Главная / Чамъият / БАРНОМАИ МАЧМУИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ЧИСМОНИ ВА ВАРЗИШ ДАР ЧТ

БАРНОМАИ МАЧМУИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ЧИСМОНИ ВА ВАРЗИШ ДАР ЧТ

Замимаи 1 ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон

аз “27” майи соли 2017, № 260

БАРНОМАИ МАЧМУИИ РУШДИ ТАРБИЯИ ЧИСМОНИ ВА ВАРЗИШ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН БАРОИ СОЛХОИ 2017-2021

1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

  1. Асоси конуни ва меъёрии хукукии тахияи Барномаи мачмуии рушди тарбияи чисмони ва варзиш дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2021 (минбаъд – Барнома) Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи тарбияи чисмони ва варзиш” мебошад.
  2. Барнома дурнамо, самтхои асосии фаъолият, афзалияту вазифахо ва тартиби амалисозии сиёсати давлати дар сохаи тарбияи чисмони ва варзишро муайян ва чанбахои асосии тарбияи чисмонии ахолиро дар бар гирифта, инчунин чихати халли масъалахои омодагии захирахои варзиши ва омода намудани варзишгарон барои иштирок дар сатхи байналмилали мусоидат менамояд.
  3. Дар Барнома рушди инфрасохтор ва хизматрасонии тарбияи чисмони ва варзиш, тахким ва рушди заминаи моддию техники барои шугли ахоли бо тарбияи чисмони ва варзиш, пойгохи варзиши барои таъмини чараёни босифати машки – таълими дар муассисахои варзишии наврасону бачагон, мактаб – интернатхои варзиши барои кудакони лаёкатманд, дастахои мунтахаби шахрхо, вилоятхо ва чумхури, чихозонидани онхо бо лавозимоту тачхизоти варзишии босифат, омода ва таъмини иштироки варзишгарони чумхури дар мусобикахои байналмилали, аз чумла бозихои Осиёи ва Олимпи, рушди илмии варзиши милли, тайёр намудан ва такмили ихтисоси кадрхои сохаи тарбияи чисмони пешбини мегардад.
  4. Макоми хамохангсоз дар амалигардонии Барномаи мазкур Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – Кумита) мукаррар карда шудааст.
  5. Дар асоси Барномаи мазкур барномахои махаллии рушди тарбияи чисмони ва варзиш дар сатхи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахри Душанбе ва шахру нохияхои тобеи чумхури тахия, кабул ва амали мегардад.

mashq-sport

2. ЗАРУРАТИ КАБУЛИ БАРНОМА

  1. Тарбияи чисмони ва варзиш, дар баробари ташвику таблиги тарзи хаёти солим, инчунин яке аз воситахои бехтарини тахкими дусти ва хамкорихо миёни на танхо варзишгарон, балки инсонхо ва кишвархои чахон аст. Илова бар ин варзиш омили мухими чахоншиносии инсон, ба хамдигар муаррифи ва наздик гардидани халку миллатхо ва хамкорихои мутакобилан судманди кишвархои мухталифи чахон мебошад.
  2. Сохаи тарбияи чисмони ва варзиш яке аз самтхои афзалиятноки сиёсати ичтимоии Хукумати кишвар махсуб ёфта, он махз ба таъмини оммавияти тарбияи чисмони ва варзиш, тахкими тарзи хаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбии точик барои иштирок дар мусобикахои бонуфузи байналмилали ба хисоб меравад.
  3. Дар шароитн имруза дар иншооти инфрасохтори варзиши, ки шумораи онхо то 10 хазор адад мерасад, кисми зиёди наврасону чавонон бо варзиш машгуланд ва чараёни машкварзии онхо низ бояд бо як низоми муайян пайваста танзим гардад.
  4. Хукумати Чумхурии Точикистон чихати рушди тарбияи чисмони ва варзиш чорахои зарури андешида истодааст. Аз чумла, бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 июни соли 2011, №278 Барномаи мачмуии рушди тарбияи чисмони ва варзиш дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2015 тасдик ва амали гардид.
  5. Дар доираи амали шудани Барномаи мазкур низоми идоракунии варзиш ва тарбияи чисмони такмил ёфта, инфрасохтори варзиш рушд ва иштироки варзишгарони точик дар мусобикахои сатхи байналмилали тавсеа ёфтанд.
  6. Дар давраи амали шудани Барнома шумораи чорабинихои оммави-варзиши, солимгардони аз 79 то 129, шумораи машкварзон дар муассисахои тайёрии варзиши аз 37630 то 42504, дар сексияхои варзиши ва гуруххои солимгардони аз 293197 то 614286 ва шумораи наврасону чавонони бо тарбияи чисмони машгулбуда аз 991608 то 1310000 зиёд арзёби мегардад.
  7. Дар зарфи 5 соли охир зиёда аз 1381 иншооти варзиши дар худуди чумхури сохта шуда, 1059 иншооти варзиши таъмиру тачдид ва ба истифода дода шуданд, ки барои рушди инфрастохтори соха накши мухимро мебозанд.
  8. Варзиши муосир хамаруза зери навгонихои гуногун карор дошта, такозои изхори таваччухи махсус барои омода намудани мутахассисони дорои усулхои нави кори мебошад.
  9. Айни замон варзиши точик норасоии мутахассисони баландихтисосро эхсос менамояд.
  10. Зиёда аз 15,7 фоизи хайати мураббиёни муассисахои варзишии чумхури маълумоти сохавиро надоранд. Яке аз мушкилоти чидди дар омодасозии дастахои мунтахаби махалхо ва чумхури ин нарасидани мутахассисони баландихтисос ба хисоб меравад.
  11. Масъалаи бо мутахассисони сатхи касби таъмин кардани муассисахои тахсилоти миёнаи умуми дар сатхи зарури ва бо усулхои муосир гузаронидани дарсхои тарбияи чисмони, инчунин азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси мураббиёни муассисахои варзиши таваччухи доимиро талаб менамояд.
  12. Бо дарназардошти пешрафти варзиши муосир дар чахон, барои ноил гардидан ба натичахои баланди варзиши усулхои нави тахкикоти илмию техники зарур аст, чунки дар олами муосири варзиш махз хамин усулхо боиси бехтар гардидани натичахои варзишгарони маъруфи чахон гардидаанд.
  13. Дар чараёни тамрини варзишгарони маъруфи чахон на танхо сифати машкхои таълимии варзиши, таъминотн тибби ва формакологи, инчунин бамеъёрдарории истеъмоли гизо, истирохат, баркарорсози ва омодагии равони (психологи) низ ба эътибор гирифта мешавад.
  14. Дар чумхури равоншиносони варзиши фаъолият надошта, хизматрасонии тиббии варзиши суст ба рох монда шудааст.
  15. Дар чумхури маркази диспансери тиббии варзишии чумхурияви амал намекунад. Гарчанде дар минтакахо ва шахри Душанбе марказхои диспансери фаъолият дошта бошанд хам, онхо ба талаботи тибби варзишии муосир чавобгу нестанд, зеро дар онхо табибони варзиши фаъолият намекунанд.
  16. Дар баробари ин, мушкилоти дигар дар самти боз хам бехтар кардани инфрасохтор ва заминаи моддию техникии сохаи тарбияи чисмони ва варзиш, аз чумла мавчуд набудани дастраси ба иншооти варзиши, хамчунин иншооти хусусии варзиши ба табакаи миёнаи ахоли, тахияи барномахои таълимии тарбияи чисмони барои муассисахои тахсилотии томактаби, миёнаи умуми, касби ва олии касби, норасоии лавозимоти варзиши дар муассисахои варзиши, ташкилоту корхонахо, муассисахои таълими, махалхо ва чойхои истирохати ва гайрахо то хануз эхсос мегарданд.
  17. Бинобар ин, рушди минбаъдаи сохаи тарбияи чисмони ва варзиш андешидани чорахои иловагии мачмуиро такозо намуда, тахия, кабул, банакшагири ва маблаггузории Барномаи мазкур аз хисоби бучети давлати мухим мебошад.

3. ХАДАФ ВА ВАЗИФАХОИ АСОСИИ БАРНОМА

  1. Хадафи Барнома – рушди тарбияи чисмони ва варзиш, дастрасии он барои ахоли, оммавигардонии варзиш, таъмини самаранокии машгулиятхои чисмонии ахоли ва бо ин васила пайдо намудани наврасону чавонони болаёкат барои расидан ба натичахои баланди варзиши дар сатхи мусобикахои байналмилали мебошад.
  2. Барои расидан ба хадафхои аввалиндарача ва мухим зарур аст, ки вазифахои асосии зерин зина ба зина амали карда шаванд:

– ташкил ва рушди инфрасохтори сохаи варзишии чавобгу ба талаботи байналмилали;

– таъмини оммавияти тарбияи чисмони ва варзиш;

– ташкили клубхо ва бахшхои варзиши дар низоми макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф;

– табдил додани тарбияи чисмони ва варзиш ба харакати оммави ва як кисми мухими хаёти ахоли;

– боз хам баланд бардоштани самаранокии низоми тарбияи чисмони байни ахоли;

– такмили минбаъдаи сифати омодагардонии кадрхо, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси онхо (таъмини соха бо кадрхои баландихтисос);

– такмили низоми чорабинихои варзишии интихоби барои мукаммал гардонидани дастахои мунтахаб аз руи намудхои варзиш, рохандози намудани раванди мутобик ба талаботи муосири омодакунии тими мунтахаб аз руи намудхои варзиш ба мусобикахои бонуфузи чумхурияви ва байналмилали;

– таъмини сохаи тарбияи чисмони ва варзиш бо маводи илмию методи ва дар заминаи илми муосири варзиш ба рох мондани азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси мураббиёни мактабхои варзиши;

– мустахкам намудани заминаи моддию техникии тарбияи чисмони ва варзиш, таъмин бо лавозимоти варзиши ва ба рох мондани назорати тибби ва таъмини хизматрасонии тибби ба шахсоне, ки бо варзиши касби машгул хастанд;

– густариш ва тахкими робитахои байналмилали ва мукаммалгардонии низоми тайёр намудани варзишгарони касби бо максади иштирок дар мусобикахои бонуфузи байналмилали, аз чумла Бозихои олимпи;

– бештар намудани чорабинихои варзиши байни бонувону кудакон, ташкили чорабинихои варзиши барои маъюбон ва шахсони дорои имконияташон махдуд;

– бо максади ичрои вазифахои Барнома ва таъмини оммавияти варзиш ба таври васеъ ташвик намудани тарбияи чисмони ва варзиш тавассути воситахои ахбори омма.

4. МАНБАЪХОИ МОЛИЯВИ

  1. Маблаггузории накшаи чорабинихои амалигардонии Барнома дар солхои 2017-2021 дар доираи маблагхои пешбинишудаи бучети давлати барои макомоти идораи давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва ташкилотхои дар амалигардонии Барнома иштироккунанда, хамчунин аз хисоби дигар маблагхои гайрибучети, ки конунгузори манъ накардааст, амали карда мешавад.

5. НАЗОРАТИ ИЧРОИ БАРНОМА

  1. Назорати ичрои Барнома аз чониби Шурои рушди тарбияи чисмони ва варзиш дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Замимаи 2

ба карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз “27” майи соли 2017, № 260

Накшаи чорабинихои

амалисозии Барномаи мачмуии рушди тарбияи чисмони

ва варзиш дар Чумхурии Точикистон барои солхои 2017-2021

 

 

Номгуи чорабинихо

 

 

Ичрокунандагон

 

 

Мухлати ичро

 

 

Маблаггузори (бо хазор сомони)
2017 2018 2019 2020 2021
1. ТАЪМИНОТИ МЕЪЕРИИ ХУКУКИ
1. Тахияи барномахо оид 6а намудхои варзиш барои муассисахои варзиши Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Донишкадаи тарбияи чисмони, коллечи тарбияи чисмони, хонаи чумхуриявии методи 2017-2021 0 0 0 0 0
2. Омузиши пайваста ва такмили заминахои меъёрии хукукии сохаи тарбияи чисмони ва варзиш бо максади мутобик намудани онхо ба талаботи замони муосир Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, вазоратхои адлия, рушди иктисод ва савдо 2017-2021 0 0 0 0 0
3. Тахияи барномахои таълимии тарбияи чисмони барои муассисахои таълими Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи тарбияи чисмони, коллечи тарбияи чисмони, хонаи чумхуриявии методи 2017-2021 0 0 0 0 0
4. Тахияи меъёрхои ягонаи талабот барои сохтмони иншооти варзиши Кумитаи сохтмон ва меъмори, вазорату идорахои дахлдор, федератсияхои миллии варзиши, Кумитаи миллии олимпи (гурухи кории байниидорави) 2017-2021 0 0 0 0 0
5. Тахияи меъёрхо оид ба сертифккатсиякунонии хизматрасонихои тарбияи чисмони ва варзиш Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхй, Агентии  стандартизатсия,  метрология, сертификатсия ва нозироти савдо 2017-2021 0 0 0 0 0
6. Такмили санадхои конунгузори вобаста ба ичозатномадихии фаъолияти клубхо ва толорхои варзишии хусуси Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, вазорату идорахои дахлдор 2017-2021 0 0 0 0 0
7. Чори намудани аккредитатсияи муассисахои тайёрии варзиши ва шаходатномакунонии мураббиёни он Кумитаи сохтмон ва меъмори, вазорату идорахои дахлдор, федератсияхои миллии варзиши, Кумитаи миллии олимпи (гурухи кории байниидорави) 2017-2019 20 30 30 0 0
8. Ворид намудани тагийру иловахо ба санадхои меъёрии хукуки барои озод намудани голибон ва чоизадорони мусобикахои бонуфузи байналмилали (Бозихои Олимпи, Бозихои Осиё, Чемпионати чахон ва Осиё, Шохчоиза ва Шохчомхои чахон) аз пардохти маблаги тахсили шартномави ва хангоми гирифтани тахсилоти дуюми оли Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, вазоратхои маориф ва илм, адлия, рушди иктисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати 2017-2019 0 0 0 0 0
9. Тахия ва таъмини маблаггузории накшаи таквими ягонаи чорабинихои тарбияи чисмони ва варзиши дар вилоятхо ва шахру нохияхо ва мактабхои махорати олии варзишии Чумхурии Точикистон бо дарназардошти таъмини иштироки варзишгарони бехтарин дар мусобикахои чумхурияви, минтакави ва байналмилали Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 100 100 100 100 100
10. Баргузор намудани семинар-машваратхо вобаста ба амалигардонии дурусти Стандартхои давлатии тайёрии варзиши Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Вазорати маориф ва илм 2017-2021 30 30 30 30 30
11. Барраси, такмил ва барои тасдик пешниход намудани таклиф оид ба баланд бардоштани маблаги хуроки варзишгарон, чои хоб, хакки хизмати доварон, табибон, хайати хизматрасон ва коргарони хизмати Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2018 0 0 0 0 0
II. МУКАММАЛ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛИЮ МЕТОДИИ СОХА
12. Дар доираи маблагхои пешбинишуда ва вохидхои кории амалкунандаи мактабхои варзиши таъсиси муассисаи махсуси варзиши оид ба камонвари дар шахри Душанбе Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии шахри Душанбе, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 0 300 300 300 300
13. Баррасии масъалаи таъсис додани маркази тайёрии олимпи дар шахри Душанбе Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Кумитаи миллии олимпи, вазоратхои адлия, рушди иктисод ва савдо, макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Душанбе 2017-2021 0 0 0 0 0
14. Дар заминаи Донишкадаи тарбияи чисмони таъсис додани маркази такмили ихтисоси мутахассисони сохаи тарбияи чисмони ва варзиш Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, вазоратхои адлия, рушди иктисод ва савдо, Кумитаи миллии олимпи ва хонаи чумхуриявии методи 2017-2021 100 150 200 200 200
15. Аз натичаи аккредитатсияи давлатии муассисахои  маориф ва илм гузаронидани як кисми муассисахои тайёрии варзиши тайёрии варзиши ба тавозуни Вазорати маориф ва илм гузаронидани як кисми муассисахои тайёрии варзиши Вазорати маориф ва илм, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Кумитаи давлатии    сармоягузори ва идораи амволи давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 0 0 0 0′ 0
16. Таъсис ва баркарор намудани клубхо ва бахшхои варзиши дар заминаи толорхои варзишии муассисахои таълими Вазорати маориф ва илм, муассисахои таълими, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 50 50 50 50 50
17. Ташкили махфил ва гуруххои тарбияи чисмони дар муассисахои томактаби Вазорати маориф ва илм, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 30 30 30 30 30
18. Омузиши фаъолияти сохторхои махаллии Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи вобаста ба самти сохаи тарбияи чисмони ва варзиш ва расонидани ёрии амали ба онхо Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 20 20 20 20 20
19. Омузиши фаъолияти муассисахои тайёрии варзиши дар чумхури ва расонидани ёрии амали ба онхо Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 50 50 50 50 50
20. Муайян намудани стипендия барои собикадорони сохаи варзиш ва варзишгарони лаёкатманд Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 150 150 150 150 150
21. Дар заминаи яке аз мактабхои махорати олии варзиши таъсис додани  маркази тайёрии дастахои мунтахаби Чумхурии Точикистон Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Кумитаи миллии олимпи 2017-2021 0 400 400 400 400
III. ТАЪМИНОТИ СОХА БО МУТАХАССИСОН
22. Баргузории курсхои такмили ихтисос барои мутахассисон, мураббиён, доварон ва методистон Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Кумитаи миллии олимпи, Донишкадаи тарбияи чисмони 2017-2021 100 100 100 100 100
23. Тахияи механизми таъмини муассисахои таълими дар шахру нохияхо бо мутахассисони сохаи варзиш Вазоратхои маориф ва илм, рушди иктисод ва савдо, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, Донишкадаи тарбияи

чисмони

2017-2021 0 0 0 0 0
IV. ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ ТИББИ
24. Ташкили маркази солимгардони ва назорати мунтазами саломатии варзишгарон дар шахри Душанбе, Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, вазоратхои адлия, молия, рушди иктисод ва савдо, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 0 0 0 0 0
25. Тахияи (мутобикгардонии) меъёрхои физиологии истеъмоли моддахои гизоии варзишгарон Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, маркази чумхурияви оид ба масъалахои гизо 2017-2021 0 0 0 0 0
26. Таъмини варзишгарони дастахои мунтахаби Чумхурии Точикистон оид ба намудхои варзиш бо воситахои муосири фармакологи ва гайрифармакологи Кумитаи чавонон, варзшп ва сайёхи, Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 150 150 150 150 150
27. Тибки тартиби мукарраргардида гузаронидани муоинаи пешаки ва даврагии варзишгарон Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи 2017-2021 50 50 50 50 50
28. Баркарор намудани фаъолияти нуктахои тибби дар ташкилоту муассисахои варзиши ва таълими, инчунин тачхизонидани онхо бо лавозимоти зарурии тибби Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, вазоратхои маориф ва илм, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 100 100 100 100 100
29. Таъсис додани тахассуси махсус оид ба омода намудани табибон дар сохаи варзиш Вазоратхои тандурусти ва хифзи ичтимои, маориф ва илм, Донишгохи давлатии тиббии Точикистон 2017-2021 0 0 0 0 0
V. ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТИ СОХА
30. Омода намудани маводи таблиготи барои    баргузории чорабинихои варзиши ва чопи санадхои      меъёрии хукукии танзимкунандаи соха Кумитахои чавонон, варзиш ва сайёхи. телевизион ва радио, вазоратхои маориф ва илм, тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, Агентии миллии иттилооти Точикистон “Ховар” ва дигар воситахои ахбори омма 2017-2021 80 50 50 50 50
31. Ташкили озмуни   чумхурияви дар байни   воситахои ахбори омма     бо максади таргиби тарбияи чисмони ва варзиш Кумитахои телевизион ва радио, чавонон. варзиш ва сайёхи 2017-2021 20 20 20 20 20
VI. ТАХКИМИ ЗАМИНАИ МОДДИ-ТЕХНИКИ
32. Таъмиру азнавсози, чихозонидан бо     лавозимоти зарурии варзиши ва истифодаи максадноки иншооти варзишии дар тавозуни вазорату идорахо ва       ташкилоту муассисахо карордошта Вазорату идорахо,  ташкилоту муассисахо, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 0 0 0 0 0
33. Тибки тартиби мукарраргардида                  чудо намудани китъахои   замин ва бунёди иншооти  варзиши дар махаллахои серахоли, дар байни хонахои бисёрошёна ва минтакахои сайёхи Макомоти ичроияи махаллии хокимиятн давлати, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодези 2017-2021 0 0 0 0 0
34. Таъмири муассисаи   давлатии “Мактаб-интернати тахсилоти умумии чумхуриявии  тамоюли варзиши ба    номи Иброхим Хасанов” ва дигар муассисахои варзишии Кумитаи чавонон, варзиш ва сайвхи Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 200 650 650 650 650
VII. ЧОРАБИНИХОИ ОММАВИИ ВАРЗИШИ
35. Хамасола баргузор намудани бозихои варзиши байни мактаббачагон Вазорати маориф ва илм, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 50 50 50 50 50
36. Баргузор намудани бозихои варзишии Чумхурии Точикистон байни калонсолон Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 0 100 0 0 100
37. Хамасола баргузор намудани бозихои варзиши байни муассисахои тахсилоти оли ва миёнаи касбии Чумхурии Точикистон Вазорати маориф ва илм, ассотсиатсияхои донишчуён ва Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 50 50 50 50 50
38. Баргузории озмунхои “Шахри (нохияи) бехтарини варзиши дар чумхури”, “Бехтарин иншооти варзиши”, “Мураббии бехтарин”, “Варзишгари бехтарин”, “Бехтарин Федератсияи варзиши” дар сатхи чумхури, вилоят ва шахру нохияхо Кумитахои чавонон, варзиш ва сайёхи, телевизион ва радио, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати 2017-2021 30 30 30 30 30
39. Ташкил намудани лагерхои варзиши – солимгардони дар давраи таътили зимистона ва тобистона Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёхи 2017-2021 100 100 100 100 100
Чамъ: 1480 2760 2710 2680 2780
Чамъи умуми:

12410

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …