ухдадорихои худ дар доираи Конвенсияи байналмилалии граждани, алалхусус вобаста ба таъмини бехатарии авиатсиони мусоидат менамояд.
  5. Иттилоот дар бораи чорахои татбики Барнома, хамчун иттилооти барои пахн намудан махдудкардашуда махсуб меёбад. Хамаи шахсони мансабдоре, ки иттилоотро дар бораи чорахои татбики Барномаи мазкур гирифтаанд, набояд иттилооти гирифтаашонро ошкор намоянд.

БОБИ 2. МАФХУМХОИ АСОСи

  1. Дар Барномаи мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– бехатарии авиатсиони – мачмуи тадбирхо, инчунин захирахои инсонию модди, ки барои хифзи авиатсияи граждани аз амалхои гайриконунии дахолат пешбини шудаанд;

– муассисаи авиатсиони- шахси хукуки, ки новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликият максади асосии фаъолияти у хамлу накли хавоии мусофирон, багоч, борхо, почта ва ичрои корхои авиатсионии пардохтшаванда мебошад;

– амалхои гайриконунии дахолат – амалхо ё кушиши содир намудани амалхое, ки ба бехатарии авиатсияи граждани ва киштии хавои тахдид мекунанд, аз чумла гасби гайриконунии киштихои хавои хангоми парвоз ва дар замин, гасби гаравгонон дар дохили киштии хавои ё аэродромхо, мачбури ворид шудан ба дохили киштии хавои, фурудгох ё махалли чойгиршавии воситахо ва хадамоти аэронавигатсиони, дар дохили киштии хавои ё фурудгох чойгир намудани ярок, тачхизот ё маводи хатарнок, ки барои максадхои чинояти пешбини шудаанд, расонидани иттилооти бардуруг, ки ба бехатарии киштии хавои, мусофирон, аъзои экипаж, хайати кормандони замини ё ахли чамъият дар фурудгох ё дар махалли чойгиршавии воситахо ва Хадамоти авиатсияи граждани хангоми парвоз ё дар замин тахдид мекунад, дар киштии хавои, ки мавриди истифодабари карор дорад, чойгир кардан ё кушиши чойгир кардани тачхизот ё моддахое, ки метавонанд онро вайрон кунанд ё боиси зиёне гарданд, ки ба бехатарии киштии хавои тахдид менамоянд;

– принсипхои омили инсони – принсипхое, ки барои тархрезии тачхизоти авиатсиони, сертификатсия, омодасозии кадрхо, фаъолияти эксплуататсиони, хизматрасонии техники истифода шуда, бахри таъмини хамкории бехатари байни инсон ва дигар унсурхои система тавассути бахисобгирии муносиби имкониятхои инсон нигаронида шудааст;

– фурудгох – мачмуи бинохое, ки дар худ аэродром, аэровокзал ва дигар бинохоеро инъикос мекунад, ки барои кабулу гусели киштихои хавои ва хизматрасонии хамлу накли хавои пешбини шудааст;

– фурудгохи фиристодан – фурудгохе, ки аз он тибки шартномаи байналмилалии хамлу накли хавои фиристодани мусофирон, багоч ё бор амали мегардад;

– фурудгохи таъинот- фурудгохе, ки бояд ба он мутобики шартномаи байналмилалии хамлу накли хавои мусофир, багоч ё бор расонида шавад;

– багоч – ашёи шахсии мусофирон ё хайати идоракуни, ки аз руи созишнома бо истифодабаранда дар дохили киштии хавои бурда мешавад;

– контейнери багочи – зарфе, ки ба он багочбарои хамлу накл дар дохили киштии хавои чойгир карда мешавад;

– багоче, ки якчанд интиколдиханда мебарад – багочи мусофирон, ки аз як киштии хавоии истифодабаранда ба киштии хавоии истифодабарандаи дигар дар рафти хамлу накли мусофирон бурда мешавад;

– захирахои дохили хавопаймо барои хизматрасонии мусофиронтамоми ашё, ба истиснои захираи хуроки дохили хавопаймо вобаста ба хизматрасонии мусофирон хангоми парвоз, аз кабили рузномахо, мачаллахо, гушмонакхо, аудио ва видеонаворхо, болишту курпахо, лавозимоти сафари ва г.;

– киштии хавои – хама гуна дастгоххо, ки дар фазо аз хисоби таъсири мутакобила бо хаво нигох дошта мешавад, ба истиснои таъсири мутакобила бо хаво, ки дар сатхи замин инъикос меёбад;

– бор – хама гуна амволе, ки дар дохили киштии хавои интикол дода мешавад, ба истиснои почта, захирахои дохили хавопаймо ва багочи мушоиатшаванда ё фиристодашаванда.

– анбори борхо – биное, ки ба воситаи он бор дар мархилаи байни хамлу накли хавоию замини гузашта, дар он воситахои коркарди борхо чойгир мебошанд ё борхо то хамлу накли хавоию замини чойгир карда шудаанд.

– тахрибкори – амал ё беэътиноии касдан содиршуда, ки максади баркасдона ё бемаънии нест кардани амволро дошта, фаъолияти авиатсияи граждани ва хадамоти онро зери тахдид мегузорад ё ба ин фаъолият дахолати гайриконуни мекунад;

– тафтиш – истифодаи воситахои техники ва дигар воситахо бо максади мушобехсози ва/ё ошкор намудани ярок, моддахои тарканда ё дигар тачхизоти хатарнок, ки метавонанд барои амалхои гайриконунии дахолат истифода шаванд;

– тафтиши киштии хавои – тафтиши толори мусофирон, хучрахои маишию техники ва чойхои кушодаи беруни киштии хавои бо максади ошкор намудани чойхои пинхонии моддахо ё тачхизоти зарароварандаи таркиши, оташангез, сабук даргиранда ва гайрахо;

– толори парвоз – минтакаи назоратии байни чойхои бакайдгири ва чойи интизоршави мебошад;

– агенти бакайдгирифташуда – агент, ирсолкунандаи борхо ё хама гуна дигар шахси хукуки, ки фаъолияти тичоратиро бо истифодабарандагон амали месозад ва бо максади бехатарие, ки аз чониби макоми ваколатдори дахлдор нисбат ба бор, муросилоти курери ё почта эътироф ё талаб карда мешавад, назорат менамояд;

– багочи фиристодашуда – багоче, ки касдан ё аз руи беэътинои аз мусофирон ё хайати экипаж чудо карда шудааст;

– минтакаи хизматрасонии техникии киштии хавои – китъаи замин, инчунин воситахо ва тачхизоте, ки барои хизматрасонии техникии наклиёт пешбини шудаанд: перронхо, ангархо, бино ва устохонахо, чойи таваккуфи воситахои наклиёти замини ва роххои ба онхо пайвастшаванда мебошанд;

– минтакаи назорати – майдони кории фурудгох ва минтакахои атрофи он, ки дар назди бино ё дар як кисми он чойгир шуда, дастраси ба онхо зери назорат мебошад;

– назорат бо максади бехатари – тадбирхое, ки бо ёрии онхо гузаронидани ярок, моддахои тарканда ё дигар ашёи хатарнок, ки метавонанд бо максади содир намудани амали гайриконунии дахолат истифода шаванд, пешгири карда мешаванд;

– тафтиши шахси – тафтиш бе иштироки шахсони гайр, ки дар хучраи махсус гузаронида шуда, барои муоинаи шахси конкрети пеш аз ба наклиёти хавои нишастани у бо максади ошкор намудани моддахои тарканда, тачхизоти тарканда ё дигар тачхизоти хатарнок равона шудааст, ки метавонанд барои содир намудани амали гайриконунии дахолат истифода шаванд;

– фурудгохи байналмилали – фурудгохе, ки дар он хамлу накли байналмилалии хавои амали гардонида шуда, назорати гумруки, сархади ва санитарию карантини таъмин карда мешавад;

– чойи интизоршави – чой байни толори парвоз ва баромадгох аз бинои аэровокзал ба минтакаи назорати мебошад;

– чойи ба навъхо чудо кардани багочхо – чое, ки дар он багочи фиристодашаванда барои таксимот аз руи хатсайрхо ба навъхо чудо карда мешаванд;

– истгохи киштии хавои – китъаи чудошуда дар перрон, ки барои истгохи киштии хавои пешбини шудааст;

– багочи дархостнашуда – багоче, ки ба фурудгох оварда шудааст, вале онро касе нагирифтааст ё талаб накардааст;

– минтакаи гайриназорати – минтакаи фурудгох бо иловаи биное, ки ба он мусофирон, инчунин шахсоне, ки мусофир хисоб намеёбанд, дастрасии бемахдуд дорад;

– багочи шинохтанашуда – багоче, ки бо тахтачаи багочи ё бе тахтачаи багочи ба фурудгох оварда шудааст, вале он аз чониби мусофир гирифта ё шинохта нашудааст;

– багочи мушоиатнашаванда – багоче, ки хамчун бор дар дигар ё хамон як киштии хавои хамлу накл карда шуда, дар он шахси сохиби багоч чойгир мебошад;

– борхои хатарнок – маснуот ё моддахое, ки кобилияти тахдидкуни ба саломати, бехатари, амвол ё мухити зистро дошта, дар руйхати борхои хатарнок дар дастурамали техники нишон дода шудаанд ё мутобики хамин дастурамал хатарнок тасниф мешаванд;

– минтакахои мухофизатшавандаи дастрасиашон махдуд минтакахои фурудгох, ки ворид шудан ба онхо бо максади таъмини бехатарии авиатсияи граждани зери назорат мебошанд. Чун коида ба катори хамин минтакахо гайри хамаи дигар минтакахое мебошанд, ки барои мусофирони парвозкунанда аз чойи тафтиш то наклиёти хавои, инчунин перрон, минтакаи коркарди багоч, анборхо, маркази ба навъхо чудо кардани почта ва минтакаи назоратшавандаи бинои хадамоти кувватдихандахо ва тозакунии толорхои киштии хавои пешбини шудаанд;

– мусофир – хама гуна шахс ба истиснои хайати идоракуни, ки мутобики шартномаи хамлу накли хавои дар киштии хавои бурда мешавад ё бояд бурда шавад;

– минтакаи мусофири – тамоми китъаи замин, инчунин восита ва тачхизоте, ки барои коркарди чараёнхои мусофири пешбини шудааст (перронхо, бинои аэровокзал, чойхои исти воситахои наклиёти замини ва роххои пайвастшаванда);

– перрон – майдони муайяни аэродроми хушкигарди, ки барои чойгир намудани киштихои хавои бо максади нишастан ё фаровардани мусофирон, бор кардан ё фаровардани почта ё борхо, бо сузишвори пур кардан, чойи ист ё хизматрасонии техники пешбини шудааст;

– парвоз – холати киштии хавои дар давраи аз лахзаи махкам шудани дархои дохилшави баъди шинонидани мусофирон ва (ё) хайати идоракуни барои ичрои хатсайр то лахзаи кушода шудани дархо барои баромадани мусофирон ва (ё) хайати идоракуни баъди нишастани киштии хавои ва аз кор монондани мухаррикхо;

– макоми ваколатдор оид ба масъалахои бехатари – макоми аз чониби давлат дар доираи ваколати маъмурии худ таъиншуда, ки ба зиммаи у масъулият барои тахия, татбик ва тачдиди барномаи миллии таъмини бехатарии авиатсияи граждани гузошта шудааст;

– почта – муросилот ё дигар ашёе, ки аз чониби маъмурияти почта фиристода шудааст ё барои фиристодан пешбини шудааст;

– ичозатнома – системаи ичозатномахо аз кортхо иборат буда, ба шахсони алохидае дода мешаванд, ки дар фурудгоххо кор мекунанд ё бо чунин сабабхо додани ичозатномаи тасдикшуда дар фурудгох, минтакаи назорати ё минтакаи хифзшавандаи дастрасияш махдуд зарур мебошад. Максади он муайянкунии шахсият ва сабукгардонии ичозатнома мебошад. Барои максадхои ба хамин монанд ичозатномахо барои воситахои наклиёт дода ва истифода мешаванд;

– майдони кори – кисми аэродром, ки барои парвоз, нишастан ва харакати киштии хавои пешбини шуда, аз майдони манёвркуни ва перрон иборат мебошад;

– тафтиши бори дасти – тафтише, ки барои муоинаи бори дасти ва (ё) багочи мусофирон, хайати идоракунии киштии хавои, кормандони фурудгоххо ва дигар шахсони вазифадор нигаронида шуда, бе истифодаи воситахои техники гузаронида мешавад;

– бори дасти – ашё ва чизхое, ки дар назди мусофир чойгиранд;

– хадамоти бехатарии авиатсиони – хадамоте, ки ташкил ва ичрои вазифахоро оид ба хифзи фаъолияти авиатсияи граждани аз амалхои гайриконунии дахолат анчом медихад;

– минтакаи тамйизи – минтака байни хама гуна нуктаи санчиши, назоратии махсуси мусофирон ва киштии хавои, ки дастраси ба он зери назорати сахт карор дорад;

– мусофирони транзити – мусофироне, ки аз фурудгох бо хамон хатсайре парвоз мекунанд, ки тавассути он омада буданд;

– мусофирони трансфери – мусофироне, ки мустакиман аз як хатсайр ба хатсайри дигар мегузаранд;

– багочи трансфери – багоче, ки аз як хатсайр ба хатсайри дигар бор карда мешавад;

– бонги изтироб оид ба тахдиди таркиш – холати бонги изтироб, ки аз чониби макоми ваколатдори салохиятнок бо максади анчом додани накшаи амалиёт барои безараргардонии окибатхои эхтимоли вобаста ба гирифтани бонги изтироб аз сарчашмаи номаълум ё аз дигар шабакахо ё ошкор намудани тачхизоти шубханок ё дигар ашёи шубханок дар дохили киштии хавои, дар фурудгох ё дар дохили воситахо ё хадамоти авиатсияи граждани эълон карда мешавад;

– рабудани наклиёти хавои – истифодаи гайриконунии киштии хавои бо рохи идоракунии он ё равона кардани он ба таври зури ё тахдиди мачбуркуни ё дигар тахдидхо, ки дар накша ва нуктаи парвоз нишон дода шудааст;

– тахдиди тарконидан – тахдиде, ки аз сарчашмаи номаълум ё дигар шабакахо гирифта шуда, дар он иттилооти боварибахш ё бардуруг дода мешавад ё дар назар дошта шудааст, ки ба бехатарии киштии хавои хангоми парвоз ё дар замин ва ё хама гуна фурудгох ё воситахои авиатсияи граждани ё хама гуна шахсро метавонад моддаи тарканда ё дигар ашёю тачхизот тахдид намояд;

– узви хайати идоракуни – шахсе, ки аз чониби истифодабаранда барои ичрои ухдадорихои муайян дар дохили киштии хавои дар давоми вакти парвози хизмати таъин шудааст;

– истифодабаранда- шахс, ташкилот ё корхона, ки киштии хавоиро истифода мебарад ё дар ин соха хизматрасонии худро пешниход мекунад.

bword Матни пурраро аз инчо гиред (Скачать)

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …